JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Декабри 2021 09:01

«Ал-аъробу ашадду куфран ван нифоқан» ва ё маърифатхори кӯҳан бархост боз!

Муаллиф: Зиё АБДУЛЛО

 Ҳамоно, намондаст як ҷонвар,

Ки бар ҷанги мо барнабаста камар.

                                        «Шоҳнома»

  Пас аз чоп шудани сӯҳбати камина дар ҳафтавори «СССР» (мусоҳиб Шаҳрзоди Амин) зери сарлавҳаи «Чаламуллоӣ ҳанӯз шинохти асли дин нест» рафиқе китоби «Маърифати гумшуда»-и муҳаққиқу корогоҳи амрикоӣ Стивен Фредерик Старрро овард. Хондам ва на як бор. Сипосгузорам, ки донишманди закӣ чунин заҳмати заруриро кашида.

 Китоб воқеан ҳосили омӯзиши аҷиб ва густурда аст, гарчи рӯзгори муайяни «Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг»-ро дар бар мегирад, назарҳое ба хеле пешина низ дорад. Ва бисёр зебост, ки сухан аз офарида ва офаридаҳои маърифати хиради баланди инсонӣ меравад. Хушоянди дигар заҳмати хастагинопазири муаллиф дар омӯзиши китобҳои ин мавзуъ дар ҷаҳон ва иқтибосҳо аз асарҳои чи бисёр хонда ва сари иқтибосҳо изҳори назари худи ӯст. Муҳимми дигар ин ки саропои китоб беозорона навишта шуда ва ба иззати нафси чи таърихнигорон, чи сиёсиён ва чи диниён намерасад. Танҳо далелҳоро пеши чашми хонанда мегузорад, ки худ биандешад.

 «Дар айни ҳол, дар муддати сею ним насли ҳукмронии шӯравӣ, мо ин минтақаро ба Осиёи Миёна (Средная Азия) номидан одат карда будем, ки ба он Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дохил мешуданд, яъне, панҷ ҷумҳурии собиқ шӯравии дар солҳои 1991-1992 кишварҳои соҳибистиқлол шуда. Аммо,- мушаххас мекунад Ф.Старр,- дар муддати ду ҳазор соли пешин, аксарияти муҳаққиқон мавҷудияти минтақаи хеле калонтари фарҳангӣ дар қалби Осиё, он чи ки акнун кишварҳои нави Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва минтақаи хеле васеътар илова бар онро мешинохтанд.

  Афғонистон, ба мисли ноҳияҳои ҳамсоя, он чи ки имрӯз Покистони шимолиро ташкил медиҳад, ҷузъи марказии ин минтақаи васеътари фарҳангӣ шумурда мешуд. Ба ҳамин монанд музофоти Синсзяни Чин, ки аксаран то ба дасти коммунистон афтидани он дар соли 1949, туркзабон ва мусулмон боқӣ мемонд, ҷузъи ин минтақаи фарҳангӣ шумурда мешуд». (саҳ.45).

  Муаллиф аз номаҳои саволу ҷавобии илмии алломаҳои даврон - Берунӣ ва Сино ба ҳамдигар кушоиш дода, назари бисёр пешқадамона ва ҷасуронаи онҳоро оварда, таъсири онҳо ба дастёбиҳои бузургони баъдинаи ҷаҳон аз асри XV то XVIII-ро ба муқоиса мекашад. Дар паҳлӯи онҳо ӯ аз Хоразмӣ, Хуҷандӣ, Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Саҳл, Эроншаҳрӣ, Ҷобир, Хайём ва кашфиёти ин бузургон мисолҳо мебиёрад:

  «Агар гӯем, ки Берунӣ бузургтарин олими фанҳои иҷтимоӣ дар байни Тусидидес ва замони муосир мебошад, муболиға нахоҳад буд,- мефармояд ӯ, - Хуго Гротиус (1583-1645), Томас Ҳоббс (1588-1679), Самуэл фон Пуфендорф (1632-1694) ва Ҷон Лок (1632-1704) ҳама аз омӯзиши ҷамъият ба ҳамон тарзе ки воқеан аст, дида, бештар ба назарияпардозӣ дар бораи ҷамъият таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Маҳмуди Кошғарӣ, акнун дар Синсзяни Чин туркшинос ва мардумшиноси комиле буд, ки воқеан, соҳаи забоншиносии муқоисавиро асос гузошт, Юсуфи Баласоғунӣ аз Баласоғуни Қирғизистони ҳозира ва Низомулмулк аз Нишопури Хуросон барои бо ҳам пайвастани ҳақиқати сиёсӣ ва принсипҳои фалсафӣ дар дастурҳои худ барои пешвоён забардаст буданд. Аллома Форобӣ аз Утрори ҷануби Қазоқистон рисолаи муҳимми назариявиро дар бораи шаҳри ормонӣ навишт ва дар он огоҳ месохт, ки «ҳар як ҷомеа, ки мутафаккирони миёни худ бударо истифода карда наметавонад, фақат худашро бояд гунаҳкор шуморад». (с.51-52).

  Баъдан решаи ғизогири онҳоро ба маркази маърифат мерасонад, ки Бухоро будааст. Ба сабаби афзудани имкони мушоҳидаи дақиқ ва хулосабарорӣ аз санҷидану муқоисаи онҳо, шояд назари мардум ба дониши мантиқ костааст, ки он ҳам аз нигоҳи Ф.Старр наафтода: «Мантиқ, ки имрӯз ба таври васеъ инкор карда шудааст, василаи аслии онҳое буд, ки дар сангарҳои зеҳнӣ дар асрҳои миёна мубориза мебурданд». (с.52).

  Хоҳ-нохоҳ саволе пеш меояд: имрӯз мантиқи бечора чӣ гуноҳ карда?

Шояд дар рӯ ба рӯӣ бо мантиқи бузурги Кайҳону Зиндагӣ, ки ба гуфтаи Хайём «на аввалу на охираш пайдост», пеши дарёи мантиқҷӯиҳо аз хурду резаву хурофаҳои пӯсонандаи авом, мантиқҷӯӣ ҳеч шуд?

Ҳангоме чизе яклухт пеши чашм аст, метавон мантиқе ҷуст, аммо авом аз хурду резаҳои Кайҳону Зиндагӣ мантиқҷӯӣ карда, аз сари мантиқи инсонии худ гузашта ба ҷанҷолҳои бемантиқ расид ва ҳосилаш хун шуду сӯхтору ғорат?

Шояд мантиқ гирди худ, асосан сафсаттагӯёнро ғун карду аз по афтод?

Шояд мантиқ бар зарари демократия, озодандешӣ, изҳори озодонаи андеша, масалан, дар расонаҳо кор кард?

Шояд аксарият ба ҳамон гуфтаи бузургоне расиданд, ки «аз зиндагӣ набояд мантиқ ҷуст, зиндагиро яклухт бояд қабул ва зебо кард?» («Ҳар чи пеш ояд хуш ояд» аз ин ҷост).

Шояд ҳосили дониш ва ҳунари баланд бо қомати расову зебояш рӯ ба рӯи одам истоду дигар ҷои сухан намонд?

Аммо, ба рӯшангарони Асри тиллоӣ чунин нигаристан оё дидан аз дари мантиқ нест? «Зиёиёни Осиёи Марказии Асри тиллоӣ таъкид мекарданд, ки на якто, балки чанд роҳи ноил шудан ба ҳақиқати илмӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла: дедуксия, далелбиёрии мантиқӣ, интуитсия, озмоиш ва мушоҳидакунӣ. Бо ин амалҳо онҳо ибтикороти илмиро васеъ ва амиқ карданд, - мебиёрад ӯ, - мафҳуми умумият (uniwersality)-ро одатан ҳамчун дастовардҳои фақат инқилоби илмӣ ва асри Исаак Нютон мешумориданд, вале ҳамчун санад аксарияти ходимони барҷастаи Осиёи Марказии Асри маърифат онро қабул доштанд».

Ва ё.

Оё мантиқи зиндагии ҳамҷинсгароёнро, ки то рафт меафзоянд низ ба дӯши барчиниши табиӣ, мисли коронавирус, гузошт? Ё бояд шинохт, ки гурез аз мантиқ чунин боре ҳам меорад?

Аҷиб аст, имрӯзҳо, яъне дар асри XXI, пеши роҳи андешаи танқидии озоди андешамандон дар бораи сафсаттаҳои динӣ (аслан ғайридинӣ ва ғаразнок) то ҳадди имкон дар хеле расонаҳои олами ислом танг карда мешаванд, агарчи пеши чашм дидан доранд, ки давлатҳои пасмондаи сеюми ҷаҳон (як намунааш Афғонистони як замонҳо маркази тамаддун) асосан, ҳамин давлатҳои исломианд. Ва андешаи нави касе агар чоп шавад ҳам, мутаассибон ба усули ҷоҳилонаи Ғаззолии ҷавони фиребхӯрда, шаттоҳона пешниҳоди террор мекунанд. Дар ҳоле ки Зардушт дар ҳамон ҳазораҳои куҳан гуфта буд: «Доно касе нест, ки бисёр мехонад, касе нест, ки бисёр медонад ва касе нест, ки бисёр мефаҳмад, доно касе аст, ки аз ин хондаҳо, аз ин донистаҳо ва аз ин фаҳмидаҳо ба чӣ андешаи нави нек мерасад». Ба ибораи «ба чӣ андешаи нави нек»-и ӯ бояд эътибори махсус дод. Чаро? «Андешаи нав» барои ба догма, шах шуда мондан иҷозат намедиҳад, яъне, ҳамеша ба сӯи навӣ бояд қадам пеш партофт, яъне, ба шукуфоии нав, кашфиёти нав. «Нави нек», идома медиҳад Зардушт; яъне, ҳар чизи наве ки сохта ва офарида мешавад, бояд барои роҳи нек ва зебо, аз дари оромиш ва сулҳу созиши озод истифода шавад. Аз ин суханҳо нияти Зардушт чист? Ӯ ҷои дигари «Авасто» рӯшан мекунад: «Бояд барои (ободонии) ҷаҳон кӯшид ва онро ба дурустӣ нигаҳбонӣ кард ва ба сӯи рӯшноӣ бурд». («Авасто», саҳ.69, с.2014).

Оё ин гуна фармудаҳо метавонист раҳнамои бемисле ба парвариши ниҳоди неки инсонӣ, табиати бузург, обёрии зебо, шаҳрсозии нозанин ва зиндагии зиндаи рӯшан бошад? Метавонист! Суханҳои Зардушт мантиқ доранд? Ва чӣ мантиқе! Оё ҷаҳониён намехоҳанд, ки худашон ва ҷаҳонашон ба сӯи шукуфоӣ ва рӯшноӣ бираванд? Чӣ қадар ҳам мехоҳанд! Аммо, чӣ метавон гуфт, таассуб ва торикӣ ва ҷоҳилиятро аз даруни худ рондан ҳам осон нест.

Ф.Старр дуруст ишора мекунад, ки дар Асри тиллоии Осиёи Марказӣ ин «минтақа ватани Ҳивии Балхӣ, Абӯбакри Розӣ ва Ибни Ровандӣ – шаккокони озоди дин ва атеистони рӯирост буд». (с.53). Бале, он рӯзгор баҳсҳо миёни донишмандон ва донистаҳо буданд ва хеле авом низ ба фаросат дарёфта буданд, ки ин ҷо ҷои сархалонии онҳо нест. Бино бар ин, шаккоконро мекӯшиданд, ки ба куштан надиҳанд. Аммо авом бештар дар доми ҳис ҳастанд ва дом дар дасти чаламуллои ғаразнок. Мутаассибон афзудан гирифту ҳатто донишманде чун Ғаззолӣ ба онҳо андешаи фитнаи куштан ҳам дод ва сабаби ривоҷи шикасти Асри тиллоӣ ба авҷ ҳаракат кард. Яъне, Хари Даҷҷол (қаҳрамони устураи динӣ)-ро ба майдон хонд. Авом низ аз паси Хари Даҷҷол афтода, чунон ба хартаҷалӣ заданд, ки даҳани Хари Даҷҷол ба ҳайрат кушода монд. «Ғаззолӣ баъдан хатои худро фаҳмид, вале сухан аз даҳан баромада, ба гӯши мутаассибон даромада буд», - изҳори афсӯс мекунад Ф.Старр.

«Дар тарафи дигари баробарӣ, - мефармояд ӯ, - онҳое буданд, ки имонашонро танҳо дар заминаи ваҳйи илоҳӣ ё суханони Пайғамбар бунёдгузорӣ мекарданд, ки бо гузашти асрҳо интиқол ёфта буданд ва тарафдорони самараноктарини худро дар Осиёи Марказӣ доштанд. Дуюмин, муқаддастарин китоби Ислом, ҳадисҳои гирдоваришуда ё худ гуфтаҳои Муҳаммад пайғамбар – асари Бухороии осиёимарказигӣ буд; илова бар ин, аз шаш маҷмӯаи ҳадисҳо, ки аз тарафи мусулмонони аҳли суннат (ва аксарияти шиаҳо) мавриди қабул қарор гирифтаанд, панҷтоаш пурра маҳсули кори осиёимарказигиҳо буданд. Яке аз чор мактаби фиқҳи исломии аҳли суннат аз тарафи осиёимарказигӣ бунёд гузошта шуда, дуюмаш мувофиқтарин хонаашро дар ин ҷо ёфт. Ҳамчунин, бузургтарин ҳимоятгари расмии суннати ортодоксӣ Низомулмулк аз Хуросон буд, ки ба мадрасаҳо ҳамон шакл ва мақсадеро, ки имрӯз нигоҳ медоранд, дода буд. Бар хилофи пайравони асолати ақл ва ҳам суннатгароён онҳое буданд, ки пайрави ҳаракати ирфонӣ, маълум бо номи тасаввуф буданд. Ин ҳаракат ҳам таъсири бузурги худро дар Осиёи Марказӣ ёфт, ки дар ин ҷо чанде аз фирқаҳои дар ҷаҳон маълуми он аз тарафи Наҷмиддин Кубро, Аҳмад Ясавӣ ва Баҳоуддин Нақшбанди Бухорӣ заминагузорӣ шуда буданд» (с.53-54).

Муаллиф дар мавриди ҳадисғундорӣ дуруст мегӯяд, ки «баъд аз вафоти солҳо пеши Муҳаммад ва даргузашти бевосита шунидаҳо, гирдоварии ҳадисҳо оғоз шуда буд, яъне шифоҳӣ, аз даҳон ба даҳон гузаштаҳоро ҷамъ кардаанд. Ҷавонтарин шунавандаи ҳадиси Муҳаммад Оиша буд, ки ҳангоми мурдани Муҳаммад 19 сол дошт ва ҳангоми ғуноварии ҳадисҳо кампир шуда буд».

