Ба ин манзур, ду сол боз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизбони Ҳамоиши байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” аст. Ба ин тартиб, соли гузашта – 11-12 октябр ва имсол – 13-14 октябр дар пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудирияти Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҳамоиши байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” бо ҳузури донишмандону коршиносону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, махсусан, шоҳномапажӯҳони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамоиш дар се бахш – бахшҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таъриху этнография ва фарҳангу ҳунар давом ёфт ва дар доираи бахшҳо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла густараи ҷуғрофиёи “Шоҳнома”, қаламрави Ирону Тӯрон дар “Шоҳнома”, дин ва мазҳаб аз нигоҳи Фирдавсӣ, огоҳӣ ва хирад аз дидгоҳи Фирдавсӣ, топонимика ва ҷойномҳо дар “Шоҳнома”, созҳои мусиқӣ дар “Шоҳнома” ва амсоли инҳо мавриди радду бадал қарор гирифтанд ва гузоришгарони зиёде сари мавзуоти болоӣ таваққуф намуда, бар мабнои маохиз ва манобеи асримиёнагӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқии муосир изҳори назар карданд. Ҷолиб ин буд, ки дар Ҳамоиш донишманди саршиноси иронӣ доктор Аҳмади Миршоҳӣ ва саркорхонум Мондоно Сосонфар, ки дар заминаи эҳёи фарҳанги бостонии миллӣ ва муаррифии чеҳраҳои бузурги миллӣ ибткороти зиёде рӯйи даст гирифтаанд, фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, ҷиҳати ширкат дар Ҳамоиши байналмилалӣ як зумра донишмандону пажуҳишгарони “Хиралсаро”-и Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад таҳти раёсати дуктур Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ва дуктур Алиризо Қиёматӣ ба Душанбе ташриф оварда, атрофи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамчун паёмномаи миллӣ суҳбатҳои ҷолиби ихтисосӣ анҷом доданд.
Ҳамоиш дар сатҳи зарурӣ доир гардид ва ҳарчанд ки баъзе гузоришгарон бо сабабҳои гуногун ширкат надоштанд, гузоришҳои ҷолиб мавриди истимоъ ва баҳсу мунозираҳо қарор гирифтанд. Дар ҳошияи Ҳамоиши мазкур чанд нуктаро дар заминаи мавзуи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамчун пружаи ҳувиятсозӣ ба таври иҷмолӣ хидмати хонандагон ва ҳаводорони фарҳанги бостонии миллӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ арз медорем:
Якум. Дар фазои иттилоотӣ, илмӣ, фаннӣ, ихтисосӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ зиёд бо калидвожаи “ҳувият” дучор меоем. Ҳувият вожаи арабӣ буда, дар луѓату фарҳангномаҳо ба маъноҳои гуногун омадааст. Масалан, маъноҳои шахсият ва ҳақиқати чиз (нигаред: Малуф Луиз. Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. Теҳрон, 1379. -С. 908), ҳақиқати шайъ ё шахс, ки муштамил бар сифоти ҷавҳарии ӯ бошад, ҳамчунин маънои шахсият, зот, ҳастӣ ва вуҷудро далолат мекунад (таваҷҷуҳ кунед ба: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.2513). Вале ҳамаи маъноҳои овардашударо метавон дар як маънои умумикунанда ҷамъбаст кард ва он маънои умумикунанда кистию чистии ҳайсияту шахсияти инсон ва дар маҷмуъ, қавмияту миллиятҳост. Аммо инҷо сухан дар бораи ҳувияти як миллат меравад, бо доштани ангезаи муштараки арзишшиносӣ, ҳувиятмадорӣ ва характеру хислати умумӣ миёни ақвому милали дигар фарқ мекунанд. Ба ин маънӣ, ҳувияти миллӣ ҳувият ё эҳсоси тааллуқи фард ба як давлат ва як миллат аст. Бар илова, як ҳисси муштарак, ки мардум бо таваҷҷуҳ ба ваҳдати куллӣ вуҷуди худро дар суннатҳо, фарҳанг ва забони сиёсат нишон медиҳанд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, ҳувияти миллӣ ба унвони огоҳӣ ва эҳсос аз тафовути байни “мо” ва “онҳо” шуруъ мешавад. Он ба унвони як падидаи ҷамъӣ намодҳои