JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 23 Октябри 2023 05:05

Ҷойгоҳи аносири фарҳанг ва рамзҳои мусиқӣ дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Ҳакими бузург, шоири тавоно, донишманди нодири таърихи мулуки ориёӣ, устод Абулқосим Фирдавсӣ дар  достони безаволаш “Шоҳнома” дар баробари тасвиру тавсифи ашхоси таърихиву асотирӣ, шарҳи рузгори мардуми қадиму замони хеш, садҳо аносири фарҳангии дар он замон наздик ба фаромӯшӣ рафтаи аҷдодиро бо меҳр ва дониши том ба қалам кашидааст.

Аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба манобеъи таърихии ин ҳамосаи бузург навишта буданд, ки : “сарчашмаи асосии ҳамосаи Фирдавсиро  силсилаи гуфторҳои сакоию суғдӣ дар бораи Рустам баҳодур, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд”[1, 385].

Доир ба ҳамин масъала академик Василий Владимирович Бартолд низ ишора намуда навишта буд, ки  дар таърихи тамаддуни мардумони эронинажод нақши хоса ва мустақилонаи эрониёни шарқӣ дида мешавад.

Бинобар ин маҳз аз нигоштаҳои  Фирдавсӣ мо метавонем ҳалли садҳо муаммоҳои сарбастаи таърихамонро  пайдо кунем. Оид ба саҳми бузурги Фирдавсӣ дар фарҳангшиносии ҷаҳон устод Муҳаммадамини Риёҳӣ низ чунин ибрози назар намудааст: “Дар ҷаҳонбинӣ ғарбиҳо тамаддуни ҷаҳонро ҳамчун идомаи тамаддуни Юнону Рим шинохтаанд, аммо дар ҳамосаи миллии Эрон тамаддуни ҷаҳонӣ аз Каюмарс – нахустин инсон ё нахустин подшоҳ оғоз мегардад”[1], яъне “Шоҳнома” мероси муштараки мову ҳамаи ақвоми ҳамсояву ҳамфарҳанг бо мост[2,53].

Воқеан Фирдавсӣ дар саргаҳи илми фарҳангшиносии олам қарор дорад, ӯ бо рамзҳои гуногун аз боби ҳаводиси рӯзгори гузашта қисса мекунад,  симои шахсиятҳои таърихиву асотирӣ, суннатҳои фарҳангӣ, аз ҷумла номгӯйи созҳои мухталифи мусиқӣ ва оҳангҳои қадимиро бо мисолҳои ибратангез пешниҳод менамояд.

Фирдавсӣ ба насли минбаъдаи ҷаҳон достонеро дар васфи хирад, дар мадҳи офарандаи хирад, доир ба шинохт ва дарки хирад, ҳамчунин расми риояи хирадмандиро мерос вогузошт.

Базм ва Разм

 Чунонки аз мазмун ва сохтори осори ӯ бармеояд, шоир  вақоеъи рӯзгорро бо такя ба муҳтавои достону ривоятҳои қадимӣ дар маҷмуъ иборат аз разм ва базм муайян намудааст, ки  аксари қаҳрамононаш дар онҳо фаолона ширкат мекунанд.

Яъне разм бо бадиҳову бо нафс,  аммо  базм бо дӯстон, васфи шодиву сурур аз ҳаёт. Фирдавсӣ базму сурури зиндагиро мантиқан ҳамчун маҳсули ғалаба дар ҳамон размҳои тан ба тан бо олами торикиву гумроҳӣ тасвир намудааст.

 

          Бинеҳ пешаму базмро соз кун,

          Ба чанг ор чангу май оғоз кун.

          Чунин аст оғозу анҷоми разм,

          Якерост мотам, якерост базм.

 

Шояд дар ҳамин маврид ба ёд биёрем, ки дар маҷмуи деворнигораҳои Панчакенти қадим (асрҳои 6-7) силсилаи наққошиҳои рӯйи деворро мушоҳида кардан мумкин аст, ки услуби нигориши онҳо дорои тасвири чандин саҳнаҳои разм ва базм мебошанд.