Ола Долфак, муҳаққиқи дигаре бо номи «Пажӯҳише дар зиндагии Алӣ – намоди шиагарӣ» китобе дорад. Ӯ он ҷо гуфтори аҷибе мебиёрад: «Муҳаммад баъди 50-солагӣ 50 ҳадис гуфт. Вале як вақт таваҷҷуҳ кард, ки ҳадисҳои ӯ нагуфтаи беҳад зиёд паҳн шудан дорад. Фармуд биёбандаш, ки ҳадисбоф аз номи ӯ кист? Хеле ҷустанд ва оқибат ёфтанд. Муҳаммад бо туҳфаҳои гаронқадр ва ҳамроҳи чанде пеши ӯ рафт ва гуфт:- Ин туҳфаҳоро (яъне, пора) бигир ва дигар аз номи ман ҳадис набоф. Он мард ҷавоб дод: - Намешавад.- Чаро?- ҳайрон шуд Муҳаммад.

- Зеро, аллакай 10 ҳазор ҳадиси аз номи ту бофтаам, паҳн шудааст,- ҷавоб дод ӯ.

Муҳаммад бо сари хам баргашт.

Баъди 60-солагӣ 13 ҳадиси дигар гуфтааст, яъне Муҳаммад ҳамагӣ 63 ҳадис дорад».

Ин ҷо чӣ метавон гуфт:

Аввал ин ки ҳадисбофӣ ва ҳадисбозӣ бо ҳадиси Муҳаммад ҳанӯз дар рӯзгори зинда будани ӯ, дар авҷ буда ва Муҳаммад ноилоҷ ҳайрон монда.

Пайғамбарҳо камсухан мешаванд, чунон ки аз китобҳояшон низ пайдост, масалан, «Инҷил». Ва агар Муҳаммад серсухантарини онҳо буда бошад ҳам, бисёри бисёр шояд то ба 1000 ҳадис расонида. Ин ҳам миёни ҳадиси бисёри яккачиншуда, кӯзае об пеши ҳавзи пуроб. Мардум одами сергапро «лаққӣ» мегӯянд ва аз ӯ дур ҳам мешаванд. Инро доноён зуд дармеёбанд, чӣ расад ба пайғамбар. Бино бар ин, сухани Ола Долфак ҷо дорад. Агар танҳо ҳикматҳои Бузургмеҳрро ҳам, ки даҳсолаҳо пеш аз зода шудани Муҳаммад даргузаштааст, ба муқоиса бигирем, хеле чизҳои дигар рӯшан мешавад.

Суханони Исоро 12 ҳаввориаш баробари шунидан менавиштанд. Бо ин ҳама «Инҷил»-ҳо аз ҳам фарқҳо доранд.

«Қурон»-ро низ баъди даргузашти Муҳаммад, дар рӯзгори халифагии Усмон ғун кардаанд. Таҳрири Усмон ба Алӣ хуш наафтод. Дар ин маврид Ола Долфак мегӯяд: Алӣ бо лашкараш вақте бо Усмон рӯ ба рӯ шуд, Усмон барои пешгирии ҷанг ояе гуфт. Алӣ пурсид, ки ин сухан аз куҷо мегӯӣ? Гуфт:- Аз  «Қурон». Алӣ гуфт: - «Қурон» ҷуз чанд варақи мурда чизе нест. Қурони зинда манам! Битозед!- фармуд ба лашкараш. Ва бо як тохтан чор ҳазор кушта бар ҷой гузошт.

Зиддият ва ба сари ҳамдигар теғкашиҳои як замон «ёрони ғор»-и Муҳаммад ва акнун барои тахт душманони ашаддӣ ба ҳам, пеши ҳама ошкор аст. Ин як, дувум, дар «Қурон»-и нусхаи аввали ба Усмон оварда сифати Алӣ зиёд буда ва он ба Усмон нафорида ва таҳрир ва ба худ мувофиқ карда ва нусхаи аввалро сӯзонда. Аз ин кори ӯ Алӣ бохабар буда ва аз ин рӯ, «Қурон»-и Усмон омода кардаро «чанд варақи мурда» ҳисобида. Севум, Усмоне, ки ҷасорати партофтан аз «Қурон»-ро дошта, ҷуръати илова карданро низ дошта. Чорум, «Қурон» ҳам аввал шифоҳӣ буда, шояд навиштаҳое пароканда аз ин ҷову он ҷо. Ва ё эътироф бояд кард, ки Муҳаммад босавод буда ва Усмон ваҳйи ба ӯро таҳрир карда ва чунин кор то ҷое, инкори ваҳйи ба Муҳаммад расида аст.

«Аз ибтидо Берунӣ огоҳ мекард, ки ӯ нисбати ҳар гуна санад хеле серталаб хоҳад буд. Табиист, ки мушоҳидаҳои худро бевосита аз таҷрибаи ҳаётӣ пешниҳод мекард, вале манбаъҳои хаттии асосиро низ барои собитдории онҳо истифода мебурд. Ниҳоят, ӯ таъкид мекард, ки ҳангоми истифодаи санадҳои суннатҳои ҳинду хеле эҳтиёткорона рафтор хоҳад кард. Ӯ мафҳуми суннатҳои шифоҳии «асоснок», ки бо роҳе онҳоро метавон аз суннатҳои ғайриасоснок ҷудо кард, инкор дошта, ҳамаи онҳоро таҳқиромез ҳамчун «гузоришҳои ихтирокунандагони дурӯғ» ботил месозад,- овардааст Ф.Старр дар асоси «Китоби Ҳинд»-и Берунӣ. – Ҳатто қадимтарин суннатҳои хаттӣ, ба эътирофи ӯ, танҳо як соҳаи гузориши шифоҳӣ мебошанд.

Ҳамин масири санад бояд теъдоди зиёди хонандагони мусулмонро ҳамчун фаҳшгӯии маҳз ба ҳайрат андохта бошад. Айнияти комили аксарияти ҳадисҳои Пайғамбар фақат дар заминаи таърихи шифоҳӣ муайян шуда буданд. Бухорӣ ва дигар ҷамъоварандагон методи таҳлили сабтҳои шифоҳии худро ҳамчун «илмӣ» баррасӣ менамуданд. Рӯҳониёни мусулмон ва олимон на фақат ин иддаоро қабул доштанд, балки онро бидуни шак мешумориданд. Акнун Берунӣ пеш омад ва қариб ҳамаи санадҳои ба таври шифоҳӣ интиқолдодашударо дар таърихи дин ҳамчун шифоҳӣ ва кори дурӯғбофон маҳкум карда, умуман, ҳамаи хулосаҳои дар заминаи он баровардашударо инкор мекунад» (с.407).

Ҳоло ки сухан аз «суннатҳои шифоҳӣ» пеш омад, як нигоҳ биандозем, ки «ёрони ғор»-ро ғайр аз талоши тахт оё чизи дигаре ҳам дар миён афтод?

Аввал, як пораи хурде аз ҳикояи «Ғуломӣ»-и нависандаи ҷоизаи нобелдори араб Ҷуброн Халил Ҷуброн, ки дар хонадони насронӣ ба воя расидааст, назар меандозем, дақиқаш, охири ҳикоя:

«Ҳангоме ман дар қадамзанӣ аз паси наслҳо хаста шудам, вақте ба дилам зад нигаристан ба гомандозиҳои дабдабаноки халқҳо ва миллатҳо, ман танҳо нишастам дар саҳрои сояҳо, ҷое ки шабаҳи (соя) гузаштаҳо пинҳон мешаванд ва интизории соати омадани рӯҳи ояндаи худро мекашанд. Ва он ҷо ман шабаҳеро дидам, ки чашм аз офтоб наканда, ба танҳоӣ саргардон мегашт. Ман пурсидам:

- Кистӣ? Номи ту чист?

Ӯ ҷавоб дод:

- Номи ман Озодӣ.

-Фарзандони ту куҷо шуданд, охир? - пурсидам. Дар ҷавоб шунидам:

- Яке дар салиб ҷон дод. Дигарӣ девона шуду мурд. Сеюмиш ҳанӯз зода нашуда.

Ва шабаҳ миёни меғ (туман) ғайб зад».

Якумӣ пайдост, ки Исост. Дувумӣ кист? На Монист, зеро ӯро кушта буданд. Мемонад ҳамин Муҳаммад. Савол ин ҷост, ки оё Муҳаммад дар ҳақиқат девона шуда даргузаштааст? Оё замина буд, ки чунин шавад? Буд! Зеро, тавоноии бузург зода шуда буд. Тавоноие, ки дигар идора карданашро паямбар низ наметавонад. Чунон ки бо Исо шуд. Ӯ ҳам натавонист. Сиёҳии бузург миёни ин тавоноӣ таркид ва «ёрони ғор»-ро ба сӯйҳо партофт ва сахт душманӣ ҳам кард. Ва ин сиёҳии бузург худбинӣ буд. Ба илова овозаи «ошиқӣ» - и Оиша - охирин ҳамсари ӯ, ки падараш Абӯбакр (баъди мурдани духтари аввали ба Муҳаммад додааш) дар 6-солагиаш ба Муҳаммад бахшида, унвони «Сиддиқ»-ро гирифта ва ба гуфти Оиша, дар 9-солагиаш пайғамбар ӯро «духул» карда буд. Дар чунин ҳолат каси ба қуллаи баланди шуҳрат расида ва ногаҳон ҳосили ҳама талошҳоро афтода дида, метавонад девона шавад. Тахмини кушта шуданаш низ ҷо-ҷо садои пӯшида дода. Агар девона шуда бошад, ин ҳам мумкин. Барои хилофат ҳоло танҳо шӯҳрат ва номи баланди ӯ зарурат дошт, аммо овозаи девона шуданаш паҳн гардад, ҷонканиҳои солҳои зиёд бар бод мерафт. Бино бар ин, кушта сахт пинҳон доштанашон ҳам мумкин буд. Як далели чунин пинҳонкоришон ҷасади Муҳаммадро дар хонаи худаш гӯронидан аст.

Тухмаи он тавоноии бузург кай дар батни ҷомеаи араб афтода буд? Ҷуброн Халил Ҷуброн мегӯяд:

«Асли араб дар асри сеи то ислом шакл гирифт ва вуҷуди фардии худро дарёфт, аммо он танҳо ҳамроҳи Муҳаммад пайғамбар зода шуд, бо тавоноии бузург ва бӯронвор ҷӯшида ҳамаро аз роҳи худ рӯфта партофт» (Ҷ.Х.Ҷ. Мунтахабот. Ленинград. с.1986, саҳ.427).

Аммо, на худбиниро ва на шовинизми арабиро!

Ола Долфак дар ҳамон китоб мегӯяд: «Алӣ машкоб буд ва барои бойе об мекашонд ва ҳаққи заҳматаш танҳо се хурмо буд. Вале дар замони хилофат як миллиону сесад ҳазор гектар боғи хурморо соҳибӣ кард». Мегӯем, бигзор як миллионаш муболиға бошад. Дар сояи се хурмо сесад ҳазор гектар боғи хурмо. Чӣ иштиҳое! Сеи дигари «ёрони ғор» чӣ миқдорӣ? Ва бо ин ҳам қонеъ нашуданд. Даромаданд ба экспансияи дин. - Агар чунин накунем ин тавоноии худбинии ғуншуда худи арабро  якҷо бо дини наваш хоҳад хӯрд, - андешиданд ашроф ва мутаассибон.

Ф.Старр менигорад (сухан дар бораи амалҳои Қутайба меравад): «Дар муддати даҳсолаи дигар, бо кӯмаки бародарони ҷасураш, ба муқобили марказҳои ғайримуъминии бузурги минтақа, аз Балх сар карда то ба Бухоро, Самарқанд, Хоразми дурдаст, Чоч (Тошканд) ва Фарғона ҷанги беамон давом дод. Чӣ гуна ӯ деворҳои маркази бузурги тиҷоратии Пайканд, 57 км ба тарафи ғарбтари Бухороро вайрон кард, аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ сарлашкари баистеъдод буд. Аммо ин зиракии тактикӣ дар нисбати ду истеъдоди дигар, ки ӯ бо бераҳмии дурахшанда нишон медод, хира менамояд:

Аввалан, ҳеҷ як пешвои дигари араб пеш аз ӯ дар суистифода кардан аз душмании маҳаллӣ моҳиртар набуд ва дар заминаи омодагии онҳо барои бо ӯ ҳамкорӣ кардан, аз мукофот ва ҷазо истифода бурда, ӯ як гурӯҳи осиёимарказигиҳоро ба муқобили дигаре мешӯронд. Ҳамин ки пешвое аз Осиёи Марказиро ба тарафи худ мегардонд, аз ӯ барои артиши худ сарбоз талаб мекард. Ҳатто дар ибтидои фаъолияташ, як нафар аз ҳашт сарбози Қутайба маҳаллӣ буд. Дар охир ин нишондиҳанда хеле баландтар гардида буд.

Дуюм, Қутайба дар истифода бурдани тактикаи тарсу ваҳшат устод буд. Дар маъракаи аввалии худ ба муқобили Пайканд, масалан, ӯ тамоми қувваҳои мудофеонро сар бурид ва ҳамаи кӯдакон ва занонро асир гирифт. Пас аз муҳосираи чорсола, вақте ки оқибат ба Самарқанд ворид шуд, ӯ сию панҷ ҳазор нафарро ба ғуломӣ бурд. Дар ҷои дигар ӯ барои сарбозонаш барои ҳар як сари душман сад тангаи нуқра ваъда дод ва баъд косахонаҳои сарро барои тарсондани дигарон дар шакли манораи баланд девор мекард. Ва вақте ҳокими шаҳре дар наздикии Душанбе - Тоҷикистони ҳозира, муқобилат нишон дод, Қутайба муқобилати ӯро чунин бартараф кард, ки иҷозати убури бехатарро дар асоси қонуни ҷанг, ки аз тарафи ҳамагон дар тамоми минтақа эътироф шуда буд, қабул кард. Ҳамин ки ҳоким ба урдугоҳи арабҳо расид, Қутайба ӯро ошкоро ба қатл расонд. Он коре, ки Қутайба худаш намекард, фармондеҳони ӯ барояш мекарданд. Яке аз лашкаркашони араб як лашкари таслимшударо пурра чормех зад ва дигаре ҳамаи сарбозони мағлубро пӯст канд…». (Яъне «лӯбёю каду, лаънат ба ҳар ду». халқ).