миллӣ, забон, торихи миллат ва осори бостониро дар худ мунъакис мекунад ва бозтоб медиҳад. Донишманди улуми сиёсӣ Роберт Эмерсон ҳувияти миллиро чунин таъриф мекунад: “Тӯдае аз мардум, ки эҳсос мекунанд, аз як миллат ҳастанд”. Ин таърифро равоншиноси иҷтимоӣ Ҳенри Тоҷфел, ки назарияи ҳувияти иҷтимоиро ҳамроҳ бо Ҷон Тернер созмон додаанд, таъйид кардаанд. Дар ин таъриф, фард ҳам бояд қобилияти шиносойии миллатро дошта бошад, худро узве аз он бидонад ва эҳсоси дилбастагӣ ба он миллат дошта бошад. Ин ҳис боис мешавад, ки фард бидуни он ки илзоман соири афроди гурӯҳро бишносад, худро мутааҳҳид ва мутааллиқи он гурӯҳ медонад. Аз ин ҷост, ки баҳси ҳувияти миллӣ аҳ ҷумлаи баҳсҳои ҷиддию калидӣ дар сиёсатгузориҳои гузаштаву имрӯзӣ будаву ҳаст, то ҷое ки Френсис Фукуяма менависад: “Ҳувият” масъалаест, ки имрӯза аз заминасози бисёре аз падидаҳои сиёсӣ, назири ҷунбишҳои миллигароёна, исломгароёна ва ҷидолҳои фикрӣ шудааст. Мо ҳеҷ гоҳ қодир нахоҳем буд аз тафаккури ҳувиятӣ дар боби худ ва ҷомеаи хеш раҳоӣ ёбем” (муфасслатар ниг.: Фукуяма, Френсис. Ҳувият; мутолибаи каромат ва сиёсати нохушнуд. Тарҷумаи Ҳония Раҷабӣ, Маҳдӣ Мусавӣ. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷима ва нашри китоби порсаҳ, 1398. -259 с.).
Дуюм. Мусаллам аст, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба унвони пружаи ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастӣ аз ҷониби амирони хирадпарвари Сомонӣ ҷонибдорӣ шуда буд, аммо давлати миллӣ аз байн рафт ва ормонҳои миллӣ нақше бар об монд. Дар бахше аз паёми паҳлавони иронӣ Рустами Фаррухзод масъалаи маҳиму калидӣ – шикасти давлати миллӣ ва ҷойгузин шудани сиёсату мафкураву салтанати бегона дар қаламрави миллӣ баррасӣ мегардад ва паҳлавон ҳушдор медиҳад:
Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,
Нажоду бузургӣ наёяд ба кор,
Ба гетӣ касеро намонад вафо,
Равону забонҳо шавад пурҷафо,
Зи эрониву турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Ҳама ганҷҳо зери доман ниҳанд,
Бимиранду кӯшиш ба душман диҳанд.
Чунон фош гардад ғаму ранҷу шӯр,
Ки шодӣ ба ҳангоми Баҳроми Гур:
-На ҷашну на ромиш, на кӯшиш‚ на ком,
Ҳама чораву тунбалу сози дом.
Зиёни касон аз пайи суди хеш
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Набошад баҳор аз зимистон падид,
Наёранд ҳангоми ромиш набид.
Чу бисёр аз ин достон бугзарад,
Касе сӯи озодагон нангарад.
Бирезанд хун аз паи хоста,
Шавад рӯзгори меҳон коста...
Туро, эй бародар, тан обод бод,
Дили шоҳи Эрон ба ту шод бод,
Ки ин Қодисӣ гӯргоҳи ман аст,
Кафан ҷавшану хун кулоҳи ман аст.
Севум. Агар адабиётшиноси маъруфи чех Ян Рипка даъвӣ пеш оварда бошад, ки: “Фирдавсӣ дар саросари арсаи адабиёти форсӣ чун Таҳамтан қад барафрохтааст” (ниг.: Рипка Ян. Таърихи адабиёти Ирон. Тарҷумаи Исо Шаҳобӣ. –Теҳрон, 1355. -С.251), соири муҳаққиқони “Шоҳнома”, минҷумла Муҳаммадамини Риёҳӣ бар ин назаранд, ки ҳеҷ эронӣ ба андозаи Фирдавсӣ ба сарнавишти миллат ва кишвари хеш таъсири пойдор бар ҷой нагузоштааст (ниг.: Риёҳӣ Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардони Дорои Дӯст. –Душанбе: «Шуҷоиён», 2010. –С.24). Ба ин маънӣ, Фирдавсӣ бар мабнои устураву бовардоштҳо, афсонаву достонҳо ва омолу ормонҳои миллӣ маҷмуаи сарнавишту саргузаштҳо, шукӯҳу бузургиҳо, тафохуру ғурурҳо, дарду захмҳо, ранҷу азобҳо, инҳитоту заъфҳо, уқдаву мушкилиҳо, таҳдиду чолишҳо, муаммову печидагиҳо ва ҳаводису воқеиятҳои иронитаборонро рӯйи сафаҳот бирехт ва дар шаҳкитобе бо исми “Шоҳнома” мураттабу мунсаҷим кард. Аз ин ҷост, ки устураҳои “Шоҳнома” ормонҳои миллатро ифода мекунанд ва Фирдавсӣ паҳлавонони иронитаборро ба унвони тасвири ормонии як миллат ба риштаи тасвир мекашад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. -С.46).
