JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Марти 2021 08:35

Хирадгароӣ - шеваи асосии хурофазудоӣ

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Мо дар навиштаҳои пешин бобати он ҷанбаҳои иҷтимоию равонишинохтии хурофа, омилҳо, сабабҳо ва мондагории ин падида баъзе аз таҳлилҳоро ироа дошта будем. Тавре зикр гардида буд, хурофаю хурофазадагӣ аз нодониву тарс дар баробари ҳаводиси табиию иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва бештаре аз афкори хурофӣ ба даврони бомдоди рӯзгори башар мансубанд, ки онҳо дар баробари ҳаводис бофтаҳо ва хаёлоти хешро ироа намуда, вазъиятҳои инсонӣ ва ҳолатҳои равонии онро бар сари ҳодиса ва воқеиёт таҳмил намудаанд. Аз ин бармеояд, ки як даврони дарозе аз таърихи инсоният пур аз бинишҳо ва боварҳои хурофотӣ будааст. Ҷомеаҳои куҳан ва суннатии башар пур аз афкори хурофотие будааст, ки мисли як айсберги бузург монеи роҳи рушди миллатҳо ва давлатҳо будаанд. Ҳеҷ як тамаддун ё фарҳанге нест, ки дар он ҷанбаҳои хурофотӣ ҷой надошта бошанд. Башарият зина ба зина ба шинохти воқеъиву қонунманди падидаю ашё расидааст.

  Бо нури дониши илмиву хирад кӯҳи яхини хурофотро об намуда, барои хеш роҳи расидан ба саодати башариро дарёфт намудааст. Дар ин навишта мехоҳем ба тарзи иҷмолӣ рӯи баъзе аз шеваҳои хурофазудоӣ ва роҳҳои бурунрафт аз хурофазадагӣ тамаркуз намоем. Бешак, мубориза бо хурофот кори бисёр мушкиле аст. Зеро бархе аз хурофот чунон бо фарҳанги ҷомеа омехта шуда, ки гоҳе ба таври нохудоогоҳу нохоста ба он амал мекунад. Таҷриба нишон додааст, масоили фарҳангӣ дар баробари тағйирот аз худ муқовимат нишон медиҳанд. Жилбер Войт муътақид аст: “Сахттарин кор дар ҷаҳон иборат аз хонатаконии зеҳну ҷомеа аз пешдовариҳои хурофӣ аст. Онҳо чун шири модар ба кому зеҳни мо русух кардаву роҳ ёфтаанд. Дерпотарин осорро аз худ ба ҷой мегузоранд, ҳамроҳ бо мо рушд мекунанд ва ончунон бо тору пуду равони мо дар ҳам мепечанд, ки барои раҳоӣ аз дасти онҳо ба қавитарин эҳсос ниёз дорем” (4, 2).

  Бинобар ин, эътиқодоти хурофӣ худ ба худ шакл нагирифтаанд, ки интизор дошта бошем ба худии худ низ аз байн бираванд. Ҳарчанд гузашти замон шарти зарурие барои зудудани ин меҳр аз дили мардум аст, аммо бо истифода аз шеваҳои илмӣ метавон ин замонро камтар кард ва ба ин тартиб шароити кофиеро низ фароҳам намуд.

  Аз ин лиҳоз, агар роҳҳои бурунрафтро аз дидгоҳҳои хурофотӣ таҳлил намоем, метавон яке аз шеваҳои таъсиргузор ва бунёдиро, ки аксаре аз тамаддунҳо ва халқҳои пешрафтаи ҷаҳон аз он кор гирифтаанд, ин шеваи ақлгароӣ ва хирадмеҳварӣ номид. Дар заминаи ҳамин хирадмеҳвариву ақлгароӣ будааст, ки тамаддуни нави инсонӣ шакл гирифтааст. Ба гуфтаи Самуэл Ҳантингтон, “Муҳимтарин тафовути инсони навин бо инсони суннатӣ дидгоҳи ӯ нисбат ба инсон дар робита ба муҳиташ аст. Дар ҷомеаи суннатӣ инсон муҳити табиӣ ва иҷтимоияшро ба унвони як воқеъияти табиӣ мепазирад ва ҳар кӯшише ҷиҳати дигаргун сохтани ҷомеа имконнопазир аст. Навин шудан замоне оғоз мешавад, ки инсонҳо дар худашон эҳсоси тавоноӣ кунанд ва ин андешаро дар сар бипарваранд, ки метавонанд табиату ҷомеаро дарк кунанд ва таҳти султаи худ дароваранд” (3, 147-148). Навгироӣ дар ҳар ҷомеае аз хирадгароӣ маншаъ мегирад ва ба далели вижагиҳое, ки гуфта шуд, метавонад боиси коҳиши гароиш ба хурофот шавад. 