Як роҳи дигари бисёр пӯшидае низ қутайбаиҳо доштанд: Ҳамин ки ғалаба наздик шуд, арабҳо беҳтарин ҷанговарони ғайриараби лашкари худро аз қафо мезаданд, то ки овозаю дарвоза танҳо ба номи араб бошад, ҳамчунин даҳшати арабӣ ғулғула андозад. (Мисолҳои имрӯзаашро дар ҷанги Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва Чечна метавон пайдо кард, агар эътибори равоншиносона, таърихшиносона ва табиатшиносона дода шавад ва далелҳои ҷангҳо дақиқ шиносоӣ гардад. Сари девор ва дару тиреза овехтани сари бурида, аз байн бурдан ва бадномсозии қумондонҳои ғайриараб, таҷовузи ноболиғон…). Метавон гуфт, ки давоми 1350 сол ин амал ҷорӣ буда, то ин ки ҷигари давлатҳои ғайриараб ҳамешагӣ дар чанги ҷосусони ашрофи мутаассиби онҳо бошад. Ин андешаро мутафаккири араб Ибни Халдун дар асари бисёр бузурги худ «Муқаддима» мазмунан таъйид мекунад. Чӣ гуна? Эътибор диҳед ба ин сарлавҳачаи китоби номбурда: «Дар ин ки ҳар гоҳ қавми араб бар кишварҳое даст ёбад, бо суръат он мамолик рӯ ба вайронӣ мераванд» (саҳ. 350). Чаро ва чӣ гуна?

а) Бо ғорати бераҳмонаи ҷомеа.

б) Бо олудани одоби ниҳодии ҷомеа.

Ва ин гуфтаро низ эътибор диҳед: «Зиракиву ҳушмандӣ дар худованди сиёсат айб аст, зеро ба манзалаи ифрот дар андеша ба шумор меравад». (Яъне, мардум, ки авоманд, бори ҳушёрии онҳоро бардошта наметавонанд ва хастагии рӯҳии онҳо пайдо шуда, рафта-рафта мешиканад, - тафсир медиҳем мо).

Ҷои ҳайрат ин аст, ки Ибни Халдун моили ба вайронӣ бурдани мамолики дигар аз ҷониби араб аст ва ҳатто зарур медонад чунин зиндагиро барои онҳо: «Ва ағлаб (қабилаи Музар дар назар аст) анвои каждумҳо ва хабаздук (саргинғелонак) мехӯрданд ва бо хӯрдани илҳиз (канаи калон) ифтихор мекарданд…». Зарур ва раво дидани мутафаккире чун Ибни Халдун дар асри 14 чунин зиндагиро, яъне куштору сӯхтору ғорати бераҳмонаи ҷоҳилонаро, ки аз ин хислати биёбонӣ мерӯяд, ба хотири давлатдории араб, ба ростӣ, ки ҳайратовар аст. Яъне бигзор араб ҷоҳили ҷоҳил бимонад, вале барои ашрофи мутаассиби араб ҷигари давлатҳои ғайриараб устувор дар даст бошад. Барои ҳамин ҷоҳилбозор доштани олами исломро зарур донистанд. Ибни Халдун дар моил будани Муҳаммад низ ба чунин ҳила мисол меорад.

Дар ҳоле ки ҳанӯз ба хоки Эрон надаромада, ашрофу мутаассибон сайидҳошонро чида-чида куштанд, баъди даромадан ба Эрон абуҷаҳлҳо худро «сайид» овоза карданд ва даромаданд ба хоҷабозию сайидбозию кофирбозӣ. Ва аз ин роҳ ҳар каси ба таърих ва фарҳанги эронӣ рӯ овардаро бо «кофирхонӣ» бадном мекарданд ва мефармуданд ба сангсорашон. Яъне, фитнабозӣ. Авоми бедин ҳам худро барои динӣ намоиш додан, медавиданд сангҳо дар каф. Бехабар аз он, ки худ сари роҳи дониш ва фарҳанги худӣ (яъне, гавҳарӣ) садди сикандарӣ месозанд ва олами ислом торафт ҷоҳилбозор мешавад. Абуҷаҳлҳои акнун «хоҷа» ва «сайидшуда» торафт меафзуданд, то ҷое ки дар як маҳалли Тоҷикистони имрӯза, ба гуфти Ф.Старр, 2000 гӯри ин «сайидшудаҳо»-ро ёфтаанд. Тамаъкороне, ҳатто духтари 6-солаашонро ба ин абуҷаҳлҳо «туҳфа» медоданд ва ин духтаракони бечора ё дар бағали абуҷаҳлҳо мемурданд ё бачадонашон мемурд. Аз чалаҳошон, ба гуфтаи устод Айнӣ, ё муллохокироҳҳо мерӯиданд, ё зиндонбонҳое, ки сари зиндониҳошон аз болои зиндон мериданд. Ё қорӣ, ё миршаб мешуданд, ё лайлоҷ (сардори қиморбозон). Ва ҷомеаи Давлати Бухорои як замон на танҳо «қуввати ислому дин» торафт сӯи бомжи тамаддун медавид. Баъди инқилоби Бухоро низ шовинизми арабӣ дарунравона амал мекард. Масалан, бо ташаббуси Файзулло Хоҷаи арабтабор, ки сарвар шуда буд, бо шаллоқҳо ӯзбеконидани тоҷикони Самарқанду Бухоро ба роҳ афтода буд. Яъне, фитнаи наве миёни тоҷикону ӯзбекон, ки ба ҷони ҳамдигар дарафтанд…

Маърифатпарварони ҷомеаҳои пешрафта нақшаи ҳазорсолаи шукуфоии ҷаҳонро кашиданд, вале Бинни Лодин ва лодинҳо нақшаи садсолаи харобсозии онро. Кӣ метавонад бигӯяд, ки рондани шоҳи Эрон, ҷанги 8-солаи Ироқу Эрон, ваҳшонияти Фарғона, водии Вахши Тоҷикистон ва Чечна, куштани Аҳмадшоҳи Масъуд аз рӯи нақшаи ин лодинҳо набуда? Бадномсозии беҳтарин фарзандони ғайриараб ҳанӯз ҳам давом дорад, ки номи арабӣ пештоз бошад! Ҳангоми сарварии шоҳ «Авасто»-шиносӣ ва рӯи об баровардани таърихи пешини Эрон дар шукуфоӣ буд? Буд! Пас, метавон тахмин зад, ки дар шикасти шоҳи Эрон ашрофи мутаассиби араб бавоситаву бевосита даст дошта.

«Ҳамаи ин тадбирҳои ҷангӣ ба мақсади рӯфта партофтани динҳои маҳаллӣ ва паҳн кардани дини Муҳаммад амалӣ мегаштанд. Ба ин мақсад, Қутайба маъбади асосии зардуштиро дар Самарқанд ба хок яксон намуда, тамоми ганҷинаҳои онро сӯзонд ва ин амалро дар шаҳрҳои дигар ҳам такрор кард. Дар Балх ва Самарқанд ӯ худи шаҳрнишинонро барои сохтани масҷидҳо маҷбур мекард ва баъдан роҳҳои гуногунро барои зӯран анҷом додани расму русумот истифода мебурд. Вақте ки маҷбурсозии рӯирост самара намедод, ӯ дар Самарқанд нақшаи «пул барои намоз»-ро истифода мебурд, яъне шахсони ба намози рӯзи ҷумъа ҳозиршударо пули нақд медод. Қутайба барои куштани чор ҳазор нафар асир, ки бародараш ба вай дода буд, дудила нашуд ва дар шаҳри дар роҳи абрешим буда - Исфиҷоб (Сайрам) ба қӯшунҳояш фармон дод, ки 10 ҳазор нафар несториёни муқобилат нишондодаро комилан қатли ом гардонанд». (Нусхае аз фоҷиаи Сиёвуш. З.А.) Аввалин калламанораҳоро низ дар Осиёи Марказии Бузург Қутайба сохт.

«Аз оқибатҳои ҳамешагии кори Қутайба мунтазам сӯзондани китобҳо ва адабиёти динӣ буд. Дар Бухоро ӯ китобхонаи муҳиммеро валангор сохт, аммо дар Кат, пойтахти Хоразм (дар наздикии баҳри Арал, дар Ӯзбекистони ҳозира) ба ӯ муяссар шуд, ки тамоми адабиёти ба забони хоразмӣ вуҷуддоштаро, аз ҷумла, асарҳо доир ба нуҷум, адабиёт, таърих, риёзиёт, насабшиносиро нобуд созад. Олими бузурги асри XI, Берунӣ ин вайронасозиҳою харобиҳоро ҳамчун ҷиноят ба муқобили фарҳанги қадимӣ ба қалам додааст. Душмании мушаххаси Қутайба ба муқобили Зардуштия равона карда шуда буд: «Илова ба куштани нависандагони ин ойин, ӯ аксари кулли калому илоҳиёт ва адабиёти онро несту нобуд кард, ки ин талафоти фоҷиаовар барои тамаддун мебошад».

Дар ҳуҷумҳои худ ба муқобили фарҳангҳои Осиёи Марказӣ, Қутайба он қадар берун аз амалияи муқаррарии истилои арабҳо дар ҷойҳои дигар баромада буд, ки кас наметавонад сабабу ангезаҳои ӯро дарк кунад. Ба ҷуз суханронии ӯ дар назди қӯшунҳояш дар Марв ҳеҷ як санаде, ки Қутайба махсусан диндор буд, боқӣ намондааст» (Ф.Старр, саҳ.149-151). Ин ҳам «дин» ва ин ҳам «динбиёр»!

Аввал ин ки сари дине (на танҳо ба чандин дин) бо шамшер тохтан асли бединӣ аст. Ин ҳама куштору китобхонасӯзонӣ далели дигари бузурги бединист. (Ду мори мағзхори дӯши Заҳҳок дар «Шоҳнома» ишора ба ҳаминҳо низ ҳаст, чун инҳо на танҳо сари зиндаҳоро мебуриданд, ҳамчунин ҳосили мағзи бузургони пешинро, яъне, китобҳоро месӯзонданд, ки рамзи дигари мағзхорист, ду сӯя. Аз сӯе ҳосили мағзи пешинагонро мехӯрданд, аз сӯи дигар мағзи ояндагонро аз он маҳрум месохтанд. Маҳз мағзи ҷавонҳоро хӯрдани морҳои Заҳҳок ишора ба мағзи ояндагонро хӯрдани онҳост. Оё пеш аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иғвои писар зидди падарро наангехтанд? Ангехтанд! Ин роҳи дигари мағзиҷавонхӯрии онҳост. Дар «Шоҳнома» омада, ки мағзхории морони Заҳҳок аз хӯрдани мағзи сари ҷавонони араб оғоз мешавад. Аввал мағзи Заҳҳоки ҷавонро хӯрд, ки падаркушӣ кард.

Ола Долфак мегӯяд: - «Вақте Муҳаммад барои бутшиканӣ ба Каъба даромад, ҳамаи бутҳоро шикаст, ба ҷуз бути қурайшиҳо, ки Оллоҳ ном дошт». Яъне, ҳангоми ба яккахудоӣ даъват карданаш ҳам аз бути қабилаи худ истифода бурд. Яъне, Худои бузургро боз дар чеҳраи бути қабилаи худ дид. Худбинии дигар.

Латифае шунидам:

- Иброҳим аз Муҳаммад чӣ фарқ дорад? - пурсиданд аз Афандӣ.

- Иброҳим ба роҳи Худо рафта аз баҳри императории Бохтар гузашт. Муҳаммад ҳам ба роҳи Худо рафт, вале барои араб империя сохт, - ҷавоб дод Афандӣ.

Дар ин латифа ишора ба миллатчигии арабии ӯ ҳаст.

Ислом ҳам на арабист ва на муҳаммадӣ, чунки ҳамаи се дини баъди Иброҳим (мӯсоӣ, исоӣ ва муҳаммадӣ) исломӣ хонда мешаванд, ки асосгузораш Иброҳим буд ва:

Малик Будулаф - шаҳриёри замин,

Ҷаҳондори арронии  покдин,

Бузурге, ки бо осмон ҳамбар аст,

Зи тухми Бироҳими пайғамбар аст,

яъне, Иброҳим ориёӣ мегӯяд дар «Гаршоспнома» Асадии Тӯсии аз устура ва таърихи куҳан бисёр огоҳ.

Ф.Старр далели ҳуҷуми бераҳмонаи мутаассибонро ба дониши бунёдӣ низ дуруст дарёфта ва дар асоси далелҳо аз эҷодиёти Берунӣ, Сино, Ҷобир ва Хайём собит сохта.

Чӣ далел?

Ҳам Берунӣ, ҳам Сино ва хусусан Хайём аз дари дониш ва таҳқиқ дармеёбанд, ки Замин истода (собит) нест, балки сайёра аст, яъне давр мезанад. Аммо «Қурон» – мегӯяд муаллиф, - Заминро истода мехонад, яъне ғалат». «Замин ҳамвор (мусаттаҳ) чун кафи даст», - мегӯяд Муҳаммад, вале Зардушт ҳазорсолаҳо пеш аз ӯ Заминро кулӯла мегӯяд. Ҳоло кӯдак ҳам медонад, ки Замин гирд аст.

Ва ин чӣ гуна меъроҷ ба осмон, ки на танҳо даврзании Замин, ҳатто кулӯла будани Заминро надида? (Дар воқеъ, Ардовироф садсолаҳо пеш аз Муҳаммад меъроҷ кардааст, дар бораи фалакҳо ва фариштаҳо ва Худо борҳо беҳтар, расотар ва аҷибтар аз Муҳаммад ривоят мекунад).

Ҳангоме мутаассибон пай бурданд, ки дурӯғи «Қурон»-ро дониши бунёдӣ ва донишмандон фош мекунанд, бо дарёи хурофаҳо рехтанд ба сари дониши бунёдӣ ва олимони ин соҳа. Бо хурофаҳои фаҳш ҳатто куштани чунин олимонро фармуданд. Ва авомро киш-киш доданд ба сари онҳо ва авом ҳам аввал худро, пасон маърифатро бечора карданд ва ин асли ғарази мутаассибони араб буд.

Мавлоно мегӯяд:

Мо зи Қурон мағзро бардоштем,

Устухонро бар сагон бигзоштем.

«Мағз» ин ҷо ҳамон нурест, ки аз «Авасто» бо воситаи Пароҳим (Иброҳим) омада, «устухон» иловаҳои ашроф ва мутаассибони араб ба «Қурон» ва сагон ҳамин мутаассибонанд, ки 1350 сол боз сари устухон авомро ба хунрезӣ, куштору сӯхтор, хонахаробӣ ва ғорат бурдаанду мебаранд ва ин устухонҳо чеҳраи монстирии арабона низ дода ба Оллоҳ.

Шоирони Эрони имрӯза, сар карда аз Шомлу (ба ғайр аз Ф.Фаррухзод ва С.Беҳбаҳонӣ), ҳатто бист дар сади ҷасорати Мавлоно ва Иқболро надоранд. Мисли кампирҳои дандонрехта ғӯлинги аз даҳони чаламуллоҳо афтодаро мемаканд ва гӯё боди «ҳумонистӣ» мезананду меноланд. Аммо сари ҷомеа дар банди фитна ва фитнабози кӯҳна. Гуманизми ростин орифон, хусусан Мавлоно ва Иқбол пайгир буданд, ки хонандаро аввал бо ниҳоди ростини худ, сипас бо ҷомеа рӯ ба рӯ намуданд.

