JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Декабри 2021 06:00

Низоми сиёсии динӣ наметавонад мардумсолор бошад

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Инсон чун мавҷуди зиндаи соҳибхирад чӣ аз назари физиологӣ ва чӣ аз назари маънавӣ ҳамвора дар ҳоли рушду таҳаввул қарор дорад. Мавҷуди кушо ва ҷӯёву пӯёест, ки ҳамеша мехоҳад доир ба худу ҷаҳон ва ҷомеаву дар кул олами ҳастӣ маълумоти наверо ба даст оварад. Ҳамин аст вижагӣ аст, ӯро аз ҳамаи анвоъи зинда бартар месозад. Яъне вобаста аз шинохти дурусти вазъ ва таҳлилу озмоиш дар баробари ҳар ҳаводис тасмимгирӣ менамояд. Дониш таҷриба ва ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳоншиносии ӯ ҳамеша дар ҳоли тағйир ва комилшавӣ аст. Аз тарафи дигар ин ҳама донишу таҷрибаву илм ва фанноварӣ ё худ ҳар ончи хоҳ аз назари моддӣ ва ё маънавӣ инсонҳо сохтаву пардохтаанд, меҳвари ҳамаи онҳо саодати  инсон ва зиндагии инсонӣ аст. Мафҳуми мардумсолорӣ низ пеш аз ҳам гирифта аз бузург ва арзишманд донистани мардум ва зиндагонии мардум аст.

