JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Декабри 2021 06:34

Куруши Кабир ва таълиму тарбияти аҳди Ҳахоманишӣ

Муаллиф: Нозим НУРЗОДА

  Агар дар доираи таърихи башарӣ ба сифаҳоти густариши илму маорифи ҷаҳонӣ чашм давонем, моро беш аз пеш ҳунар, завқу салиқа, таълиму тарбият, одобу ахлоқ, ойину суннат, илму фалсафа ва тарзи биниши мардуми ориёитабор мутаассир месозад. Ақвоми ориёитабор аз қадимтарин замонҳо ба инсон, ҷомеа, ҷаҳон, зиндагӣ ва кайҳон биниши оқилона ва мантиқӣ доштанд. Ин тарзи биниш тайи таърих ҳамеша мавриди омӯзиш, писанд, эҳтиром, истиқбол ва таҷрибаи соири ақвому милали ҷаҳон қарор гирифтааст.

  Бояд тазаккур дод, ки тарбия ва таълим ду раванди ҳадафманди ба ҳам тавъаманд, ки яке дигареро комил месозад. Маҳз тавассути таҳия ва татбиқи  барномаҳои тарбиятӣ ва таълимӣ давлат ва ҷомеаҳо аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду тараққӣ мерасанд. Аз ин ҷост, ки дар муҳитҳои бостонӣ ва маҳдудаҳои давлатии гузашта низ садри давлатҳо дар ҳамоҳангӣ бо мудир-омилони раванди тарбиятию маърифатӣ ҷиҳати боло бардоштани сатҳи саводу тарбияти ҷомеа саъю талош меварзиданд. Яке аз шоҳону мудирони муваффақи сиёсию давлатии мардуми мо Куруши Кабир мебошад, ки дар доираи тарбияти хонадони Ҳахоманишӣ парвариш ёфта, барои овозадор шудани давлатмадории форсу тоҷик хидмати бузурге анҷом додааст.

 Хонадони Ҳахоманишӣ дар таърихи сиёсӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ақвоми ориёӣ ҷойгоҳи арҷманде дорад. Ин сулола бо номи Куруши Кабир пайванди зотӣ, мазмунӣ ва мундариҷавӣ дорад. Мо тасмим гирифтем, ки аз хадамоти илмӣ-маърифатии Куруши Кабир  ба таври мухтасар ёдовар шавем. Муҳтавои матлаби мо дар ин чанд нуқта хулоса мешавад:

Якум. Илму маърифат василаест, ки тамоми тамаддуни моро бо шитоби зиёд дигаргун месозад (ниг.: Ҷон Бернол. Илм дар таърих. -Ҷ.1-2. -Теҳрон, 1354. С. 26) ва рушду таҳаввулро сабаб мегардад. Куруши Кабир ҳамчун фарҳехтаи силсилаи Ҳахоманишӣ имкони густариши илму маорифу фарҳангро на танҳо дар қаламрави фалоти Эрон, балки берун аз он ба вуҷуд овард ва заминаи воқеӣ бахшид. Курушро марде бузург ва нобиғаи сутург (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1368. С. 250),  муассиси силсилаи «шоҳони бузург» (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1365. С. 408), падари меҳрубони мардум, баландназару муаддаб (ниг.: Ҳеродот. Таворих. Теҳрон (бидуни соли нашр). С. 81), ҳабиб ва расули барҳақи Худо (ниг.: Маҳдӣ Муҳаммад Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ. -Теҳрон, 1379. С.92) номидаанд. Маҳз ба шарофати Куруш илму фарҳанги эронӣ ба ҷомеаҳои  гуногуни дуру наздик интиқол ёфта, байни ақвом равобити фарҳангӣ таҳкиму густариш меёбад (ниг.: Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. Теҳрон, 1372. С. 79).

 Дуюм. Дар замони Куруш ва аҳди Ҳахоманишӣ таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияти насл яке аз мушаххасоти давлатӣ маҳсуб меёфтааст. Муҳаққиқи эронӣ Алӣ Сомӣ таъкид мекунад, ки Модҳо, Порсҳо ва Ҳахоманишиҳо дорои сифоти ахлоқӣ, малакоти фозила ва тарбияти саҳеҳ буда, қишру табақоти гуногуни иҷтимоӣ, бахусус ҷавонон ба самти парваришу тарбият ҷалб мешуданд (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 260).

 Сеюм. Тибқи маълумоти муҳаққиқон, зиндагӣ дар даврони  Ҳахоманишӣ бештар рӯйи равиши тарбиятӣ устувор будааст. Навҷавононро аз рӯзи нахустини зиндагӣ ба корҳои барои ҷомеаашон зарур одат мекунонданд. Барномарезиҳои тарбиятӣ, ки бар мабнои мушаххасоти бунёдии  «пуркорӣ, бурдборӣ, солимӣ ва озодагӣ» устувор будаанд (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 260), дар партави меҳр, хирад, ростгӯйӣ ва адаолатпешагӣ роҳандозӣ  мешуданд.