    

(Расмҳои  1 ва  5).

 Дар ҳамин наққошиҳо пайкари паҳлавон Рустам низ ҷой дорад, ки дар тан хафтони аз  пӯсти паланг дорад, яъне ҳамон палангина, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” тасвир намудааст, ранги асбаш низ қирмизӣ . Дар наққошиҳо ҳамчунин тасвири занони ҷангҷӯву диловар (амазонкаҳо?) мавҷуданд, ки дар муроҷиат ба шеъри Фирдавсӣ метавон занони ҷанговари қаҳрамони достонро (масалан, Гурдофарид) боз шинохт.

 Устод Александр Беленитский доир ба қадимӣ будани манобеъи  ҳамосаи Фирдавсӣ чунин навиштааст: “Байни замони офаридани наққошиҳои Панҷакент ва  замони сароиши шеъри Фирдавсӣ беш аз ду саду панҷоҳ сол фосила ҳаст"[3,160].

Муҳтавои мақолаи мазкур низ маҳз ҳамин маъниҳоро фарогир хоҳад шуд. Мақсади мо  ибрози чанд андешаест роҷеъ ба яке аз паҳлуҳои ҳануз ба таври мукаммал таҳқиқ нагардидаи осори Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин ҳам бошад муаммои он ки шоири бузург то чи андоза ва бо кадом услуб дар достонҳояш рамзҳои мухталифро аз падидаҳои пуршукӯҳи тамаддуни қадим, хусусан аз созҳои мусиқӣ  истифода намудааст.

 Масалан, чаро ва бо кадом ҳадафи бадеӣ Фирдавсӣ созҳои рангоранги мусиқиро  чи дар бобҳои разм ва чи дар мавриди тасвири саҳнаҳои базм хеле батафсил ва устодона маънидод кардааст? Оид ба мавзӯи Фирдавӣ ва мусиқӣ имрӯз китобу мақолаҳои зиёде ба чоп расидаанд, ки яке аз  онҳо рисолаи мукаммали устод Худоӣ Шарифзода “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ” ба шумор меравад, ки боби махсусеро оид ба марсиясароӣ дар Шоҳнома дар бар гирифтааст [4,].

 Аз муҳтавои достонҳои “Шоҳнома” бармеояд, ки Фирдавсӣ маҷмӯи созҳои мусиқиро ба ду гурӯҳ - размӣ ва базмӣ ҷудо намудааст, яъне дар тасвири лаҳзаҳои разм созҳои Буқ, Кӯс, Рӯйинахум, Табл, Карраной (Говдум), Дурӯй (дуҳул), Каҷкарнай барин созҳоро ҳамчун рамзи ифодаи ҳолати пурдаҳшати ҷанг истифода мекунад:

Баромад хурӯшидани говдум,

Ҷаҳон пур шуд аз бонги руйинахум.

Аз овози санҷу дами карраной,

Ту гуфтӣ биҷунбид майдон зи ҷой.

 ва бар акси он, дар лаҳзаҳои базм созҳои чанг, руд, рубоб, най, танбур, барбат, найбаст (флейтаи Пан) санҷ, даф, қонунро дар мавриди ороиши манзараҳои шикор, фароғат ва роҳат меорад:         

Ҳамехӯрд ҳар кас ба овози руд,

Ҳамегуфт ҳар кас ба шодӣ суруд.

Ғиревидани чангу бонги рубоб,

Баромад зи айвони Афросиёб.

Фирдавсӣ на танҳо созҳои мусиқӣ, на танҳо саҳнаҳои шодиву сурур, балки рӯзгори чандсадсолаи аҷдодонамонро, аз ҷумла таърихи рушди мусиқии ҳирфаии мардумони эронинажодро кашф намудааст. Ӯ нахустин олимест, ки бо такя ба сарчашмаҳои хаттиву шифоҳӣ, бо таваҷҷуҳи хоса симои эҷодӣ ва рӯзгору тақдири ромишгарони давраи сосониён - Борбад, Накисо, Саркаш ва  Дилоромро (Озодаи чангӣ) ба ҷаҳониён ошно сохтааст:

          Яке мутрибе буд, Саркаш ба ном,

          Ба ромишгарӣ даршуда шодком.

