JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Декабри 2021 08:25

Нигоҳе ба фаъолиятҳои равшанфикрона дар ашъори Абдурраҳмони Мушфиқӣ

Муаллиф: Комил БЕКЗОДА., Дидавар БЕКЗОДА

  Абдурраҳмони Мушфиқӣ (1525-1588) аз намояндагони бузурги ҳаёти маданӣ-адабии нимаи дуюми асри ХVI тоҷик буда, бо мероси ғании адабӣ ва хислати эҷодиёти худ дар таърихи адабиёт ва маънавиёти ин аср ва умуман фарҳанги асрҳои ХVI-ХIХ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ омадааст, ки «Мавлоно Мушфиқӣ аз шоирони машҳур аст, дар гуфтани анвои шеър салиқааш накӯст, қасоиди хуб ва ашъори марғуб дорад. Дар ҳиҷо гуфтан табъаш ба тавре диққат менамояд, ки маълум нест, ки касе адили (ҳамвазни) ӯ буда бошад»[1]. Чунонки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Мушфиқӣ дар ҳиҷо (ҳаҷв) гуфтан табъи болиғ дошта ва дар ин майдон бебадал ва бемонанд будааст. Ба ҳама маълум аст, ки ҳаҷв ба худии худ дар ҳама давру замон ва дар байни ҳама қавму миллатҳо баёнгари эътирози иҷтимоӣ буда, зимнан шоир аз ҳуқуқи поймолшудаи табақаҳои мазлум пуштибонӣ менамояд.

  Мутрибӣ (асри ХVI) дар «Тазкират-уш-шифо»-и худ мегӯяд: «Мушфиқӣ аз шуарои муътабари беназир аст ва ашъори худаш бағоят оламгир, хусусан ҳаҷвҳои ӯ аҷаб дилпазир. Аксар аз тавсиф аҳли оламро ҳаҷв карда».[2] Воқеан ҳамаи давру замон аз камбуду нуқсон холӣ нест. Ин ҳам табиӣ аст, ки эҷодкорони ҳассос дар нисбати ин нуқсонҳои зиндагӣ садои эътирози худро баланд мекунанд. Ҳамаи инро бояд аз равиши маъмулии рӯзгор шуморид. Вале ин ҷо байни эҷодкорон бояд фарқ гузошт. Эҷодкороне ҳастанд, ки ба андозаи вуҷуди нуқсон эътирози худро баланд мекунанд ва аз ин ҳарду андоза пой берун намегузоранд. Вале дар мисоли Абдурраҳмони Мушфиқӣ бояд гуфт, ки ӯ табиатан ва ба таври фитрӣ ба танқиду мазаммат ва ҳаҷву мутоиба майл доштааст. Ҳатто дар ҷое, ки эҳтиёҷе ба хурдагирӣ набуда, Мушфиқӣ сухани ҳаҷвӣ пайдо мекардааст.

  Маълум аст, ки дар замонҳои пешин робитаи адабии Осиёи Миёна ва Эрон, бо форсизабонони Ҳиндустон хеле ривоҷ доштааст. Бисёриҳо аз аҳли адаб ба он диёри афсонавӣ сайру сайёҳат карда меомаданд. Ва дар ашъори худ Ҳиндустонро ситоиш намуда, аз фазилатҳои мардуми он сарзамин ёдовар мешудаанд. Ба навиштаи тазкиранависон Мушфиқӣ ду бор ба Ҳинд рафта, боз гаштааст. Абдулқодир ибни Маликшоҳи Бадоунӣ дар «Мунтахаб-ут-таворих»-и худ мегӯяд: «Мушфиқии Бухороӣ аслан аз Марв аст. Баъзе мардум дар қасида ӯро Салмони замон медонанд. Забони ҳаҷви рақиқ (нозук) дорад ва аз ҳаҷвҳои малеҳи ӯ ин қитъа аст, ки дар мартабаи охир ба Ҳинд омада ва гуфта:

Кишвари Ҳинд шаккаристон нест,

Тӯтиёнаш шакарфурӯш ҳама.

Ҳиндувони сиёҳ чун магасон,

Чирабанду[3] накучапӯш ҳама».[4]

  Ин мисол ба ин маънӣ зикр шуд, ки мавзӯи интихобкардаи Мушфиқӣ аслан барои ҳаҷв созгор нест, вале табиати фикрии ӯ, ки бо ҳаҷву хӯрдагирӣ моил аст, аз чунин мавзӯи маълуме мазмуни ҳаҷвӣ пайдо кардааст. Дар зиндагӣ ҳолатҳои дигаре ҳаст, ки ҳарчанд барои ҳаҷв замина бошад ҳам, ба хотир ва эътибороти муносибатҳои инсонӣ, шахси одӣ ҷасорат намекунад, ки аз ҷодаи маъмул берун равад. Вале Мушфиқӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои оддӣ, маъмулӣ ва анъанавӣ нест. Ӯ дорои завқи шахсист, ҷаҳонро бо чашми худ мебинад. Хайру шарри онро бо меъёрҳои фалсафаи шахсии худ қиёс мекунад. Муаллифи «Хайр-ул-баён» Хусайн ибни Ғиёсиддин мегӯяд: «Мавлонои мазбур (Мушфиқӣ) шоире ҳунарвар ва надиме номвар буд... Ҳамвора бо шайхҳои сӯфияи Бухоро ҳамсӯҳбат буда. Вақте аз Қосимшайх, ки хоқони Туркистон ғошия (итоат) ва хидмати ӯ бар души дил доштанд, пӯстине талаб намуда, шайх пустинро ба вай дод. Мушфиқӣ ин қитъаро дар ҳаққи шайх гуфта, фиристод. Қитъа:

Ҳаст Қосим шайхи афъисирате,

Рафтаму чун мор афсун кардамаш.

Пӯстине дошт, бигрифтам аз ӯ,

Ҳамчу мор аз пӯст берун кардамаш.[5]

  Албатта, дар ин ҳолат аксар гумон мекунанд, ки нисбат ба шайх, ки аз зимомдорони давр аст, тохта ва ӯро мавриди накӯҳиш қарор додааст. Ин ақида то андозае аз ҳақиқат бархурдор аст. Вале ҳақиқати кӯлл нест. Сухани ҳақ ин аст, ки Мушфиқӣ, ки табиатан шахси хурдагир будааст дар ин ҳолат ҳам аз паи табиати худ рафтааст. Вагарна шайхи бечора (шояд аз тарси ҳаҷвҳои Мушфиқӣ!) пӯстинашро ба Мушфиқӣ додааст. Агар каси дигар мебуд, албатта дар васфи шайх мадҳия менавишт. Вале Мушфиқӣ Мушфиқист! Ҳам пӯстинро мегираду ва ҳам соҳиби ӯро масхара мекунад! Ин аз рӯи инсоф нест. Вале чи илоҷ. Табиати ҳунари эҷодӣ, ки модарзод бошад, чунин аст! Ин шарҳ дар сатҳи хеле одӣ ва маълумии ҳамарӯзаи зиндагӣ аст. Агар ба олами пурпечу тоби эҷодӣ ва ҳунарӣ назар афканем, хоҳем дид, ки қувваи барангезандаи ин ҳаҷвия чизи дигар будааст. Ба гумони мо маҳз худи пӯстин ва сирати шайх Қосим (ва ба ақидаи Мушфиқӣ ҳамаи шайхҳо!) он образи маъруфи морро, афъиро, дар хаёли ӯ зинда карда, ба илова пӯст партофтани мор ба ин мавзӯъ як тобиши наве додааст, ки Мушфиқӣ аз танқиди шайх худдорӣ карда натавонистааст. Дар ин сурат агар мо даъво кунем, ки Мушфиқӣ нисбат ба зулми иҷтимоии замони худ садои эътироз баланд кардааст, ин даъвои мо сад дар сад дуруст нест. Шояд сӣ фи сад дуруст бошад. Ва ҳафтод фӣ сади онро майли фитрии худи Мушфиқӣ ташкил медиҳад, ки ба ҳама ҳодисоти оламу одам бо чашме хурдабин менигарист. Аз ин гузашта ба гувоҳи сарчашмаҳо (масалан, Дарвешалии Чангӣ дар «Тӯҳфат-ус-сурур»), Мушфиқӣ дар ситоиши шоҳони замони худ қасидаҳо сурудааст. Мантиқист, ки бипурсем: Чӣ маъно дорад ин ҳолат, ки як нафар шоир ҳам мадҳия менависаду ҳам ҳаҷвия? Маро ақида бар ин аст, ки мадҳияҳои ӯ низ моҳиятан як навъ ҳаҷвия мебошанд. Вале ҳамзамонон ва мамдуҳ ин масъалаи нозукро пай намебаранд. Таъриф ва мадҳу ситоиш ба гуфтаи Дейл Корнегӣ, равоншиноси маъруфи амрикоӣ, хосияти сирояткунанда дошта, дигар тоқати муқовиматро аз даст медиҳад ва он тавсифро ба куллӣ ва сад дар сад қабул мекунад. Дар сурате, ки гӯяндаи мадҳ дар мисоли мо Мушфиқӣ ба мадҳи худ ин арзишро қоил нест. Чаро ки майлу хоҳиши ботинии ӯ ҳаҷв ва истеҳзо мебошад. Ин аст, ки мо ҳамаи эҷодиёти Мушфиқиро иборат аз ҳаҷву танқид дониста, баъд аз он меандешем, ки чанд фи сади он ба иҷтимоъ дахл дораду чанд фи сади он самараи табъи ҳаҷвпарасти модарзоди ӯ будааст.

