JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 30 Октябри 2023 11:30

Омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ яке аз ғояҳои миллии мо бояд бошад

Муаллиф: Махсудов Барот Исломович

  Аз эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қариб се сол сипарӣ мешавад. Бояд қайд намоем, ки омодасозии ин санади муҳим дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геополитикӣ, имкониятҳои генофондии миллат ва талаботи бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон хеле мураккаб мебошад. Дар чунин ҳолат аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қабули санади мазкур як таҳаввулоти беназир ва аз ҳама муҳим, қолабшиканӣ нисбат ба тафаккури ҷомеаи мо мебошад. Рӯзе мерасад, ки ба ин иқдом баҳои сазовор дода шуда, арзиши он ба таври воқеӣ дарк карда мешавад, зеро ин санади ояндасози миллат мебошад ва дар баробари ҳуҷҷатҳои муҳими давлатсозии навини мо, ба мисли қабули Қонуни забони давлатӣ, Эъломияи истиқлолияти давлатӣ, Мусолиҳаи миллӣ, сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, баровардан аз бунбасти нақлиётӣ, ҳимояи марзу буми давлати миллӣ ва ғайра меистад.

  Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки пешрафти босуръати иқтисоди мо дар 30 соли охир ба дигаргунсозии сохтори иқтисодиёт алоқаманд мебошад. Ин имкониятҳо оҳиста-оҳиста маҳдуд шуда омили асосии пешрафт шуда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, яке аз роҳҳои маъмул ин ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Барои ин мутахассисони тафаккури инноватсионӣ дошта заруранд. Ҷои баҳс нест, чунин тафаккурро дар натиҷаи омӯзандагони илмҳои табиатшиносӣ рушд додан мумкинт аст. Бинобар ин зарурати омода будан ва мутобиқ шудан ба пешомадҳои гуногуни иқтисодӣ мавҷуд аст.

  Мо доимо доир ба боигариҳои табиии Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи он ҳарф мезанем. Аз нигоҳи мо боигарии асосии мо нисбат ба дигар давлатҳо ин захираҳои беназири оби ошомиданӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад, зеро ҳар ду захираҳои барқароршаванда мебошанд. Агар ба назар гирем, ки пайдоиш ва рушди тамаддунҳо даврӣ мебошад ва ҳоло навбат боз ба Чин мерасад, паси он тамаддуни мо ҷилвагар хоҳад шуд. Тамаддуни ғарб таназзул ёфта истодааст. Дар табиат ду ҷирми осмонии аҷоиб мавҷуд аст-яке Офтоб ва дигаре Вартаи сиёҳ. Пайдоиши тамаддуни нав ба Офтоб монанд аст, ки доимо ба атроф нурпошӣ мекунад, ин нурпошӣ аз ҳисоби захираҳои нерӯи дохила амалӣ мешавад (мисли Чини имрӯза). Таназзули тамаддун бошад ба Вартаи сиёҳ монанд аст, ҳама чизро аз атроф фурӯ мебараду нерӯи худро нигоҳ доштан мехоҳад вале рӯзе метаркад (мисли тамаддуни Ғарби имрӯза). Албатта, тамаддуни пасочинӣ дар кадом масоҳат ва дар доираи кадом миллатҳо пайдо мешавад амиқ нест, вале мо ҳатман як ҷузъи он мешавем. Пас, мо аз ҳоло омодаи ин раванд бошем ва ҷои худу дастовези худро дошта бошем. Барои ин бояд аз боигариҳои барқароршавандаи дар боло зикршуда оқилона истифода намоем.