 Чаҳорум. Шогирди Афлотун Ксенофон барои навиштани рисолае дар ахлоқи ҳакимона аз зиндагии Куруш истифода бурда, мушаххасоти сиёсӣ, раҳбарӣ, тарбиятӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии Куруши Кабирро  мавриди таҳлил ва тавсиф қарор медиҳад. Китоби ӯ бо номи «Серупади» (Киропедия-Тарбияти Куруш)» ё «Курушнома» машҳур аст ва дар он Ксенофон аз пружаҳои тарбиятию маърифатии замон ёдовар мешавад, ки бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Куруш роҳандозӣ гардида, ҷомеаи вақтро ба сӯйи рушду тараққӣ савқ додаанд (ниг.: Ксенофон. Курушнома. Теҳрон, 1350. С.4-5). «Курушнома»-и   Ксенофон намунае аз андарзномаҳои бостонӣ аст, ки илму фарҳанги қадимаи Эронро дар худ мунъакис карда (ниг.: Дяконов А. Таърихи Мод. Теҳрон, 1345. С. 40), нақши Куруши Кабирро ҳамчун бавуҷудорандаи муҳиту фазои мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маданӣ бузург ҷилва медиҳад.

 Панҷум. Падари таърих Ҳеродот ба илму фарҳанг пайванд будани мардумро дар аҳди Ҳахоманишҳо хотирнишон сохта, дар рӯҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгӯйӣ тарбия намудани ҷавононро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ донистааст (ниг.: Ҳеродот. Таворих. Теҳрон (бидуни соли нашр). С. 99-101).

 Шашум. Маорифпарварӣ яке аз ибтикороти  муҳим ва калидӣ дар аҳди Ҳахоманишӣ маҳсуб шуда, доноён муваззаф буданд, ки дигаронро аз илму тарбият баҳраманд созанд. Доктор Адолф Роб, ки дар риштаи таърихи фарҳанги Эрони бостон тахассус дорад, бар он муътақид аст, ки чизи ҷолиб дар зиндагии аҳди Ҳахоманишӣ тарзи таълиму тарбияти онҳо будааст. Ин таълиму тарбият аз туфулият дар рӯҳи ҷавонон маншаи эҳсосоти неке гардида, эшонро дар ҳар коре ба шоҳроҳи ростӣ  ва тараққӣ раҳнамоӣ  менамудааст (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 261). Зимнан, марди доно муваззаф будааст, ки насли наврасу ҷавонро тарбият намояд ва аз илму хирад баҳрамнд созад. Аз ҷониби дигар, доное, ки тавоно ва додгар будааст, рисолати  ҳунарманд сохтани наслҳоро бар уҳда мегирифтааст ва дар ин ҷода аз тамоми имконот истифода мебурдааст. Ҳаким Фирдавсӣ иҷрои ин навъ рисолати иҷтимоиро дар доираи фарҳанги хирадварзӣ ва додгарӣ арзёбӣ намуда, дар ин замина фармудааст:

Чу доно тавоно буду додгар,

Азеро накард эч пинҳон ҳунар.

  Ҳафтум. Таълиму тарбияи Куруши Кабир дар доираи суннату ойинҳои дерини миллӣ ва фалсафаи зардуштӣ сурат гирифта, худи ӯ дар домони ростӣ ва дурустӣ парвариш ёфта, аз расму одоти хоси бузургони кишвар ба хубӣ огоҳ будааст (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 261).  Куруш аз «Авасто»-и Зардушт, ки дар партави «маниши нек» мардумро ба роҳи хирад  раҳнамун месозад (ниг.: Авасто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Теҳрон, 1377. С. 73), сабақ гирифта, дар баробари ҳамватанони худ қавмиятҳои дигари дар тобеият қарордоштаро  низ ба омӯзишу парвариш (таълиму тарбия)  ҷалб мекардааст.

  Ҳаштум. Сарчашмаҳои таърихӣ бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки аз дер боз дар аҳди Ҳахоманишиён  дар Шизгон (Мароға) ва Ҳикматон ё Ҳамадон марказҳои илмӣ ва дафотири фарҳангии фаровоне вуҷуд доштааст (ниг.: Равандӣ Муртазо. Таърихи иҷтимоии Эрон. Ҷ. 1. Теҳрон, 1354. С. 498). Ба қавли муҳаққиқон, дар аҳди Ҳахоманишиён мадориси гуногун низ вуҷуд доштаанд, ки ба ҷуз таълиму тарбияи ҷавонон ба масоили назариявии динӣ, табииёт, риёзиёт, нуҷум ва тиб таваҷҷуҳ зоҳир мекардаанд (ниг.: Равандӣ Муртазо. Таърихи иҷтимоии Эрон. Ҷ. 1. Теҳрон, 1354. С. 499).

