JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 19 Ноябри 2021 04:58

Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ

Муаллиф: Меҳр СОБИРИЁН

  Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2,3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии  онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии демократии Корея, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон инҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад ва дар ин муддат ба натоиҷи хуби иқтисодиву сиёсӣ даст ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар пойгоҳи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тайван ҳамчун кишвари алоҳида оварда нашудааст. Бо ҳамин сабаб, мо таҳлилҳои омории ин кишварро дар партави таҳлилҳои омории Чин анҷом медиҳем. Аммо, модели иқтисодии ин кишварро метавонем дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем.

 Намояи кишварҳои Осиёи Шарқӣ:

Кишвар
(пойтахт)

Забони расмӣ

Шумораи аҳолӣ(2019)

Масоҳат
(км
. кв)

Содироти асосӣ

Воридоти асосӣ

Арз

Чин (Пекин)

Мандарин

1 397 715 000

9 600 012

Мошинолот

Мошинолот

Юан

Ҷопон (Токио)

Ҷопонӣ

126 264 931

377 970

Мошинолот

Молҳои саноатӣ

Йен

Муғулистон (Уланбатор)

Халха-муғулӣ

3 225 167

1 564 116

Мис

Сӯзишворӣ

Тугрик

Кореяи Шимолӣ (Пхенян)

Куриёӣ

25 666 161

120 540

Маъданҳо

Нафт

Вон

Кореяи Ҷанубӣ (Сеул)

Куриёӣ

51 709 098

100 370

Таҷҳизоти электронӣ

Мошинолот

Вон

Сарчашма: data.worldbank.org

  Аҳамияти мавзӯъ: Минтақаи мо - Осиёи Марказӣ, бо минтақаи Осиёи Шарқӣ ҳаммарз буда, кишварҳои ин ду минтақа додугирифти зиёди тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангиро байни ҳамдигар доранд. Кумакҳо ва сармоягузориҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Шарқӣ (Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон) дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи мо аҳамияти вижа доранд. Дар бозорҳои Осиёи Миёна молу маҳсулоти истеҳсолшуда дар Осиёи Шарқӣ хеле зиёд ҳастанд ва ҳиссаи ин минтақа дар бозорҳои мо то рафт зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, омӯзиши минтақаи Осиёи Шарқӣ ва муайян кардани вижагиҳои ин минтақа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад. Огоҳӣ аз мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ дар кишварҳои алоҳидаи ин минтақа роҳро барои дарки вижагиҳои дигари онҳо ҳамвор месозад. Ҳадаф аз омӯхтани ин минтақа на танҳо пайдо кардани роҳҳои дигари густариш додани равобити иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Шарқӣ, балки кашф кардани роҳу воситаҳое, ки кишварҳои алоҳидаи ин минтақаро ба муваффақиятҳои иқтисодиву сиёсӣ расонидаанд, мебошад. Ин омӯзиш барои кишварҳои рӯ ба рушд имконият медиҳад, ки аз мушкилоти дар пеш истода, дар ростои амалисозии стратегияи рушди худ, огоҳ бошанд ва моделҳои рушди иқтисодии худро дар асоси таҷрибаи бойи кишварҳои ин минтақа таҳия карда, дар амал татбиқ намоянд.

Мавқеи ҷуғрофӣ

  Бо вуҷуди 2,3 дарсади масоҳати хушкии заминро ташкил кардани минтақаи Осиёи Шарқӣ тақрибан нисфи он барои зиндагӣ ва кишоварзӣ номувофиқ аст ва дар нифси дигари он тақрибан 20 дарсади аҳолии кӯраи замин зиндагӣ мекунад. Қисмати ғарбии ин минтақа, ки имрӯз ҳудуди Чин ва Муғулистон мебошад, аз кӯҳҳо ва биёбонҳои сард иборат буда, барои зиндагии инсон он қадар мувофиқ нест. Аммо қисмати шарқии он, махсусан қисмати шарқии Чин, аз ҳамвориҳои васеъи мувофиқ ба кишоварзӣ иборат аст, ки ба иловаи дарёҳои хурди зиёд ду дарёи бузург ин ҳамвориҳоро шодоб мегардонанд. Инҳо дарёи Зард (Yellow River)  ва дарёи Янгтзе (Yangtze River) мебошанд, ки аз Ғарб сарчашма гирифта ба Шарқ мерезанд ва дар тӯли ҳазорҳо километр ҳазорҳо шаҳру деҳотро аз об таъмин мекунанд. Аксари аҳолии Чин дар соҳилҳои ин ду дарё ва шохобҳои он зиндагӣ мекунанд. Дар расми 1 ду дарёи мазкур нишон дода шудааст.

