JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Декабри 2021 05:03

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқӣ инсон

Муаллиф: НУСРАТУЛЛОИ НАЗАРИЁН

  Имрӯз тамоми қонунҳо бо такя ба ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул гардида, инсонро дар меҳвари арзишҳо қарор додаанд. Бо назардошти пайдоиши муносибатҳои ҷадид зарурати шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон бо диди нав дар тамоми марҳилаи ҳаёти инсонӣ ба вуҷуд меояд. Ҳуқуқу озодии инсон ин маҷмуи зарурат ва қонуниятҳои зист аст, ки инсон барои зиндагӣ ба онҳо эҳтиёҷ дорад ва барои инсон имконият медиҳад то ҳамчун як махлуқи бошуур арзи ҳасти намояд.   Мусалам аст ки инсон бидуни доштани ҳуқуқу озоди дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ширкат варзида наметавонад. Ин ҳуқуқ ва озодист, ки барои инкишофи инсон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам меоварад. Бояд тазакур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эътибори хосса дода онҳоро чун арзиши олӣ шинохта дар низоми ҳуқуқии кишвар ба таври арзанда иникос ёфтаанд. Аз ҷумла дар моддаи 5-уми Конститутсия арзиши олӣ доштани инсон дарҷ гардида дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода шуда аст. Инчунин кафолати ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон аз сӯйи давлат, яке аз унсурҳои давлати демократи ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дарҷ гардидаанд. Мазмуну муҳтавои тамоми санадҳои меъёри ҳуқуқиро ин ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил дода, дар якҷоягӣ ва ё алоҳида барои ҳифз ва таъмини онҳо амал мекунанд.

РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА АҲМИЯТИ ТАҶЛИЛ АЗ ОН

  Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон на танҳо аҳмияти фардӣ, миллӣ ва ё давлати дорад, балки дар навбати худ аҳмияти умумибашариро касб намудааст. Ин аст , ки ҳар инсони бо шуур ба танҳои ва ё дар фазои колективӣ, дар сатҳи ҷамъиятӣ ва ё давлатӣ аз ин рӯз таҷлил менамоянд. Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҳамасола 10-уми декабр таҷлил карда мешавад, ки ин рӯз дар заминаи қабули Эъломия дар бораи ҳуқуқи инсон аз тарафи СММ ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон муқарар карда шудааст. Аҳмияти таҷлили ин рӯз барои шинохти ҳуқуқҳои инсон ва таъмини баробарии онҳо новобаста аз миллат, ҷинс, нажод, вазъи иҷтимоӣ, мафкураи сиёсӣ ва ё эътиқоди динии онҳо мебошад. Пеш аз ҳама таҷлил аз ин рӯз аҳмияти ҳуқуқӣ дошта, барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ мусоидат менамояд, то ин ки инсонҳо зарфияти шинохт ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои хешро касб намоянд.  Сол то сол зарурати такмили тарзу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон меафзояд ва дар ин росто ҷомеаро барои дарёфти роҳҳои муносиб ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон водор месозад. Мушкилотҳои асри навин, ки ба таври сунъӣ боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар минтақаҳои гуногуни дунё гаштааст, ҷомеаи ҷаҳониро барои бартараф намудани ин монеаҳо муттаҳид сохтааст. Имрӯз тамоми давлатҳо ба таври дастаҷамъона ва ё ба танҳои ҷиҳати ҳифз, ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мекӯшанд. Мушкилотҳо дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омада аз қабили ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, қочоқи инсон ва маводи мухадир, вазъи бади иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии инсонҳо ва таъмини адолат аз масъалаҳое мебошанд, ки тавааҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Аҳмияти таҷлил аз ин рӯз на танҳо ҷиҳати ташаккули мафкӯраи ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад, балки тавваҷуҳи ҷаҳониёнро ба мушкилот оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон моил месозад.

МУШКИЛОТ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

  Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ва ҳолати ба вуҷуд омада зери таъсири пандемияи COVID-19 мушкилотҳои ҷиддиеро дар самти таъмини ҳуқуқи инсон ошкор намуд. Аз ҷумла нобаробарии иҷтимоии инсонҳо, мавҷудияти маҳдудият доир ба ҳифзи саломатӣ ва вуҷуд надоштани имкониятҳои фаррох ҷиҳати дастраси ба иттилоот аз масъалаҳое мебошад, ки дар ҷараёни таҷлил аз рӯзи ҳуқуқӣ инсон аз сӯйи созмонҳои ҳуқуқӣ башар мавриди барраси қарор мегиранд. Масъалаи аз ҳама муҳим дар ҷаҳон ин таъмини ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, баробарҳуқуқии инсонҳо дар ин самт ва дастраси ба хизматрасонии бо сифати тиббӣ мебошад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро мебояд бо истифода аз таҷрибаи андӯхта дар давраи пандемия, мушкилот оид ба таъмини ҳуқуқи инсон дар замони муосирро омӯхта ҷиҳати бурунрафт аз ин бӯҳрон тадбирҳои ҳуқуқӣ андешанд.

МУШКИЛОТ ДАР САМТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ИНСОН

  Бо пайдоиши техналогияи информатсиони ва инкишофи бо суръати он дар чанд соли ахир таҳавулотҳои зиёдеро дар ҳаёти инсоният ба вуҷуд овард. Алалхусус ба пайдоиши муносибатҳои нав боис гардид, ки рӯз то рӯз зарурати танзими ҳуқуқии онҳо меафзояд. Дар натиҷаи васеъ гаштани фазои иттилоотӣ ва роҳ ёфтани онҳо ба мафкӯра ва ҳаёти инсонҳо, қисман муносибатҳои инсониро дарбар гирифтаанд. Акнун мушкилии асосӣ дар ин самт, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин ҳифзи ҳуқуқӣ инсон дар фазои иттилоот аст. Зеро бо назардошти васеъ будани имкониятҳои истифода аз шабакаҳои интернети то ба ҳол касе масъулияти назорат аз он ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар он фазоро ба дӯш надорад. Аз сабабе, ки дар он фазои бемаҳдуд назорат вуҷуд надорад ва қоидаҳои истифода аз он бар асоси эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар сурат намегирад, ҳамарӯза ба он фазо шумораи зиёди иттилоотӣ таҳқиру таҳдид ва туҳмату маълумотҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ корида мешаванд. Аз ин рӯ ҷой доштани чунин мушкилотҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқӣ инсон паёмади ногувор дошта, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст то дар ростои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар фазои иттилоотӣ чора андешида бо истифода аз механизмҳои қонунгузори кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи онро таъмин намудан ба маврид аст.

НУСРАТУЛЛОИ НАЗАРИЁН

Донишҷӯйи соли чоруми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

 

Хондан 1154 маротиба