Барои исботи бечорафаҳмии авом Ф.Старр далели аҷибе аз сухани Закариёи Розӣ мебиёрад: «Агар аз одамони аҳли ягон дин дар бораи санад барои устувории динашон пурсида шавад, онҳо оташин мешаванд, ба хашм меоянд ва хуни ҳар касеро, ки бо ин савол ба онҳо муроҷиат мекунад, мерезанд. Онҳо гумонпардозии оқилонаро манъ мекунанд ва мекӯшанд, ки рақибонашонро бикушанд. Аз ҳамин сабаб, ҳақиқат комилан хомӯш ва пинҳон карда шуд». (с.222). Оё ҳанӯз чунин нест? Ҳаст!

Ва дар бораи «Қурон» ҳам чунин назари Розиро мебиёрад: «Шумо даъво мекунед, ки муъҷизаи исботшаванда ҳастии вуҷуд ва дастрас мебошад, яъне «Қурон». Шумо мегӯед: «Ҳар кас ки онро инкор мекунад, бигзор ба ҳамин монанд чизе биофарад». Воқеан, мо бояд ҳазор то ба ҳамин монанд эҷод кунем, аз асарҳои устодони илми бадеъ, суханварон ва шоирони шуҷоъ, ки шоистатар баён шудаанд ва масъаларо боз ҳам возеҳтар ва мухтасаран баён мекунанд… Худоё, чизе ки шумо мегӯед, моро дар ҳайрат меандозад! Шумо дар бораи коре сухан меронед, ки асотири қадимро ривоят мекунад ва дар айни ҳол пур аз зиддиятҳо мебошад ва ҳеҷ як иттилооти муфид ё шарҳ дар бар надорад. Баъдан шумо мегӯед: «Ба ҳамин монанд чизе биофаред?»

Дар ин сухани Розӣ далели дигаре низ ҳаст; ӯ хабар медиҳад, ки пеш аз ӯ, яъне Розӣ ва дар замони ӯ, ҳазорҳо китоби дурусттар ва расотар ва фоидаовартар ва ба забони мо ҳам буда ва навишта ҳам тавониста.

Оё ҳоло чунин даъвои авомона миёни мардум нест? Ҳаст! Эътибор диҳед ба андешаи дар ҷо позании авом дар давоми 1350 сол.

Савол ба хонандаи мутаассиби имрӯза: Оё ҳанӯз кам аст, ки мутаассибони болои дурӯғ мурдапарто, олами исломро баъди 1400 сол ба олами сеюми дарунпӯс, яъне, бомжи тамаддун табдил додаанд? Оре, барои шумо кам аст! Ба чӣ далел? Агар чунин набуд, Шаҳиди Сайид Қутб яке аз қаҳрамонони шумо намешуд!

Шаҳиди Сайидқутб аз Ироқ се сол (солҳои 1950-51-52) ба Америка сафар карда, китобе навишта бо номи «Амрикое, ки ман дидам» ва он ҷо ӯ ба мазоҳи завқи ҷомеаи пештози тамаддуни америкоӣ медарояд, масалан, ӯ мегӯяд: «Дар ресторант ба амрикоие гуфтам, ки агар тарбузро намак пошида бихӯрӣ, хеле балаззаттар меояд. Ва ӯ чунон ки ман гуфтам, кард ва хуш ёфт ва худ ба атрофиёни нишаста ва мизҳои дигар бо завқ ин дурӯғи маро расонд ва онҳо низ бо шӯр қабул карданд». Яъне, ҳуҷуми равонбозонаи раҳзанона ба ҷомеаи пештози тамаддуни нав аз як сӯ, аз сӯи дигар зоёндани Қутайбаи нав дар араб. Гумон кард, ки амрикоӣ мисли эронитабори содалавҳ аст. Аммо Америка 50 сол босаброна фитнаву дурӯғҳои арабиро омӯхт ва баъд ҷавоб дод. Ҷавобаш пеши чашм.

Мутаассибон бо фитнаҳо ба бомбаҳои атомии Америка хостанд дастдарозӣ кунанд. Нафси онҳо бо ин ҳам қонеъ намешуд. Ба дарёи тайёри кандаи мағзи мусулмонӣ ва мусулмонон (яъне, вуҷуди онҳо) оби фитнаро сар доданд ба сӯи Россия, аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гузаронда оби оташинро дар Чечна аланга доданд, на танҳо дар мо. Яъне, ҳуҷум ба тамаддуни пештози Россия. Чаро? Оламро барои ба олами сеюми дарунпӯси ҷаҳон – яъне, исломӣ баробар кардан, ки араб ҳокими ягонаи дунё шавад? Ин даъворо дар оғоз ҳам доштанд ва ҳазору сесад сол пеш Қутайба он ҳама ҷониҷаҳонсӯзиро бо ҳамин пиндори сиёҳ пиёда мекард. Дар ин миён, агар як араби «муъмин» қурбон мешуд, сад мусулмони ғайриараб сар ба бод медод (агар ҳазорҳо набошад, чунон ки дар ҷанги шаҳрвандии дирӯзаи мо шуд. Дар Афғонистон кушта шудани мусулмонҳои ғайриараб ҳисоб надорад…). Мо дар чӣ хаёлему мутаассибон дар чӣ амал.

«Биёед, акнун ба муддати кӯтоҳ ба осори шумораи зиёди он олимон, ки аз забони юнонӣ тарҷумаҳо анҷом медоданд, баргардем. Ҳангоми баррасии феҳристи тарҷумаҳои онҳо, кас мушоҳида мекунад, ки як китоб – «Сиёсат»-и Арасту дар он ошкоро оварда нашудааст. Агар Форобӣ ягон робитае бо ин асари олиҷаноб медошт, санадеро аз он дар «Давлати комил» меовард ва ин амал тааҷҷубовар ҳам нест, зеро он то замони мо ба забони арабӣ тарҷума нашуда буд. Воқеан, арастушиноси қавии мо ҳатто номи Арастуро дар китоби ба сиёсат бахшидаи худ зикр накардааст».

«Аз рӯи ҳамаи далелҳо «Давлати комил»-и Форобӣ дастоварди бузург буд. Бо вуҷуди ин, дар охир, он як имконияти аздастрафта буд». (с.231-233).

Таърих медонад, ки то Искандари Македонӣ Юнон зери дасти давлати Ҳахоманишҳо буд. Ва озодии комили дода ба дину эътиқодоти халқҳои зери дасташонро низ таърих медонад. Хусусан, Куруш ва Дориюшро. Озодии то ҷое равои сиёсиашонро ҳам. Ҳоло бубинем, ки чунин сиёсати Давлати Ҳахоманишҳо аз куҷо рӯида.

Фирдавсӣ Зардуштро ду ҳазор сол пеш аз худ медонад ва ҳазор- ҳазору сад сол пеш аз милод буданашро Ф.Старр низ мебиёрад. Агар ба устураи Фирдавсӣ нигарем, мебинем, ки муносибати давлати Эрон бо Рум ҳазорсолаҳо миёна ва аксар хуб буда ва ҳамомезӣ озоду раво. Бо ибриён низ. Таърихан ҳам чунин буда.

Варақ мезанем ин ҷо «Авасто»-ро:

«Ситоиш ба ҷой меоварам Суруши порсои подошбахши пирӯзи гетиафзойро ва Рашни росттарину Арштоди гетиафзой ва ҷаҳонпарварро». (Авасто. с.30). Эътибор диҳед, ки ин амшоспандон на танҳо подошбахш, пирӯз, гетиафзой ва ҷаҳонпарваранд, афзоиши пайдарпайи гетӣ низ таъкид гардида.

***

«Навиди (ситоиш) медиҳам.

Ситоиш ба ҷой меоварам ин ҷоҳову рустоҳову чарогоҳҳову хонумонҳову обҳову заминҳову гиёҳон ва ин Замину он Осмону боди покро, ситораву Моҳу Хуршеду Анирони ҷовидонаву ҳамаи офаридагони Спандменуро ва ашаванмардону ашаванзанонро, ки радони ашаванианд». (с. 32).

***

«Бо ин заур ва барсам хостори ситоиши Аҳура ва Меҳр, бузургворони газанднопазири ашаванам, хостори ситоиши ситорагон ва Моҳу Хуршедам» (с.36). Ин ҷо аҷибест:

Аҳура ва Меҳр газанднопазиранд. (Номҳои ғӯлпайкарони кайҳонӣ – сайёраҳо низ на юнонӣ ва ҳар кадоме сари кори масъули ростини хешанд, аз ин рӯ, сазовори ситоишанд).

***

Қурбонӣ ҳам на бузу гӯсфанду уштур, балки ситоиш ва ниёишу офарин пешниҳод кардан ва аз пайи кори нек рафтан аст:

«Инак ин ҳамаро чунин пешкаш мекунам:

Аҳура Маздо ва Суруши порсо ва Амшоспандону фравашии ашаванону равонҳои парҳезгорону Озари Аҳура Маздо ва радони бузургвору саросари офариниши Ашаро ситоишу ниёиш ва хушнудиву офарин» (с.42).

***

«Инак, ин ҳамаро чунин пешкаш мекунам:

Мантраи варҷованди коромад, доди девситез (яъне, доди зидди бадӣ ситезанда, З.А.), доди зардуштӣ, равиши дерин ва дини неки маздопарастиро ситоишу ниёишу хушнудиву офарин (саҳ. 45).

***

«Ин (подош)-ро ту ба мо арзонӣ доштӣ, то чи дар зиндагии кунунӣ ва чи (дар ҷаҳони) менуӣ, ҳамнишини ҷовидонаи ту ва Ардибиҳишт бошем». (с.57). (Яъне, агар бадӣ накунӣ, ту дар ин дунё ҳам, дар он дунё низ ҳамнишини Худо ва биҳиштӣ, яъне некӣ биҳишт аст, чун аз нигоҳи равонӣ ҳам оромишбахш аст ва Худо саропой некист ва оромиш биҳишт. З.А.).

***

«Сухани дурустро меситоем». (саҳ. 57).

***

«Шумо, эй мардумон! Бихӯред ин мйаздро. Эй касоне, ки ба ашаван ва дурусткорӣ ононро ба хештан арзонӣ доштед» (с.58). (Яъне чизеро бихӯред, ки бо заҳмати дурусткорӣ (яъне, шукуфондани дониш ё ҳар кору ҳунаре, ки доред ва бо нияти (пиндор) нек барои худ сазовор донистаед. (З.А.).

***

«Инак, ман – Зардушт - сарони хонумонҳову рустоҳову шаҳрҳову кишварҳоро барангезам, ки ба дини аҳуроии зардуштӣ биандешанду сухан гӯянд ва рафтор кунанд». (с.59).

***

«Некии мо ғизои Худост», - мегӯяд Зардушт. (Ҳоло тасаввур кунед, хӯроквории худро чӣ қадар тоза мекунем, ки худ бихӯрем. Ғизое (некӣ), ки ба Худо пешниҳод мешавад, чӣ қадарҳо бояд пок бошад. Чаро? Зеро покӣ тавоноии Худост. Некӣ ҳамчунин. З.А.)

Таъсири суханони «Авасто» ба Куруш аз он ҳам пайдост, ки ибриён дар китоби муқаддасашон ӯро барои худашон (ибриён) фиристодаи махсуси Худо гуфтаанд барои пиндору гуфтору кирдори неку зебои сиёсиаш дар шоҳаншоҳидорӣ.

Ҳоло эътибор диҳед ба фақараҳои поён, ки оё сояе аз монстрии чеҳраи арабии Оллоҳ дар Аҳура Маздо мебинед?

 1.

«Аҳура Маздо ба Спитмон Зардушт гуфт:

Эй Спитмон!

Инак, ба ростӣ туро аз зӯру неру ва фарру ёриву пуштибонии фравашиҳои тавонои пирӯзманди ашаванон меогоҳонам, ки чӣ гуна фравашиҳои тавонои ашаванон маро ба ёрӣ омаданд ва чӣ сон маро ёварӣ расонанд.

 2.

Эй Зартушт!

Аз фарру фурӯғи онон аст, ки ман осмонро дар боло нигоҳ медорам то аз фароз фурӯғ биафшонад.

(Осмоне) ки ин Замину гирдогирди онро ҳамчун хонае фаро гирифтааст. (эътибор диҳед Заминро гирд (кулӯла) мегӯяд. Чун кулӯла мегӯяд, метавон дарёфт, ки даврзан низ. З.А).

(Осмоне) устувору дуркарона, ки дар ҷаҳони менуӣ барафрошта ва барпо дошта шудааст ва чунин менамояд, филиззи гудохта ба фарози севумин лояи замин бидурахшад.

 3.

(Осмоне) ҳамчун ҷомаи ситораозини менуӣ, ки Маздо ва Меҳру Рашну Спандормад пӯшидаанд.

(Осмоне), ки оғозу анҷоми он дида нашавад.

 4-8.

Эй Зартушт!

Аз фарру фурӯғи онон аст, ки ман Аредвисура Аноҳитаро, ки дар ҳама ҷо (домон) густурда, дармонбахш, девситезу аҳуроикеш аст, нигоҳ медорам.

 9.

Эй Зартушт!

Аз фарру фурӯғи онон аст, ки ман замини фарохи аҳураофаридаро нигоҳ медорам: ин (замини) баланди паҳноварро, ки дарбаргирандаи басе чизҳои зебост, ки дарбаргирандаи саросари ҷаҳони астуманд – чи ҷондору чи беҷон ва кӯҳҳои баланди дорои чарогоҳҳои бисёр ва оби фаровон аст.

 10.

Бар ин (Замин) рӯдҳои новток равон аст.

Бар ин (Замин) нигоҳдории гову мардумонро, нигоҳдории сарзаминҳои эрониро, нигоҳдории ҷонварони панҷгонаро ва нигоҳдории ашаванмардони покро гиёҳони гуногун мерӯяд. (Ишора ба масъулияти гиёҳон низ ҳаст ва гиёҳон на танҳо ҷон, ки хирад низ доранд. З.А).

 11.

Эй Зартушт!

Аз фарру фурӯғи онон аст, ки ман фарзандони ҳастиёфтаро дар заҳдони (модарон) нигоҳ медорам, то намиранд ва пеш аз зоиш, устухонҳову мӯҳову гӯшту андарунаву поҳо ва андомҳои наринагӣ ё модинагии ононро ба ҳам мепайвандам. (Яъне, ба масъулияти покӣ ва дилсофӣ эътибори махсус бояд дод. З.А.).

 12.

