JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Ноябри 2023 10:34

Хатлон: ташаккул ва рушди китобдорӣ

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Пас аз касби истиқлол, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи анъанаю суннатҳои неки ниёкон ва рушди бахшҳои мухталифи фарҳанг, ба соҳаи китобдорӣ низ хеле афзуд. Махсусан, дастгирию ғамхориҳои Пешвои фарҳангпарвари миллати тоҷик аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар тамоми гӯшаю канори кишвар қасрҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ҷадиду замонавӣ бунёд гардида, ба насли меросбари миллат тақдим карда мешаванд. Аз ҷумла, яке аз ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар, таҳти сарварию роҳнамоии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012) мебошад. Ҳамзамон, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти кишвар баргузор мешавад, ҳамасола ба як чорабинии бағоят муҳимму пуршукӯҳ табдил меёбад. Мусаллам аст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дар маҷмӯъ, шаҳрвандони кишвар доир мегардад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи мардуми китобдӯсту китобхони тоҷик нисбат ба китоб зиёд гардида, китобхонаҳои тамоми гӯшаю канори кишвар барои кулли хонандагонашон тамоми шароити мусоидро муҳайё менамоянд.

  Зеро китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин буда, ҳар нафаре, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯсту хирадманд ва соҳибназару соҳибандеша ба воя мерасад. Маҳз тавассути китоб инсон таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати хешро меомӯзад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсон номида, гуфтаанд: «Мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».

  Бидуни муболиға, беҳтарин падидаи фарҳангӣ китоб буда, кулли инсонҳои бомаърифати олам онро чун гавҳари қиматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбат ба китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Миллати тоҷикро ҷаҳониён тавассути илм, фарҳанг, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки он ҳамаро маҳз китобҳо ҳифз намудаанд ва то замони мо овардаанд. Беҳуда нест, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

  Тавъам ба шоҳбайти аллома Иқбол, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китоб, китобхонӣ ва китобхона зимни ироаи яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Ҳамзамон, Сарвари фарҳангпарвари тоҷик ба роҳбарони тамоми мақомоти марбута дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на кам аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

  Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба китоб, китобхонӣ, китобдорӣ ва китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор олимони тоҷик, чун Ғуломшоев С.А. «Таърихи китобдорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Помир)», Ғаффоров Б.В. «Таърихи муассисаҳои фарҳангию маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: солҳои 1991-2011», Мамадазимова М.М. «Ташаккули Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳаввули он дар давраи аз соли 1933 то 2013», Умарова М.С. «Ташаккул ва рушди китобдорӣ дар Тоҷикистон: солҳои 1917-1991 (дар мисоли ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ)» ва Иззатова М.Қ. «Ташаккул ва рушди китобдорӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-2018)» доир ба паҳлуҳои мухталифи ин соҳа ва дар мисоли манотиқи гуногуни кишвар таҳқиқоти комиле анҷом додаанд. Ҳарчанд ин таҳқиқот аз нигоҳи унвон ба ҳам шабоҳат доранд, вале ба мавзуъҳои комилан гуногун бахшида шуда, объект ва мавзуи омӯзиши онҳо аз ҳам тафовут дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар миёни таҳқиқоти фавқулзикр рисолаи номзади илмҳои таърих, дотсент Иззатова Матлуба Қудратовна таҳти унвони «Ташаккул ва рушди китобдорӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-2018)» ҳам аз нигоҳи фарогирии мавзуъ ва ҳам аз диди таҳлилию муқоисавӣ, фарқият ва бартарияти зиёд дорад. Зеро, агар рисолаҳои дигар фарогири як марҳилаи таърихӣ буда, дар асоси далелҳои ҳамин давра таълиф ёфта бошанд, Матлуба Иззатова дар таҳқиқоти хеш ду давраи таърихии комилан мухталифи рушди китобдориро дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили муқоисавӣ қарор додааст. Муаллифи рисола Матлуба Иззатова, ки худ фориғуттаҳсили макотиби типи нав, яъне литсей аст, ба омӯзиш ва пажӯҳиши ҳар мавзуе нигоҳи ҷадид дорад. Бинобар ин, мавсуф зимни таълифи рисолаи мазкур, таърихи ташаккул ва дурнамои рушди соҳаи китобдории вилояти Хатлонро ба таври муқоисавӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

