JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Декабри 2021 06:40

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

Муаллиф: НУСРАТУЛЛОИ НАЗАРИЁН

  Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки тамоили миллигароӣ дигарбора шиддат гирифта, пояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давлатҳо бо назардошти арзишҳо ва манофеи миллӣ шакл мегиранд. Фарҳанги миллӣ бошад таваcсути ташаккули мафкураи миллӣ ва истеҳсолоти иқтисодӣ рушд намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Яке аз омилҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ гаштааст, ин  пайдоиши ҳаракатҳои озодихоҳи миллӣ ҷиҳати дарёфти истиқлол ва таъмини инкишофу ҳимояи арзишҳои муштараки онҳо мебошад. Маҳз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ба шаклгирии чунин давлатҳо боис гашт. Аз дигар тараф, фароҳам овардани шароит ҷиҳати мустақилона муайян сохтани масири инкишоф ва тараққиёти миллат, инчунин талош баҳри ормонҳои миллӣ давлатҳоро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ водор месозад. Миллати озодро шарти зарурӣ ин аст, ки дар сатҳи умури давлатдории миллӣ низоми қонунгузории давлатиро, ки асоси амният ва тартибот мебошанд дар пайвастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва иродаи мардум мустақилона муайян намояд. Чунин раванд яке аз падидаҳои истиқлоли миллӣ мебошад. Дар замони муосир вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ василаи муҳим баҳри рушди давлатҳои мутамаддин ба шумор меравад. Зеро ҳеҷ як давлати миллӣ бидуни роҳандозии муносибатҳои хориҷӣ ва пешбурди манофеи миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ наметавонад рушд намояд.

  Давлатҳое, ки имконияти мустақилона муайян намудани муносибатҳои дохилию беруниро доранд ва дар баробари ин иқтисоду сиёсати онҳо вобастагии шадид ба давлати дигар надорад, метавон гуфт, ки онҳо истиқлоли воқеии миллиро касб намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки мавҷудияти истиқлоли миллӣ ин зинаи аввали бунёди давлат ба шумор меравад. Зинаи баъдӣ бошад ин ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бунёди кафолатҳо баҳри пойдории давлати миллӣ аст. Ба андешаи С.Е Рибаков "Миллат ин ҷомеаи иборат аз афроди дорои арзишҳои муштарак аст, ки онҳоро дар сабки фарҳанг ва шеваи зиндагӣ нишон медиҳанд". Яъне миллатро маҳз ҳамин арзишҳои муштарак муттаҳид менамояд ва асоси таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ ҳифзи ин арзишҳо муҳим аст ва дар муносибатҳои байналмилалӣ бошад ҳимояи манфиатҳои миллӣ аввлавиятро касб менамояд. Давлатҳое, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллиро муҳим арзёбӣ менамоянд ин маънои фурӯгузории манфиатҳои дигар халқиятҳоро надорад, балки барномаҳои сиёсӣ бар асоси эҳтиром ба арзишҳои онҳо роҳандозӣ мегарданд. Бо ин тариқ, миллат дар фазои истиқлол қобилияти мустақилона инкишоф намуданро соҳиб мегардад. Баҳри пойдории давлат ва ҳифзи истиқлоли миллӣ матраҳ кардани як қатор кафолатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Ба хотири таъмини авлавияти арзишҳои миллӣ додани кафолатҳои ҳуқуқӣ аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, барои рушди кафолатҳои дигар замина фароҳам меоварад. Зеро самтҳои асосии рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатро асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми қонунгузории давлатӣ муайян месозад. Бо дарки ин ҳама масъалаҳои ҳаётан муҳим барои як миллат, имрӯз давлатҳо низоми қонунгузории миллиро тақвият дода ҷиҳати таҳкими давлатдории миллӣ аз ин масир гом бардоштанд. Дар шароити кунунӣ инъикос ва ҳимоя кардани арзишҳои миллӣ дар Қонуни асосӣ ва бад-ин васила таъмини ташаккули мафкураи миллӣ яке аз ҳадафҳои аслии давлати мо бояд бошад. Зеро маҳз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ баҳри муайян намудани рушди минбаъдаи давлат ва инкишофи мафкураи миллӣ дар доираи арзишҳои мушаххас метавонад нақши таъйинкунанда дошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси манофеи миллӣ такя намуда,  шурӯъ аз дебочаи он ва тамоми меъёрҳо, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ хидмат менамоянд. Дебочаи Конститутсияи ҶТ қисми таркибӣ, муқаддима ва ё оғози он буда, баёнгари ҳадафҳои олӣ ва ориентатсияи миллии мост. Ин санади олии ҳуқуқӣ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Дар баробари ин арзишҳое, ки халқи тоҷик нисбат ба онҳо эҳтироми хосса дорад, хусусан истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан  аз қабили арзишҳои бунёдии ҷомеа мебошанд.  Инчунин дар Конститутсияи ҶТ ҳадафҳое, ки миллати тоҷик баҳри онҳо талош мекунад, аз ҷумла бунёди ҷомеаи мардумсолору адолатпарвар, ҳуқуқбунёду  қонунсолор дарҷ гардидааст, ки онҳо ба таври ғайримустақим барои шаклгирии мафкураи созанда ва зеҳниятсозӣ бар асоси арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи муҳими ҷомеаи мо маҳз зеҳниятсозӣ бо такя ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.