Агар фравашҳои тавонои ашаванон (покон) маро ёрӣ намекарданд, ҳароина беҳтарин гунаҳои ҷонварону мардумон, маро бар ҷой намемонданд: Дуруҷ (дурӯғ) неру мегирифт ва фармонравоӣ мекард ва ҷаҳони астуманд аз они Дуруҷ мешуд. (Яъне, ҷаҳон дар чанги дурӯғ нест, мутаассибон ба дурӯғ ҷаҳонро дурӯғин ва зишт мехонанд, ки на танҳо нишонаи заифии дарунии онҳост, ки кӯрии динии онҳо низ ҳаст: зиштгӯӣ ва дурӯғингӯии дунё Худоро ҳам зишту дурӯғ гуфтани онҳост ва инкори табиати бузурги яклухт аст, аз ҷумла худашон. Зеро Худо дар ҳама чизи дунё ва Кайҳон ҳаст, чун офаридаи Ӯст. Вале ин зиштгӯёну зиштбинон чӣ қадар сахт ба дунё мечаспанд ва чӣ қадар куштору сӯхтору ғорат кардаанду мекунанд. З.А.). («Авасто». саҳ. 315-16. Чопи с.2014. Душанбе, Тарҷумаҳои Ҷалили Дӯстхоҳ).

Юнониёни қадим оё бо «Авасто» ошно буданд? Барвақт. Афлотун дар ҷавонӣ шеър менавишта ва баъди ошноӣ бо «Авасто» тарки шеъргӯӣ карда бо ин андеша, ки «Шеър ин аст! Ту чиҳо мегӯӣ ва менависӣ?».

Албатта, Афлотун танҳо барои тасвирҳои зебои шоиронааш, чунин нагуфта. Ӯ жарфии андешаи Зартушт, фарогирии кайҳонии ҷаҳонбинӣ, инсонпарварии новобаста ба миллат, покӣ ва покизадории табиати бузург на танҳо барои тозадорӣ (гигиена), чун инсон дорои ҷон ва шунидан будан ва барои некӣ ва масъулияти худ дар талоши пайваста будани табиати бузургро дида тавонистани Зартушт, офаранда ва офаридаро ба чашми неки зебо дида, инсонро ба ҳамон роҳ даъвати нозанин карданашро ҳам нағз дарёфта буд. Зеро ниҳоди юнониҳо низ чунин буда ва мехоста. Аз ин рӯ, худаш ҳам дар пайи кушодани «некии дар санги сахт пӯшида» («Авасто») буда ва бо ҳамин ният «Давлати ормонӣ»-ро навишта.

Оё Суқрот дар шикофидани доди некӣ набуд? Буд. Заминаи Давлати халқии (демократия) ӯ оё аз пиндори нек ва гуфтори нек ва кирдори нек об намехӯрд? Мехӯрд! Оё адабиёти Юнони қадим дар ҳамин роҳ қадам намезад? Мезад. Пас Арасту низ хуб ошно буда бо «Авасто». (Эътибор диҳед ба фоҷиаи «Эдип»).

Форобӣ низ бо «Авасто» ошно буд. Аммо, шамшери мутаассибони ҷоҳилро бардошта, ки дид, «Авасто»-ро дар худ ҳазм карда, яъне дар мағзи худ ҷаббида, аз гили он «Давлати комил» сохт.

Оё пиндори неки хиради зояндаи зебои ҳамеша пӯёи нави созанда, гуфтори неки оромонаи хушрӯи офаранда бо ҳамсуҳбат ва кирдори неке, ки амалро (чи дониш ва чи ҳунар ва чи вазифа) ба шукуфоӣ мебарад, худ беҳтарин дин (фалсафа) ва сиёсат нест? Ҳаст! На танҳо барои он замонҳо ва дар замони Форобӣ, ки барои имрӯз низ ҳаст.

Дар «Авасто» на фақат барои меҳрубонӣ ба саг, хусусан сагони ҳомила ё бемор эътибори ҷиддист, ки озордиҳандаро ҷазо ҳам муқаррар карда. Агар хӯроки гарм ё гундии  сӯзон диҳад низ ҷазо таъйин шуда. Он ҷо барои задани одам он сӯ истад, барои таҳдид сари касе дӯғ задан ҳам навъҳои зина ба зинаи ҷазо таъйин гардида. Оё ин беҳтарин шариат набуда? Буда!

Чаро Зартушт ба хок супурдани мурдаро манъ мекунад ва ҷазо ҳам медиҳад? Барои он ки хок пок аст ва рӯида аз онро инсон, ки беҳтарини офаридаҳост, истифода мебарад. Одамон бо бемориҳои зиёд низ мемиранд, ҳамчунин, бо бемориҳои сангини сироятии дар хок дерпо. Об мисли хун дар тани замин ҷорист ва дар гардиш ва ин обҳо ба ҷӯю дарёҳо пайванданд ва метавонанд паҳнгари вирусҳои беморзои бедавои (мисли коронавирус) гуногун шаванд. Бино бар ин, ба парандаҳо медоданд то гӯшту рагу пайи онҳоро парандаҳо дар вуҷуди худ ҳазм ва то ҷое тоза карда, ба поруи замин табдил диҳанд.

Гумезро низ шарҳи нодуруст дода ба гӯши авом партофтаанд. Гӯши авом ҳам гулӯгоҳи дарёст. Дар кудом забон калимаҳои омонимӣ (бисёрмаъно) нестанд? Дар ҳама забон ҳастанд. Чаро дар «Авасто» набошад?

Гумез, ин ҷо ба андешаи камина пешоб нест, ҳамин қимиз аст, ки хеле аз мардуми Осиёи Марказӣ омода ва истеъмол мекунанд. Ҳанӯз. Ва коркардаш аз шири туршида, ки алкулдор (спирт) мешавад, барои табобат ва тозасозии тану равон равост. Ҳайвоноти дӯшоро дар муддати муайян медӯшанд ва ширашро ба чандин усул омода ва захира кардан мумкин. Аз ҷумла, мисли қимиз, ки кайфӣ низ мебарояд. Кӣ медонад, ки ҳайвонҳо кай мешошанд ва кӣ ҳам хуму хурма гирифта аз дунболи онҳо поида мегардад то гирдовараш созад? Мебинед, ки хурофабофон ин ҷо ҳам шикори равонбозона ба роҳ андохтаанд.

Ба назари камина империяи Курушсохта заминаи намунатобе аз «Давлати ормонӣ»-и Афлотун бояд бошад, ки беш аз 100 сол пеш аз ӯ пиёда карда, нахустин «Эъломияи башар»-ро низ навишта ба ҳамон сӯ раҳнамоӣ дода буд. Ба вижа, дар он замонҳо.

Заминаи «Сиёсат»-и Арасту ва «Давлати комил»-и Форобиро низ шояд дар «Авасто» ҷуст?

Чунин нигоҳи зиндаи ҷовидони ҳушёрона, бебим, ҳамапарвар, фарқгузории дақиқ миёни рост ва дурӯғро дар кудом китоби динӣ метавон дид? Дар «Авасто» ҳатто ҳар сабза фариштаи (Фравашӣ) худро дорад. Оё ин дарёби ҷозибаи бузурги Кайҳон нест? Оё огоҳии ӯ аз экология имрӯз дархӯртар аз дирӯз нест, ҳангоме ки эпидемияҳо мисли занбурӯғ ин ҷову он ҷо пӯрт-пӯрт рӯ зада баромадан дорад? Оё барои оби тоза дар ҷаҳон бонги хатар нест? Ҳаст! Барои таҳорат ҳам оби пок зарур, на хурофаи чаппаву роста.

«Бар ин ки Форобӣ мусулмони порсо буд, тардиде нест, вале аҳли суннат метавонист пурсад: «Чӣ гуна?» Таърифи ӯ аз неруи илоҳӣ ҳамчун Сабаби аввалӣ бевосита аз Арасту омадааст ва аз ҳамин рӯ мегӯяд, ки Худо тамоми оламро «судур кардааст». Судур истилоҳи навафлотунӣ буд, ки донишмандони ақлгаротари исломӣ, барои зиракона анҷом додани баҳс дар бораи офариниш иқтибос карда буданд». (саҳ. 227).

Ба иқтибосҳои поён аз «Авасто» дуруст эътибор диҳем, мебинем, ки Зартушт пеш аз онҳо Сабаби аввал Аҳура Маздоро медонад.

«Ба Аҳура Маздои артавӣ (рост), раёманду фарманд ҳама чизи биҳи ҷаҳонро нисбат медиҳам, - офаринишу сутур, арта, рӯшноӣ, ки миҳани артавиён аз он рӯшан мебошад». (Йаснаи 12 (Калимаи шаҳодати маздяснон, «Авасто». саҳ.73. Тарҷумаи Бобо Назар Ғаффор).

Дар фақараи дигар Зартушт мефармояд: «Осмон ва он чи дар ӯст, Замин ва он чи бар ӯст, муқаддас аст» (Тарҷумаи Пури Довуд). Муқаддас маълум, ки поку соф аст ва ҳар чи поку зебо, беҳ аст. Пас метавон хулоса кард, ки Осмону Замин ва ҳар чи дар ӯсту бар ӯстро Аҳура Маздо офарида чун худ пок ва нур аст ва нуру покӣ тавоноист ва тавоноӣ офарандаи нек ва сабаби рӯиш аст, аз ин рӯ, сабаби аввалист.

Дар Йаснаи 1, ҳоти 1 омада:

(Заут ва Роспи)

Навиди (ситоиш) медиҳам.

Ситоиш ба ҷой меоварам додор Аҳура Маздои ройманди фарраманд, бузургтарин ва зеботарин ва устувортарину хирадмандтарину спандтаринро.

(Он) некманиши бисёр ромишбахшанда, он спандтарин, ки моро биофарид. Он кӣ моро пайкари ҳастӣ бахшид. Он кӣ моро бипарваронид. («Авасто». саҳ.29. Тарҷумаи Ҷалили Дӯстхоҳ).

Дар мавриди Форобӣ донишманд Ф.Старр ба ростӣ заҳмат кашида то чеҳраи ӯро ҳар чи рӯшантар созад.

«Дар таърифи мафҳуми имконияти ақл ва ҳам озодию ҷавобгарии инсон барои кирдорҳояш, - мебиёрад ӯ, - Форобӣ бо олимони асосии динӣ ихтилоф дошт, ки дар он давра ақоиди асосии мусулмониро доир ба қудрати мутлақи Худованд баррасӣ мекарданд. Дар ҳардуи ин нуктаи муҳим ва дигар мавзуъҳо, мутафаккири бузург ба муътазилиёни мавриди танқиди зиёд қарордошта хатарнок наздик буд.

Аммо ҳақиқате, ки пайғамбарон возеҳу рӯшан гуфтаанд, чӣ? Дар як порчаи хеле баландмазмун Ричард Волзери олмонӣ –бузургтарин коршиноси муосир доир ба Форобӣ густохии ҷавоби Форобиро дарку арзёбӣ кардааст: «Барои Форобӣ, - менависад ӯ, - шахсе, ки дар ҳаёти зираконаи худ ба камолоти баландтарини қудрати хаёлиаш расидааст, метавонад шахсе номида шавад, ки ба ӯ пайғамбарӣ (нубувват) ато шудааст. Ӯ аз ҷузъиёт, ҳозира ва оянда бохабар аст ва чизҳоеро мебинад, ки дар рамзҳои зебоӣ ва камолоти баландмартаба пешбинӣ карда шудаанд. «Ин камолоти олӣ аст, ки «тасаввурот» метавонад ба он расад ва дараҷаи баландтарини дастрасии ҳамин қудрати зеҳнӣ мебошад». Пас, эъҷоз тавассути истилоҳоти фикрӣ ва иловатан ҳамчун «Замима ба истеъдоди зеҳнӣ» дарк карда мешуд. Фалсафа дар мавқеи баландтар нисбати динҳои гуногун қарор дорад ва дар ҳама ҷо як ҳақиқат дорад, вале рамзҳои динӣ, ки аз тарафи қудрати хаёлоти пайғамбарҳои гурӯҳӣ офарида шудаанд, аз сарзамин ба сарзамин аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд.

Нахустсабаб гардунро идора мекунад, вале маҳз ақл аст, ки ҳаёти инсонҳоро муайян ва идора мекунад. Дин, дар ҳолати беҳтарин, тафсири рамзии ҳақиқатҳои ақлро таъмин мекунад», - мегӯяд Форобӣ (саҳ. 228).

Ф.Старр назари сиёсии Форобиро низ дар муқоиса бо Афлотун ва Арасту мушаххас месозад: «Дуруст аст, ки дар байни ақидаҳои Арасту доир ба сиёсат ва Афлотун, - устоди ҳамешагии Форобӣ дар ин мавзуъ, баъзе ҳаммонандиҳо вуҷуд доранд. Аммо дар асл онҳо аз ҳам фарқ мекарданд, - мегӯяд ӯ ва ин пораро аз Фрейд Д. Миллер иқтибос меорад:

«Дар ҷое, ки Афлотун хаёлӣ буд, Арасту амалӣ буд. Дар ҷое, ки Афлотун назариявӣ буд, Арасту мушоҳидакор буд ва дониши бевоситаи худро аз демократияи Афина ва таҳқиқоти амалии худ аз даҳҳо ё зиёдтар шаҳр - давлатҳо дар олами Юнон дарёфт мекард. Дар ҷое, ки Афлотун ба мавзӯяш ҳамчун файласуф назар мекард, Арасту мисли табиб, паёмадҳои гуногуни бемориро муайян ва табобати заруриро таъйин ва амал мекард. Арасту дин (фалсафа) ва сиёсатро аз ҳам ҷудо намекард, аммо онҳоро мисли Афлотун ва хеле ошкоро мисли Форобӣ, омехта намекард. Арасту «утопияҳои дурӯғин», мисли утопияи Афлотунро сарзаниш мекард. Арасту, пеш аз ҳама, бар хилофи Афлотун (ва Форобӣ), ба дарки ба забони юнонӣ politera ё «конститутсия»-и нонавишта, ки робитаҳои шаҳрвандонро раҳнамоӣ мекунад ва қонунгузорон вазифадор ҳастанд онро ҳимоя кунанд, диққат медод. Барои Афлотун лидер, мисли Форобӣ, як мутафаккири нимаилоҳӣ буд, вале барои Арасту ӯ бештар ҳунарманд буд, ки маҳорати қонунгузорӣ ва роҳбарии худро амалӣ месохт. Бо вуҷуди ин, ӯ ин корро танҳо анҷом намедиҳад, зеро бояд мақомҳои машваратӣ бошанд, ки дар онҳо ҳамаи шахсони соҳибтахассус ҳамчун шаҳрвандони озод иштирок мекунанд ва аз он худи роҳбарон интихоб карда мешаванд» (саҳ.232).

Ҳоло «Авасто»-ро варақ мезанем:

«Фравашиҳои неки тавонои поки ашаванонро меситоем, ки ситорагону Моҳу Хуршеду Аниронро ба роҳҳои пок роҳнамун шуданд. Онҳо аз ин пеш дер замоне аз бими ситезаву тохту този девон, бар ҷой монда буданд ва ҷунбише надоштанд. (Ишораи ӯро ба тавоноии қувваи бадӣ ва сиёҳ низ эътибор диҳед. З. А)

Акнун онҳо ба поёнроҳ гароянд то ба вопасин пойгоҳи гардиши хеш – ба рӯзгори неки нав шудани гетӣ расанд». (Фарвардиняшт, кардаи шонздаҳум, 57, 58).