          Бишуд Борбад шоҳи ромишгарон,

          Яке номдоре шуд аз меҳтарон

          Куҷо номи он румӣ Озода буд,[2]

          Ки ранги рухонаш чу беҷода буд.

 Ҳамин буд, ки таҷрибаву ишораҳои ӯ баъдан дар осори  аксари кулли шоирон, аз ҷумла Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, ё худ муаллифони рисолаҳои мусиқӣ идома пайдо кардаанд.

Фирдавсӣ дар достонҳои Шоҳнома услуби хеле нодири бадеӣ, яъне шарҳ додани вақоеъи рӯзгорро тавассути рамзҳои мухталифи мусиқӣ поягузорӣ намудааст. Ҳар як сози мусиқӣ, ҳар як навъи суруду таронаҳо, наъраҳои карраной, нолаи чангу чағона, гиряи муягарон ва ғ. дар саҳифаҳои осори Фирдавсӣ комилан мутобиқ ба ҷараёни рушди мавзуъ ва муҳимтараш, мувофиқ ба эҳсосоти олами ботинии ин ё он қаҳрамон падидор мегарданд.

 Ин худ як намуд кашфиёти услуби тозаи бадеӣ ба шумор меравад ва чуноне маълум мегардад, ин анъана баъдан дар эҷодиёти Манучеҳри Домғонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддин Балхӣ (рамзи сози най,  Достони Пири чангӣ), Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ (дар Маснавии “Юсуф ва Зулайхо” - найбаст, хона бино кардан аз най), Алишер Навоӣ идомаи фаровон пайдо кардааст. Албатта, фаромуш набояд кард, ки васфи намунаҳои бешумори созҳои мусиқӣ ҳануз дар ашъори асосгузори назми форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мавҷуд буд, вале  ин маврид онҳо бештару аксаран дар пардаи ҷилваҳои лирикӣ оварда шудаанд.

Масалан, Фирдавсӣ шояд нахустин шоирест, ки истилоҳи абрешимро бо ду маъно – ҳам ба маънои сими сози мусиқӣ ва ҳам ба маънои  номи умумии созҳои мусиқӣ истифода кардааст.

 

 Аз абрешими чангу овои руд,

          Сароянда ин байтҳо месуруд.

          Чу руди бирешим сухангӯй гашт,

          Ҳама хона аз вай суманбуй гашт.

 

Маълум аст, ки  дар замони Фирдавсӣ аксари кулли созҳои мусиқӣ торҳои абрешимӣ доштаанд, аммо Фирдавсӣ ҷое абрешимро ба маънои сими ин ё он соз, дар дигар маврид бошад дар маҷмуъ ба маънии сози мусиқӣ истифода намудааст. Масалан:  

Аз абрешими чангу овои руд, (яъне сими чанг!)

          Сароянда ин байтҳо месуруд.

          Аз овози абрешиму бонги ной,

 Суманчеҳрагон пеши Хусрав ба пой.

 

 Дар байти аввал абрешим ба маънои сими чанг оварда шудааст, дар байти дуюм ҳамчун номи умумии сози мусиқӣ. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки маҳз чунин суннати номгузории Фирдавсӣ  баъдан дар рисолаҳои мусиқӣ васеъ истифода шудааст. Минбаъд  Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” (Достони Пири чангӣ) ва Дарвешалӣ Чангӣ дар “Туҳфат-ус-сурур” истилоҳи абрешимро ба ду маъно – номи сози мусиқӣ ва услуби иҷрогарии он истифода намудаанд.