  Яке аз муҳимтарин шохисҳои инсонӣ, ки ӯро дар баробари махлуқоти дигар мутамоиз мегардонад, ин соҳиби ақлу хирад будани инсон аст. Тавассути хирад инсон бо роҳи таҷриба намудан, ҷудо кардан ва ҷузвҳои ҳаводисро мавриди омӯзиш қарор додан, пасон, онҳоро ҷамъбаст намуда, хулосабарориву натиҷагирӣ кардан тавонистааст ба инсонҳо муаммои падидаю ҳодисаҳоро боз намояд. Қонунмандии онҳо ва ҷиҳатҳои гуногуни химиявию физикиро ошкор созад ва айнияти падидаҳо ва ашёро, он тарве ки мавҷуданд, барои мо бозгӯ кунад. Яъне дар ин ҳолат тамоми ин раванд салоҳияташ бар дӯши хирад ва ақли одамӣ аст. Дастгоҳи хиради инсон тавассути афзори мантиқӣ дурӯғро аз рост, ҳақиқатро аз иштибоҳ ва айниятро аз хаёл ҷудо месозад. Дар баробари ин, ҳодисаҳоро нақд мекунад. Ҷӯёию пуёии хирад имкон медиҳад, ки инсон сари ҳар амал таваққуф кунад, андеша намояд ва паҳлӯҳои гуногуни хусусият ва вижагиҳои як падидаро ошкор созад. Қонеъ набудан ба боварҳои сода ва тахайюлгароӣ инсонҳоро савқ ба самти боз ҳам бештар дарёфт намудани воқеъияти падидаю ҳодисаҳо равона намудааст. Инсонҳо бо ошкор сохтани қонунмандӣ ва хусусиятҳои бунёдии ҳодисаю воқеаҳо тавонистаанд онҳоро идора намоянд ва аз ин ҳодисаю воқеаҳо бар суди хеш ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии худ истифода намоянд. Мушкилоти зистии хешро саҳлу сода намоянд. Ба ҷаҳон ба назари воқеъӣ нигаранд ва барои ҳалли ҳар гуна мушкилӣ ба худ, яъне ба нерӯи ақлу хиради инсонӣ такя намоянд. Маҳз такя намудан бо хирад сабаби ба вуҷуд омадани даврони нави аврупоӣ гардид ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии илмие, ки тавонист кишварҳои имрӯзаи ҷаҳонро ба пояи тамаддуни навин барад, маҳз хирадгароӣ ба ҳисоб меравад.