  Гуруҳе аз муддаиёни исломгаро даъвои он доранд, ки гӯё ҳокимияти теократӣ ва мардумсолорӣ (демократия) ҳарду ба ҳам тавъаманд ва бештар далелеро меоранд ва рӯи он тамаркуз медиҳанд, ки дин ҳам баромада аз байни мардум аст ва ин боварҳо ба мардум тааллуқият доранд ва мардум аст, ки онҳоро мавриди парастишу баррасӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, онҳо далел меоваранд, ки чун дин аз мардум аст, пас ба тарзи динӣ низ идора кардани ҷомеа хусусияти мардумӣ дорад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ин маврид муддаъиён як нуктаро ба ҳисоб намегиранд, ки дин падидаи иҷтимоӣ аст ва дар дараҷаи муаяни рушди иҷтимоъ ба вуҷуд меояд, таҳаввул мекунад ва дигаргун мешаваду аз байн меравад. Аз тарафи дигар, ҷомеаи инсонӣ, худи инсон ва андешаву ҷаҳонбинии ӯ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул шудану дигаршавӣ аст. Аммо афкори динӣ (ин ҷо як дини мушаххас дар назар аст, на раванди таҳаввули афкори динӣ, ба мисли Ислом, Масеҳият, Яҳудият ва ғ.) мунҷамид, шахшуда ва тағйирнопазир аст. Он ҳазорон сол дар як қолаб ва дар як шакл ва бо дидгоҳи тағйирнопазиру арзишҳои догматикӣ устувор аст. Ҳамин аст, ки бо гузашти ҳазорон сол дидгоҳҳои як дини мушаххас тағйир намеёбанд ва дигар ҳам намешаванд. Ҳамон арзишҳо, ҳамон ҷаҳонбинӣ, ҳамон аҳком ва ҳамон расму оин бетағйир то ба имрӯз арзи ҳастӣ менамоянд. Ҳол он ки аз лиҳози ҷомеашиносӣ дар ҳар марҳилаи  зиндагии инсонҳо дидгоҳ арзишҳо ва муносибат бо худу ҷаҳон вобаста аз сатҳи донишу биниш ва заруриятҳои иҷтимоӣ тағйир меёбад, дигар мешавад ва бо замони мушаххас мувофиқ мегардад. Ҳамин ҷост, ки зиддият байни тарзи идоракунии динӣ ва ҷомеа ба вуҷуд меояд. Яъне тасаввур намоед, ки ҷомеае, ки 2000 сол ё 1400 сол таҳаввул кардааст, дар зинаи дигари рушд қарор дорад ва афроди ин ҷомеа мусаллат бар донишу фанноварии асли имрӯзаанд, чи гуна метавон онҳоро бо аҳкоми ҳазорон сол қабл вобаста ба он сатҳи донишу фаҳми инсони он замон  таҳия шуда идора намуд. Вазъи таассуфбори Афғонистон, ки ҳоло гуруҳи “Толибон” ҳокимиятро дар ин кишвар қабз кардаанд, аз ҳамин тафаккури догматикӣ маншаъ мегирад. Аз ҷониби дигар, дин ва бовару эътиқод танҳо замоне, ки кори фард аст ё бевосита ба фард тааллуқ дорад, он метавонад, барои фард як падидаи зеҳнӣ, дарунӣ ва виҷдонӣ бошад. Ҳамин аст, ки фард аз лиҳози психологӣ вақте барои чизе муқаддасотро қоил мешавад, онро дарунгароёна ва зеҳнӣ қабул мекунад. Ҳатто дар истифодаи вожаи офаридгор инсонҳо онро дар шакли “Худои ман” истифода мекунанду онро дарунгароёна фардӣ таллақӣ мекунанду мутмаъинанд, ки Худо бо онҳост, вале вақте бовару эътиқоди инсон ба чорчӯбаи ҳатмӣ ва риояти меъёрҳои бечунучаро кашида мешавад, дар ин ҳолат дигар диният ва бовармандӣ аз он гирифта мешавад ва дигар аз воқеъияти дин чизе ҷуз сиёсат боқӣ намемонад. Вақте дин коллективӣ карда мешавад ва аҳкоми он аҳкоми ҳамагонӣ арзёбӣ мешаванд, ҳамин замон аст, ки дин ба воситаи маҳдудкунандаи озодии инсонҳо табдил меёбад. Дигар он бо мардум нест, балки маҳдудкунандаи мардумон аст. Зеро дар бинишҳои динӣ ҳама чиз пешакӣ муайян аст ва бояд ҳамагон дар он чорчӯбаву меъёр амал намоянд. Ин  боиси он мегардад, ки дар ҷомеаи теократ ҳамаи маънавияти инсон саркӯб мешаванд ва дигар дар ин ҷомеа на ҳуқуқ, на ахлоқ, на сиёсат, на илм, на санъат ва на зебоишиносӣ озод вуҷуд дошта метавонанд. Ҳамаи инҳо хусусияти динӣ мегиранд ва ба бумбаст мувоҷеҳ мегарданд. Ин омил сабаб мешавад, ки дар ҷомеаи динсолор рушди амалии соҳоти гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ бисёр ба кундӣ сурат мегирад. Ҳамин аст, ки ҳукумати динӣ ва мардумсолорӣ ҳарду бо ҳам мувофиқат надоранд, ҳарчанд баъзе аз мухотабони ҳокимияти теократӣ даъво доранд, ки имкони ҳамнишинии ин навъи идоракунӣ бо мардумсолорӣ мавҷуд аст, вале чанд ҷузъиётро наметавонанд тавзеҳ диҳанд. Яке аз он масъалаи сонсури андеша, ки дар чуни навъи ҳокимият ҷой дорад. Дигар ин ки табъизи ҷинсӣ дар ҷомеаи динмеҳвар ҷойгоҳ дорад ва занону мардон ҳеҷ гоҳ баробар нестанд ва онҳо на аз лиҳози ҳуқуқӣ ва аз лиҳози маънавӣ баробар ҳисобида мешаванд. Масъалаи дигар ин аст, ки дар ҷомеаи теократ умуман масъалаи интихоб вуҷуд надорад, дар он танҳо як шакли ҳокимият як шакли идоракунӣ мавҷуд аст ки он ҳам низоми динӣ асту халос. Аз ин рӯ, ононе, ки даъво доранд гӯё демократияи динӣ имконпазир бошад, ин фақат танҳо як лафзбозӣ асту халос. Зеро низомҳои сиёсии исломӣ нишон додаанд, ки дар ҳеҷ кадоме аз онҳо наметавонад мардумсолорӣ ҷой дошта бошад. Дар ҳамаи ин низомҳо дигарандешонро мавриди саркӯб қарор медиҳанд, ба ҷуз аз чорчӯбаҳои худ дигар меъёрҳоро қабул надоранд. Самтҳои ҳаёти иҷтимоиро махсусан фарҳангу маънавиёти ҷомеаро дасткорию муҳандисӣ мекунанд. Онро барои равнақи ҷанбаҳои диниаш маблағгузорӣ мекунанд. Раванди таълиму тарбияро низ самтгиронаю пайгирона динӣ месозанд ва ҳамаро ба як идеология табдил месозанд. Барои далел, як ба вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳ намоед, “Толибон” бо баробари ҳокимиятро дар ин кишвар ба даст даровардан аз аввалин корҳоеро, ки анҷом доданд, ин ба ҳошия рондани занон ва аз тамоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ дур кардани онҳо ва бидуни маҳорим ба куча баромадани онҳо манъ карда шуд. Исломгароӣ дар ин сурат бар мухолифи гуногунписандии табиати инсон қарор мегирад ва кушиш ба харҷ медиҳад, ҷомеаро ҳамсонсозӣ кунанд, як навъ модели инсони ҷомеаи динсолорро дуруст мекунад, ки боястӣ ҳама аҷзои он динӣ бошанд. Ҳамин аст, ки ба ҳама аҷзои инсон кор мегирад. Масалан, боястӣ дар ин низом занон шакл ва либоси якхела дошта бошанд. Мардон низ ҳамчунин. Дар ин ҳолат барои инсон ё шаҳрванд дигар интихобе вуҷуд надорад, илло аз он шакли идеология карда шудаи динии аз тарафи низом пешниҳодгардида. Ҳамин аст, ки ҳукумати динӣ душмани ҳувияти фардӣ аст. Он ранг, модел, дӯхт, андоза ё ҳар меъёри ягонаи дигареро барои либос ё меъёрҳои дигар барои ороиш мушаххас мекунад ва фард ҳаққи рад кардани онро надорад. Ҳукуматҳои динӣ ҳувияти фардиро барҳам медиҳанд ва як ҳувияти сохтаи дастаҷамъӣ месозанд ва дар зеҳни ҳамвандони хеш озодии андеша, озодии интихоб ва озодии ахлоқро ҳамчун ҳувияти ғарбӣ ва баду ваҳмзадаву касифу ғайриинсонӣ таллақӣ мекунад. Ин боиси он мегардад, ки онон ҳар гуна озодиро ҳамчун як омили бад ё ғарбизадаву ғарбишуда таллақӣ мекунанд. Таваҷҷуҳ шавад, ба вазъи кунунии ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон, ки онҳо ҳатто он нафароне, ки собиқан дар ришаҳои идоракунии ҷумҳурии исломии собиқ фаъолият доштанд, онҳоро ғарбзада ва ҳатто таҳдиди ҷонӣ ва иддаеро низ нобуд сохтанд. Ҳол он ки дар кишварҳои мардумсолор  аслан ҳуввияти ягона вуҷуд надорад ва ҳар кас ҳамчун фард ба шакл додани ҳуввияти хеш мепардозад ва ҳеҷ як марҷаи тақлид ё дастури болоӣ барои ин кор вуҷуд надорад.

