JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Ноябри 2021 04:18

Инъикоси дину хурофот дар латифаҳои халқӣ

Муаллиф: Абдуламин МАҶНУНОВ

  Латифа яке аз жанрҳои хеле маълум ва машҳури ҳаҷви халқӣ  мебошад. Қобили тазаккур аст, ки халқ дар ҳамаи давраҳо ба воситаи латифаҳо бар зидди золимони, риёкор, авомфиребон ва душманони худ мубориза бурда, ба онҳо хандаи баланди ғолибонае кардааст. Дар латифа фикр хеле кӯтоҳ, муъҷаз ва возеҳ ифода ёфта, он барои тасвири воқеаву ҳодисаҳои манфӣ ва характери типӣ, шакли хеле муносиб мебошад. Агар дар даврони гузашта хандаи тамасхуромези ин жанр ба муқобили амирон, феодалон ва ҳомиёни дину шариат нигаронида шуда бошад, пас ҳоло он бар зидди ҳодисаву воқеаҳои манфии ҳаёт, хусусият ва ахлоқи ношоями шахсони алоҳида, ки монеаи пешрафтҳои ҳаёт мегарданд, нигаронида шудааст. Аҳамияти тарбиявию ахлоқии латифаҳо дар мубориза бо ҳар гуна монеаҳои ҳаёт ва тарбияи одамон дар  рӯҳи идеалҳои пешқадами ҷомеа пайваста меафзояд.

  Латифаҳои халқӣ айнан, бидуни тағйирот, дар шакли аслиашон истифода шудаанд. Ин латифаҳо ҳанӯз то Инқилоб (баъзан дар давраи муосир) эҷод шуда бошанд ҳам, аз ҷиҳати мавзӯъ то рӯзҳои  мо аҳамияти  худро гум накардаанд ва барои дар рӯҳи ғояҳои пешқадами ҷамъиятӣ тарбия намудани  насли наврас ёрӣ мерасонанд.

  Яке аз мавзӯъҳое, ки дар латифаҳои халқӣ мавқеи намоёну марказиро ишғол мекунад, танқиду тамасхури намояндагони аҳли дин: шайху мулло, эшону хӯҷа, сӯфӣ ва диндорони авомфиреби риёкор мебошад.

  Дин ва ислом ва ҳомиён он дар замони феодализм аз воситаҳои  асосие буд, ки  барои истисмори оммаи васеи халқ ба синфи доро хизмат мекард. Ҳомиёни дин тамоми норасоиҳои зиндагӣ, зулму истисмор ва азобу уқубатҳоро, ки аз тарафи синфи ҳоким ба сари  халқи меҳнаткаш меомад, аз сарнавишту тақдир эълон мекарданд ва  барои дар ҷаҳолату бадбахтӣ нигоҳ доштани мардум кӯшиш намуда, дар  бораи худову расул ҳар шому саҳар сафсата ба гӯши омма мехонданд.

  Он гуна ки Ф. Энглес қайд кардааст, дар асрҳои  миёна “Таълимоти динӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти фикрӣ ҳукмрон буд”. Оре, ба ақлу шуури бошандагони замони феодалӣ дин ва хурофот маҳкам ҷой гирифта, фаъолияти  инсонро бозмедошт ва ақлро тира менамуд.

  В.И.Ленин дар тараққиёти ҷамъият зараровар будани динро қайд  карда, чунин  навишта буд: “Дин яке аз шаклҳои  зулми  маънавиест, ки  дар ҳама ҷо бар оммаҳои халқ, ки  аз кор кардани доимӣ ба нафъи дигарон ва аз мӯҳтоҷию бекасӣ  хору забун мебошанд, фишор меоварад. Касеро ки тамоми умр кор мекунаду мӯҳтоҷӣ  мекашад, дин дар ин дунё ба сабру қаноат кардан меомӯзад, ба  умеди мукофоти илоҳӣ тасаллӣ мебахшад. Дин  афюни халқ  аст. Дин як навъи бӯзаи маънавист, ки ғуломони капитал дар он симои  инсонии худ, талабҳои ба ҳаёт андаке шоистаи инсон доштаи худро ғарқ менамояд”. [В.И. Ленин  Дар бораи дин. Сталинобод, 1957, саҳ.5, 6].

  Бесабаб  нест, ки ба муқобили  таълимоти уламои дин ва хурофоти динӣ, рӯҳониён, аҳкоми шариат, ки гӯлию ҷаҳолатро дар иҷтимоъ ҷорӣ менамуданд, дар як силсила латифаҳои халқӣ хурофот ва догмаҳои дини ислом аксар ба воситаи образи мулло кушода ва ҳал карда мешавад. Мулло дар латифаҳо яке аз типҳои машҳури манфӣ ба шумор рафта, таҷассуми чашмгуруснагӣ, фиребу тазвир ва камхирадӣ мебошад.