Расми 1: Дарёҳои Зард (Yellow River)  ва Янгтзе (Yangtze River) дар Чин

Сарчашма: www.google.com

  Ягона кишвари Осиёи Шарқӣ, ки ба уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст нест, Муғулистон мебошад. Дигар кишварҳо ба уқёнус пайваст буда, аз имкониятҳои он фаровон истифода мекунанд. Дар расми 2 релефи минтақаи Осиёи Шарқӣ нишон дода шудааст. Чуноне ки мебинем, ғарби ин минтақаро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Кӯҳҳои Тибет масоҳати бузургро дар бар мегирад ва дар ҷанубу ғарбии Чин ҷойгир мебошанд.  Дар ин минтақа баландтарин қуллаи ҷаҳон -- Қуллаи Эверест ҷойгир аст. Бо вуҷуди камаҳолӣ будани ин қисми Осиёи Шарқӣ  аксари дарёҳои минтақа аз он сарчашма мегиранд ва зиндагии садҳо миллион инсон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ ба онҳо вобаста аст.

  Расми 2. Релефи минтақаи Осиёи Шарқӣ

Сарчашма: www.google.com

  Қисмати шимолу ғарбии Осиёи Шарқӣ, ки Миёни Чину Муғулистон қисмат шудааст, бо вуҷуди доштани ҳамвориҳои зиёд, иқлими сарду хушк дошта, аз кӯҳистону биёбонҳо иборат мебошад. Дар ин минтақа зичии аҳолӣ хеле кам мебошад. Аммо дар қиёс бо кисмати ҷанубу ғарбии он дар ин ҷо аҳолии бештар зиндагӣ мекунад. Молу колоҳои истеҳсоли Чин маҳз тариқи ҳамин қисмати Осиёи Шарқӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мешаванд, ки он як қисми асосии тиҷорати хориҷии минтақаи моро ташкил мекунад.

  Қисмати шарқии минтақаи Осиёи Шарқӣ ба уқёнус пайваст буда, заминҳои ҳамвору шодоб дорад. Дар ин ҷо аксари аҳолии ин минтақа сукунат дорад. Бештари маҳсулоти кишварзӣ ва саноатии Чин маҳз дар ҳамин қисмати он истеҳсол мешавад. Се кишвари дигар -- Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар ҳамин қисмат ҷойгир буда, танҳо Ҷопон пурра дар иҳотаи баҳрҳо аст. Дигар кишварҳо ба материк пайваст мебошанд. Дар ин се кишвари дигар низ шароити иқлимӣ ва релефи мувофиқ барои истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ муҳайё аст, ки барои миллионҳо инсон дар тӯли таърих ҷойи кору зиндагӣ буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Аммо ба истиснои Кореяи Шимолӣ дигар кишварҳои ин қисмати Осиёи Шарқӣ хеле кам ба соҳаи кишоварзӣ вобаста ҳастанд.

  Ба ғайр аз истифодаи васеъ аз заминҳо мардуми қисмати шарқии Осиёи Шарқӣ аз қадим аз баҳрҳо ва моҳидорӣ истифодаи зиёд мекарданд. Имрӯз ҳам моҳидорӣ як қисмати назарраси иқтисоди ин кишварҳо мебошад.  Илова бар ин, роҳи обӣ шароитро барои додугирифти зиёди тиҷорӣ ҳамвор кардааст. Кишварҳои ин минтақа байни ҳамдигар муносибатҳои хеле зичи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ доранд, ки аз якдигар вобаста шудаанд. Ин вобастагӣ шароитеро фароҳам овардааст, ки баҳсҳои марзии мавҷуда ҳеҷ гоҳ то ба ҳадди ҷангу муноқиша кашида намешаванд.