  Дар масъалаи аҳамият, истифодаи оқилона ва раванди барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ мо дар ин ҷо чизе намегӯем, зеро ин масъала дар сатҳи давлатӣ хеле хуб матраҳ шуда истодааст. Дар ин ҷо мо мекӯшем каме бошад ҳам оиди боигарии дуюм, захираи инсонӣ андешаронӣ намоем. Боиси ифтихор аст, ки дар давраи Истиқлолият ба баҳси демографии нуфуси аҳолӣ, ки дар солҳои охири даврони Шӯравӣ хеле маъмул буд, хотима дода шуд. Нуфуси аҳолии кишвар боигарии он эълон шуд. Пас, аз ин имконият чӣ хел оқилона истифода барем то он дастовези арзанда ба дастархони фарохи тамаддуни ояндаи минтақа бошад? Ба ин савол яке аз ҷавобҳои комилан дуруст дар ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 дода шуда аст. Бояд ба таърихи инсоният назар андохт. Борҳо гуфтанд ва боз мегӯем, ки мо миллати тамаддунсоз мебошем ва яке аз далелҳои асосии мо ин дастовардҳои илмии ниёгони мо дар самти илмҳои табиатшиносӣ мебошад. Маҳз қонунҳои асосии асрори табиат аз ҷониби аҷдодони мо кашф шуда пас аз садсолаҳо дар Ғарб ҳамчун ғояҳои худашон пешкаш шуда аст. Албатта, дар самти муаррифии дастовардҳои илмии ниёгони мо корҳои зиёде дар пеш меистанд. Дар ин ҷо мо танҳо ба худи ин падидаи бузурги инсонӣ такя намуда ба ояндаҳо назар хоҳем кард. Албатта ин гуфтаҳо барои гӯши онҳое, ки ба маризии нигилизми миллӣ гирифторанд гуфта нашуда аст. Мо ки мӯътақиди имкониятҳои васеъ ҳастем ва ҳаррӯза бо ҷавонони ба ин самт равона сару кор дорем, ҳатман мегӯем.

  Агар мо миллати тамаддунсоз бошем, пас мавқеи имрӯзаи ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳо ғайриқаноатбахш мебошад, зеро муҳоҷирати меҳнатии онҳо ба Россия ва Аврупо ҷавобгӯи талаботҳои миллии мо нест. Таҳлили бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ, ки сатҳи хуби касбият ва донишро талаб менамояд, нишон медиҳад, ки танҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, технологияҳо, муҳандисӣ ва компутерӣ ҷавонони мо имкони пайдо намудани мавқеи сазовори худро доранд. Дар ин ҷо мо метавонем ҳазорҳо мисолҳои мушаххасро нисбати дастовардҳои ҷавонони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ орем, вале ин мавзӯи дигар аст. Пас, роҳи дурусти ҳалли масъала ин интихоби дурусти самти фаъолияти арзишманди ҷавонон, ки дар доираи эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040  самтгир аст, ба шумор меравад.