  Рисолаи «Ташаккул ва рушди китобдорӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-2018)» натиҷаи омӯзишу пажӯҳиши беш аз даҳсолаи муаллиф буда, аз ду боб – «Ташаккули китобдории вилояти Хатлон дар солҳои Шӯравӣ» ва «Стратегияи рушди китобдории вилояти Хатлон дар солҳои истиқлол» иборат аст. Табиист, ки таҳқиқоте дар заминаи омӯзиши корҳои дигар ва муқоисаи далелҳои пажӯҳишгар бо арқоми аз сарчашмаҳои дарёфтгардида анҷом дода мешавад ва аз ин рӯ, номзади илмҳои таърих, дотсент Матлуба Иззатова дар рафти анҷоми корҳои таҳқиқотӣ зиёда аз 135 адабиёти мухталифро мавриди омӯзишу истифода қарор додааст. Тавре аз унвони фаслҳои рисолаи Матлуба Иззатова бармалост, муаллиф омӯзиши таърихи рушди китобхонаҳои муосири вилояти Хатлонро ба ду давра: а) даврони Шӯравӣ (солҳои 1920-1991) ва б) даврони соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2018) тақсимбандӣ менамояд. Дар боби аввал ташаккули соҳаи китобдорӣ ва такмили низоми китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар вилояти Хатлон, дар давоми солҳои 30-40 ва 40-80-уми асри пор ва дар боби дуюм нақши китобхонаҳо дар рушди фарҳанг, дар шароити муосир, дигаргунсозии иҷтимоӣ-фарҳангии соҳаи китобдорӣ, ҳолат ва дурнамои рушди низоми китобдории вилояти Хатлон мавриди пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.

  Номзади илмҳои таърих, дотсент Матлуба Иззатова дар муқаддимаи рисола роҷеъ ба аҳаммияти таҳқиқоти мазкур навиштааст, ки дар шароити рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, эҳё намудан ва такмил додани низоми муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, махсусан шабакаи китобхонаҳо яке аз вазифаҳои меҳварии рушди ҷомеаи муосир мебошад. Дар ин масир омӯхтани осори пурғановати ниёкон ва аз насл ба насл интиқол додани таҷрибаи андӯхта, ки мероси бузурги фарҳангии мардум мебошад, нақши бағоят муҳим дорад. Ҳамчунин, муаллифи рисолаи мазкур рушди соҳаи китобдориро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам меҳисобад, ки комилан дуруст аст ва дар ибтидои ин матлаб ёдоварии бархе аз ин нуктаҳо бар пояи андешаҳои муаллифи рисола будааст. Бинобар ин, муаллифи дақиқназар Матлуба Иззатова дар муқаддимаи рисола аз хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба маврид ёдовар шуда, каломи зерини Пешвои миллатро, ҳамчун нишонаи олии арзёбии китобхонию китобдӯстии миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик, иқтибос меорад: «...халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд. Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».

  Яке аз ҳадафҳои асосие, ки муаллиф ба таҳқиқи мавзуи болозикр камари ҳиммат бастааст, он аст, ки дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ муҳаққиқони соҳа таваҷҷуҳи хешро асосан ба омӯзиши таърихи китобдорӣ дар шаҳрҳои азим, чун Душанбе равона мекарданд. Ба андешаи муҳаққиқи нуктасанҷу пажӯҳишгари борикбин Матлуба Иззатова танҳо пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ олимон ба омӯзиши китобдорӣ дар музофотҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба ин андешаи муаллиф наметавон ризо нашуд, зеро ҳамаи он рисолаҳое, ки дар боло зикр гардиданд, таҳқиқоти даврони истиқлол мебошанд. Аз ин рӯ, таърихи ташаккул ва рушди китобдорӣ дар вилояти Хатлон низ мавзуи пажӯҳишии комилан ҷадид буда, нахустин муҳаққиқе, ки онро мавриди омӯзиш қарор додааст, бидуни муболиға номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Матлуба Иззатова мебошад.