 (аз “Туҳфат-ус-сурур”-и Дарвешалии Чангӣ):

Пири Чангӣ рӯзе ба Гӯристони Ясриб рафт ва чангро дар канор ниҳод ва гуфт: Худовандо, доим аз барои махлуқ менавохтам, акнун чун махлуқ гӯш намекунад имрӯз омадаам ва аз барои ту менавозам ва абрешимбаҳо аз ту мехоҳам.

 Аз “Маснавии маънавӣ”:

Гуфт хоҳам аз Ҳақ абрешимбаҳо,

К-ӯ ба накӯӣ пазирад қалбҳо [7,]

Аз Дарвешалӣ:  Ҳазрати амира-л-муъминин Умар он ҷо ҳозир шуданд ва гуфтанд: эй Пир, матарс, ки Худои таъоло туро дӯсти худ хонда ва маро аз барои ту фиристода, то абрешимбаҳо ба ту бидиҳам”.

Ин қадар аз баҳри абрешимбаҳо,

Харҷ кун, чун харҷ шуд, ин ҷо биё.

Маълум мешавад, ки дар ҳарду ҳолат “абрешимбаҳо” ба маънии  пардохти ҳаққи иҷрои оҳанг (яъне “гонорар”) омадааст. Мебинем, ки баъдан бо истифода аз ҳамин услуб Низомии Ганҷавӣ низ ин истилоҳро ба маънии сози мусиқӣ истифода кардааст:

 

          Бирешимнавозони суғдисуруд,

          Ба гардун бароварда овози руд.

 

Дар Шоҳнома теъдоди бузурги созҳои мусиқии қадим ва замони шоир зикр гардидаанд, ба мисоли Чанг, Руд, Барбат, Каҷкарнай, Карнай, Карраной, Рубоб, Кӯс, Ной (Най), Бӯқ, Руйнахум (зарбӣ, табли бузурги филизӣ), Санҷ, Табира, Заррин, Ҷарас, Говдум, Даф, Занг, Танбур, Қонун, Нафир ва ғ.

Масалан, оид ба сози маъруфи танбур  Фирдавсӣ  мегӯяд:

 

          Або май яке нағз танбур буд,

          Биёбон чунон хонаи сур буд.

 

Баъдан Мавлоно Ҷомӣ ҳамчунин дар пайравии Фирдавсӣ маҳз танбурро ба сифати  бузургтарин сози мусиқӣ чунин васф кардааст:

 

Хушо ба наѓмаи танбур гўямат рамзе,

К-аз шунидани он мотами ту гардад сур.

Тани ту ҳаст чу танбуру тори он раги ҷон,

Ба зуддият шавад ин тор пора з-он танбур [8,10]

 

Дар баробари созҳои мусиқӣ  Фирдавсӣ инчунин унвони садҳо навъи суруду тарона ва рақсҳои мардумиро шарҳ додааст, ба мисоли Гиря, Дастбанд (рақс), достон (гуфтан, задан, хондан!), дастон (суруд, нағма), замзам (замзама), Пойкӯбӣ ва ғ. То имрӯз дар Бадахшони Тоҷикистон яке аз ин намудҳои рақси мотамӣ – яъне “пойамал” маъмул аст.

Масалан, Фирдавӣ аз қадимтарин навъи сурудхонии мазҳабии мӯбадони зардуштӣ, яъне замзамахонӣ ёдовар шуда таъкид менамояд, ки дар ин навъи суруд матн комилан истифода намешавад ва онро бо лаби баста иҷро мекунанд:

 

Фуруд омад аз асбу барсам ба даст,

Ба замзам ҳамегуфт, лабро бубаст.

 

Ҷолиби зикр аст, ки ин таҷрибаи бузурги ҳунарӣ, ки дар замони истифодаи маросими зардуштиён рушду такомул  намудааст,  ҳатто то ба даврони мо дар доираи аносири гуногуни овозхониҳои мардумӣ боқӣ мондааст. Масалан дар Шашмақоми тоҷикӣ, овозхонҳо дар лаҳзаҳои баъд аз иҷрои байтҳои ғазал, бидуни калом, бо овози ҳазин нола мекунанд, ки онро дар назарияи мақомҳо ҳанг”[3] меноманд. Яъне ҳангсароӣ дар сохтори Сарахборҳои Шашмақом идомаи воқеии услуби қадимии замзамахонӣ мебошад.