 Аҳмад Амини Розӣ дар тазкираи «Ҳафт иқлим»-и худ доир ба Мушфиқӣ мегӯяд: «Мавлоно Мушфиқӣ дар Бухоро мутаваллид шуда ва дар ҳамон ҷо фавт гашта. Вайро дар қасида Салмони аср мегуфтанд. Ва аксари ашъораш дар тибати турфагист». Ба ибораи ахир таваҷҷуҳ шавад: Турфагӣ - маънои ин ибораро дар баёзи «Таърихи Саидроқим» меёбад, ки мегӯяд: «...аммо дар ҳунари ҳаҷвиягӯйи тазаввуҳ ва мусобиқат аз ақрон, балки аз тамоми оламиён бурда. Аз абнои замон ва амосил, балки аз уламои киром ва афозил касе намонда, ки новаки (тири) алмоси ҳаҷви ӯ ҳадафвор бар ҷигари ӯ нахалида ва заҳроби ҳиҷои (ҳаҷви) ӯ дамодам начашида».[6]

  Воқеан тазкиранависон дар маҳду ситоиши Мушфиқӣ бахилӣ накардаанд. Вале сухани гуфтанӣ ин аст, ки симои маънавии Мушфиқӣ аз рӯи гуфтаи онҳо хеле зиддиятнок ба назар мерасад. Аз як тараф, ӯро «амлаҳ-уз-зурафо» (=зарифтарини зарифон), афсаҳ-уш-шуаро (=фасеҳтарини шоирон) номида, аз ҷониби дигар, мегӯянд, ки «Мушфиқӣ дар ашъори номулоим навиштан машҳур буд» (аз «Хайр-ул-баён») ва ин рубоиро гувоҳи «дар ҳаҷву мутоиба беназир буданаш» зикр менамоянд:

                  Эй духтари қозӣ, ки чу маҳ метобӣ,

                  Гавҳар набувад мисли ту дар хушобӣ.

                  Гар акси ту аз дарича дар об афтад,

                  Меҷунбаду[7] чарт[8] мезанад мурғобӣ.

  Гумон намекунам, ки дар навиштани ин қабил ашъор Мушфиқӣ садои эътирози иҷтимоии худро баланд карда бошад. Вай танҳо ҳунари ҳаҷвнигории худро ба намоиш гузоштаасту бас. Замони зиндагии Мушфиқӣ (1525-1588) ба давраҳои ҳукмронии хонадони Шайбониён дар Осиёи Миёна рост меояд. Ба навиштаи тазкиранависон дар ин замон «ҳаҷву мутоибагӯӣ хеле тараққӣ мекунад. Намояндагони он Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Шӯхии Бухороӣ, Маҳрумии Бухороӣ, Зардаки Ҳисорӣ мебошанд. Зардаки Ҳисорӣ, мувофиқи ахбори Мутрибӣ, дар ҳазлу мутоиба то ба он дараҷае дилбаста будааст, ки писарашро Шалғамӣ ва духтарашро Калтакӣ ном гузошта будааст».[9] Ин иқтибосро барои он овардам, то нишон диҳам, ки кори ҳазлу мутоиба ба дараҷаи ифрот расида, ба ҷои ислоҳи ҷомеа, ҷомеаро фосид мекунад. Мутаассифона, мунаққидони асримиёнагии мо аксар аз ин қабил будаанд. Кор ба дараҷае мерасида, ки ҳатто аҳли фазли он замон ҳам якдигарро мавриди ҳазлу шӯхиҳои шохдор қарор медодаанд. Масалан, Мутрибии тазкиранавис оид ба Шӯхӣ чунин менависад: «Исмаш Муҳаммад Латиф аст. Бисёр хурдсол буд ва дар мулозимати Маҳдуми Ҳасанхоҷаи Нисорӣ касби фазилат менамуд... Аҷоиб шӯх ва мутаҳаррик буд ва қоидаи шӯхиро аз ҳадди эътидол мегузаронид ва ин фақирро (Мутрибиро) ба мазоҳ бисёр ранҷа медошт. Рӯзе ба тақрибе ин байтро дар хизмати Махдумӣ ба вай хондам:

Шӯхӣ, ки мисоли гурба шӯх аст,

Назди фузало кам аз кулӯх аст».