  Рушди технологияи информатсионӣ ва роҳ ёфтани унсурҳои таъсиррасони фазои маҷозӣ ба мафкураи инсонҳо масъалаи зеҳниятсозиро ҳассос гардонидааст. Зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар сатҳи Конститутсия ва дигар санадҳои амалкунанда аз ҷумла дар робита ба ин ҷараён мебошад. Арзишҳои миллӣ маҷмӯйи андӯхтаҳову дастовардҳо ва ормонҳову ғояҳои  олии миллиро инъикос менамояд. Ташаккули арзишҳои миллӣ дар зеҳни афроди ҷомеа барои шаклгирии ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ баҳри таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гашта, зеҳниятсозиро дар барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, инчунин дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ роҳандозӣ намудааст. Василаҳое, ки баҳри ташаккули мафкураи миллӣ истифода мешаванд, бояд аз арзишҳои миллӣ сарчашма гирифта таҷассумгари манфиатҳои умумимиллӣ бошад. Ба сифати ин василаҳо метавон якчанд принсипҳои дигари Конститутсияро номбар намуд, ки имкон аст онҳо чун арзишҳои миллӣ шакл гирифта, ба ҳадафи умумимиллӣ табдил биёбад, ки миллат баҳри он талош меварзанд. Ба ҳайси ғояҳои бунёдӣ метавон моддаи 1-и Кониститутсияро мисол овард, ки омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Арзиши волое, ки дар ин моддаи Кониститутсия дарҷ гардидааст, ин соҳибихтиёрӣ мебошад. Зеро ормони миллатҳо дар тӯли таърихи башарият ин талош баҳри соҳибихтиёрӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ будааст.  То имрӯз низ бархе миллатҳо ҷиҳати ба даст овардани он талош меварзанд. Ин аст, ки истиқлол ва озодии миллӣ ба сифати арзиши меҳварӣ барои миллат ба шумор рафта, ҳадафи аслӣ ин мустаҳкам ва ҳифз намудани он аст. Принсипи соҳибихтиёрӣ, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, қадами устувор баҳри ҳифзи мустақилияти давлат ва мустаҳкам намудани истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчун як ормон ва ҳадафи асосӣ қарор додани ҳифзи соҳибихтиёрӣ, шаклгирии ин принсипро ҳамчун арзиши миллӣ таъмин мекунад.  Фароҳам овардани шароит ҷиҳати муттаҳидии ҷамъият атрофи ин принсип ва талош баҳри ҳифзи он замина баҳри ташаккули мафкураи миллӣ мебошад. Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар баробари ташаккули мафкураи миллӣ сурат мегирад. Мафкурасозӣ бояд тавре сурат бигирад, ки бо истифода аз масоили моддӣ ва маънавӣ афроди ҷомеаро ба  ҳифзи соҳибихтиёрӣ моил бисозад. Муайян намудани ҷанбаҳои иқтисодии мафкурасозӣ инчунин таъмини инкишофи маънавиёти ҷомеа бар асоси арзишҳои миллӣ, асоси ҳифзи соҳибихтиёрии давлат мебошад. Зеро дар давлати миллӣ принсипи соҳибихтиёрӣ, таҳкими истиқлолияти давлати ҳамчун арзиши олӣ бояд  шакл гирад. Ҷамъият бояд зарфияти фаҳмиши арзишҳоро дошта дар ҳаёти воқеӣ баҳри арҷгузорӣ ва ҳифзи онҳои онҳо талош варзад.