Ғайр аз ин, Фирдавсӣ ду намуди рақси қадимӣ - яке “пойкӯб” ва дигарӣ – “дастбанд”-ро тасвир намудааст, ки баъдан маҳз бо такя ба маълумоти ӯ шоирони давраҳои баъд айнан ҳамин намуди рақсҳоро дар ашъорашон мавриди истифодаи рамзӣ қарор додаанд. Ин ҷо пойкӯб  баъдан ба суннати рақси сӯфиён аснои амали Самоъ табдил меёбад. Рақси “дастбанд” то имрӯз ба доираи рақсҳои мардумии чандин миллатҳои ҷаҳон (аз ҷумла - молдаванӣ, испонӣ, юнонӣ, гурҷӣ) ворид шудааст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ боз ҳам дар пайравии Фирдавсӣ ин намуди рақси “пойкӯб”-ро дар Маснавӣ боз ҳам фарохтар шарҳ дода таъкид намудааст, ки ин намуд амали суфиёна ҳамчун воситаи аз сифла (аз пастӣ) дур гардонидани инсон (бо дастҳои сӯйи осмон дароз гардида ва пойкӯбиҳо) дар Самоъ истифода мешавад.

Дар ҷойи дигар Фирдавсӣ аснои тасвири саҳнаҳои мотаму сӯгворӣ шарҳи суруди маъруфи “гиря”-ро (дар иҷрои “муягарон”) мисол меорад. Ёдовар мегардем, ки  муаллифони рисолаҳои суфиёна - Мустамалли Бухороӣ (Шарҳи таарруф), Қутбиддин Аббодӣ (Суфинома), Сулламии Нишопурӣ (Китоб-ус-самоъ) дар осорашон бобҳои махсусро доир ба “Гиря” (Буко) бахшидаанд.

Тибқи навиштаҳои Абубакри Наршахӣ силсилаи сурудҳои сугворӣ дар замони зиндагии ӯ дар Бухоро васеъ маъмул будаанд. Ӯ номгӯйи қадимтарин сурудҳои маросимии мардумони эронзамин, аз ҷумла “Кини Сиёваш, Кини Эраҷ”- ро ёдовар шуда таъкид намудааст, ки ин сурудҳоро таърих беш аз се ҳазор сол аст[5,163]. Исботи ин гуфтаҳои Наршахиро дар манзараи маъруфи “Сӯгвории Сиёвуш” (маҷмуи деворнигораҳои Панҷакенти қадим) мушоҳида намудан мумкин аст, зеро дар он пермомуни ҷанозаи Сиёвуш занони муйҳояшон парешон ва рӯйҳои хуншор тасвир гардидаанд.  

   

(Расмҳои  2 , 4 )

Александр Якубовский доир ба ин мусаввара таъкид намудааст, ки ин ҷо устураи ҳамосии  мардумони  Осиёи Миёна ва Эрон дубора зинда шудааст[3,157]. Ғайр аз ин, муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки айнан ҳамин манзара лаҳзаи худозории ширкаткунандагонро тасвир намудааст, зеро персонажҳо муйҳояшон парешон, ба сурат ва синаашон чанг мезананд, ҳатто баъзеҳо бо теғ нармии гӯшашонро буридаанд[3,157].

 Яъне бори дигар собит мегардад, ки Фирдавсӣ дар Шоҳнома аз маҷмуи кулли ривояту достонҳои қадимии суғдӣ низ истифода намудааст.