Чаҳорум. Бо он ки “Шоҳнома” зиёд таҳқиқ шудааст, ҳанӯз ба таҳқиқи ҷиддии фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ниёз дорад. Шоҳномашиноси маъруфи иронӣ Муҳаммад Карамӣ, ки умри худро сарфи шоҳномапажӯҳӣ кардааст, таъкид меварзад, ки “Шоҳнома” то ба имрӯз амиқ шинохта нашудааст ва ба Фирдавӣ ва “Шоҳнома” бояд бархӯрде маънавӣ, ботинӣ, дарунӣ, фалсафӣ дошт, то воқеияту асолати асар ва шахсияти шоир ошкор гардад. Фирдавсӣ, -менависад Муҳаммад Карамӣ, - таърихро дар хидмати худ қарор дода, на худ дар хидмати таърих рафта (ниг.: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. –Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. С.8). Донишманди мазкур ҷилди дувуми китоби худро ба бозбинӣ ва баррасии фоҷеа-трагедияҳои “Шоҳнома”, ки дар шикасту инҳитоти миллат нақши асосӣ доштаанд, мутаваҷҷеҳ мешавад (ниг.: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. –Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. –С.8-9). ва трагедияҳои Рустаму Суҳроб, Сиёвуш ва Рустаму Исфандиёрро дар китоби дуюми худ баррасӣ мекунад (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. –Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. -453 с.).
Мутаассифона, достонҳои “Шоҳнома”, аз ҷумла достонҳои Ҷамшед, Фаридун, Симурғ, Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр ва амсоли инҳо аз дидгоҳи илмҳои фалсафӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, равонковӣ (психоанализ), равоншиносии иҷтимоӣ хеле кам баррасӣ гардидаанд. Ҳол он ки имрӯз зарурати бозбинӣ ва бознигарии достонҳои “Шоҳнома” бар мабнои таҳқиқҳои ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ пеш омадааст. Бавежа, омӯзиш ва таҳқиқи достонҳои “Шоҳнома” бар асоси назариёти фарҳангшиносӣ, равонковӣ, ҷомеашиносӣ, мардумшиносӣ, равоншиносии иҷтимоӣ ва амсоли инҳо дар решашиносии мушкилот, муаммо ва уқдаҳои фикрӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, равонӣ ва мадании миллат мусоидат мекунанд. Барои намуна, баррасӣ ва бозшиносии Достони бархӯрди Рустам ва Исфандиёр, ки яке аз фоҷеа-трагедияҳои ҷиддии миллӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҳсуб меёбад, роҳро барои бозкушоии уқдаву гиреҳҳое аз қабили заъфи фикрӣ, буҳрони ақидатӣ, таъсири манфии стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоӣ ҳамвор месозад. Бо овардани Гуфтор андар набарди Рустам ва Исфандиёр Фирдавсӣ бархӯрди ду мафкура ё ақида – мафкураи Митройӣ (ки Рустам ва аҷдодаш бар он муътақиданд) ва ойини Зардуштӣ (ки нав зуҳур карда, Исфандиёр ва авлодаш бар он бовар доранд)-ро ба намоиш мегузорад. Ҳар ду ойин ва мафкура ҳам сарчашма ва манбаи ориёӣ-иронӣ доранд, аммо авомиле мисли худхоҳӣ, бартариҷӯйӣ, мансабталошӣ, беҳувиятӣ, худбохтагӣ, мазҳабзадагӣ Исфандиёрро аз масири иттиҳоду ҳамбастагӣ берун мебаранд ва дар муқибили паҳлавону қаҳрамони миллӣ – Рустами Дастон қарор медиҳанд. Ё ин ки Рустами Дастон, бо он ки паҳлавони нотакрори ҷаҳони иронитаборон аст, побанди стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқии замонаш мебошад. Маҳз стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоии вақт Рустами Дастонро таҳти таъсир ва тасаллут қарор додаанд. Ҳатто ба хотири хиёнат накардан ба қолибҳои шахшудаи вақт Рустам алайҳи маъмурони ноодил барнамехезад, ба беадолатию беэътиноиҳои онон чашм мепӯшад ва дар баробари беадолатиҳои нухбагони сиёсии ватанӣ танҳо аз василаи эътирози нарми номусӣ кор мегирад. Дар Гуфтори набарди Рустаму Суҳроб ҳам побанди стереотип ва қолибҳои шахшуда будани ҳар ду қаҳрамон ошкор мегардад. ҳарчанд ки Суҳроби ҷавон пешдастӣ карда, суроҳи падарро мепурсад, Рустам ба хотири хиёнат накардан ба арзишҳои маҳдуди маҳаллӣ сукут меварзад ва охируламр ҷигари фарзанди хешро медарад. Ҳамин тур, дар заминаи достонҳои дигари “Шоҳнома” ҳам метавон таҳқиқоти густурдаи равоншиносӣ, равонковӣ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ анҷом дод ва рози достонҳои миллиро ошкор кард.