  Илм ва технологияи имрӯзӣ маҳсули хиради башар аст. Бомдоди илми навинро, ки маҳз аз таҷрибагароиву ақлгароӣ маншаъ мегирад, аз ба ҷузъҳо тақсим  намудани ҳодисаю воқеаҳо ва ҳар ҷузъро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор додан шурӯъ гардид ва ин шеваи таҳлилу шинохт боиси он гардид, ки башарият дар як муддати кӯтоҳи замон ба дастовардҳои чашмгире ноил гардад ва ҷаҳонро аз диди дигар, яъне аз диди илмӣ мавриди шинохту баррасӣ қарор диҳад. Зуҳури илми нав ва биниши исботӣ дар баробари ҳодисаю воқеаҳо инсонро куллан дигар намуд. Як инсони боварманди хурофотиро, ки падидаю ҳодисаҳоро ниёиш мекард ва ба онҳо ба як диди мармуз менигарист, онро ба як инсони тавонманд, ки асрори ин ҳаводисро дарк карда, ҳикмати онҳоро дарёфтааст ва бар пояи ин дониш метавонад ҳазорон фарояндҳои дигар созад, оварда расонид. Ба ибораи дигар, хирадгароӣ заминаи асосие гардид, ки инсонҳо бо дарёфти вазъияту воқеъиятҳои илмии табиату ҳаводиси он тавонистанд ба дастовардҳои зиёде ноил гарданд. Ором-ором илм ва натиҷаҳои илмӣ тавонистанд зиндагии умумии инсонро дар ҳамаи арсаҳо таҳти таъсир гузоранд ва то ҷое шеваҳои онро дигар созанд. Агар, аз як тараф, хирадгароӣ илмгароиро ба вуҷуд оварда бошад, дар пайи худ илмгароӣ ақлгароию хирадгароиро боз ҳам тақвият дод. Ин омил яъне илмгароӣ тавонист ором-ором тафаккури инсонро дар баробари ҷомеаи суннатӣ иваз намояд ва ҷомеаи навинро ба вуҷуд оварад. “Ба таври куллӣ дар ҷомаҳои суннатӣ ҷави фикрӣ отифӣ, шоирона ва асотирӣ аст ва забону фарҳанги қавмию фарҳанги мардумӣ ҳама даст ба даст медиҳанд, то зеҳни дар ҳоли рушди фардро чунон шакл диҳанд, ки пазирои идомаи чизе бошад, ки онро ба таври куллӣ хурофот меноманд. Зеро худ ва ҷаҳони хориҷ ҳаргиз ба сурати комил аз ҳам тафкик намешаванд. Дар натиҷа мафоҳими рамзӣ - ҷодуӣ дар саросари зиндагии шахс бар тафаккури ӯ фармон медиҳад. Аммо дар ҷомеаҳои илмӣ, ки бархудгароӣ такя дорад, андешаи аввалия канор гузошта, нафй мешавад ва ба ҷудо шудани худ аз муҳит ва ташкили як ҷаҳонбинии айнӣ кумак мекунад (4,184).

  Ҷомеаҳо ва мардумоне, ки аз дастовардҳои илмӣ истифода намуда, сатҳу сифати зиндагии хешро дигар намудаанд, ором-ором аз бинишҳои хурофотии хеш даст кашиданд, ва дунболаи сохтори як ҷомеаи навин, ки пояи асосии онро илм ва дониши илмии башар ташкил диҳад, гом бардоштанд. Яъне илмгароӣ як қадами асосие ба сӯи ҷомеаи мудерн аст, ки дар он ба тафаккури илмӣ асолат дода мешавад ва кишварҳоро пешрафта мекунад. Дар ин гуна ҷомеа ҳама гуна ҳодиса шарҳ ва тавзеҳи илмию ақлонӣ дода мешавад. Яъне илммеҳварӣ дар шинохт, амалкард, тасмимгирӣ, таҳлил яке аз асоситарин роҳи халос намудани ҷомеа ва афроди ҷомеа аз тафаккур ва бинишҳои хурофотӣ аст. Дар ҷомеаи ақлгаро ва илмгаро ҳодисаю падидаҳоро на шарҳу тавзеҳоти хурофӣ, устуравӣ, мазҳабӣ ва бовармандӣ медиҳанд, балки ҳар кадоме аз онҳо бояд аз лиҳози дидгоҳҳо, таҳлилҳо, шинохтҳо, қонумандиҳо ва натиҷагириҳои илмӣ шарҳу тавзеҳ ёбанд. Яъне хусусияти ҷомеаи навгиро он аст, ки ба ҳамаи суолот, мушкилиҳои зистӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, табиӣ ва амсоли ин, на бо такя ба бовару, гумонҳо, балки бо далелҳои қонеъкунанда аз лиҳози ақлию илмӣ посух меҷӯяд. Яъне илмгароӣ дар мухолифат ба хурофаю боварҳои хурофӣ аст. Дар илмгароӣ меҳвари асосӣ ба ақли башар ва собит шудани (таҷрибапазирии) ҳодисаҳо такя менамояд. Дар ин ҳолат, аз лиҳози илмӣ ҳар чизе собит шуданист ва ақлу дастгоҳи мантиқи инсон онро пазируфта метавонад ба ҳайси вазъи воқеӣ ё шинохти дуруст ба ҳисоб гирифта мешавад. Илмгароӣ на танҳо шинохти табиату ҳодисаю ашёро ба инсон дигар намуд, балки он тавонист дар шинохти худи инсон тавонмандиву нерӯҳои инсонӣ, ҷиҳатҳои биологиву иҷтимоии инсон як дидгоҳи нави илмиеро ба миён оварад, ки ба воситаи он инсон тавонист диди наверо дар бобати худ ва нерӯҳои инсонияш ҳосил намояд. Илмгароӣ имкон дод, ки инсоният дар сохтмони ҷомеаи худ ва тарзи идоракунии он таҷдиди назар намояд ва ҳамаи сохтаҳои ҷомеаи худро аз лиҳози дидгоҳҳои илмӣ ба роҳ монад ниҳодҳои иҷтимоиро ба хотири бароварда кардани ниёзҳои афроди ҷомеа бар асоси дастовардҳои илмӣ бунёд намояд. Дар ҷомеаи хирадмеҳвари илмгаро эҳсосоти ғайриақлонӣ ва боварҳои хурофӣ ҳеҷ ҷойгоҳе надоранд. Онҳо наметавонанд ба ҳайси ҳалли мушкили ҷомеа мавриди арзёбӣ қарор бигиранд. Яъне ба тарзи дигар илм ва дастовардҳои илмӣ ҳамеша дар муқобили бофтаҳои хиёливу хурофот қарор мегиранд. Хурофот ва бовармандиву хаёлпардозӣ хоси ҷомеаҳои суннатӣ аст ва хос ба давронест, ки инсон дар нодонию ноогохӣ ба сар мебарад. Ақлгароӣ ва илмгароӣ роҳро барои шинохти айниву воқеии падидаю ҳодисаҳо боз менамояд. Инсонҳоро ба андешидан ва, пеш аз ҳама, ба интиқод кардан савқ медиҳад. Яъне ба таври дигар метавон арзёбӣ намуд, ки яке аз паҳлуҳо ва ҷанбаҳои мусбатӣ ҷомеаи хирадбовар ва илмгаро, ки боиси хурофазудоӣ мегардад, ин интиқодгароӣ ба ҳайси хислати асосии ҷомеа маҳсуб аст. Дар ҷомеаи илмгаро фард ҳамеша дар тағйир аз таҷрибаҳо ва маъниҳои иҷтимоӣ бо рӯёрӯӣ қарор мегирад. Ин тағйироти пайваста ӯро  ба андешидан ва нақд кардани ҳодисаҳо оварда мерасонанд.