«Фарри каёнии неруманди маздоофаридаро меситоем; (он фарри) бисёр сутуда, забардаст, парҳезгар, коромаду чолокро, ки бартар аз дигар офаридагон аст...

.. Ки аз они Аҳура Маздост, ки Аҳура Маздо бад-он офаридагонро падид овард: фаровону хуб, фаровону зебо, фаровону дилпазир, фаровону коромад, фаровону дурахшон...

То онон гетиро нав кунанд: (гетии) пирнашуданӣ, номиро (намиранда), табоҳинопазир, нопажмурданӣ, ҷовидон зинда, ҷовидон боланда ва комраво.

Дар он ҳангом, ки мардон дигарбора бархезанду бемаргӣ ба зиндагон рӯй оварад. Саошйант падидор шавад ва ҷаҳонро ба хости хеш нав кунад» (Замёдйашт, кардаи якум, саҳ 382).

***

«Эй Маздо Аҳура!

Он чунонки ту ба некӣ андешидӣ ва сухан кардӣ ва рафтор кардӣ, мо андешаву гуфтору кирдори неки хешро ба пешгоҳи ту фароз меоварем.

Эй Аҳура Маздо!

Ҳамчунон туро меситоему ниёиш мекунем. Ҳамчунон туро намоз мебарему сипос мегузорем.

Ба дастёрии пайванди нек бо Аша, бо подоши нек ва парҳезгории нек, ба сӯи ту меоем» (Йаснаи 39, саҳ.123. тарҷ. Ҷалили Дӯстхоҳ).

***

  1. Сипас ман туро ҳамчун як таҳму накукор хоҳам дарёфт, ай Аҳура Маздо. Агар Ту ба ман (ҳамакнун) ёрмандӣ мекунӣ, мар бо ҳамон дастон, ки бо онҳо подошҳое қапидаӣ, ки бо гармии оташ монанди аша нерӯманди хеш ба марди дурӯғу марди рост хоҳӣ бахшид.

Ва ё агар неруи пиндори биҳ назди ман хоҳад омад.

  1. Вале ман бисёр вақт аст донистаам, ки Ту накукорӣ, ай Аҳура Маздо, чун ман дидам, ки Ту нахустинӣ дар офариниши ҷаҳон ва чун ман дидам, ки Ту кирдорҳоро ҳамчунин мояи асосии додани бодафроҳ муқаррар мекунӣ – яъне, бад барои бад, подафроҳи хуб барои хуб (чун ман дидам, ки ҳар чиз) туфайли ҳунари Ту дар охири гардиши офариниш арзи вуҷуд мекунад».

(Йаснаи 43, саҳ.127 – 8, тарҷ. Бобо Назар Ғаффор).

***

«Эй Маздо!

Он кас нек меандешад ё бад, бегумон дину гуфтору кирдори худро низ (чунон хоҳад кард) ва хоҳиши ӯ пайрави гузиниши озодонаи вай хоҳад буд.

Саранҷом хиради туст, ки (неку бадро аз якдигар) ҷудо хоҳад кард». («Авесто», Спантамадгоҳ, ясна, ҳоти 48, кардаи 4. саҳ.88, тарҷ. Ҷалили Дӯстхоҳ, чопи 2001, Душанбе)

«Дар «Сиёсат»-и Арасту чизҳои зиёд ҳастанд, ки мутлақан ғайриамалӣ мебошанд. Ва хато мебуд, ки идома медиҳад Ф.Старр, - агар дар давлати аристократии Арасту дифои расмӣ аз ҳукумати намояндагиро бубинем ва барои демократия, ки онро сахт танқид мекард, ҳоҷати баён нест. Аммо дар рисолаи бузурги Форобӣ комилан мавҷуд набудани эмпиризм (таълимоти фалсафиест, ки таҷрибаи эҳсосиро ягона воситаи маърифат мешуморад) ва таваҷҷуҳи амалӣ, ки ҳар як саҳифаи «Сиёсат»-и Арасту саршор аз он буд, бояд зикр кард, боиси таассуф мебошад. Чизе ки дар матни Форобӣ намерасид ин қадрдонӣ аз маҳорати амалии зарур барои ҳукуматдорӣ, яъне қадамҳои пай дар пай, ки тавассути онҳо пешрафт ба даст оварда мешавад ва дарки конститутсионӣ, ки тарзи идоракуниро муайян месозад – ҳамаи масъалаҳо, ки ба давлатҳо аз тарафи Ислом раҳнамоӣ кардашуда ё ба давлатҳои дигар зарур аст, биомӯзанд» (саҳ 232).

Боз аз «Фарвардин йашт» як пора:

«Онон фравашиҳои ашаванонанд, ки дар ҷангҳои сахт беҳтарин ёру ёваранд.

Эй Спитамен!

(Фравашиҳои) нахустин омӯзгорони хеш ва фравашиҳои ҳанӯз нозодагон – Саошйантҳои навкунандаи ҷаҳон – (дар миёни) фравашиҳои ашаванон, аз ҳама нерӯмандтаранд.

Эй Спитамен!

Дигар фравашиҳо (фравашиҳои ашаванони ҳанӯз зинда) аз (фравашиҳои ашаванони) даргузашта нерӯмандтаранд. Ва Фравашиҳои ояндагон нисбат ба фравашиҳои зиндагон нерӯмандтаранд» (с.317).

(Эътибор ба Саошйантҳои навкунандаи ҷаҳон» - яъне, пайдарпайӣ, ҷаҳон пайдарпай нав мешавад. З.А.)

Мусулмонон аз гӯри мурдагони беш аз ҳазорсола ҳам ёрӣ мепурсанд, яъне, рӯҳи худро аз рӯҳи онҳо нотавонтар мебинанду ба гӯрашон сар мезананду хокашро мелесанд, яъне, шикастани рӯҳи зиндаи худ ё заиф шумурдани фариштаи зиндаи худ. Дар ҳоле ки Зардушт фариштаи ояндагонро тавонотар аз фариштаҳои зиндаҳо медонад, яъне, зина ба зина зиндагӣ тавонотар, шукуфотар ва инсонитар мешавад. Оё чунин нест? Ба дуртар нигаред, мебинед, ки «кулли явмин бадтарин»-и арабӣ ё қуръонӣ нест!

Боби VII-и китоб «Хуросон: Ситораи толеи Осиёи Марказӣ» номгузорӣ шуда, дар бораи «Маркази ҷозибаи тамоми мусулмонӣ» будани Хуросон, «Поягузорони суннати ақлонӣ», «Шаккокон ва озодандешони Хуросон», «Ҷунбиши суннатгароӣ», «Балхӣ, Ҳасани Найсабурӣ ва бехирадӣ», «Ғурриши эронӣ аз Сиистон», «Тӯс: пешгоми рукуд», «Рисолати инфиродии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ баҳс мекунад ва на танҳо худ андешаҳои тоза дар бораи онҳо пешниҳод медорад, ҳамчунин дар қависозии андеша ва кушоиши он аз дигарон мисол меорад. Масалан, аз Ян Рипка: - «Яке аз олимони фарзонаи адабиёти форс, ки дар Прага Институти ховаршиносиро таъсис дода» ва Дик Девис назарҳо пешниҳод мекунад.

«Тахминан дар соли 940, вақте ки нависандагони Аврупои Ғарбӣ ҳанӯз мақсади доираи хурди хонандагони забони медонистаро доштанд ва вақте ки аксари нависандагони чинӣ барои соҳибмансабон эҷод мекарданд, шоир ва сарояндае аз Бухоро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, нақши худро дар ҷомеа ҷашн мегирифт», - мегӯяд муаллиф, ки боби ҳашти асарашро «Осиёи Марказии шукуфо: сулолаи Сомониён» сарлавҳа гузошта. Сипас, дар бораи Рӯдакӣ, сулолаи Сомониён, тарзи давлатдорӣ, мубориза ва ҷонкоҳии онҳо барои тамаддуни бузург, «мушкилоти шиӣ: аз берун ва аз дохил мегузарад ва ин ҷо тааҷҷубе мекунад:

«Аҷиб аст, ки чунин тақсимшавии афзудаистода (миёни шиа ва суннӣ) дар байни мусулмонон дар даврае ба вуҷуд меояд, ки Ислом ба имони аксарият дар тамоми минтақа табдил меёфт. Теъдоди зиёди пайравони динҳои дигар дар сарзаминҳои аз тарафи арабҳо истилошуда гаравиданд ё ҳиҷрат карданд. Дигаронро бомуваффақият дар як марзе қарор доданд, теъдоди дигаре бошад ба тартиботи мусулмонон муросо карда буд. Агар мусулмонон пештар дар зери мафҳуми «дигарон» зардуштиён, буддоиён, насрониён ё яҳудиёнро мефаҳмиданд, акнун онҳо ин нақшро ба ҳамтабақҳои мусулмонашон нисбат медоданд, ки бо онҳо розӣ набуданд» (с.284).

Ба андешаи камина аввал ин ки араб масъалаи душманони берунаро ҳалшуда ёфт, дуюм, хилофат ба қуллаи ғалабаи худ баромадан пас дид, ки поён ковок аст ва шикасти даруниро эҳсос кард, ҷосусона ва зиракона фармудаи Арасту – «тафриқа андозу ҳукумат бирон»-ро ба кор гирифт. Худи хилофат низ таҷрибаҳое аз таърихи наздиктари араб дошт: афзоиши тавоноӣ дар муттаҳидсозии араб ва коҳиши тавоноӣ дар парокандабувии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Эронро санҷида ва дида буд. Барои хилофат ва мутаассибони араб ҷоҳилбозор будани ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳои «ба ҳазору як шаб» табдилёфтаи дур аз Бағдод низ манфиатовар буд. Бино бар ин, шохаҳои нав ба нав миёни ҳатто як фирқа мебофтанд, албатта, бо фитнаҳои нав ба нав. Танҳо даруни дарбори Сомониён будани 119 шоири мутаассиби араби зидди Рӯдакӣ ҳуҷумгар худ як далел аст, ба бунёд ниҳодани шикасти Давлати Сомонӣ. Даруни дарбор, ки ин қадар мутаассиб буда бошад, дар берун чӣ қадарҳо буда?! Оқибат, бозӣ ба бозӣ шоҳро барканору хоназиндонӣ ва Рӯдакиро кӯр карда ронданд». (Эҳтимоли дар он миён кушта шуданаш бештар низ ҳаст). Асли мақсади муттаасибон фонаи фитна задан миёни турку тоҷик буда, ки ба ҳамдигаркушӣ биафтанд. Вале нисбатан хомӯшона ба чунин табаддулоти дарборӣ нигаристани ҷомеаи Бухоро бозгӯи он аст, ки фитнабозиҳои онҳоро мардум кам-кам мешинохта ва аз ин рӯ, хомӯшона назорагар буданро авло шуморида.

Муаллиф дар ин боб оид ба Берунӣ, Сино ва ал – Бухорӣ ва фурӯпошии Сомониён эътибори шоиста дода, дар боби 9 низ онро идома медиҳад, бо фарогирии Хоразму Хоразмшоҳиён ва харобкорӣ ва куштору ғорати бераҳмонаи арабҳо дар ин давлат низ. Аз ҷумла, ӯ менависад:

«Дар ҳеҷ ҷой, мисли Хоразм, ҷиҳоди арабии асрҳои ҳафтум ва ҳаштум нисбати фарҳанги маҳаллӣ, ки забонаш шохае аз оилаи забони ориёӣ буд, ин қадар харобиовар набуд. Ҳарчанд дуруст аст, ки давлати Хоразмиён то ин давра ҳам аломатҳои таназзулро нишон медод, истило зарбаи қариб ҳалокатовар ба он зада буд. Хашму ғазаби истилогаронро он далел, ки маҳз дар Хоразм роҳбарони Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаву нақшаи мубориза бар зидди юриши пай дар пайи арабҳоро таҳия мекарданд, боз ҳам дучанд гардонда буд. Китобхонаҳо, бойгониҳо ва тамоми адабиёти ба забони хоразмӣ буда, оташ зада шуд, олимон ва дигар намояндагони тамаддуни маҳаллӣ пайдарпай қатл карда мешуданд. Чунончи Берунӣ навиштааст, фармондеҳи араб Қутайба «бо ҳар роҳи имконпазир ҳар касеро, ки саводи ба забони хоразмӣ навиштан ва хондан дошт, ҳар касеро, ки таърихи кишварро медонист ва ҳар касеро, ки илм меомӯхт, хароб ва нобуд мекард. Ба Хоразм ду аср, аз соли 750 то 950 лозим шуд то аз зарбаи араб дубора ба худ ояд». (саҳ.313).

Хонандаи зирак дархоҳад ёфт, ки ҳанӯз он давра чи шовинизме буда. Ҳоло ба андешаи камина, саволгузорие зарурат дорад: аз ҳазор як ҳиссаи қатлу ғорат ва сӯхтору таҷовузи арабро (дар Бухоро ҳолатҳое буд, ки занҳоро дар хона, пеши шавҳарҳошон таҷовуз мекарданд, ки агар исломро қабул накунӣ чунин мекунем!) яҳуд бо Осиёи марказигиҳо накардааст, аммо чаро ҳанӯз хелеҳо арабро менавозанду яҳудро мегудозанд? Оё ҳанӯз гаравандабозии ба фарқи неку бад наравандасозӣ давом надорад?! Дорад!

Дараҷаи туҳмат ба динҳои яккахудоии пешина (зардуштӣ, буддоӣ, насронӣ ва яҳудӣ)-ро бубинед, бо сардории ду бедини Худобози халқсӯз; яке Ҳаҷҷоҷ, дигаре Қутайба. Аз амалашон пайдост, ки онҳо биҳишти насяи Муҳаммадро ба як сӯ гузошта, арабҳои дар гармии дӯзахии биёбон мезистаро ба биҳишти нақди Осиёи Марказӣ кӯчондан хоста. (Чунин назар ҳам ҳаст, ки ин мақсад аз сӯи худи Муҳаммад раҳнамоӣ шуда). Ҳанӯз дар пайи ҳаминанд. Агар не, чаро бо динбозии нав дар соҳати собиқ Шӯравӣ, хусусан, дар Тоҷикистону Чечна ин ҳама куштору сӯхторро ба роҳ андохтааст? (Дар ҷанги Тоҷикистон баъзе коршиносон ҳисоби кушташудагонро на 150 ҳазори расмӣ, балки беш аз се баробари ин рақамро низ тахмин задаанд. ниг. Китоби «Ҷанги дохилии Тоҷикистон». Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, Теҳрон, с.1381 ҳ.).