 Пайгирии тамомиятталабонаи тарҳҳои ичтимоию фарҳангӣ, ки дар батни ҷомеаи динмеҳвари сиёсӣ аст имкони ҳамзистии исломгароӣ бо дигар идеологияҳо ва боварҳоро ғайримумкин месозад. Ҳамин нукта аст, ки исломгароиро хатарнок ва ғайри қобили таҳаммул сохтааст. Исломгароён пеш аз расидан ба қудрат сирфан идеяҳои худро матраҳ мекунанд. Даъво намекунанд, ки ҳама бояд мисли онҳо бошанд. Онҳо муддаӣ нақди вазъияти мавҷудаанд. Танҳо камбӯдҳои ҷомеаи мавҷударо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва он мушкилеро, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, онро шиоргуна ба хотири дар байни тудаҳо касб кардани маҳбубият истифода менамоянд. Аз тарафи дигар баъзе аз масъулини ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, ки вазоифи хешро дуруст анҷом намедиҳанд ва хунукназариву бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ҳаминонанд, ки ба осиёби исломгароён об мерезанд. Ин камбуду нуқсҳои дар ҷомеа мавҷуд буда, ки бевосита аз тарафи ниҳодҳои дахлдор мавриди нақду баррасӣ қарор намегиранд, гоҳе ки аз тарафи исломгароён садо медиҳанд, дар назари мардуми оддӣ чунин менамояд, ки гӯё онон мушкилкушоёнанд. Ин заъфро онон ҳамчун нафарони фурсатталаб истифода менамоянд ва нишон медиҳанд, ки гӯиё асли мардумсолориянд ва аз дарди мардум ва иҷтимоъ мегӯянд. Аммо пас аз расидан ба қудрат ҳеҷ ҷое барои дигар боварҳо ва дигар салиқаҳо намегузоранд, вазъро садҳо баробар вахимтар ва фазоро баста мегардонанд. Минбаъд танҳо дар ин низом фақеҳ муайян мекунад, ки чи чиз раво аст ва чи чиз нораво. Кадом интиқод дурусту созанда аст ва кадом интиқод нораво ва сиёҳ аст. Давлат дар ин низом мушаххас мекунад, ки ҳатто ронандагони таксӣ бояд чи чизе аз мусиқиро гуш диҳад ва кадомашро не. Ҳамачунин, аз тарафи дастгоҳҳои давлатӣ муқаррар карда мешавад, ки оё байни зану мард шухӣ кардан имкон дорад ё хайр.