  Нақдгароӣ боиси он мешавад, ки фард боварҳо, сунатҳо, расму оин ва бинишҳои суннатиро мавриди интиқод қарор медиҳад. Интиқод кардани онҳо боис мешавад, то бебунёдӣ ва ҷойгоҳи хаёлӣ доштани ин боварҳо барои инсон ошкор гардад. Аз тарафи дигар, тафаккури интиқодӣ боиси он мегардад, ки ҳама ҳаводисе, ки дар  ҷомеаи муаяйн ва дар атрофи фард ба вуҷуд меоянд, мавриди нақду баррасӣ қарор мегиранд. Инсони дорои тафаккури интиқодӣ на ба вазъияту воқеъият аз рӯи хаёл ва ниёишу ситоиш, балки аз рӯи таҳлил ва натиҷагириҳои илмию мантиқӣ муносибат менамояд. Бояд қайд кард, ки ҳама гуна навгироӣ дар ҷомеа бо бархӯрди боварҳои суннатӣ ва расму оин сурат мегирад. Вале дар ин маврид тафаккури интиқодӣ метавонад арзёбии ҳар кадоме аз инҳоро, яъне, чи дидгоҳҳои суннатӣ ва чи дидгоҳҳои навро нақд кунад ва арзиши онҳоро муаяйн созад. Аз тарафи дигар, тафаккури интиқодӣ чун ҳама чизро, новобаста аз он ки нав ё куҳан аст, мавриди нақд қарор медиҳад ва ин интиқодгарӣ боиси он мешавад, ки то андозае таассубият ва ниҳоятан худбоварию худманишиҳои муъҷизагунаро дар ҷомеа барҳам занад, аз тарафи дигар, муъҷизабовариро, ки яке аз навъҳои хурофот аст, низ маҳдуд хоҳад кард.

