JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 23 Ноябри 2021 03:49

Парчам рамзи давлатдории миллӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Миллати тоҷик чи гуна дар давраҳои хосси таърихии худ дорои парчам ва нишони хеш буд, дар овони соҳибистиқлоли низ дорои парчами миллӣ худ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари озодии миллӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мегардад, ки дар он таърихи бойю ғанӣ ва ояндаи дӯрахшони миллат таҷҷасум гаштааст. Маҳз бо шарофати бозгашти истиқлол миллати тоҷик дигарбора соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид, ки ин марҳилаи бунёди давлати миллӣ ба шумор мерафт. Дар ин масир ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва рукнҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёби гардид ва зарурати таҷҷасум гардидани онҳо дар рамзҳои давлати дар ин марҳилаи нави давлатдори ба миён омад. Махсусан васл намудани андӯхтаҳои тамаддуни ориёи ба рукнҳои давлатдори, инчунин ифодаёбии онҳо дар рамзҳои давлати аз махсусиятҳои давлати навини тоҷикон мебошад.

  Бо назардошти ин ҳама баъд аз қабули эъломия дар бораи Истиқлолияти давлати аз сӯйи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия дар бораи тартиб додани нӯсхаи нишон ва парчами миллӣ таъсис дода шуд. Баъд аз барраси ва муҳокимаронии тӯлони аз сӯйи вакилон нӯсхаи парчам бо рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар заминаи он қарорҳо дар бораи нишон ва парчами миллӣ қабул гардид. Парчами миллӣ, ки дар рӯйи он се рах кашида шуда, рахи болои аз ранги сурх, рахи сафед аз марказ ва аз поён бошад рахи сабз тасвир ёфтааст баёнгари озодии миллӣ мебошад. Ҳар ранг дар худ олами маъниро ҳифз намуда, дарбаргирандаи хусусиятҳои ҷуғрофи, фарҳангӣ, асосҳои рушди иқтисоди миллӣ, сарчашмаҳои таърихи ва дастовардҳои миллат дар тӯли таърих мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар он арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллӣ дар ҳар ранги он ифода ёфтааст. Рахи болоии парчам, ки аз ранги сурх иборат мебошад, он рамзи зафар ва қудрату тавонмандии давлат мебошад. Ранги сурх яке аз рангҳои маъмули дар парчами давлатҳо мебошад. Миллати тоҷик дар давоми таърихи мавҷудияти худ зарфияти миллиро ҳифз намуда дар муддати соҳибистиқлоли онро тақвият дода аст. Маҳз ҳамин тавонманди миллати тоҷик ки решаҳои таърихи дорад дар ранги сурх иникос гаштааст.

  Ранги сафед-ифодагари сулҳу осоиштагӣ ва дӯстию бародари мебошад. Миллати сулпарвари тоҷик дар таърихи давлатдории худ бо тамоми халқу миллатҳо муносибати ҳасана дошта, имрӯз низ баҳри ҳифзи кишварҳои минтақа талош меварзад. Таъмини сиёсати сулҳҷӯёна яке аз ҳадафҳои асоси ҳукумати мамлакат ба шумор рафта мардуми тоҷик пайваста ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ талош меварзанд. Миллати тоҷик, ки аз қадим мардуми сулҳофар буданд, имрӯз саодати бузурге насиб гаштааст, то дар фазои амнияту осоиштагӣ зиндагӣ намоянд ва ранги сафед низ нишона аз хӯшбахтии мардуми тамаддунофари тоҷик мебошад.

  Ранги сабз-рамзи сарсабзи ва рӯшду инкишоф аст. Дар ин ранг хусусиятҳои ҷуғрофи ва заминаҳои инкишофи иқтисоди мамлакат ифода гашта аст. Ин ранг дар ҳавзаи фарҳанги миллии мо ҷойгоҳи хосе дошта ҳамчун рамзи ороми ва шодмони дар иду ҷашнвораҳо ҳамчун пайки сарсабзи маъмул аст.

  Дар рӯйи ранги сафед, яъне дар маркази парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст. Ин тасвир нишона аз давлатдори ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик мебошад. Бояд тазакур дод, ки фарҳанг ва тавонмандии миллати тоҷик аз давлатдории онҳо дар давоми таърих сарчашма гирифта дар ниҳоят он дар парчами миллӣ бо тасвири тоҷ ва ситораҳо ифода гаштааст.

  Ҳамин тариқ парчами миллии тоҷикон ифодагари мустақилияти давлати буда, чун рамзи  барқарорсозии давлати миллӣ барафрохта шуда аст. Таҷрибаи давлатдории мардуми тоҷик дар парчами миллӣ иникос гашта он аз мавҷудити давлати миллии тоҷикон дарак медиҳад. Давлатдори ба рамзҳои давлати вобастаги дошта онҳо чун рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳури дар модаи 3 дарҷ гардида ҳифз мешаванд.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

донишҷӯйи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДМТ

Хондан 2161 маротиба