Миссиянерҳои ба ном мулло баъди ин ҷанг ҳам сари кори фитнаанд. Чӣ хел? Аллакай имрӯз ба баъзе ӯзбекҳо гуфтан доранд: «Тоҷикон бисёр дурӯғгӯ». Гӯё худашон беш аз 1350 сол ростгӯӣ карда бошанд. Дар ҳоле ки худи «арабҳо кофиртару мунофиқтар (фитнагартар) аз дигарон…» (Қурон, сураи Тавба, ояи 97…) буданд, бо дурӯғ пайғамбари ростини тоҷиконро кофир гуфтанд, дини ростини ин мардумро хӯрданд. Донишмандон ва орифони ростини онҳоро девона гуфтанд ва агар онҳо худро ба девонагӣ намезаданд, ба сангсор мекашиданд, мағзи онҳоро хурофабозор карданд, ҳанӯз кам.

Онҳо хуб медонанд, ки бадном кардан яке аз роҳҳои бисёр паст ва заифист; обро аз таги ях сар додан аст ва дониста мекунанд.

Ҳангоми бурдани номи Худо таъзим накардану вақти номи Муҳаммадро гирифтан ҷорӣ кардани таъзим, яке аз ҳилаҳои нави онҳост, яъне, худбинона Муҳаммадро аз Худо боло гузоштан…

«Об қатра-қатра сангро бишкофад» гуфтани Амир Хусрави Деҳлавӣ ишора ба ҳамин гунаҳо низ ҳаст. Бо ин ҳама Осиёи Марказигиҳо дар ҳамон содагии пешин мондаанд. Агар чунин намебуд ва фитнаи нави исломбозии онҳоро мефаҳмиданд, ин ҳама қурбониро бо хонасӯзиҳо муфт ба фоидаи мутаассибон намедоданд.

Дар боло овардем, ки Қутайба дар ҷангҳо маҳалчигии мардуми ин минтақаҳоро фаъолона истифода мебурд. Оё дар ҷанги инбораи Афғонистону Тоҷикистон ва Чечна чунин нашуд? Шуд! Ва шудан дорад!

Таърихро гуфтан ва кушодани пардаи онро имрӯз набояд чун «олудану болояшро пӯшондан»-и пешина пиндошт ва на танҳо чун фитна бояд фаҳмид, ки ин худ як одати бади муғамбирона бо хотираи халқ бозӣ кардан аст ва дар ҷо по занондан. Олудану пӯшондан замина барои фитнаҳои нави хонумонсӯзи оянда низ метавонад бошад, чунон ки садсолаҳо карданд. Шоҳидон бояд имрӯз бигӯянд, вагарна таърихшиносон боз баъди солҳои зиёд аз миёни як хирман коҳ як-ду дона мекобанд. Шоҳони мутаассиби пешин таърихнависони худро ба чунин кор водоштанд, ки ҷангашонро таъриф кунанду фоҷиаҳои нангинашонро пардапӯш ва авом авом мондан гирифт ва дар оғози асри XX давлати Бухоро чеҳраи бомжии худро кушод.

«Ҳуҷум ба орифони бузург ва алломаҳои дониши бунёдӣ ба мисли Розӣ, Берунӣ, Сино, Киндӣ, Хайём, Ровандӣ ва ғайра чаро роҳандозӣ шуд? Зеро, - шарҳ медиҳад Ф.Старр, - кашфиёти ростин ва табиии ин донишмандон дурӯғи Қуръонро ошкор кардан гирифт, аз ин рӯ, мутаассибон ба бим афтоданд ва бадномсозӣ ва террори онҳоро ба роҳ андохтанд. Ҳатто донишманде чун Ғаззолӣ ба ихтиёри хоҳиши онҳо рафт. Агарчи баъдан пушаймон шуд, вале фитна миёни мутаассибон афтода буд. Дигар то Темуриён илми бунёдӣ, асосан, рушд накард».

Темуриён андак ба ҷунбиш оварда буданд, ки мутаассибоне чун Хоҷа Аҳрор, писари Улуғбекро фитна карданд ва ӯ ҳам сари падари донишмандашро зад ва он сабаби ҷанг миёни шоҳон ва наздикони Темур гардид, ки мардуми зиёди ғайриараб кушта шуданд. (Дар китоби Б.Ғафуров ва Прохоров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан», с.162 «Ҳоҷӣ Аброр» чоп шудааст. Хоҷа Аҳрор хонда шавад). Баъди хоҷабозӣ ва сайидбозиро ҷунбиш додани Хоҷа Аҳрор дониши бунёдӣ ҳам ба нестӣ рафтан гирифт. Рафта-рафта сайидбозӣ ва хоҷабозӣ ҳуҷуми рӯирост барои ба тахт соҳиб шудан гардид, расиданд то ҷое, ки «агар сайид набошад шоҳ таъйинаш кардан раво нест» - мегуфтанд онҳо ва авом қабул мекард. Ва агар дар ин роҳ падари шоҳ ризо набошад, писари шоҳро зидди падар меангехтанд. Як усули дигари ҳуҷум барои ба даст гирифтани ҳукумат аз дарун.

Бале, фитна балои бузурги пӯсонанда аст. Мардум беҳуда аз он наметарсанд.

 Боби X-и китоби худро муаллиф «Туркҳо ба саҳна мебароянд: Маҳмуди Кошғарӣ ва Юсуфи Баласоғунӣ» номгузорӣ карда.

«Мардуми турктабор дар саҳнаи сиёсии Ислом ҳанӯз аз соли 719, вақте ки ҳокимони нави аббосӣ аз Осиёи Марказӣ барои ба даст гирифтани хилофати маҳкум ба заволи Уммавиён омаданд, ошкор шуда буданд. Теъдоди зиёди сарбозони истилогар ва ҳатто чанде аз афсарони турк аз деҳоти атрофи Марв ва Нишопур буданд, - мебиёрад муаллиф аз Охундова. Сипас, ҳар сол, - илова меорад ӯ, - халифаҳо ғуломонро аз бозорҳои Бухоро ва Нишопур барои пур кардани ҳайати шахсии худ ва муҳимтар аз ҳама барои пур кардани горди элита барои мудофиаи худ аз табаддулоти дарбор, исёнҳо ва нооромиҳо, ки мунтазам ба вуҷуд меомаданд, мехариданд. Ва чанде аз туркҳои ғулому озод ба маъмурияти халифа роҳ пайдо карда буданд».

«Дар солҳои 900-ум барои ҳама фаҳмо буд, ки ҳарчанд худи халифаҳо араб буданд ва фарҳанги Бағдодро беш аз пеш мардумони эронитабор аз Осиёи Марказӣ ва худи Эрон шакл медоданд, маҳз туркҳои Осиёи Марказӣ қудрати аслиро дар даст доштанд» (саҳ.346).

Сипас, муаллиф ба таҳлили корҳои донишмандонаи Маҳмуди Кошғарӣ, Зуҳури Қарахониён, иншои «Фишурдаи лаҳҷаҳои туркӣ (Девони Луғот-т-турк»)-и Кошғарӣ, назари ӯ ба туркон, «Василаҳои эҷодкории туркӣ», «Манораҳои Зафари туркӣ», Омезиши Қарахониён, Юсуфи Баласоғунӣ ва «Хиради Шукӯҳи Шоҳӣ (Қудатғу билиқ)»-и ӯ мегузарад.

«Фарҳанг дар давраи ҳукмронии турки ғоратгар: Маҳмуди Ғазнавӣ» меномад боби XI- ро Ф.Старр ва оид ба навъи нави ҳокимӣ, зуҳури Маҳмуд ва ғоратҳои ӯ нақл мекунад. Аз ҷумла, менависад: «Муосирон аз сарҳади ғарбии Эрон то Ганг сабабҳои кофӣ доштанд, то дар бораи Маҳмуди Ғазнавӣ фақат бо истилоҳоти ҳарбӣ, ки урдуи ӯ дар давоми маъракаҳои ҳарбӣ ба сари мардум меоварданд, фикр кунанд. Пас аз забти ваҳшиёнаи Гурганҷ, Маҳмуд ҳуҷуми худро ба Рай, дар наздикии Теҳрони ҳозира давом дод. Дар ин ҷо сулолаи шиии Бувайҳиён гурӯҳи калони мутафаккирони забардастро, аз ҷумла, олими навафлотунӣ Мискавейҳ муаррихи барҷаста, аз зумраи онҳо, гирдовар шуда буд»,  - мебиёрад аз Ҳерберт Буссе. Ҳамаи онҳо ронда шуданд ва китобхонаи калон тороҷ гардид. Чанде пештар дар фаъолияти худ Маҳмуд бо ҳуҷумҳои пай дар пай Балхро забт карда, аҳолии онро бо андозҳои ҷазодиҳанда озор дода буд. Ба ҳамин монанд ӯ нисбати Марв, Сиистон ва шаҳрҳои дигари Осиёи Марказӣ ваҳшиёна ҳуҷум мекард.

Соли 1011 дар Нишопур қаҳтие, ки дар натиҷаи андозҳои тоқатфарсои Маҳмуд ба вуҷуд омада буд, боиси марги 100000 нафар аҳолӣ ва боиси одамхӯрии васеъ шуд. Ин фоҷиа аз хӯрдани фавтидагон оғоз шуд; «Мардуми Нишопур дар кӯча якдигарро барои хӯрокворӣ мекуштанд,» - иқтибос мекунад аз Ал-Утбӣ (саҳ.379-380). Ф.Старр мебиёрад, ки «ҳамаи ин ҳуҷумҳо бе каллаҷунбонии тасдиқсози халифаи олами ислом набуд». (Аз 19 то 21 ҳуҷуми Маҳмуд ба Ҳинд низ бе каллаҷунбонии ӯ набуда, бо ин гумон ки «агар он ҷо банд надорем, ба сари мо тохтани Маҳмуд мумкин». Ба ин андеша Маҳмуд дар охири умр расид, ки дер шуда буд. Шикасти зуди Масъуд, писари Маҳмуд низ бе фитнаи халифа набуда).

Баъдан, дар бораи чун «Сояи Худо амал кардани ӯ, маблағгузорӣ, шахсият ва фарҳанг дар олами Маҳмуд, Маҳмуд ҳамчун меъмор, шоирони дарбор, Фирдавсӣ, илмҳои табиӣ ва иҷтимоӣ дар давраи Маҳмуд, хусусан Берунӣ ва эҷодиёти бузурги ӯ, Америкаро кашф кардани Берунӣ ва заволи Ғазна андеша меронад Ф.Старр.

Боби XII «Тапишҳо дар зери гунбади ҳокимияти Салҷуқӣ» номгузорӣ шуда, дар бораи «Бӯҳрони Ғаззолӣ», «Арки дигаргунӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ», «Ҳаракати қабилаҳои салҷуқӣ ва туркман», «Низомулмулк: Макиавелли аз Тӯс», меъморӣ, илму омӯзиш, таҳдидҳо аз берун ва дохил, мактабҳои Низомия, Хайёми файласуф, сӯфизм, «Бӯҳрони солҳои 1092-1095», «Бардошт ва хурӯҷи асабии Ғаззолӣ», «Номуназзамии файласуфон» ва «Интиҳои Салҷуқиён: Султон Санҷар ва қариб 60 соли ҳукмронии ӯ, Носири Хусрав, Анварӣ ва «Қазовати охирини Умари Хайём» муфассал менависад муаллиф. Аз ҷумла, дар бораи Ғаззолӣ мегӯяд: «Ҳатто дар марҳилаи аввали ҳаёташ Ғаззолӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи итминон буд. Чунон ки Фарид Ҷабре дар омӯзиши классикии худ дар бораи ин мутафаккир навиштааст: «Маҳз ҳамин талош буд, ки ҳам аз ҳуҷумҳои Ғаззолӣ ба ақлгароён ва ҳам бозҷӯӣ, ки пас аз бӯҳрон онро оғоз карда буд, хабар додааст. Акнун ӯ онро ёфта буд. Роҳ ба ҳақиқат, таъкид мекард ӯ, бо воситаи худтозакунӣ – раванди бонизоми канда партофтани чизи бегона ва дурӯғ (яъне, бозгашт ба шинохти Зардушт. З.А), ки ба муъмин имконият медиҳад, ҳақиқати худро бевосита дарк созад. Аз Бағдод фирор карда, ӯ акнун роҳи хона – Нишопурро ҳамчун одами нав пеш гирифта буд. Дар ин ҷо ӯ нуқтаи охиринро дар муносибати нав ба дин ва ҳаёти ақлу шуур, ки на фақат комилан олами Ислом, балки Насронияро ҳамчунин дигаргун хоҳад кард, гузошт» (саҳ.427).

«Нобиғаи беҳтарини илм ва риёзиёти Осиёи Марказӣ дар давраи ҳукмронии салҷуқӣ Умари Хайём (1048-1131) буд, - мегӯяд Ф.Старр. - Дар Нишопур, дар оилаи хаймадӯзон (навишта буд, ки хаймаҳои илмро медӯхт), таваллуд шуда, Хайём дар Ғарб бештар ҳамчун шоир ва муаллифи рубоиёт маъруф мебошад, на риёзидон ё, мунаҷҷим. Вале мисли бузургтарин мутафаккирони минтақа, ӯ алломае буд, ки рисолаҳо доир ба риёзиёт, фалсафа, ҷуғрофия ва мусиқӣ менавишт, илова ба асарҳои пешгом оид ба алгебра ва сайёраҳоро менавишт» (саҳ.444).

«Дар Исфаҳон Хайём ба нуҷум машғул шуд, - идома медиҳад муаллиф. – Ӯ харитаи ситораҳоро кашид ва ҳамчунин мегӯянд, ки ӯ намунаеро сохта буд, ки тавассути он гардиши Заминро дар гирди меҳвараш нишон медод.

Ба шарофати Низомулмулк, ӯ нақши асосӣ дар таҳқиқоти нуҷум бозӣ мекард, ки боиси тақвими нави шамсӣ шуд. Он дар Эрон то соли 1925 истифода мегардид. Муаррихи асри XVIII англис Гиббон бо ваҷд навишта буд, ки низоми Хайём «аз тақвими юлианӣ пеш гузашта, аз рӯи дақиқиаш ба тақвими григорианӣ хеле наздик мебошад» Хайём ҳамчун мунаҷҷим (ва Беруниро ба хотир оварда) дарозии соли шамсиро ҳисоб карда буд, ки он ба дувоздаҳ адад – 365 242 198 58156 рӯз баробар аст. Фарқияти дақиқагӣ байни ин адад ва ҳисобҳои муосир тавассути каме кӯтоҳ гардидани соли шамсӣ, ки бо мурури замон рух медиҳад, рӯ зада, аз тарафи Хайём бошад, ҳеҷ як хатоӣ мушоҳида нашуда буд» (саҳ 445).