  Рӯшанфикрӣ аз интиқодгароӣ ва тафаккури интиқодӣ ба вуҷуд меояд. Барои рӯшанфикри ҷомеаи ақлгарои илммеҳвар ҳақиқат дар шакли мутлақ вуҷуд надорад. Балки роҳҳои мухталифе барои пайвастан ба ҳақиқат дар баробари мо мавҷуд аст. Ҳақиқат барои рӯшанфикр ба манзалаи ақидае аст, ки бо ақидаҳои дигар дар бархӯрд қарор дорад ва зимни ин баррасиву ташхис ба даст меояд. Зимни ин бархӯрдҳо аст, ки ҳар андеша воқеъият, дақиқият ва айнияти хешро собит менамояд. Интиқодгароии илмӣ инсонҳоро аз муъҷизасозиҳои тафаккури асримиёнагӣ ва аз маҷмӯи хурофот раҳоӣ мебахшад. Зеро тафаккури интиқодӣ пайваста ҳар падида, ҳодиса вазъият, фард ва шахсиятро мавриди нақду баррасӣ қарор медиҳад. Вай сабабу омилҳо, қонунмандии дохилӣ, замону вазъи таҳаввул, чигунагии то ба ин дараҷа расидани ҳаводисро нақд мекунад. Арзиши воқеъӣ, инсонӣ, иҷтимоӣ ва тахаюлии ҳодисаҳоро ба мо бозгӯ месозад. Дар тафаккури интиқодӣ ҳеҷ чиз қудсӣ, осмонӣ ва мовароӣ нест. Ҳама чиз сарчашмаи воқеӣ дорад ва аз рӯи қонунмандии хосе сурат мегирад. Он ҳатман дорои сабаби муайян аст ва худ низ барои ҳаводиси баъдӣ сабаб хоҳад буд. Дар он ҳама чиз баҳсшаванда, нақдшаванда ва баррасишавандаанд.

  Ҷомеаи хирадсолори илммеҳвар ҳамеша истеҳсолоти хешро бар пояи дастовардҳои илмӣ ба роҳ мемонад. Ин дастовардҳои илмӣ будаанд, ки сабаби бавуҷудоӣ ва ташакулу рушди ҷомеаи саноатӣ ва фаросаноатӣ гардидаанд. Тамоми фановарии навине, ки инсоният дар истеҳсолоти муосир мавриди истифода қарор медиҳад, маҳсули зеҳн ва таҷриботи илмии башаранд, ки аз шинохти воқеии башар маншаъ мегиранд. Роналд Ингелҳорд низ дар китоби «Таҳаввули фарҳангӣ дар ҷомеаи пешрафтаи санъатӣ таъкид мекунад, ки дар «ҷомеаи кишоварзӣ гузарони зиндагии бахши васее аз мардум аз тариқи кишоварзӣ вобаста ба унсурҳое буд, ки маншаи осмонӣ дошт,  монанди хуршеду борон.  Шахс барои обу ҳавои хуб, раҳоӣ аз беморӣ ё ҳашарот дуо мекард. Вале дар ҷомеаи санъатӣ истеҳсолот ба таври рӯзафзун ба дохили муҳите, ки тавассути инсон сохта шуда буд, кашонида шуд. Шахс дар интизори тулӯи хуршед ва тағйири фасл набуд. Ӯ нур ва гармо дошт ва  доштани маҳсули худ вобаста ба мошинҳое буд, ки ба ибтикори инсон, тарроҳӣ ва нигоҳдорӣ мешуд. Аз ин рӯ дуо намекард, ҳатто бо кашфи микробҳо ва антибиотикҳо дигар бемориҳо муҷозоти илоҳӣ ба ҳисоб намеомаданд ва онҳо дар контроли инсон буданд» (2, 204).

  Алекс Инкелес  бо ҳамроҳии Девид Хортон Смит (5. 437) ҷомеашиносони амрикоӣ, ки дар пажӯҳиши худ раванди дигаршавии шаш кишвари пешрафтаи оламро дар солҳои 70-уми қарни гузашта баррасӣ намудаанд, дар ин  пажӯҳиши хеш чӣ гуна аз сунатгароӣ раҳо гардидани фарду ҷомеа ва ба навгироиву муосирият расидани онро таҳлил менамоянд.  Онҳо нуқтаи оғози муосирият ва нав шуданро дар навшавии тарзи тафаккур ва муносибати инсон ба худу ҷаҳон медонанд. Онҳо инсони навинро, ки бо донишҳои муосири илмӣ мусаллат аст, фароҳамкунандаи  рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дониста, барои ӯ вижагиҳо ва меъёрҳоеро бармешуморанд. Ин ду пажӯҳишгар унсурҳои муҳитиро дар қолаби тағйирҳое чун шаҳрӣ шудан, таълиму тарбияти муосири илммеҳвар, васоили иртиботи ҷамъӣ, саноатӣ шудани истеҳсолот, сиёсӣ шудан, кор дар корхона ва ғайраҳо мебинанд ва барои меъёрҳои дарунӣ дар хусуси инсони нав ва мудерн ба вижагиҳо ва меъёрҳои зерин таваҷҷуҳ доранд:

  1. Омодагии инсон барои қабулу пазириши таҷрибаҳои нав ва истеъдоди ӯ барои шурӯъ ба тағйир.
  2. Бархӯрдорӣ аз ақидаҳои озод, таваҷҷуҳ ба гуногунии ақида ва огоҳӣ аз ихтилофи онҳо ба якдигар.
  3. Пайваст будани зеҳни ӯ ба ҳол ва оянда ва бархӯрдор будан аз вақтшиносӣ ва назму инзибот.
  4. Тамоюл доштан ба барномарезӣ ва созмондеҳии умур.
  5. Коромад будан ё доштани идеяҳо ва тавонмандии тасаллут бар муҳит.
  6. Қобили муҳосиба донистани ҷаҳон.
  7. Эҳтиром ба дигарон.
  8. Эътиқод ба илму технология.
  9. Эҳтиром ба баробарӣ ва риояти ҳуқуқи дигарон (1, 111).

  Тафаккури интиқодӣ боиси ба вуҷудоии озодихоҳӣ ва либерализм мегардад ва озодиву либерализм асоси фалсафаи демократия ва мардумсолориро ташкил медиҳанд. Ҷомеаи хурофазада арзиши озодӣ ва мардумсолориро дарк карда наметавонад. Дар он ҳазорон бути хурофотӣ сохта мешаванд, ки ҳайсияту ҳувияти афроди дигарро салб месозанд. Инсони ноогоҳу хурофотӣ ҳеҷ гоҳ дарк нахоҳад кард, ки озодӣ чӣ арзиш ва маъние хоҳад дошт. Чун фарди хурофазадуву таассубзада дар банди ҷаҳолат ва нодонӣ дармонда аст. Ӯ аз худ ва неруҳои созанди инсонии хеш огоҳӣ надорад. Нафаре, ки дар қайди тарсу сарнавишт қарор дорад, чӣ сон метавонад дар бораи озодиву истиқлол андеша намояд ва онро арзиш донад. Инсони хурофазада тарсу ва нигарон аст. Такягоҳи ҳамешагии ӯ бовар ва хаёлу руъёҳоеанд, ки худ сохтааст. Он ҳамеша интизор аст, касе бояд мушкилашро осон созад. Ин фард ҳеҷ гоҳ хешро масъул ва посухгӯ ба амалкардҳои худ ва зиндагияш намедонад, дар он ҳамеша эҳсоси вобастагӣ вуҷуд дорад. Ин фард дар арзиш ва шинохти худаш нотавон дармонда ва бечораву побасти тақдиру сарнавишт аст. Дар ин гуна фард ҳеҷ гоҳ арзиши озодӣ ба вуҷуд нахоҳад омад.