  Муҳаққиқи жарфнигар Матлуба Иззатова афзоиши китобхонаҳоро дар шаҳру навоҳии кишвар мушоҳида намуда, чунин ҳисоб кардааст: агар дар соли 1940, дар ҷумҳурӣ 401 китобхона, бо фонди 495 000 нусха китоб мавҷуд бошад, пас дар солҳои 60-ум шумораи онҳо ба 1372 расид, ки ба 800 000 нафар аҳолӣ хизмат мерасониданд. Дар интиҳои солҳои 70-уми асри ХХ, дар кишвар беш аз 3 600 китобхона фаъолият мекард, ки онҳо дар тавозуни муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ буданд ва фондашон 25 млн нусха китобро ташкил медод. Вале, тибқи маълумотҳо то охири соли 1990, дар ҷумҳурӣ на зиёда аз 1500 китобхона кор мекард.

  Мувофиқи навиштаи пажӯҳишгари борикбин Матлуба Иззатова, то моҳи январи соли 1991 дар вилояти Хатлон 478 китобхона фаъолият дошт, ки фонди умумии китоби онҳо 3,5 млн нусхаро ташкил медод. Ҳаводиси таҳмилии солҳои 90-ум, ки қисми аъзами онҳо дар ин вилоят ба вуқӯъ пайвастанд, кори китобхонаҳоро вазнин ва ҳатто қатъ карданд. Хушбахтона, дар натиҷаи татбиқи амалии «Барномаи рушди китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (2 июли соли 2005), фаъолияти китобхонаҳои вилояти Хатлон дубора эҳё гардид. Аз ин рӯ, қабули чунин барномаи муҳим барои соҳаи китобдории на танҳо вилояти Хатлон, балки кулли кишвар муваффақияти бузурге арзёбӣ мешавад. Маҳз дар доираи татбиқи барномаи мазкур, соли 2006 бинои 93 китобхона, соли 2007 – 33 китобхона ва солҳои 2008-2010 бинои 204 китобхона дар шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Хатлон таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин, ҷиҳати комил гардонидани фонди китобхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2006 – 29654 номгӯй, соли 2007 – 7975 адад, соли 2008 – 2638 номгӯй, соли 2009 – 21595 адад ва соли 2010 – 4401 номгӯй китоб, бо маблағи умумии 239,1 млн сомонӣ харидорӣ карда шуд. Тавъам ба ин, солҳои 2007-2010, зимни татбиқи чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Корвони китоб» ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 83 475 номгӯи адабиёти нав тақдим карда шуд…

  Ҳамин тавр, рисолаи омӯзгори пуркор, пажӯҳишгари жарфнигар ва роҳбари кордон Матлуба Иззатова таҳти унвони «Ташаккул ва рушди китобдорӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-2018)» таҳқиқоти комил буда, дар асоси равишҳои муосир ва далелҳои муътамади илмӣ таълиф ёфтааст ва дар он динамикаи рушди бахши муҳимми фарҳанг – китобдорӣ, дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Ба андешаи муаллифи рисолаи мазкур, омӯзиши таърихи ташаккул ва фаъолияти китобхонаҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо нақши фарҳангию маърифатии китобхонаҳо дар тарбияи миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон меафзояд. Дар шароити имрӯзаи рушду пешрафти Тоҷикистон бошад, бунёд ва таҷдиди китобхонаҳо муҳимтарин самти таъмини дастрасии илму дониш барои тамоми зинаҳои маориф, фарҳанг ва маънавиёт ва инчунин, такмили омодагии касбии ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи худогоҳию худшиносии онҳо маҳсуб меёбад.

 

Номвар ҚУРБОН,

Аълочии матуботи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №30-31 (651), 2.11.2023. - С.10

Хондан 1426 маротиба