  Аз ин гуфта чунин бармеояд, ки шӯхӣ ва ҳавҷ аз омили танқиди нуқсонҳои иҷтимоӣ дида, бештар василаи касби шӯҳрат ва худнамоӣ қарор гирифтааст. Аз ҷониби дигар «назди фузало кам аз кулӯх «гуфтани Мутрибӣ дар нисбати Шӯхӣ ба ҷуз маънои ошкор, зимнан баҳои ҳазлу шӯхиро низ додааст. Ва ин басо хуб ҳам додааст. Ногуфта намонад, ки шӯхӣ ва ҳазл он гоҳ рисолати иҷтимоии худро иҷро карда метавонад, ки агар шӯхии созанда бошад. Моҳияти нуқсонеро ошкор намуда, роҳи ислоҳи онро нишон диҳад. Агар чунин набошад, пас он шӯхӣ ва интиқод ба ҷои фоида ба мардум, зарар бор меоварад. То ин ҷо мо танҳо ба шӯхиҳои зараровари Мушфиқӣ сару кор дорем. Чаро ки ӯ шахсонеро мавриди хурдагирӣ қарор додааст, ки аз назари иҷтимоӣ камбуде надоранд. Барои мисол бояд зикр кард, ки худи Мутрибии тазкиранавис дар хидмати илму адаб буд, вале Шӯхии шоир ба ин ҷиҳати асосии фаъолияти ӯ нигоҳ накарда, вайро ҳадафи тири ҳаҷву истеҳзо қарор додааст. Мутрибӣ мегӯяд: «Маро ба мазоҳ бисёр ранҷа медошт»... Дар ин ҳолатҳо барои муҳаққиқ мушкилие пеш меояд, ки ин ё он намояндаро чи тавр арзёбӣ кард ва ба кадом ҷараён мансуб донист. Ба ин муносибат муҳаққиқи фозили ҳаёт ва эҷодиёти Мушфиқӣ, устод Зоҳир Аҳрорӣ менависад: «Бояд қайд намуд, ки дар адабиёти асри ХVI тоҷик ҳамчун дигар давраҳои гузаштаи адабиёт ду ҷараёни аз ҷаҳати ғоявӣ зиддиҳамдигар - адабиёти дарборӣ - феодалӣ ва адабиёти аз нуқтаи назари ғоя, маром ва мақсади худ пешқадам - адабиёти халқиро мушоҳида менамоем.

  Адабиёти дарборӣ, ки дар доираи ҳамон мавзӯъҳои кӯҳна ва шахшудаи хоси дарбории феодалӣ маҳдуд гардида буд, дар адабиёт мавзӯи мадҳи табақаи ҳоким, ҳамду санои ҷоҳу ҷалоли вай, шукӯҳ ва азамати давлати он буд. Мақсади ин адабиёт ташвиқ ва ба ин восита мустаҳкам сохтани иқтидори сиёсӣ ва сохти давлатдории синфи ҳоким буд. Дар муқобили ин, адабиёти берун аз дарбор - адабиёти доираи ҳаёти ҳунармандӣ бо мавзӯъҳои тозаи ҳаётӣ бештар майл намуда, идеалҳои халқӣ, идеологияи зиддифеодалии шаҳрҳоро ифода менамуд. Дар ин ҷо ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки дар эҷодиёти баъзе аз шоирони дарборӣ, ки бо тақозои зарурате ба дарбор дохил гардидаанд, дар баробари равияи адабии хоси дарборӣ, мо равияҳои халқӣ, анъанаҳои пешқадамонаи адабиётро, ки бо зиндагонии оммаи меҳнаткаши давр сахт алоқаманд буданд, равшан мебинем. Масалан, дар эҷодиёти яке аз намояндагони бузурги ҳаёти адабии ин давра Абдурраҳмони Мушфиқӣ, ки қисми зиёди ҳаёти ӯ дар муҳити дарбории синфи ҳукмрон - хонҳои шайбонӣ ҷараён ёфт, дар баробари мавзӯъҳои мадҳу санои дарборӣ, мавзӯъ ва масъалаҳои хеле муҳими ҳаёти онрӯза, идеяҳои пешқадами халқиро дучор мешавем»[10]. Муҳаққикони гузашта ва муосир (махсусан устод Зоҳир Аҳрорӣ) сабаби ба ашъори мутоибавӣ майл намудани Мушфиқиро «натиҷаи ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзҳои оворагӣ ва дарбории ӯ медонанд. Зеро дар ин вақтҳо ба як гурӯҳи махсуси одамон, ки бо номи олуфтаҳо ё лавандон машҳур буданд, робита ва наздикӣ дошт. Ин гурӯҳ, ки аз ҷавонони табақаҳои гуногуни шаҳр ташкил ёфта буд, ба ҳаёти маишатпарастӣ ва ҳар гуна  беҳудагӯиҳо машғул мешуд. Бесабаб нест, ки лавандон ҳатто радди маъракаи ҷамъияти онвақтаи Бухоро шуда буданд. Дар ашъори мутоибавии шоир таъсири ҳамин гурӯҳ ҳис карда мешавад. Ӯ то як андозае дар шеръҳои ҳаҷвии худ майл ва завқи онҳоро ба назар гирифта будааст»[11]. Мушфиқӣ ба ғайр аз шеърҳои ҳаҷвӣ боз ашъори зиёди мадҳӣ низ таълиф намудааст. Дар саҳифаи 68-уми китоби устод Зоҳир Аҳрорӣ мехонем: «Мушфиқӣ илова бар шеърҳои ҳаҷвӣ, дар мадҳи шахсони ҷудогона, қасидаҳо низ эҷод кардан мегирад. Як қисми қасидаҳои аввалини шоир ба сардори хоҷагони ҷӯйбории Бухоро Муҳаммад Ислом (1494-1563) ва писари вай Хоҷасаъд (ваф.1589), ки пешвоёни ҷараёни тасаввуфии онвақта ҳисоб меёфтанд, бахшида шудаанд. Дар қасидаҳои ба шайхҳои Ҷӯйборӣ навиштааш, Мушфиқӣ алоқамандона бо васфи онҳо, ҳисси эътиқод ва ихлосмандии худро нисбат ба силсилаи рӯҳониён равшан ифода кардааст. Вай дар қасидаи ба Хоҷасаъд бахшидааш худро «дуогӯи дерин» ва ҳатто «хоки дар»-и онҳо мегӯяд:

Мушфиқӣ сад обрӯ аз юмни мадҳи Хоҷа дид,

Аз дуогӯёни дерин, балки хоки ин дар аст».