  Умуман, мавқеи ҷуғрофии Осиёи Шарқӣ камбуду бартариҳои худро дорад ва наметавон гуфт, ки дар рушду пешрафти босуръати кишварҳои ин минтақа маҳз мавқеи ҷуғрофии он саҳми ҳалкунанда доштааст.  Кӯҳҳову биёбонҳои барои зиндагии инсон номувофиқи ғарби ин минтақа, дар “Ҳалқаи оташ”-и уқёнуси Ором ҷойгир будани пешрафтатарин кишвари ин минтақа Ҷопон аз ҷумлаи камбудиҳои мавқеи ҷуғрофии минтақаи мазкур мебошанд. Албатта, шароити иқлимӣ ва ҷуғрофии шарқи ин минтақа дар рушду пешрафти мардуми минтақа нақши худро дошт ва ҳоло ҳам дорад. Аммо дар замони муосир сарчашмаи асосии даромади кишварҳои ин минтақа саноат ва илму технологияи нав мебошад.

  Аҳолӣ

  Шумораи умумии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ба 1 миллиарду 605 миллион нафар (2019) баробар буда, 20.9 дарсади шумораи умумии аҳолии кӯраи Заминро ташкил медиҳад. Тақсимбандии ин рақам миёни кишварҳои минтақа дар намудори 1 оварда шудааст.

Намудори 1. Шумораи аҳолии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

  Аз намудори 1 маълум аст, ки аз ҳама кишвари сераҳолӣ дар ин минтақа Чин мебошад. Дар воқеъ, Чин бо доштани қариб 1.4 миллиард нуфус, сераҳолитарин кишвари ҷаҳон аст. Ин аст, ки аҳолии ин кишвар зиёда аз 87 дарсади аҳолии Осиёи Шарқиро ташкил мекунад. Дар ин радабандӣ ҷойи дуюму сеюмро Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ гирифтаанд, ки мутақобилан аҳолии онҳо 126.2 ва 51.7 миллион нафар аст. Кореяи Шимолӣ бо 25.7 миллион ва Муғулистон бо 3.2 миллион нафар ҷойҳои охиринро аз худ кардаанд.

  Бо вуҷуди аз ҳама аҳолии зиёд доштан, Чин аз ҷиҳати зичии аҳолӣ дар ҷойи чорум меистад. Зичии аҳолӣ дар ин кишвар ба 146 нафар дар як километри квадратӣ баробар аст. Аммо аҳолии ин кишвар дар ҳудуди он баробар тақсим нашудааст. Чуноне ки интизор меравад, қисмати ғарбии он сокинони кам дошта, аксари аҳолӣ дар қисмати шарқӣ дар ҳамвориҳои шодоб ва соҳилҳои баҳр истиқомат мекунанд. Тибқи баъзе оморҳо, 94 дарсади аҳолии Чин дар шарқи он сукунат доранд. Танҳо 6 дарсади боқимонда дар ғарби ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои сард дар ғарби ин кишвар барои зиндагии инсон он қадар мувофиқ нестанд. Дар расми 3 харитаи зичии аҳолӣ дар Чин оварда шудааст.

Расми 3. Зичии аҳолӣ дар Чин

Сарчашма: www.google.com

 Зичии аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ аз ҳама зиёд дар Кореяи Ҷанубӣ аст. Ба ҳар як километри квадратӣ дар ин кишвар 515 нафар рост меояд. Ҷойи дуюм ва сеюмро Ҷопон бо 334 нафар ва Кореяи Шимолӣ бо 213 нафар гирифтаанд. Муғулистон камтарин зичии аҳолиро дошта, дар он ба ҳар як километри квадратӣ ҳамагӣ 2 нафар рост меояд.

Захираҳои табиӣ

  Минтақаи Осиёи Шарқӣ аз захираҳои табиӣ бой аст, вале ин захираҳо баробар тақсим нашудаанд. Баъзе кишварҳои ин минтақа захираҳои табиии зиёд доранд, баъзеи дигар хеле камтар аз онҳо баҳра бурдаанд. Чину Муғулистон ва Кореяи Шимолӣ аз канданиҳои фоиданок бой ҳастанд, аммо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон чунин захираҳоро хеле кам доранд. Аз кишоварзӣ ва моҳидорӣ ба ҷуз аз Муғулистон дигар кишварҳои ин минтақа зиёд истифода мекунанд. Иқтидори гидроэнергетикӣ дар Чину Ҷопон зиёд аст.