   Бояд қайд намоем, ки имрӯз соҳаи маорифи мо новобаста аз тамоми нуқсҳои ҷиддии мавҷуда имкони омода намудани хонандагони самти фанҳои табиӣ-риёзиро дорад. Мактабҳои президентӣ, гимназияҳои давлатию шахсӣ, литсейҳои шакли гуногун ва мактабҳои таҳсилоти умумии сатҳи заруридошта, ки аксарияташон самти табиӣ-риёзӣ доранд сарчашмаи асосии ҳалли масъала шуда метавонанд. Ин муассисаҳои таълимӣ иштирокдорони фаъоли олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллаӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ буда ҷавобгӯи тамоми талаботҳо дар ин самт мебошанд. Аз ҳама омили муҳим он аст, ки волидайни ин хонандагон тамоми имкониятҳои молиявии худро сарфи таълимгирии фарзандони худ дар ин самт мекунанд. Ҳамин тавр, ҷомеаи имрӯзаи мо дар сатҳи мактабӣ дарки амиқ карда аст, ки ҷавони бо донишҳои фанҳои табиӣ-риёзӣ мусаллаҳ буда аз рӯи аксарият нишондодҳои ақлонӣ бартарӣ доранд. Хулоса, нисбат ба донишу малакаи хонандагони мо дар ин самт, мувофиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ягон норасоии назаррас дида намешавад. Танҳо забономӯзӣ ва кор бо қомпютерҳо каме беҳбудӣ мехоҳанд. Ба ғайр аз ин, муҳити илмии самти табиӣ-риёзӣ дар мо нерӯманд буда, аз ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ нисбатан озод мебошад. Ин ҳуқуқи маънавӣ медиҳад, то олимону мутахассисони соҳа ҳидоятгару дастгири ҷавонон барои соҳиб шудан ба дастовардҳо бошанд. Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолият ин пеш бурдани сиёсати дарҳои кушод дар тамоми самтҳо мебошад. Дар самти илм низ чунин аст. Имрӯз олимону мутахассисони мо имкони дар марказҳои илмию технологии сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият карданро доранд. Фақат идеяҳои бозоргир лозим аст. Аз ин нуқтаи назар даъвоҳо доир ба нокифоя будани базаи моддӣ-техникии донишгоҳҳо барои пешрафти фаъолияти таҳқиқотии ҷавонон на онқадар дуруст аст. Илова бар ин, ҳоло, донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ватанӣ бомаром парки асбобҳои озмоиширо нав карда истодаанд. Хамин тавр, агар донишу имкониятҳои мо нокифоя шавад, дар бораи пайвастан ва роҳбаладӣ кардани ҷавонони муваффақ барои идомаи таҳсил ва кор дар марказҳои илмию технологии дигар кишварҳо ягон мушкилӣ нест. Масалан, дар факултети физикаи ДМТ ин масъала кайҳо ҳалли худро ёфта аст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки тамоми марказҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ омодаи қабули ҷавонони мо мебошанд. Атрофи ин масъала мо набояд аз «фирори мағзҳо» тарсем, зеро менталитети миллии мо чунинаст, ки ҳатман манфиатамон ба диёрамон ва наздикону ҳамватанонамон мерасад. Агар имрӯз иқтисоди мо ниёз ба мутахассисони технологияҳои баландпоя надошта бошад ин маънои онро надорад, ки ин вазъ доимист.

  Муаммои асосии мо пас аз хатми мактаб сар мешавад. Волидайн маблағҳои зиёдеро сарф мекунанд, то фарзандашон донишҳои самти табиӣ-риёзиро соҳиб шавад, хонандагони зиёде ғолибони олимпиада ва озмунҳо мешаванд, вале вақти интихоби самти таҳсил дар муассисаҳои кор тамоман ранги дигар мегирад. Самту ихтисосҳоеро интихоб менамоянд, ки дар бозори меҳнати чӣ дохила ва чӣ хориҷа онҳоро интизор нестанд. Кор то дараҷае расида аст, ки дар озмуни «Илм фурӯғи маърифат» дониши хонандагони мактабҳои миёна аз донишҷӯён боло меистад. Ин муаммо хеле доманадор ва ҷиддӣ буда, барои ҳалли он дар сатҳи давлатӣ чора андешида шавад, зеро нерӯи ақлонии миллат ва самти пешрафти он ба масъалаҳои ояндасозии он рабти бевосита дорад.

    Дар ин ҷо мехостем баъзе андешаҳоро атрофи ҳалли муаммоҳои дар боло зикршуда ва амалишавии ҳадафҳои наҷибу тақдирсози «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 баён намоем.