Панҷум. Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои тамаддунию геополитикӣ моро водор месозанд, ки сари мерос ва арзишҳои ҳувиятсози миллӣ тамаркуз кунем ва бар мабнои шинохти воқеиёти рӯз барномарезиҳои ҷиддии сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ роҳандӣ намоем. Аз ҷумла, таблиғоти густурдаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ ба унвони барнома-стратегияи илмӣ, адабӣ, маданӣ, ҳувиятӣ ва миллӣ аз тариқи муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ зарурати имрӯист. Зимнан, “Шоҳнома” асари бунёдии ҳувиятии мост ва бар асоси шинохти илмӣ, ихтисосӣ ва фалсафии он метавон дар телевизион, театр ва синамои миллӣ барномаҳои вежаи телевизионӣ, тарҳҳои бузурги драмавӣ, намоишномаҳои театрӣ, филмҳои тасвирӣ ва пружаҳои калони синамоӣ таҳия ва манзури ҳамватанон гардонд. Танҳо аз ин тариқ метавон сатҳи таҳдиду чолишу хатарҳои сахти сиёсӣ, ақидатӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷомеа ва миллатро коҳиш дод ва дар муқибили ҷараёни беҳувиятӣ ва таҳоҷумоти аҷнабӣ, ки рӯз ба рӯз дар ҳоли таҳкиму тақвиятёбист, қарор гирифт. Ба сухани равшантар, дар замони имрӯзӣ бештар ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ниёз дорем ва ин ниёзмандӣ моро муваззаф месозад, ки сатҳи донишмеҳварӣ, хирадмадорӣ ва ифтихороти миллиро миёни наслу қишрҳои гуногуни ҷомеа боло бубарем ва дар роҳи пайвастан ба ҷавомеи мутамаддини ҷаҳонӣ гомҳои устувор бардорем. Аз сӯйи дигар, “Шоҳнома” ба унвони пружаи ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастӣ бояд дар доираи барномарезиҳои хонаводагӣ, ширхоргоҳӣ-парваришгоҳӣ, мактабӣ ва донишгоҳӣ ҳузури фаъол пайдо намояд ва достонҳои ин ҳамосаи миллӣ аз хонавода шуруъ карда, то ба сатҳҳои болоии давлатӣ тарғибу ташвиқ шаванд. “Шоҳнома” ва достонҳои ҳамосии шоҳномаӣ дар ҷомеа миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа бояд маҳбубият пайдо намоянд. Муҳимтар аз ин, ифтихорофаринӣ аз тариқи пружаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тақозои замонию маконист. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ба ҳадафҳои олии миллӣ – сохтани давлат ва ҷомеаи мутамаддини миллӣ даст ёбем ва дар баробари хатарҳои минтақавию глобалӣ ҷасоратмандона воистем. Ба ин маънӣ:
Шоҳнома шаҳкитоби беназиру бебаҳост,
Шоҳкори шахси Фирдавсӣ – ҳакими порсост,
Олами гунгу кари моро дигар савту садост,
Саргузашту сарнавишти миллати дерошност,
Мунтаҳо, таърихи аҷдоду ниёст,
Ифтихори Ориёизодаҳост!
Нозим Нурзода
пажуҳишгар