  Чин. Чин аз ҷиҳати масоҳат калонтарин кишвари минтақаи Осиёи Шарқӣ ва чаҳорумин кишвари бузурги ҷаҳон буда, захираҳои табиии зиёд дорад. Чуноне қайд кардем, қисмати шарқии ин кишвар барои кишоварзӣ хеле мувофиқ аст. Ангишт ва нафту газ дар ин кишвар фаровон аст. Бо вуҷуди доштани иқтидори хеле зиёди гидроэлектрикӣ, бештари энергия дар ин кишвар аз ангишт ба даст меояд. Сабаби асосии ифлосшавии ҳаво дар ин кишвар истифодаи аз ҳад зиёди ангиштсанг мебошад, ки дар ҳудуди он истихроҷ мегардад. Дар баробари ин, Чин яке аз асоситарин истеҳсолкунандаи алюмин, магний, сурма, намак, тило, графит, оҳан, пулод, сурб, руҳ, элементҳои нодир ва ғайра мебошад. Чин қисме аз ин захираҳои худро содирот мекунад. Махсусан, дар бозори элементҳои нодир ин кишвар саҳми бузург дорад. Ҳатто имкон дорад, аз онҳо дар муборизаҳои геополитикии худ истифода кунад. Масалан, пас аз боло гирифтани баҳси марзӣ миёни Чин ва Ҷопон дар соли 2010, чанде аз ширкатҳои ҷопонӣ шикоят карда буданд, ки Чин ба онҳо барои хариди металҳои нодир монеа эҷод мекунад. Албатта, вобастагии зиёди Чин аз сармоя ва технологияи Ҷопон имкон намедиҳад, ки аз ин фишанг истифодаи зиёд шавад. Дар ҳолатҳои ба миён гузоштани маҳдудзозии дастрасии Чин ба технологияҳои нав ва бозорҳои кишварҳои ғарбӣ, аз ҷониби сиёсатмадорони Ғарб, масъалаи металҳои нодири Чин ба миён меояд, ки монеъи амалисозии чунин иқдомоти онҳо мегардад. Тибқи арзёбиҳо, Чин тақрибан 30 дарсади захираҳои элементҳои нодири ҷаҳонро дар даст дорад[2].

 Муғулистон. Бо вуҷуди иқлими сард доштан ва биёбон будани ҳудуди Муғулистон, ин кишвар аз канданиҳои фоиданок бой мебошад. Дар ду даҳҳаи охир, бо ислоҳот ворид кардан дар қонунгузорӣ, Муғулистон дар шохисҳои ҷаҳонии шаффофияти шартномаҳо дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок мавқеи баландро касб кард. Ин боиси ворид шудани сармояи зиёд ба ин соҳа гардид ва имрӯз ин кишвар аз ҳисоби захираҳои табиии худ даромади асосиро ба даст меорад. Рушди нисбатан босуръати ин кишвар, назар ба дигар кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ, ба захираҳои табиии он вобаста аст. Ин вобастагӣ то дараҷае онро таъсирпазир кардааст. Бо вуҷуди ин, назар ба бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд, ки шаффофият дар ин соҳаро таъмин накардаанд ва сарватҳои табиии онҳо ба мардум беҳбудӣ намебахшанд, Муғулистон аз захираҳои табиии худ истифодаи дурусттар карда, шароити иҷтимоии худро дар солҳои охир хеле беҳтар сохтааст. Ҳарчанд дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Шарқӣ ноком ба назар мерасад.

  Муғулистон аз канданиҳои фоиданоки зиёд бархӯрдор аст. Ангишт, мис, флорид, оҳан, тилло, сурб, нафт, фосфат, қалъагӣ, уран ва волфрам дар ин кишвар вуҷуд дорад. Чуноне ки қайд кардем, бо ҷорӣ кардани сиёсати дуруст дар баробари коркарди ин захираҳо Муғулистон аз онҳо нисбатан самаранок истифода карда, дар ду даҳсолаи охир рушду пешрафти босуръат дорад. Вале дар истеҳсоли маҳсулоти зеҳнӣ аз ҳама ақибмондатарин кишвари минтақа маҳсуб меёбад. Ин вазъият нигаронии  коршиносони ин кишварро ба бор оварда,  баҳси таъсири захираҳои фаровон ба рушди иқтисодӣ мавриди баррасии онҳо қарор гирифтааст(7).