Шоҳномаро барҳақ “доиратулмаориф”-и тамаддуни мардумони ориёӣ меноманд ва инро метавон ҳамчунин дар мисоли истифодаи истилоҳоти мусиқӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Фирдавсӣ доираи хеле фарохи истилоҳоти мусиқиро ба монанди бам, барбатнавоз, бархондан, барсам, бар гирифтан, гоҳ, абрешим, бирешим, гӯянда (сароянда ), ғазал, қаввол, ғурунбидан, дамидан (пуф кардани созҳои нафасӣ), зеру бам, достон задан, дурӯй (дуҳул), замзама, захма, Зӯҳра (мутрибаи фалак), лаҳн, меҳтар, мутриб, муғаннӣ, хунёгар, мӯя (марсия, суруди сӯгворӣ), мӯягар (сарояндаи сурудҳои мотам), хусравонӣ, навозанда, чангзан, навохтан, нола, ово (садо,овоз), ромишгар ва ғайра дар ҳолатҳои зарурӣ хеле бамавқеъ истифода намудааст.

Масалан, ҳайратовар аст, ки Фирдавсӣ айнан мисоли Рӯдакӣ услуби “ба бар гирифта” навохтани чангро чунин меорад:

 

Аз Фирдавсӣ:      Зани чангзан чанг бар бар гирифт,

                    Нахустин “Хурӯши муғон” даргирифт.

 

Аз Рӯдакӣ:            Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

                    Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

         

Тасвири хеле олии чунин услуби чангнавозиро, ки Фирдавсӣ аз он ёдовар шудааст, ҳамчунин  дар мусаввараи хеле маъруфи чангнавоздухтари воқеъ дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Ин сурати бонуи хеле зебо (шояд тасвири фариштаи осмонӣ, ҳамон Зуҳра?) дар аксари китобҳои бостоншиносон ва муаррихони маъруфи олам баҳои баландро сазовор гардидааст.

 (расми № 3, Чангнавоздухтари Панҷакентӣ).

Дар ҷойи дигар Фирдавсӣ аз гурӯҳи хосаи мутрибону ромишгарон ёдовар гардидааст, ки онҳоро “лӯрӣ” меномиданд:

 

          Аз он луриён баргузин даҳ ҳазор,

          Нару мода бар захми барбат савор.

 

Шояд Фирдавсӣ бо ин байтҳо ишора ба  руйдоди хеле қадими таърих  дорад, ки гӯё замоне Баҳроми Гӯр   бинобар кам будани сафи ромишгарону сарояндагон амр додааст, ки аз кишвари Ҳинд ба Эрон ду ҳазор лӯлиёнро биёранд. Шарҳи муфассали ин руйдоди таърихиро дар “Равзат-ус-сафо” дучор мегардем: “...рўзе Баҳромро дар маҷлиси шароб гузар афтод ва дид, ки бе мутриб ба тараб машѓуланд…мутааҷҷиб шуд, пурсид, ки  чун аст, ки дар миёни шумо хушовозе ва соҳиби созе нест? Ҷавоб доданд, ки имрўз маблаѓи сад дирҳам ба атроф фиристодем, мутрибе наёфтем. Шаҳриёр аз ин сухан мутаассир шуд, қосидон ба вилояти Ҳиндустон фиристод, дувоздаҳ ҳазор гўянда ва раққос оварданд»[10,743].

Пас метавон хулоса баровард, ки сарчашмаҳои хаттии таърихӣ аз ҳамин ишораи нозуки Фирдавсӣ   истифода намудаанд, зимнан бояд эътироф намуд, ки муаллифи “Равзат-ус-сафо” шумори онҳоро танҳо ду ҳазор зам намудааст.

 

Оид ба номгӯйи  сурудҳои давр дар “Шоҳнома”.

 

Фирдавсӣ дар достонҳояш номгӯйи иддаи зиёди сурудҳоро зикр намудааст, ба мисоли Разми Тӯрон, Мозандаронӣ, Ганҷи Сиёваш, Ганҷи бодовард, Ганҷи Афросиёб, Ганҷи арӯс, Ганҷи сӯхта, Кини Сиёваш, Кини Эраҷ ва ғ.

