JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 31 Октябри 2023 09:56

Конститутсия ва аҳаммияти он дар ҳаёти ҷомеа

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

  Конститутсия аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, ба маъноҳои «сохт», «таъсис додан» ва «муқаррар кардан» далолат мекунад. Ба маънои пурра ин истилоҳ бори аввал дар ИМА баъд аз қабули конститутутсияи ин кишвар дар таърихи 4 марти соли 1789 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Бо таъбири имрӯза Конститутсия қонуни асосии давлат буда, маҷмуи моддаҳои юридикиест, ки дар асоси он тамоми раванди ҳуқуқтаъминкунӣ дар як давлат ба низом дароварда мешавад.

Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он санади асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Асоси қонунҳо, конститутсияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани муносибатҳои давлат ва шаҳрвандон, муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон, ҳифзи моликият, тантанаи адолат дар ҷомеа мебошад, ки барои қабули он зарурат ба вуҷуд меояд. Конститутсия санади асосии ҳуқуқии давлат буда, қонуни асосӣ ва қонуни қонунҳо, асоси рушди муносибатҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ–кафолати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва инсон дар ҳар як кишвар мебошад.

Конститутсия ҳамчун санади юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат (ҳукумат), инчунин, танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ – асоси сохти конститутсионӣ мебошад.

Ҳар давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Имрӯз Конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд, чунки дар Конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият дарҷ мегарданд. Маҳз Конститутсия ҳадду ҳудуд, хусусияти танзими давлатдорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, муносибатҳои ҳамдигарии шаҳрвандон ва давлатро барқарор менамояд. Дар ин раванд чизи аз ҳама асосӣ – қувваи олии юридикиро нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаъну шарафи ӯро маҳз Конститутсия муайян мекунад.

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ чор маротиба конститутсия қабул гардидааст. Ҳангоми дар ҳайати ИҶСС будан, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1929, 1931, 1938 ва 1978 конститутсияҳоро қабул кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Ҳамчунин се маротиба – 26.09.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститиусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсия дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки бори аввал ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ бо иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар таърихи 6 январи соли 1994 он қабул гардидааст. Ин нукта дар дебочаи Конститутсияи ҶТ омадааст, ки «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Ин нуктаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки эҳтироми конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ аст ва ӯ барои ин масъулият дорад. Инчунин, дар ин дебоча ибораи «мо, халқи Тоҷикистон» ба он далолат мекунад, ки Конститутсия бо иродаи умумии мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардидааст, ки ҳамзистии осоишта бо дигар халқу миллатҳо ва бунёди ҷомеаи амну адолатпарвар аз ҷумлаи арзишҳои миллии тоҷикон аст.

Дувум, аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар он ифода мегардад, ки халқи Тоҷикистон масири давлатдорӣ ва сохти давлатдории худро муайян кардааст, ки он «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». (Моддаи 1).

Сеюм, Конститутсия ифодакунандаи манфиатҳои миллии кишвар буда, тамомияти арзии онро эътироф менамояд: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад… Соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарѓиб ва амалиёти ҷудоиандоз, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст…» (Моддаи 7).

Чорум, Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандонро таъмин менамояд: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳорпо кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд» (Моддаи 17).

Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд.

Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1351 маротиба