  Ва муҳаққиқ бар ҳақ таъкид намудааст, ки шоир аз давраҳои аввали фаъолияти худ сар карда, бо баъзе рӯҳониёни калони ҷамъияти вақт алоқа пайдо намуда, муддатҳои дароз побанди таноби эътиқоди онҳо монда будааст. Хулоса, Мушфиқӣ ҳам ҳаҷв мекардаасту ҳам мадҳ. Аз аҳли замон ҳам розӣ будаасту ҳам норозӣ.

  Акнун ба таври конкрет ва мушаххас бояд дид, ки ин интиқод, эътироз, мутоибот, ҳаҷвиёт ва хурдагириҳои ӯ аз назари фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ чи арзише доранд. Якум. Як силсила масоил дар рӯзгори Мушфиқӣ ба ин шакл аст, ки ӯ мамдуҳеро ситоиш намуда ва он мамдуҳ фармон додааст, ки ба шоир фалон чизро инъом кунанд. Вале дарбориён он чизи инъомшударо пурра ба Мушфиқӣ надодаанд ва ҳиссае аз онро аз худ намудаанд. Мушфиқӣ такроран ба мамдуҳ, доир ба ин масъала шикоят намудааст. Дар китобҳои дарсӣ ва таҳқиқот аввалбайтҳои бисёре аз ин порчаҳои шеъриро зикр намудаанд. Вале мо барои иҷтиноб аз такрор онҳоро зикр намекунем ва барои намуна яке аз ин пора шеърҳоеро зикр мекунем, ки беҳтарин баёнгари вазъи иҷтимоии замони Мушфиқӣ мебошад. Аз тарафи дигар, нуқтаи назари худи Мушфиқӣ доир ба аҳли замони худ возеҳу равшан ифода ёфтааст. Мушфиқӣ ба мамдуҳ хитоб мекунад:

                  Хусраво, ин гурӯҳи бемаънӣ,

                  Чанд гӯм сухан намешунаванд.

                  Нокасон сад даҳон яке карда,

                  Аз касе як даҳан намешунаванд.

                  Он чи фармони нӯки килки ту буд,

                  Ин ду се қаҳбазан намешунаванд.

                  Бо забони қалам ту боз бигӯ,

                  Ман, ки гӯям, зи ман намешунаванд».[12]

Аз ин пора шеър чи хулоса метавон баровард?

Хулосаҳои зиёд, вале муҳимтаринашон ин ки:

- Худи мамдуҳ ҳам аз қабили ин гурӯҳи бемаънӣ мебошад, вале Мушфиқӣ ин маъниро ё намедонад ва ё дидаю дониста худро ба нодонӣ мезанад ва аз ӯ такроран инъомро дархост менамояд;

- Аз он ки ҳамаи дарбор «нокасонанд» ҷои шакку шубҳа нест. Вале Мушфиқӣ дидаю дониста, онҳоро мадҳ мекунаду аз онҳо инъом гирифтанӣ мешавад. Мо мепурсем, ки аз ростӣ Мушфиқӣ, ки будани онҳоро намедонад? Ба гумони мо медонад, вале, ба фикри Мушфиқӣ, роҳи дигаре ба ҷуз қасидасароӣ надоштааст. Аммо ин ақидаи ӯ дуруст нест. Ӯ ба ҳолати як шахси бефаъолият дучор шуда, ки ба ҷуз ҳамин ихтисоси маҳдуди худ, дар ин ҷаҳони бузург роҳи дигареро намешинохтааст. Айб аз худи Мушфиқӣ буд. Ӯ худро ба роботи ҳаҷвнигору мадҳиясаро мубаддал карда буд. Ин ҳолат дар бисёр инсонҳо ба вуқӯъ мепайвандад ва онҳо мисли он ки ба тилисме дучор омада бошанд, ҳеҷ роҳи баромаде намеёбанд. Ин ҳолатро файласуфи Англия Колин Вилсон дар китоби «Шеър ва тасаввуф» ҳолати роботӣ меномад, ки аксари аҳли сӯфия гирифтори ин ҳолат будаанд.