 Кореяи Шимолӣ. Сиёсати ба бунбаст гирифторшудаи Кореяи Шимолӣ ба ин кишвар имкон намедиҳад, ки аз захираҳои табиии худ истифодаи дуруст карда, шароити иқтисодии давлату мардумашро беҳтар созад. Ин кишвар ба монанди Чину Муғулистон аз захираҳои табиии фаровон бархӯрдор аст. Дар ин ҷо санги мармар, гаранит, ангишт, оҳан, тилло ва элементҳои нодир зиёд вуҷуд доранд. Тибқи арзёбии коршиносон, ин кишвар имкон дорад, аз ду се ҳиссаи элементҳои нодирро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин кунад(4). Аммо дар фарқият аз Муғулистон ҳукумати Кореяи Шимолӣ натавонистааст, ин захираҳои фаровони худро дуруст истифода ва кишвари худро ба пайраҳаи рушд ворид кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми ҷудо шудани давлати Корея ба ду кишвари алоҳида -- Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, қисмати шимолии он саноати пешрафта дошта, ҷануб кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо дар солҳои баъдӣ сиёсати нодурусти ин кишвар вазъиятро ба таври куллӣ дигар кард.

 Кореяи Ҷанубӣ. Яке аз ду кишвари пешрафтатарини минтақаи Осиёи Шарқӣ Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ин кишвар аз канданиҳои фоиданок маҳрум аст. Ба ғайр аз графит ва волфрам чизи дигаре надорад. Нафту газ ва минералҳои зиёде, ки иқтисоди ин кишвар талаб мекунад, аз хориҷ ворид карда мешаванд. Аммо замин ва иқлими ин кишвар барои кишоварзӣ хеле мувофиқ аст. Вале кишоварзиву моҳидорӣ ҳиссаи ками иқтисоди онро таъмин мекунад. Рушди иқтисодии ин кишвар ба маҳсулоти зеҳнии  он вобаста аст. Саноати вазнин ва соҳаи технологияҳои пештафта, дар баробари соҳаи хизматрасонӣ асоси иқтисоди онро ташкил медиҳанд. Таҷрибаи ин кишвар дар муқоиса бо Кореяи Шимолӣ дарси хеле муҳиме барои кишварҳои рӯ ба рушд буда метавонад. Агар раҳбарияти ин кишварҳо дар ҷорӣ кардани ислоҳот ҷиддӣ бошанд.

 Ҷопон. Чунонки гуфтем, Ҷопон низ захираҳои табиии зиёд надорад. Аз минералҳо мис, оҳан ва сурбе, ки дошт, ба охир расиданд. Ин кишвар иқтидори бузурги гидроэлектрикӣ дорад, аммо саҳми он дар иқтисоди Ҷопон назаррас нест. Ҳарчанд иқлими мусоид барои зироаткорӣ дорад, вале қисмати зиёди он кӯҳистон мебошад. Аз 12 дарсад (8) то 20 дарсади (9) замини Ҷопон барои кишоварзӣ мувофиқ асту бас. Аммо аз ҳамин замини кам онҳо истифодаи самаранок мекунанд. Соҳаи кишоварзӣ дар ин кишвар аз ҷониби давлат дастгирии зиёд меёбад. Бо вуҷуди доштани камбудиҳои захираҳои табиӣ, Ҷопон пешрафтатарин кишвари минтақаи Осиёи Шарқӣ мебошад. Расидани ин кишвар аз як кишвари ақибмондаи кишоварзӣ ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон (баъдан сеюмин шуд) таҷрибаест, ки намунаи ибрати кишварҳои дигар гаштааст. Камбуди захираҳои табиӣ монеи пешравӣ ва муваффақияти мардуми Ҷопон нашудааст.

  Хулоса. Бо доштани захираҳои табиӣ, захираҳои зеҳнӣ ва технологияҳои пешрафта, Осиёи Шарқӣ яке аз минтақаҳои муҳими ҷаҳон ба шумор меравад. Аҳамияти ин минтақа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, боз ҳам бештар аст. Чунки кишварҳои минтақаи мо ба уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст нестанд ва бевосита ҳаммарз будан бо Осиёи Шарқӣ шароити тиҷоратро барои мо осонтар мекунад. Маҳсулоти тайёри истеҳсоли Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар бозорҳои мо аз ҳама зиёд дида мешавад. Илова бар ин, нафту газ ва канданиҳои фоиданок аз минтақаи мо ба ин кишварҳо зиёд содирот мегардад.