  Онҳое ҳам даъво доранд, ки мардумсолориро дар низомҳои бастаи сиёсии боварманд, гӯё татбиқ мекунанд ё татбиқ шавандааст, ҷуз як ҳарфе барои мардумфиребӣ чизе беш нахоҳад буд. Инҳо танҳо барои гул задани мардумон ва расидан ба аҳдофи сиёсии хеш ин гуна афкори пешипоафтодаро популистона баён месозанд. Мардумсолорӣ ва либерализим дар ҷомеае ба вуҷуд меояд, ки мардумонаш огоҳанд ва ба тамоми донишу ҷаҳонбинии илмӣ мусаллатанд.Дарки баланди озодиро доранд ва мавҷуди инсону озодии ӯро ба ҳайси баландтарин арзиш дарк намудаанд. Яъне дар ин маврид низ инсон мусаллат бар донишҳои илмӣ аз арзишгузории инсон ва тарзи идораи демократӣ ҳарф дар миён меорад ва онро ба ҳайси тарзи зиндагии хеш эҳтиром мекунад. Фарди огоҳ ва фарогири донишҳои илмӣ аз ҷаҳон ва аз худ метавонад озодиву истиқлолро тамйиз кунад онро баҳайси як арзиши фардиву иҷтимоӣ дарёбад. Ин фарди озода ва озодандеш дар заминаи дастовардҳои илмӣ ва шинохти ақлони навъи сохтори ҷомеаи хешро халқ мекунад, ки дар он низоми сиёсӣ, дунявӣ ва мардумсолор бошанд ва тавонанд, пеш аз ҳама, ба ниёзҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии зиндагонии башар посухгӯ бошанд. Танҳо фарди аз қайду банди хурофот ва хаёлоту боварҳои пуч орӣ, ҷаҳонро бо диди хирад ва илм менигарад, метавонад аризиши демократия ва озодиро дарк созад. Инсони огоҳ метавонад халлоқу пӯё бошад. Ӯ бо такя ба донишу хиради инсонии хеш ҳазорон навъи фанноварӣ ва фарояндҳоро ҷиҳати беҳбуд ва мушкилоти зистияш созад. Такягоҳи ин инсони озода худ ва донишу неруи созандаи инсонӣ аст.Тасмимоти зиндагонияшро худ таъин мекунад. Афкору ақоиди хешро бо натиҷагириҳои илмӣ ва бо далелу аснод озодана баён ва собит месозад. Сарнавишти ҷомеа ва давлати худро ба дасти худ муайян месозад. Қонун ва шарту шароитеро аз завқу салиқа ва донишу таҷрибаҳои худ ба миён меоварад, ки тавассути онҳо ба зиндагии босаодат мерасад. Яъне низоми сиёсии муносиб барои ин фард ва дар маҷмуъ, афроди ин ҷомеа дунявият ва мардумсолорӣ хоҳад буд. Танҳо дар шароити дунявияту мардумсолорӣ шароити фикрӣ ва истеъдодҳои гуногуни инсонӣ бештар нубуғ мекунанд. Омӯзишу парвариш дар заминаи дастовардҳои илмӣ ба роҳ монда мешванд ва ҳар насл аз насли пешин пӯётару ҷӯётар ва огоҳтару соҳибистеъдотар мегардад. Мавҷ-мавҷ донишмандон зуҳур мекунанд. Ҳазорон дастовардҳои нави илмӣ ва кашфиёту фанновариҳои нав зуҳур хоҳанд кард. Ин ҳамон шеваест, ки кишварҳои пешрафтаи олам онро дар роҳи тайнамудаи хеш собит сохтаанд.  Моро низ зарур аст, дар ҳама амалкардҳоямон чи иҷтимоиву иқтисодӣ, чи маънавию сиёсӣ танҳо бо такя ба хирадгароӣ ва дастовардҳои илмӣ тамоми барномаву дурнамои фаъолияти хешро ба роҳ монем. Афкори хурофотиро канор гузорем. Инсони пӯёву ҷӯё ва халлоқу созандаро аз табаияту миллат ва ҷомеаи хеш тарбият кунем. Низоми дунявӣ ва мардумсолорро, ки бузургтарин дастоварди башарист ва танҳо он метавонад инсониятро ба саодат расонад, дар фаҳми ҳар афроди ҷомеа расонем. Дараҷаи дониши илмӣ ва омузишу парваришро тақвият диҳем. Ҳамқадами имрӯзаи тамаддуни ҷаҳонӣ бошем.

 

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (23), 2021

Адабиёт

  1. Азкиё Мустафо. Ҷомеашиносии тавсеа, Теҳрон: Муассисаи нашри калима, 1377.
  2. Роналд Ингерҳолд. Таҳаввулоти фарҳангӣ дар ҷомеаи пешрафтаи санъатӣ. Теҳрон: Интишороти кавир, 1373.
  3. Хантингтон Самуэл. Сомони сиёсӣ дар ҷомеаи дастхуши дигаргунӣ. Тарҷумаи Муҳсин Салосӣ. Теҳрон: Нашри илм, 1370.
  4. Ҷоҳудо Густав. Равоншиносии хурофот. Тарҷумаи Муҳаммадтақинии Броҳонӣ, Теҳрон: Интишороти Албурз, 1371.
  5. Alex Inkeles, David Horton. Becoming Modern: Individual Change in Six Developing Countries.Harvard University Press: First Edition. 1974, Hardcover: 437 pages.
Хондан 1037 маротиба