- Албатта мо аз хилоли таънаю маломатҳои Мушфиқӣ, аз вазъи иҷтимоии замони ӯ огоҳ мегардем ва то дараҷае ҳаҷвиёти ӯро чун эътирози иҷтимоӣ қабул менамоем. Ба ин маънӣ, ки Мушфиқӣ ҳамчун шахсият дар он рӯзгор роҳи худро ихтиёран чун шоир интихоб кард. Агар ҷамъият солеҳ бошад, бояд барои шоир ҳам имконияти фаъолият ва зиндагӣ диҳад. Вале дар мисоли Мушфиқӣ мебинем, ки ҷамъият ӯро қабул карданӣ нест ва ӯ аз ин муомилаи дурушти иҷтимоӣ ранҷ мебарад.

Дуюм.  Фаъолияти интиқодии Мушфиқӣ аз назари фалсафӣ чи маънӣ дорад?

- Чунин ба назар мерасад, ки Мушфиқӣ наметавонистааст аз сатҳи маънавиёти замони худ болотар барояд. Ҳарчанд сӯфию шайху аҳли дарборро танқид мекунад, вале дар масъалаҳои асосӣ ва усулӣ боз тобеъи идеологияи онҳо мебошад.

- Мушфиқӣ чун шахсияти эҷодкор, дорои сирати  маънавии ба куллӣ устувор нест. Ҳамеша дар навасон ва калавиш аст. Калавишҳои идеявӣ. Аз идеологияи замон розӣ нест. Вале худаш ҳам чизи наве ба ҷои он идеология пешниҳод карда наметавонад. Сӯфиёнро танқид мекунад ва дар ҷои дигар худро дар назди яке аз онҳо чунин тасвир менамояд:

      Таманно мекунам то зери поят хоки роҳ гардам,

      Таманнои дигар, к-аз гарди ман доман наяфшонӣ.[13]

Дар нисбати эҷодкор ин бадтарин ҳолатест, ки идеологияи ҳукмронро танқид кунию боз аз вай чашми бахшоиш дошта бошӣ. Мушфиқӣ маҳз ба чунин ҳолат дучор шуда буд. Мушфиқӣ бешак дар ашъори худ аз ғояҳои башардӯстона пуштибонӣ менамуд.

Пас, гуманизми Мушфиқӣ дар чи ифода меёбад?

- Мушфиқӣ пеш аз ҳама аз ҳуқуқи хеш дифоъ менамояд ва ҳолати худро дар шаъни ҳар як инсони озода, раво намедонад. Мегӯяд:

                  Аз Мушфиқии дилшуда бечоратаре нест,

                  Бо ӯ ҳама кас душману ӯ бекасу танҳо.

Ва ё:

      Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,

      Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам.

      Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,

      Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам?!

  Сабаби ин ҳолатро муҳаққиқи фозил Зоҳир Аҳрорӣ чунин шарҳ медиҳад, ки мо низ бо ӯ ҳамфикрем: «Истеъдоди бузурги шоирӣ, доноӣ ва ҷавонмардии ӯ, эътибор ва шӯҳрати дар байни мардум доштааш, боиси душманӣ ва рақобати ҳасудон гардид».[14]

  Мушфиқӣ баракси бисёре аз шоирони пешгузашта ва ҳамзамонаш, ки ғазалиёти худро аксар ба мавзӯъҳои ишқи сӯфиёна мебахшиданд, «ӯ мавзӯи асосии лирика - ишқу муҳаббатро бештар ба сӯи зиндагии воқеӣ равона намуда, онро дар доираи муносибатҳои ишқу ошиқии байни инсонӣ ҳал менамояд»[15].

Мушфиқӣ бе лоларӯёни Самарқанд ин қадар,

Сӯхтан, к-аз доғҳо шуд синаам нақши ҷаҳон[16].

  Ин тамоюлро дар ашъори Мушфиқӣ метавон аз ғояҳои гуманистии ӯ ба шумор овард. Ишқи заминӣ будани ишқи Мушфиқӣ аз он бармеояд, ки вай ишқи поки инсониро бар ҳавову ҳаваси нопойдор муқобил гузошта, ин ду мафҳуми муносибати байни ҳамдигарии одамонро шарҳ дода мегузарад:

Ҳавас дигар буваду орзӯи ишқ дигар,

                 Ҳавас муҳаббати ом асту ишқ маънии хос[17].

Реализм ва воқеъбинии шоир ба дараҷаест, ки ҳатто оқибатҳои вазнин ва ногувори ишқро низ хотирнишон менамояд:

                  Ишқ хун хӯрдану ҳайрон шуданӣ ҳам дорад,

                  Ҳама хуб аст, пушаймон шуданӣ ҳам дорад.

                  Нест кӯи ту зи ғавғои рақибон холӣ,

                  Ҳамзамон дасту гиребон шуданӣ ҳам дорад.

 Шоир ҳам аз ҷониби худ ва ҳам аз ҷониби аҳли олам садои эътироз баланд мекунад, ки дар ин ҷаҳон номе аз адолат боқӣ намонда ва ҳамаи аҳли олам гирифтори ғаму андӯҳ мебошанд:

Аз ту халосӣ, эй ғам надидам,

Бо ман чи дорӣ? Дидам? Надидам!