  Тамомиятхоҳии исломгароён фақат ба ҳокимияти худашон, ки маҳдуд намешавад. Онҳо мехоҳанд ин меъёрҳоро ба ҳамаи мусалмонон ва натиҷатан ба ҳамаи ҷаҳон интиқол диҳанд. Онҳо дар гӯишҳояшон чунин таблиғ менамоянд, ки дину оини мо барои ҳамаи умури зинадгии башар барнома ва дастурамал дорад ва ин дастурҳо фақат ба ибодат маҳдуд намешаванд ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ҳамин аст, ки онҳо мафҳумҳоеро аз қабили иқтисоди исломӣ, равоншиносии исломӣ, ҷомеашиносии исломӣ, донишгоҳи исломӣ, ҳунари исломӣ ва то ҳадде физика ва химияи исломӣ истифода менамоянд, ки бисёр музҳик ва хандадор аст. Ин тарҳҳое ки исломгароён месозанд на танҳо ба ақлу таҷрибаи таърихӣ дар байни мусалмонон, балки ҳатто ба фиқҳи суннатӣ низ баробар нестанд. Ҳамин навъи тамомитяталабӣ аст, ки сабаби фурупошӣ аз байн рафтани идеологияи исломгароӣ мешаванд. Идеологияе, ки имкони ба тарзи маъмулӣ нафасгирӣ ва зиндагӣ карданро аз аксари мардум мегирад ва бар алайҳи табиати инсон қарор дорад ва ҳоло муқоиса шавад ба ваъи хашинтарине, ки ин идеологияи сакӯбгарӣ зиддиинсонӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст. Ин даста, ки мехоҳанд бо тарзи аморати  динӣ мардумро идора намоянд бо хурдтарин аҷзои зиндагӣ аз қабили ороиши мӯй нохуну, остин пероҳан, модлели мӯй, риш дахолат меварзад роҳеро ба ҷуз сарнагунӣ барои мардум боқӣ намегузорад. Ин навъи идеология, ки бо табиати инсон дар мухолифат аст ва ҳамеша дар саркӯбии инсонҳо қарор мегирад табии аст, барои ҳама афрод заҳмат эҷод мекунад ва дар кишварҳои дорои низоми теократӣ ҳатто давлатмардони ин низом аз тарзи бархурд ва идоракунии он розӣ ва қонеъ нестанд, чӣ расад ба мардум. Ин идеология зидди табиату сиришти инсон аст, он ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон мардумонро ба саодат бирасонад. Танҳо паёмади он нобудии давлат миллатҳо, саркӯбии ҳуввиятҳои миллӣ, ҳараҷу мараҷ, зулму таадӣ ва ҳамчун хорасанги азиме дар роҳи рушду пӯёии миллатҳо қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, исломгароӣ ва мардумсолорӣ ду мафҳуми гуногун ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавонанд ҳамдигарро иваз намоянд ё ба ҳам тавъам бошанд. Ононе, ки ин мафҳумҳоро ба ҳам меомезанд ва муддаии исломгароии мардумсолоранд дуруғ мегӯянд, мардумро гул мезананд ва аз роҳи авомфиребӣ мехоҳанд қудратро ба даст бигиранд, на чизи дигар.

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

https://farazh.tj/sahifai-asosy/siyosat/nizomi-sijosii-diny-nametavonad-mardumsolor-boshad/ 

Хондан 876 маротиба