  Арзишҳои миллӣ он ормонҳое мебошанд, ки миллат онҳоро ба сифати ҳадафи рушдманд қарор дода баҳри он талош меварзанд, вале ин талошҳо аз сатҳи дарки ҳодисаҳои воқеӣ ва раванди инкишофи арзишҳо сарчашма мегирад.  Аз ин рӯ муҳаё сохтани фазои бози фикри ва бунёди андешаи миллӣ ҷиҳати ҳифзи арзиш ва истиқлоли миллӣ амалҳои зарури ба ҳисоб мераванд. Яъне пойдории соҳибихтиёрии давлатиро аз мафкураи ҷомеа муайян намудан мумкин аст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар илми давлатшиносӣ дар баробари мафҳуми соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқ, ки дар моддаҳои якум ва панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидаанд, мафҳуми соҳибихтиёрии миллӣ низ маъмул аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ба маънии мафҳуме, ки дар боло истифода намудем, яъне истиқлоли миллӣ низ фаҳмида мешавад. Аммо дар шарҳу тавзеҳи ин ду мафҳум маълумоти кофи мавҷуд нест, зеро дар матлабҳои илми ба таври маҳдуд истифода мешаванд. Вале маънои аслии мафҳуми соҳибихтиёрии миллиро дар фарқгузори бо соҳибихтиёрии давлатӣ метавон равшану возеҳ маънидод намуд. Зеро соҳибихтиёрии миллӣ аз соҳибихтиёрии давлатӣ сарчашма мегирад ва маънии аслии он аз ин ҷо падид меояд. Дар маънои соҳибихтиёрии давлат ин волоияти ҳокимити давлатӣ дар дохил ва мустақил будани он дар муносибатҳои беруна фаҳмида мешавад, яъне мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар муайян ва амалисозии сиёсатҳои дохилӣ ва берунӣ озод буда, бе дахолати кишварҳои бегона онро роҳандозӣ  менамоянд. Соҳибихтиёрии миллӣ ба сифати сарчашмаи ҳокимият баромад намудани халқ зоҳир мегардад. Ҳарчанд зери мафҳуми халқ ақаллиятҳои гуногун ҷой дошта бошанд ҳам, аммо аксари онро намояндагони як миллат ташкил медиҳанд ва бо  иштирок дар ташкилу фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ соҳибихтиёрии миллии хешро таъмин месозанд. Маҳз изҳори иродаи онҳо дар интихоботу раъйпурсӣ ва ба ин тарз иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ соҳибихтиёрии миллиро ба вуҷуд меоварад.

  Бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд на танҳо мақсади халқи Тоҷикистон, балки орзу ва ормони тамоми мардуми сайёра аз оғози таърих будааст. Инсонҳо бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати озоду демократиро рисолати худ шумурда баҳри он мубориза бурдаанд. Баъзе арзишҳои умумибашарӣ дар ҳар минтақа вобаста аз зарфияти зеҳнӣ хусусияти миллиро низ касб намудаанд. Аммо ин маънои  хоси як миллат будани ин ғояҳоро надошта  аз дигар ҷиҳат арзиши универсалӣ мебошад. Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳамчун арзишҳои миллӣ ҳифз шуда дар сатҳи Конститутсия ба онҳо кафолат дода мешавад. Ин кафолат заминаи ҳуқуқии бунёди давлат бар асоси ин принсипҳо буда, миллати тоҷик чун арзиши миллӣ онро пазируфта баҳри ривоҷи унсурҳои давлати демократӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии давлат талош меварзад. Бояд тазаккур дод, ки асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ин бартарии ҳуқуқ ва таъмини волоияти қонун ташкил медиҳад. Ин аст, ки баҳри ташкил ва фаъолияти мақомотҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи хизмат намуда, ба ин тарз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ волоияти қонун таъмин карда мешавад.

  Конститутсия инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ягона эълон намудааст, ки ин принсип аз марзи муайян ва мавҷудияти низоми ягонаи қонунгузорӣ ва идораи давлатӣ дар тамоми ҳудуди давлат дарак медиҳад. Ин принсип ҳудуди паҳншавии соҳибихтиёрии миллиро дар доираи давлат муайян ва таъмин намуда, ҳифзи сарҳади давлатиро ҳамчун вазифаи асосӣ муайян сохтааст. Ягонагии ҳудуди давлат ва тақсимнашаванда будани он кафили таъмини соҳибихтиёрӣ мебошад. Махсусан дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи сарҳади давлатӣ принсипҳое мебошанд, ки аз ягонагии давлат сарчашма гирифта ҳамчун арзиши миллӣ ташаккул ёфтаанд.

  Чунин нуктаҳои Конститутсия ба таври ғайримустақим баҳри ҳифзи дигар арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд, аммо барои ҳамчун арзиш шакл додани ин онҳо таҳия ва амалӣ намудани як қатор барномаҳо, қабули дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ зарур аст. Яъне ин ғояҳо дар зинаи баъдӣ бо равшантар ҷилва додани андешаҳои миллӣ ва ҷой намудани онҳо дар зеҳни ҷомеа ҳамчун арзиши миллӣ шинохта мешаванд.   