  Латифаҳо барои фошу маҳкум намудани таълимоти бардурӯғи динӣ, хислату кирдорҳои манфури рӯҳониён равона карда шуда, дар  тарғибу ташвиқи фикрҳои зиддидинӣ аҳамияти калон доранд. Барои тақвияти гуфтаҳои боло чанд латифаи халқиро меорем:

1. “Боре мардум аз чаппа истода намоз гузоштани Афандиро дида сабаб пурсиданд, гуфт:

   Як умр рӯ ба қабила ниҳодему ба мақсад нарасидем.

2. Гадо ба Афандӣ рӯй оварда гуфт:

-Садақа диҳед, то дуои хайре кунам.

-Дуоят ба гӯши Худо намерасад ва фоидае надорад.

-Аз куҷо медонӣ?

-Агар дуоят фоидае мебахшид, гадо намешудӣ”.

Дар латифаҳои халқӣ бештар муллоҳое ки саводи қазоӣ надоштанду майнаи мардумро бо хурофот заҳролуд карда, аз халқ пулу садақа мегиранд, масхара мешаванд. Халқ  ин гуна муллоҳоро на танҳо барои кундзеҳниву беилмиашон бад медид, балки барои пастфитратӣ ва муфтхӯриашон аз онҳо нафрат дошт:

3. “ Яг шахс муллоя ганда медидас. Аз вай мепурсанд, ки

-Чиба ҳамин муллоя бикушан, аз рӯдаи вай тори танбӯр кунан, бунавозан, “бите, бите, мегӯяд,- гуфта будас».

Дар латифаи дигар ба ҷойи поку муқаддас будани масҷид шак овардани Афандӣ ба гунаи зер ифода ёфтааст:

4. “Дар як қишлоқ масҷиди  намозхонӣ буд. Афандӣ  аз яг ҷо омад, ки  домулло намози дигара азон мегуфт ва кафшоша гифту мачит даромад. Афандӣ ҳам хараша тела карда ба масҷид андохт, домулло ҷанҷол  бардошта:- Хара а мачит б,бурор,-гуфт.

Афандӣ гуфт, ки:-Не! Аз кафши ту хари ман арзон-мӣ? Кафши ту да меҳроби масҷид меистаю хари ман да сутум на- меистад-мӣ?

Кафши туя  чан пул мегира, хари мана  чан пул?!”

Муллою сӯфиҳо барои фиреб додани мардум ҳамеша аз дурӯғ ва ҳилаю найранг худдорӣ намекарданд:

5. “Муллои масҷид пеш аз намоз ба мардум вазъгӯӣ карда мегуфт, ки: Хайр кунен, чи қадаре ки хайр кунен, бо ҳамуқа файзу баракати хонатон зиёд мешава, якатон даҳ мешава. Афандӣ як гов дошт, бурда ба хонаи имом басту: Тахсир, ма гови мара бигиру дуокун, ки якам даҳта шава, гуфт. Чанд руз  гузашту гови Афандӣ даҳ гови  имома гирифта омад. Имом  гов талаб  кард. Афандӣ гуфт: Худат нагуфта будӣ, ки хайр  кунен, якатон даҳ мешава...

6. «Имоми масҷид рӯзе Мушфиқиро дар роҳ нигоҳ дошта гуфт:

   - Мегӯянд, ки ту бо Иблис ошноӣ дорӣ, бигӯ, ки афти Иблис чӣ хел аст?

  Мушфиқӣ оиначаеро аз кисабағалаш бароварда ба дасти имом доду гуфт:

- Ана, афти Иблисро тамошо кун!»

  Ҳар як амалиёти ношоиста макру ҳила, қаллобӣ, фосиқӣ, бадахлоқӣ ва ғайра пеш аз ҳама аз худи шайху мулло сар  мезад. Халқ  дар бораи ин гуна рӯҳониён фосидахлоқ ва қаззобу муттаҳам латифаҳоеро эҷод намуда, онҳоро шармандаю шармсор намуда, ба хилофи ахлоқи вайрони онҳо табиати  пок ва рӯҳи солими аҳли меҳнатро муқобил мегузорад.

Чунин латифаҳои халқӣ то кунун аҳамияти таълимӣ тарбиявӣ ва ахлоқии худро гум накардаанд, зеро дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам хурофот ва хурофтгароӣ идома дорад. Масъулияти аслии мардуми бохирад ва ашхоси огоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ он аст, ки бар муқобили чунин падидаҳои манфии  ҷомеа, ки моро аз пешравӣ бозмедоранд, мубориза баранд. Дар ин амал яке аз василаҳои муҳим ва муассир латифаҳои халқие мебошанд, ки асрҳои аср дар байни оммаи халқ дар истифода мебошанд.

Абдуламин МАҶНУНОВ

номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021

Хондан 1056 маротиба