  1. Бояд ВАО барои равшансозии ҳадафҳои ин масъала боз ҳам фаъолтар бошанд. Нуқтаи асосӣ ба он бояд равона шавад, ки ҳар шахсе, ки аз ҳисоби меҳнати ақлонию ихтисосмандӣ умр ба сар мебарад дар оила ва ҷамъият мавқеи устувор ва хоса дошта бошад. Бояд дастовардҳои мушаххаси ҷавонони мо дар ин самти фаъолият ҳамарӯза муаррифӣ шаванд. Барои ин рӯзноманигорони самти илмҳои табиӣ-риёзии сатҳи донишу ҷаҳонбинашон баланд тарбия шаванд, ки бо мутахассисон дар мавзӯҳои мураккабу мушкили илм сӯҳбат карда тавонанд. Вақти он омадааст, барномаҳои талимии қолабшикани нав омода шаванд.
  2. Дар боло қайд намудем, ки худи эълон доштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ин худ як қолабшиканӣ дар сатҳи ҳукумат буд, ки таҳлили амиқ ва таҳаввулоти инқилобиро талаб менамуд. Мутаассифона, ҳоло тафаккури ҷамъиятии мо дар сатҳе қарор дорад, ки баъзе масъалаҳоро бо роҳи аз нуқтаи назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ғайримантиқӣ ҳал намоем. Масалан, танзими расму оин ё тарзи либоспӯшии мактабиёну донишҷӯён. Лекин гузашти вақт нишондод, ки ин чораҳо ба манфиати ҷамъият будаанд. Баъзан тасаввур менамоям, ки агар меъёри тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии донишҷӯён намебуд, онҳо чӣ тарз ба дарсҳо ҳозир мешуданд. Аз ин нуқтаи назар, бояд дар сатҳи ҳукумат қарорҳои мушаххас доир ба мақому манзалати мутахассисони соҳа қабул карда шавад. Масалан, аз поён то боло дар вазифаҳои давлатӣ на кам аз нисфи кормандон дорои дипломҳои сатҳи табиӣ-техникӣ бошанд. Худи ҳукумат хусусияти технократӣ дошта бошад.
  3. Масъалаи дигар ин ҷалби ҷавонон ба сафи артиш мебошад. Ин масъалаи муҳим ва нозук мебошад. Ҳангоми ҳалли ин масъала бояд меъёр, ба гуфтаи сиёсатшинос А. Раҳнамо “Ватанмеҳварӣ” бошад. Бе дифоъ аз неъматҳои Истиқлолият ҳама гуфтаҳои боло бемантиқ ва сафсата мешаванд. Аммо даъвати донишҷӯёни равияҳои табиӣ-техникӣ ба сафи артиш бозбинӣ мехоҳад. Дигаргуниҳо бояд бо назардошти таҳлилҳои амиқи раванди ҳодисаҳои атрофи Озорбойҷону Арманистон ва Россияю Украин амалӣ гарданд. Ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки қувваҳои асосӣ ҷузъу томҳое мебошанд, ки дар асоси шартнома ҳамчун сарбозони касбӣ меҷанганд. Ба ғайр аз ин истифодаи техникаву технологияҳои муосир нақши ҳалкунанда доранд. Хусусан идораи парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин, воситаҳои радиоэлектронии мубориза бо мушакҳо ва паҳподҳо, воситаҳои гуногуни техникие, ки бо компютер сарукор доранд мақоми хоса пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, истифодаи мутахассисони бо техникаву технология сарукордошта масъалаи асосӣ мебошад. Ин мутахассисон пас аз хатми дараҷаи бакалаври мактабҳои олӣ мувофиқ ба зарурати касбӣ сарҷамъона дар давоми фарз кардем се моҳ аз рӯи барномаи махсуси интенсивӣ касбият гиранд. Дар ҳоалти барои артиш зарур будан, баъдан ҳамчун афсар хизмат мекунанд. Агар не, ҳамчун мутахассисони захиравӣ лаёқатмандон ба магистратура фаро гирифта мешаванд. Ин пешниҳод нав нест ва дар давраи шӯравӣ низ амал мекард.

          Хулоса, ин пешниҳодҳо метавонанд қадамҳои аввалин ва муҳим барои амалӣ шудани ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бошанд.

Махсудов Барот Исломович

Профессор, доктори илмҳои физика ва математика,

 мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ

Хондан 1690 маротиба