  Таҳавулотҳои сиёсӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки ҷанбаҳои манфии он ҳамчун хатаре ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегарданд, давлатҳои миллиро ҷиҳати ҳифзи ин арзишҳо водор сохта аст. Алалхусус роҳ ёфтани арзишҳои гуногун ба ҳавзаҳои фарҳангӣ ва омезиши онҳо зарурати ҳифз ва таъмини инкишофи арзишҳои миллиро ба миён овардааст. Дар ин хусус Э Геллнер дар асари худ “Пришествие национализма. Мифы нации и класса” чунин менависад, ки: Давлат ва ҳукумат танҳо дар он сурат қонунӣ ҳисобида мешавад, ки фарҳанги махсусро муаррифӣ, ҳимоя ва инкишофи онро таъмин намояд”.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ доираи манфиатҳои миллиро муайян намуда, имкониятҳои инкишофу тараққии фарҳанги миллиро фароҳам сохтааст, ки муҳимтарини ин имкониятҳо ғояҳои Конститутсия ҷиҳати ҳимоя аз арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ҷумла ҳифзи арзишҳои миллӣ дар қолаби аслии он ҳамроҳи умумиятҳои миллӣ аз қабили рамзҳо, забон, фарҳанг ва тарзи зист тавассути кафолатҳои ҳуқуқӣ муҳим мебошанд. Тибқи муқаррароти моддаи 44-и Конститутсия “ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар шахс аст”. Дар баробари ин Қонуни асосии кишвар бевосита ба муҳимияти муқаддасот ва арзишҳои миллӣ ишора намуда, ҳимоя ва таъмини инкишофи онҳоро вазифаи давлат ва миллат қарор додааст. Махсусан эътирофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ баҳри рушди арзишҳои миллати тоҷик маҳсуб мегардад. Забон аз муҳимтарин унсуре мебошад, ки арзишҳои таърихии миллатро бо вазъи кунунӣ пайваст намуда, муҳимияти онҳоро инъикос менамояд. Раванди рушди забони тоҷикӣ дар тӯли чанд садсолаи охир буд, ки миллати тоҷикро баҳри бунёди давлати миллӣ моил ва ноил сохт. Ба даст овардани истиқлоли миллӣ низ аз мавҷудияти забони миллӣ вобаста буда махсусиятҳои давлати миллӣ дар он зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар шароити инкишофи давлатҳои миллӣ зарурати инкишоф додани забони миллӣ меафзояд. Ба ҳайси забони давлатӣ эътироф намудани забони миллӣ доираи инкишофи онро васеъ намуда, дар ин миён роҳандозӣ намудани воситаҳо ҷиҳати рушд ва инкишофи он дар дохил ва берун аз давлат муфид мебошад. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо ҳимоя, балки муаррифӣ ва тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ низ муҳим мебошад. Алалхусус мавқеъсози дар ҳавзаҳои фарҳангӣ баҳри арзишҳои миллӣ, инчунин дарёфти роҳу воситаҳо ҷиҳати рушд ва ҳифзи онҳо аз масоилҳои мубрам ба шумор мераванд. Имрӯз давлатҳо бо истифода аз зарфияти иқтисодӣ инкишофи забони миллиашонро берун аз давлат роҳандозӣ менамоянд. Ин ҷараён на танҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳудуди забони онҳо мебошад, балки бад-ин васила минтақаҳои гуногунро таҳти нуфузи худ қарор медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир инкишофи забони миллӣ василаи рушди иқтисоди миллӣ қарор гирифта аст. Ҳимояи забон ҳамчун арзиши миллӣ унсури мукаммалсозии пояҳои давлати миллӣ буда, таъмини рушди мунтазами он яке аз абзорҳои  мустаҳкам намудани истиқлоли миллӣ мебошад.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, ки як қатор меъёрҳои он аз қабили давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократи, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро муайян сохта,  ҳамчун арзиши миллӣ шакл гирифтаанд, баҳри ташаккули давлати миллӣ хидмат менамоянд. Вале бо назардошти таҳаввулотҳо дар фазои сиёсии ҷаҳони имрӯза ва зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар қиболи хатароти рӯзафзун, лозим аст ҷиҳати мустаҳкам намудани ҷойгоҳи миллат дар дохили давлат, мафҳуми давлати миллӣ дар илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ васеъ истифода шуда ба сифати як мафҳуми илми пазируфта ва бо як таърифи мушаххас маънии он баён гардад. Дар ин замина ҷой додани ин мафҳум дар низоми қонунгузори, алалхусус мустақиман дар сатҳи Конститутсия эътироф намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ амри зарури мебошад.  Дар ҳоли ҳозир аксар давлатҳо хусусан давлатҳои пасошӯравӣ  дар Конститутсияи хеш мавқеи миллат ва миллӣ будани давлатро муайян сохтаанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ чунин иқдомҳо қобили қабул мебошанд. Ҳатто дар Конститутсияи нави Федератсияи Россия истилоҳи соли 2020 бо вуҷуди  давлати сермиллат ва федералӣ будан ба халқи рус мақоми махсуси ’миллати давлатсоз’ государствообразующая нация дода шудааст, ки тарҷумаи дурусти он ’миллати соҳиби давлат’ мебошад.  Аз ин рӯ, лозим аст то барои ҳифзи арзишҳои миллӣ унсурҳои қонунгузориро истифода намуда ба ин тарз системаи сиёсии давлатиро ба сифати системаи миллӣ рушд бидиҳем. Ин омилҳо на фақат барои ҳифзи арзишҳои миллӣ муфид буда метавонанд, балки ҷиҳати рушди минбаъдаи онҳо шароит фароҳам оварда, кафили бақои давлати миллӣ мебошанд

 

НУСРАТУЛЛОИ  НАЗАРИЁН

донишҷӯйи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДМТ

 

Хондан 1583 маротиба