 Рушди нисбатан босуръати кишварҳои Осиёи Шарқӣ мавқеи бозори дохилии ин минтақаро ҳам дар иқтисоди ҷаҳон баланд бурда истодааст. Ҳатто Чин, ки то солҳои охир бештар як кишвари содироткунанда буд, солҳои охир сиёсати худро дигар карда истодааст. Ҳукумати ин кишвар ба истеъмолкунандагони дохилӣ такя карда, нақшаҳои рушди иқтисодии ояндаи худро сохта истодааст. Боло рафтани қобилияти харидории мардуми Чин бозори дохилии ин кишварро на танҳо барои ширкатҳои чинӣ, балки барои ширкатҳои байналмилалӣ низ ҷаззоб кардааст.  Профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива дар як семинари илмӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, ки “Чин барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манбаи қувваи корӣ аст ва ҳам бозори бузург ва ривоҷёбандаи фурӯши маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ”(9). Яъне боло рафтани қобилияти харидории мардуми ин минтақа на танҳо барои Чину Ҷопон, балки барои тамоми ширкатҳои байналмилалӣ манфиатовар аст.

 Ҳамин тариқ, минтақаи Осиёи Шарқӣ бо доштани захираҳои табиии зиёд, зихираҳои зеҳнии зиёд ва бозори бузурги истеъмолӣ мавқеи намоёнро дар ҷаҳони имрӯз касб кардааст. Рушду пешрафти босуръати кишварҳои ин минтақа ва қавишавии бозори истеъмолии он, кишварҳои дигарро водор мекунад, ки ин минтақаро амиқтар омӯхта, аз имкониятҳои фаровони ҳамкорӣ бо кишварҳои он зиёдтар истифода кунанд. Ин мавзӯъ, махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар аст. Чунки дар баробари додурифти зиёди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, кишварҳои ин минтақа бо Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои зичи амниятӣ низ доранд. Махсусан, Чин амнияти минтақаи моро амнияти худ медонад ва дар ин ҷода бо кишварҳои мо ҳамкориҳои зиёд дорад. Илова бар ин, минтақаи Осиёи Шарқӣ яке аз роҳҳои алтернативии амн барои дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин имконият то кадом дараҷа мо истифода мекунем, ин масъалаи дигар аст. Аммо ҳама дарк мекунад, ки доштани роҳҳои алтернативӣ дар ҳама давру замон хуб буд ва ҳоло ҳам барои мо аҳамияти бузург дорад. Бешубҳа, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои ду минтақа дар оянда боз ҳам зиёдтар хоҳанд шуд.

 

Меҳр СОБИРИЁН

муҳаққиқ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021 

Сарчашмаҳо

  1. Сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ -- databank.worldbank.org/source/world-development-indicators
  2. Will China weaponise its rare earth edge? Kristin Vekasi, University of Maine, 25 March 2021 -- https://www.eastasiaforum.org/2021/03/25/will-china-weaponise-its-rare-earth-edge/
  3. Impact of Resources on the Movement of Products, Capital & People in East Asia, David Wood -- https://study.com/academy/lesson/impact-of-resources-on-the-movement-of-products-capital-people-in-east-asia.html
  4. A List of China's Natural Resources, Karen G Blaettler -- https://sciencing.com/list-chinas-natural-resources-5375735.html
  5. Natural Resources, S. Library of Congress -- http://countrystudies.us/mongolia/52.htm#:~:text=The%20country%27s%20richest%20resources%20are,tin%2C%20uranium%2C%20and%20wolfram.
  6. Mongolia's Natural Resources: A Blessing or a Curse?, WORLD BANK -- https://www.worldbank.org/en/news/feature/2006/02/28/mongolias-natural-resources-blessing-or-curse
  7. Trip Report - Japan Agricultural Situation, USDA, August 17, 2012 -- https://ipad.fas.usda.gov/highlights/2012/08/Japantrip/
  8. Agriculture, forestry, and fishing in Japan -- https://en.wikipedia.org/wiki/Agriculture,_forestry,_and_fishing_in_Japan
  9. Чин дар роҳи рушди устувор -- http://mehrs.pythonanywhere.com/article/51
Хондан 1112 маротиба