  Нуҳум. Дар Эронзамин бузургтарин шоҳе, ки мақоми баланди сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ доштааст, Куруши Кабир будааст. Ин мақомро, пеш аз ҳама, ба ӯ шахсияти фарҳангиаш ато намудааст. Ҳатто душманонаш  ба ӯ эҳтиром доштанд ва аз нармӣ, инсондӯстӣ ва гузашти ӯ ёд кардаанд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365.  С. 408).  Куруш дар мақоми шоҳаншоҳӣ бар мабнои донишу таҷрибаи давлатмадорӣ ба натиҷае расида буд, ки бидуни барномарезиҳои парваришӣ ва роҳандозӣ кардани пружаҳои омӯзишию тарбиятӣ наметавон як давлати муваффақ ва пешрафта бунёд кард. Ин буд, ки ба татбиқи барномаҳои парваришию тарбиятӣ камари ҳиммат барбаст ва ҷиҳати иҷрои пружаҳои омӯзишию таълимӣ ва фарҳангию маданӣ ниҳодҳои зиррабти давлатиро ҷалб намуд.

  Даҳум. Шоҳони ҳакиму донишманд дар фарҳанги эронӣ пеш аз Куруши Кабир дар шакли устуравӣ вуҷуд доштанд ва бо омадани ин шаҳриёри ҳушманд илму маорифи миллӣ аз афсона ба ҳақиқат бадал шуда, раванди тарбиятии ҷомеаи аҳди Ҳахоманишӣ таҳкиму тақвият ёфт. Ба ин маънӣ, аҳди Ҳахоманишиён, хосса замони салтанати Куруши Кабир беҳтарин давраи инкишофи илму маърифати миллӣ ба шумор меравад. Куруш ҳатто дар ҳар минтақае, ки таҳти тасарруф ва пуштибонӣ қарор медод (аз ҷумла Бобил), дар баробари ба вуҷуд овардани фазои сулҳу оромиш, барномаҳои парваришӣ, тарбиятӣ ва маданӣ роҳандозӣ менамуд, то ин ки мардум аз саводу маърифат бебаҳра намонанд. Дар банди 36-и Маншур (Декларатсия)-и худ Куруш фармудааст: “Бегумон, дар рӯзҳои созандагӣ, ҳамагӣ мардуми Бобил подшоҳро гиромӣ доштанд ва ман барои ҳамаи мардум, ҷомеае ором омода сохтам ва сулҳу оромишро ба тамомии мардум арзонӣ доштам”(ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Лангруд: Самарқанд, 1382. С.318).

  Ёздаҳум. Дар замони салтанати Сосониён мадорису академияҳо, ки ба таълиму тадрис шуғл меварзиданд, дар пайравӣ аз шеваи маърифатии Куруши Кабир ташкил шуда буданд. Агар Искандари Мақдунӣ осори илмӣ ва фарҳангии аҳди Ҳахоманиширо ба коми оташ намекашид (ниг.: Пирниё Ҳасан. Эрони бостон.Теҳрон, 1362. С. 37), масоили зиёди фарҳангӣ ва маърифатӣ ошкор мегардид, ки воқеияти замонро дар худ таҷассум менамуд.

  Дувоздаҳум. Тарбият ва парвариш ҷараёни инсонсозист ва ҳар давлат бо роҳандозӣ намудани барномаҳои тарбиятию таълимӣ ҷомеаи босаводу мутамаддин месозад. Беҳуда нест, ки яке аз мутафаккирони бузурги асри бист Бетран Рассел эътиқодманди ислоҳоти бунёдӣ ва асосии иҷтимоӣ буд ва омӯзишу парвариш, яъне маорифро ба унвони роҳкори ҷиддӣ дар заминаи “инсонсозӣ” ва пешрафту тараққӣ медонист. Вай андешаҳояшро дар ин маврид дар китоби “Омӯзишу парвариш ва назми иҷтимоӣ” баён доштааст (ниг.: Шаш инсони мубориз. Сатр, Рассел, Маркс, Волтер, Ленин, Ганди. Гирдоваранда ва мутарҷим: доктор Аҳмади Иронӣ. Чопи севум. Лос- Анҷелес: Нашри Корун, 1375. С.21 Манбаи электронӣ: www. KetabFarsi. com). Бо таваҷҷуҳ ба ин, миллати мо аз мактабҳои бузурги парваришию тарбиятӣ, минҷумла суннати омӯзишии Куруши Кабир сабақ гирифтааст ва бар асоси анъанаву ойинҳои бостонӣ ва ҳавзаҳои фикрии муосир метавон як барнома-пружаи хуби тарбиятӣ дуруст кард ва бад-ин минвол дар ҷараёни маорифи ватанӣ ислоҳоти ҷиддӣ ворид сохт.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/tarih/kurushi-kabir-va-talimu-tarbijati-ahdi-ahomanishy/ 

Хондан 1221 маротиба