Доир ба силсилаи сурудҳои маросимии навъи “Кини Эраҷ” ё худ “Кини Сиёваш” чуноне ки болотар зикр намуда будем, ин қабил сурудҳо қабл аз таснифи Шоҳнома дар Бухоро маъруфу машҳур буд. Аз муҳтавои мулоҳизаҳои гузориши мазкур чунин хулосаҳо бармеояд:

  1. Хидмати бузурги таърихии Фирдавсӣ дар он аст, ки ӯ аз нодиртарин ёдгориҳои қадимии мусиқӣ ёдовар гардида, онҳоро шарҳу тавзеҳ дода бо ҳамин ба шуҳрату эътибори ҷамъятии онҳо умри дубора бахшидааст.
  2. Фарҳанги мусиқии замони тоисломиро васф кардани Фирдавсӣ моҳияти басо бузурги таърихӣ дорад, зеро ӯ бо тасвири саҳифаҳои дурахшони базмҳои шоҳона бо ширкати мутрибону муғанниён ишора ба он намудааст, ки дар таърихи башарият (!) маҳз дар ҳамин давра ҳунари мусиқӣ нахустин бор аз доираи маҳдуди маъбадҳо берун омад ва ба ҳунари дарборӣ ва минбаъд оммавӣ мубаддал шуд. Фирдавсӣ моҳият ва арзиши бузурги намудҳои мухталифи ҳунар - мусаввирӣ, наққошӣ, суруду мусиқиро дар ҳаёти инсон тавассути мисолҳои олӣ собит намуд. Яъне шоир шоҳроҳи бузургеро барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои зебо боз намуд ва ҳамин буд, ки шоирону олимони  давру замонҳо тайи ҳазор соли баъди ў дар васфи падидаҳои гуногуни ҳунар, аз ҷумла мусиқӣ садҳо қасидаҳо бунёд карданд.
  3. “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ воқеан қомуси бузургест дар васфи парастиши олами ҳунарҳои зебо, зеро дар он кулли аносири пурарзиши фарҳанги башарӣ, намудҳои созҳои мусиқӣ, анвои маъмули суруду таронаҳо, вазъи истимоъи мусиқӣ дар ҷомеа, нақши рамзии оҳангу таронаҳои мардумӣ шарҳи муфассал ва мондагор пайдо намудааст.

 Аслиддин Низомӣ

Доктори илмҳои санъатшиносӣ,

мудири Шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт:

  1. Ғафуров Б. Тоҷикон.- Душанбе, 2010.
  2. М. Риёҳӣ. Фирдавсӣ (Зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ).-Душанбе, 2010.
  3. Беленитский А.М.Ҳунари наққошии Панҷакент. (тарҷимаи Аббосалӣ Иззатӣ.- Теҳрон, 1390.
  4. Шарифзода Х. “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ. -Душанбе, 2014.
  5. Н.Ҳакимов. Фарҳанги истилоҳоти мусиқии “Шоҳнома”. – Хуҷанд-2002.- 189с.
  6. Дарвешалии Чангӣ. Рисолаи мусиқии “Туҳфат-ус-сурур”, Д. 2022.
  7. Маснавии маънавӣ, д.1, (достони Пири чангӣ).
  8. Абдурраҳмони Ҷомӣ. Куллиёт).- ҷ.7 (Аз Қасоид).
  9. Низомӣ А. Таърихи мусиқии тоҷик. Душанбе – 2018. – 399с.
  10. Мирхонд. Равзат-ус-сафо. (Ҷилди аввал).
  11. Низомӣ Аслиддин. Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ. Душанбе-2019.-198 с.
  12. А.Низамов. Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Центральной Азии. Душанбе-2000.-293стр.

 

 

 

[1] М. Риёҳӣ. Фирдавсӣ (Зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ).-Душанбе, 2010.- С.53.

[2] Озода - номи дигари Дилороми чангӣ.

[3] Ҳанг (аз паҳлавӣ: “ҳангоштан”, яъне ҷамъ кардан, гирд овардан)

Хондан 1416 маротиба