Боби XIII-и «Маърифати гумшуда» «Садаи Муғул» ном гирифта чунин оғоз меёбад: «Тирамоҳи соли 1219 Чингизхон ва нерӯи 150 000-нафараи муғул ва туркҳои уйғурии ӯ ногаҳон дар назди деворҳои баланди Утрор, дар соҳили дарёи Сир, дар наздикии сарҳади ҷанубии Қазоқистони ҳозира пайдо шуданд. Пас аз муҳосираи 6 моҳа, мудофеон ба мақсади шикастани муҳосира ҳамлаи ашаддӣ оғоз карданд. Ҳуҷум нобаробар буд ва муғулон ҳамаи мудофеонро куштанд. Сипас, истилогарон мардуми ғайринизомиро ба соҳил бароварданд, шаҳрро талаю тороҷ карда, оташ заданд ва ҳамаи аҳолиро, дар ҳудуди 100 000 нафар ба дами теғ кашиданд. Дар муддати се соли минбаъда ин раванди бераҳмӣ дар аксарияти шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Шарқи Наздик ва тамоми Украина ва Россияи муосир то сарҳади Полша такрор ёфт» (саҳ.483).

Пасон асар дар бораи ғурури Хоразмшоҳ, «Эҳёи тасаввуф», «Офати ангезанда» (ин ҷо аз рухдоди 500 нафар дипломатҳо ва тоҷирони Чингизхонро куштани Иналчуки қипчоқ ҳикоят мешавад. Аз нигоҳи чиниён ин одам (волӣ) араб ва хоҳаршӯи Хоразмшоҳ буд. З.А.), «Қиссаи Муғул», «Муттаҳидсозӣ дар Бейчин», фарҳанги Осиёи Марказӣ дар Чини муғул, Эрони муғул, Осиёи Марказии муғул, «Суннати бузург ба муддати кӯтоҳ эҳё шуд: Насриддин Тӯсӣ», «Ғорати Осиёи Марказӣ», «Фарҳанг дар зери юғи муғул» ва ғайра маълумот ва андеша дода мешавад.

Боби XIV ба «Темурланг ва ҷонишинони ӯ» бахшида шудааст.

«Вақт барои амалӣ сохтани барномаи империявии Темур беҳтар шуда наметавонист: Марги Сиёҳ шумораи аҳолии тамоми Эрон ва Кавказро дар аввали солҳои 1350-ум коҳиш дода буд. Давлати эронӣ - муғулии Илхониён қариб дар ҳамин давра пош хӯрд ва холигии ҳокимиятро дар тамоми Шарқи Миёна ва Эрон боқӣ гузошт. Русҳо Урдаи Тиллоии муғулро соли 1330 барҳам доданд. Бо урдуи афзуда ва наваскарони бо ғанимати ҷангӣ ҷалбкардашудааш, Темур ба дохили ин холигӣ тохт ва баъд ба Шарқи Наздик ҳаракат карда, бомуваффақият Бағдод, Антокия ва Димишқро муҳосира кард. Дар беруни Димишқ ӯ бо муаррих ва олими бузурги Африқои Шимолӣ Ибни Халдуни андалуситабор вохӯрд, ки аз ӯ тақозои тороҷ накардани пойтахти қадимии уммавиёнро карда буд. Темур мутафаккири солхӯрдаро бо пурсишҳои санҷишӣ саволборон кард ва Ибни Халдун бо посухҳои таҳсиномез ҷавоб дода, шаҷараи Темурро то ба Небукунеззар бурд. Бо вуҷуди ин, Темур Димишқро тороҷ кард» (саҳ. 526).

Албатта, чораи ҳимоят дидан ва ҷасорати Ибни Халдунро чун як мутафаккир таҳсин бояд гуфт. Аммо ба андешаи камина, Темур фитнаи дипломатҳои араби хилофатро, ки Чингизхонро ба сӯи Осиёи Марказӣ ва Хоразмшоҳ хез-хез дода буданд, медонист ва сабаби дурӯғи Ибни Халдун оид ба шаҷараи худаш, яъне маҳз то ба Бухтуннасар расондани ӯро низ дарёфта буд: Ибриён, баъди ба тартиб даровардани Бухтуннасар он ҷоҳоро, дар ақиби Бухтуннасар дубора шӯриданд ва Бухтуннасар баргашта сахт ҷазо дода буд. Ибни Халдун он рухдодро медонист. Аз ин рӯ, шаҷараи Темурро ба Бухтунасар расондани ӯ беғараз набуда, яъне, хоста ки шамшери ба Димишқ бардоштаи ӯро ба фарқи душманони худ – ибриён, занад. Темур низ аз он рухдод хабар дошта, зеро Бухтуннасар ин ибриёнро қисме ба Бобул ва қисмеро ба Бохтар – пойтахти онрӯзаи Эронзамин оварда буд ва онҳо кайҳо бохтариву бухороиву самарқандӣ шуда буданд.

Ф.Старр мавзуъҳои меъморӣ, давраи пас аз Темур, «Фарҳанг дар давраи набераҳои Темур», «Улуғбек - олими шоҳ», «Навоӣ – ҳомӣ ва шоир», ҳамчунин пири ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ ва нақши ӯ, «Интиҳои асри зебопарастӣ», «Фарзандони нотании Темур: Муғулон, Сафавиён ва Усмониён», «Сухани чопнашуда», «Ворисон ва мероси гумшуда» пай дар пай андеша ронда, боби XV-ро ба «Бознигарӣ: рег ва садафак» бахшидааст, чун охирсухан.

«Ақлгароии қатъӣ, - мебиёрад ӯ, - ҳомии ғайюре дар шахси халифа Маъмун ёфта буд, ки макони қудрат ва пойтахти якумаш ҳар ду дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда буданд. Кӯшиши ӯ барои бор кардани ақлгаротари муътазилиён ба воситаи таҳдид ва зӯроварӣ боиси ангезиши мухолифати теъдоди зиёди уламо шуд. Ибни Ҳанбал нахустин дар байни онҳо буд ва ба инкори ҳамаи таълимоти дар заминаи суннат сохтанашуда, чунонки дар Қурон ва ҳадисҳои Муҳаммад сабт шудааст, даъват карда буд.

Қисман маҳз барои ҳамин гуна таъкидҳо барои ҳар ду тараф, олимон (файласуфон ва уламо) модус вивенди ё аҳдномаи муваққатиро бофта бароварданд, ки ду тарафро ҷудо сохта имконияти ҳамзистии онҳоро дар муддати чандин аср таъмин мекард. Танҳо вақте ки ин фаҳмиши сомит тахминан дар соли 1200 шикаст хӯрд, неруҳои маърифатӣ ба ақиб партофта шуд (саҳ.564). Сипас, савол мегузорад муаллиф, - «Чаро чунин рух дод?» ва чанд сабабро мекушояд, ки яке ин аст: «Омили дигари муҳимми сабаби ин чандандешии динӣ то давраи охири асри Маърифати Осиёи Марказӣ буд. Ин чандандешӣ ё плюрализм дар ҳар як шаҳри минтақа, ки дар он калисоҳо, маъбадҳои оташпарастон ё ступаҳо фаъолияти худро идома медоданд, ба назар намоён буд. Ба мусулмонони зоҳид лозим омад эътироф кунанд, ки мардумони соҳибимони дигар маъмулан мисли онҳо рӯшанфикр ва огоҳ буданд ва ақидаҳои дигаронро наметавонист рӯфта ба як сӯ партофт. Шояд тасодуфӣ набуд, ки муноқишаҳои тезутундтарин байни аҳли суннат ва шиӣ пас аз соли 1000, айнан дар он даврае, ки чандандешии қадим дар ҳама ҷоҳо ба завол расиданро оғоз карда буд, зуҳур кардааст» (саҳ. 566).

Поёнтар идома медиҳад Ф.Старр:

«Аз баррасии таърихи доираи назари Осиёи Марказӣ возеҳ аст, ки дар давоми ҳазорсолаи пеш аз истилои араб ва дар муддати лоақал чорсад сол пас аз он (ки метавон гуфт аз рӯи ҳамон инерсияи пешина буда. З.А), фарҳанги минтақа тавонист дақиқона, ҳатто носозгортарин иттилооти нав ё рӯйдодҳоро дар соҳаи дунёвӣ ва динӣ андешамандона ҳаллу фасл намояд. Аз ин ҷиҳат, ин тамаддуни худэътимод буд, ба дигаргунӣ мутобиқшуда ва коршинос дар ҳал кардани он...» (саҳ. 568).

«Муъҷизаи фарҳанги Осиёи Марказӣ аст, ки дар муддати асрҳо барои қабули зарраи реги бегона омода буд ва ҳам истеъдоде дошт, то ин регчаро ба марворид табдил диҳад» (саҳ. 569).

Даъвати Мавлоно ба Муғулон низ буда, ки ба гирди ҳамон деги дерҷӯши қадимаи андешидан биёянд:

Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Ф.Старр ба изҳор ва таҳлили якчанд андеша вобаста ба шикасти Асри Маърифат китобашро ба охир мерасонад.

Ин ҷо як саволро сазовор медонам: Халқҳои (хусусан ҷавонҳои) кишварҳои Осиёи Марказӣ ва на танҳо онҳо имрӯз роҳи ростини пай дар пай рушди оромишзои офарандаро пеш гирифта, ба чеҳраи инсонии худ менигаранд ё аз пайи андешаҳои поинкаши пӯсонандаи ихтилофбози хурофанози куҳна қадам мезананд? Ҷавоби савол вобаста аст ба фард-фарди ҷомеа, ки рӯшангари ҷаҳонбинӣ, дониш ва инсоннигарии худи ӯст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи (с.2020) худашон ба Маҷлиси Олии ҶТ бисёр ба ҷо даъвати ҷасорати фарҳанги маърифатӣ ва маърифати фарҳангӣ оварда, ба гуфтани сухани рости ошкоро ва неки хиради офаранда ва созандаи бунёдӣ раҳнамоӣ доданд, ки бояд пеш аз ҳама илҳомбахши зиёиёни эҷодкор бошад.

Мехоҳам як чиро хотиррасони ҳамаи мусалмонҳои ҷаҳон бисозам: Дар Қурон омада, ки Муҳаммад аз Худо мепурсад: «Оё ман ҳаққи касеро кофир гуфтан дорам? Худо ҷавоб медиҳад: На! Ин кори охират аст. Ва ҳар касе каси дигареро кофир мегӯяд, ӯ худ кофир аст, зеро ӯ худро ба ҷои МАН (Худо) гирифтааст». Ҳангоме Худо ба Муҳаммад кофирхонии касеро иҷозат надода бошад, ин мутаассибон аз кӣ ихтиёри кофирхонӣ гирифтаанд, ки ину онеро кофир мехонанд ва ба сангсор мекашанд?! Оё ин ғалатандозии авом барои ҷаҳолатро дар ҷомеа нигоҳ доштан нест? Оё ин авомро ба ҷони ҳам ангехтан нест? Ҳаст! (Фармудаи боло дар баъзе Қурон ҳаст, аммо дар баъзе аз ҷониби тарҷумонҳо партофта шудааст. Чаро?)

Аммо як масъалаи баҳсбарангез, ки миёни «Шоҳнома»-шиносони ҷаҳон дер боз давом дорад, ин ҷо низ нокушуда монда, яъне баҳс идома дорад.

Заҳмати тарҷумон аз забони англисӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаровро бо сипоси махсус қадрдонӣ бояд кард, ки хеле кӯшида то асар бо забони равои хонандаи имрӯза бозгардон шавад. Ҳамчунин аз муҳаррири масъул Баҳодур Раҳматов ва сарсуханнависон Маҳмадшо Илолов ва Акбар Турсунов сипосгузор бояд бошем.

Камина аз як паҳлӯи дигар ҳам сипосгузори Стивен Фредерик Старр ва китоби «Маърифати гумшуда»-и ӯ ҳастам: андешаҳои ӯро бо романи манзуми худ «Лонаи урёни арвоҳ» ва рубоидостони «Дар хаймаи Хайём», ки ҳар ду соли 1995 навишта шудаанд, ҳамсадо ёфтам, далелҳои аз таърих овардаи ӯ баъзе гиреҳи рамзҳои шоиронаи ин ду асар ва достонҳои баъдинаи маро то ҷое кам-кам мекушояд.

Камина 30 сол пеш байте гуфта будам:

Эй Робиаи Балхии ман, дар ҳама дунё,

Гармоба шуда бар ту таассуб ба замонҳо.

Шоираи шаҳир Рудобаро бародараш дар ҳаммоми сӯзон гудохта кушта буд. 1350 сол аст, ки таассуби ашрофи араб мағзи ҷавонҳои мусулмони ғайриарабу арабро бо воситаи бесавод нигоҳ доштани духтарону занон мехӯранд. Чаламуллоҳои ғайриараб низ гирди ин «хон» хеле чоплус буданду ҳастанд. Онҳо ҷосусона шинохта чунин амалро раво медиданд, зеро дар ин ҳол ҷоҳилбозорсозии олами ислом, ки ба фоидаи онҳо буд, осон роҳандозӣ мешуд: Модари бесавод чӣ гуна фарзанди рӯшан ва рӯшанбин метавонист парварад? Яъне, бо воситаи модари бесавод хӯрдани мағзи фарзанди ӯ!

Ҷанин бо хуни модар фаросати модарро низ меҷабад, яъне, дониши обдиҳи мағзи ӯро. Модаре, ки мағзи ҷавонашро таассуби динӣ хӯрдааст, ё дар ҳаммоми таассуби динӣ сӯхтааст, чӣ гуна форобиҳо, беруниҳо, ҷобирҳо, синоҳо, хайёмҳо… бизояд? Ин чӣ дин аст, ки аз мағзхорӣ ҳеч сер намешавад?

Толибони пешини ҳукумати Афғонистонро ба даст гирифта 2 роҳи мағзиҷавонхӯрии арабӣ – заҳҳокиро дубора зинда карданд:

1.Дур андохтани духтарон аз роҳи донишомӯзӣ.

2.Террори ориёиён. (Чаро самолёти ба бурҷҳои Америка задаро маҳз аз Афғонистон (мардуми ориёӣ) парвоз доданд? Ва чаро Бинни Лодин маҳз дар Покистон (ориёиёни дигар) пинҳон шуд, на дар ягон давлати арабӣ? Оё фитнаи махсус ба ориёиён дубора (ин бор бо ангехтани Америка) пиёда нашуда?

Ин бор, оё ба гуфтаи Носири Хусрав,

Қавл чун хурмову ҳамчун хор феъл,

Ин на дин аст, ин нифоқ аст, эй киром!

нест, ки ба ояи 97, сураи «Тавба» ишора карда? «Ал-аъробу ашадду куфран ван нифоқан». Яъне, арабҳо шадидтарин кофир ва фитнагаранд. Дар ин нуқта бояд андешид!)

Зиё АБДУЛЛО

шоир

Манбаъ: https://www.facebook.com/profile.php?id=100074011501782 

Хондан 1292 маротиба