Ва ё:

Як дил ки бошад, бе доғи ҳасрат,

Дар лолазори олам надидам[18].

  Шоир ба сифати як инсон дар он давр зиндагӣ мекард ва ранҷ мебурд. Масъалаи ранҷ бурдани Мушфиқӣ аз шикоятҳои фаровони вай маълум аст, ки шояд касе аз бузургони адаби гузаштаи мо ба андозаи ӯ шикоят нанавишта бошад. Муҳаққиқи фозили тоҷик устод Зоҳир Аҳрорӣ ин мавзӯъро дар эҷодиёти Мушфиқӣ метавон гуфт бо обутоб, хеле нишонрас шарҳу тавзеҳ додааст, ки беҳтарашро пайдо кардан мушкил аст. Мушфиқӣ аз ҳама шикоят мекунад ва бардавом менолад. Аз барои шикояту нолиш сабабҳои воқеӣ вуҷуд доранд. Мо инро сад дар сад эътироф мекунем. Ва садҳо байти шоир низ гувоҳи ин ҳоланд. Вале... мепурсем, ки мушкилӣ танҳо ба сари Мушфиқӣ омаду дигарон дар канор буданд? Чаро Мушфиқӣ нисбат ба мушкилоти рӯзгор ба ин андоза ҳассосият  нишон медиҳад?

  Мо аз диди равоншиносӣ ва равонковии фалсафӣ чунин мешуморем, ки шикоятҳои бардавоми Мушфиқӣ дорои решаҳои амиқанд. Чи тавр? Дар тарҷимаи ҳоли ӯ хондем, ки ӯ аз илмҳои ҳикмат (фалсафӣ) ба куллӣ огоҳ буда ва дар баъзе аз онҳо забардаст низ будааст. Аз падару модар ятим мондани ӯро низ бояд яке аз омилҳои муҳими ин шикоятҳо донист, ки шоир ба таври нохудогоҳ аз ин мусибати шахсӣ рӯҳан ранҷ мебурдааст:

                  Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,

                  Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

  Шоир дар заминаи огоҳиҳои фалсафии худ ва нокомиҳои шахсӣ дар мисоли фавти бармаҳали падару модар ба эътирози вуҷудӣ (фалсафӣ) омада расидааст, ки ҳеҷ як барору комёбии эҷодиаш виҷдони ӯро қонеъ кунонида наметавонистааст. Ин ангезаи ботинии ӯ буд. Вале сабабгорони зоҳирии ин ранҷи вуҷудӣ шахсони мушаххаси даврони ӯ буданд. Воқеан барои инсони асри ХVI ин ҳолат асрорангез ва муаммогуна аст! Шоир дар ҷое ба ин маънӣ ишора мекунад:

 Султон сухан аз силоҳу зар мегӯяд,

Тоҷир сухан аз суду сафар мегӯяд.

Дар ҳар сухане шеваи мо тадбир аст,

Тақдир, вале ҳарфи дигар мегӯяд[19].

  Шоир дар мисраи чаҳорум эътироф дорад, ки тадбирҳои одамӣ барои чора кардани тақдир кофӣ ва басанда нестанд!

  Ана ин аст асл ва ҷавҳари нолиш ва таҳтушшуури шоир ки ангезае мегардад, ки ҳамаи хубиҳои ҷаҳонро бо чашми ӯ чун шаби ялдо тираву тор нишон медиҳад. Ва ба гумони мо чунин ҳам шудааст. Дар ин замина ба хулосае мерасем, ки арзу шикоятҳои Мушфиқӣ камтар ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, бештар ангезаи вуҷудӣ-фалсафӣ доштаанд. Бо таъкиди мукаррар бар ин маънӣ ки зоҳиран сабабгори шикоятҳои шоир инсонҳои конкретии муосири ӯ будаанд. Чунин ҳам мешавад, ки аз дарди дандоне шикоят мекунию аммо табиб дандони дигаратро меканад! Чаро? Барои он ки худат намедонистаӣ, ки аслан дандони дардмандат кадом аст! Дар зиндагии маънавии инсонҳо низ чунин ҳодиса шуданаш аз эҳтимол дур нест. Мо ҳам гуфтанӣ ҳастем, ки худи Мушфиқӣ решаи дарди худро намедонист ва ҳамвора аз касоне шикоят мекард, ки дар асл сабабгори нокомиҳои ӯ набуданд! Вагарна ба ӯ чи тавр даст дод, ки бо ин ҳама аҳволи бад девони мутоибот, ду девони ғазалиёт, се маснавӣ («Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннома») таълиф менамояд?! Ҷавоб ҳамон аст, ки гуфтем: Агар дарди фалсафӣ намедошт, бо як ду қасида ҳам метавонист дар дарбори ин ё он амир ё хон зиндагии осудаҳолона ба сар барад. Вале Мушфиқӣ бе танқиду ҳаҷв ва бе хурдагириҳои бардавом зиндагӣ кардан наметавонист. Маҳз ҳамин табиати созишнопазири ӯ буд, ки ҳамаро дар нисбати дӯстӣ ва рафоқат бо ӯ бадгумон мекард. Ва ҳама ӯро тарк мекарданд... Ва ӯ бо қувваи таҳдиди сухани тунду тез беҳуда кӯшиш мекард, ки муосирони бузургу кӯчаки худро бо хеш ром кунад. Ин гуноҳи модарзоди ӯ набуд. Ин ҳадяи дунёи ятимӣ ва омӯзишҳои амиқи фалсафии ӯ буданд. Ин аст, ки сухани ӯ воқеан хеле устувор ва маънояш аз умқе фалсафӣ бархурдор мебошад. Ҳамин тавр хулосаҳои ин баҳси мухтасари мо дар мавзӯи ғояҳои башардӯстӣ ва эътирози иҷтимоӣ дар осори Абдурраҳмони Мушфиқӣ ба қарори зайл аст:

  Якум, эҷодиёти Мушфиқӣ моҳиятан гуманистӣ мебошад. Ӯ дар ашъори худ ҳам аз худ ва ҳам аз дигар мардуми одӣ дифоъ мекунад. Вале гуманизми ӯ суботкорона нест. Ба муқобили бедодгариҳои давру замон эътирози худро баланд мекунад, вале роҳи ислоҳи он нобасомониҳоро нишон дода наметавонад;

  Дуюм, эҷодиёти Мушфиқӣ саршор аз ақидаҳои эътирози иҷтимоӣ мебошад. Вале ин эътироз бештар аз шахсияти маънавии ӯ сарчашма мегирад. Яъне шоир фитратан марде ҳаҷвнигор ва тундгуфтор аст. Решаи ин хислати фардии ӯро мо дар он мебинем, ки дар айёми хурдсолӣ аз падару модар ятим монд ва азобҳои моддӣ ва маънавии бардавом хислати ӯро ба ин қолаб оварда расонданд. Аз тарафи дигар, ба навиштаи сарчашмаҳо, Мушфиқӣ дар ҷавонӣ ба усули фалсафӣ шавқе фаровон дошта, дар ин мавзӯъҳо дорои мутолиоте амиқ ва доманадор будааст. Ба назари мо, ин мутолиоти фалсафӣ фикри Мушфиқиро хеле сайқал дод ва нисбат ба оламу одам назари танқидиро дар вай устувор намуд. Муаллифи «Таърихи Саидроқим» (дастнависи рақами 27 захираи дастхатҳои шарқии АМИТ) хабар медиҳад, ки «Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар илмҳои ҳикмат, ҳайъат, дар фанни нуҷум, рамл ва хусусан илми ҳисоб яке аз саромадони даври худ гардид». Мулоҳиза шавад, ки ҳамаи ин илмҳои номбаршуда аз ҷумлаи илмҳои фалсафӣ мебошанд;

  Сеюм, мо эътироф дорем, ки ашъори Мушфиқӣ саршор аз эътирозоти иҷтимоӣ мебошанд. Вале бар хилофи муҳаққикони дигар, омили асосии барангезиши ин эътирозҳоро на нуқсонҳои сирфи иҷтимоии замони шоир, балки характери шахсии ӯ ва омӯзишҳои доманадори улуми фалсафӣ медонем. Ба ин маъно, таҳлили осори Абдурраҳомони Мушфиқӣ ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳам фалсафӣ дорои аҳамияти бузурги амалӣ ва назарӣ мебошад.

Комил БЕКЗОДА

доктори илмҳои фалсафа

Дидавар БЕКЗОДА

ҷомеашинос

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021 

 

[1] Зоҳир Аҳрорӣ. Мушфиқӣ. (Ҳаёт ва эҷодиёт)-Душанбе, 1978.-С.6.

[2] Ҳамон ҷо.-С.7.

[3] (Чирабанд: дастор ба сар баста. Накучапуш: хушлибос).

[4] З.Аҳрорӣ. Мушфиқӣ.-С.11.

[5] Ҳамон ҷо.-С.13.

[6] З.Аҳрорӣ. Мушфиқӣ.-с.14.

[7] З.Аҳрорӣ. Мушфиқӣ.с.13.

[8] Чарт задан-садои бемаънӣ баровардан.

[9] Ҳамон ҷо.-с.51.

[10] З.Аҳрорӣ. Мушфиқӣ.-с.51.

[11] З.Аҳрорӣ. Мушфиқ.-с.69.

[12] Аҳрорӣ З. Мушфиқӣ.-с.70-71.

[13] Аҳрорӣ З. Мушфиқӣ.-с.68.

[14] Ҳамон ҷо.-с.72.

[15] З.Аҳрорӣ. Мушфиқӣ.-с.123.

[16] Ҳамон ҷо.

[17] Ҳамон ҷо.-с.127.

[18] Аҳрорӣ З. Мушфиқӣ.-с.129.

[19] Ҳамон ҷо.-с.135.

Хондан 1302 маротиба