Устод Худоӣ Шариф ҳамчун муаррих ва назариётчии адабиёт, мунаққиди адабӣ ва матншиноси варзида на танҳо дар миёни донишмандони ватанӣ, балки дар доираҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии фаромиллӣ аз шуҳрати вижа бархӯрдор буд. Осори устод Худоӣ дар байни ҳавзаи форсизабонон, махсусан муҳитҳои илмӣ ва адабии Ирону Афғонистон пазируфта шуда, миёни аҳли илму адаби форсизабонон соҳибэҳтиром аст. Китоби охири устод Худоӣ “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар доираҳои илмии ҳамзабонон маъруфият касб карда, сазовори ҷоизаҳои адабӣ гардидааст. Дар ин китоб Устод ба ҳамосаи миллӣ ва мушаххасоти он аз зовияи таҳқиқӣ-муқоисавӣ нигариста, дар партави равишшинохтии илмӣ ба масоили: таркиби ҳамосаи миллӣ, умқи андешаи фалсафии Фирдавсӣ, диди зебоишинохтӣ ва ахлоқшиносии мутафаккир, биниши ҳамосавии шоир, асотири иронӣ дар ҳамосаи миллӣ, поэтикаи шеъри Фирдавсӣ ва замони ӯ, ҷаҳонбинии паҳлавонӣ, биниши таърихии Фирдавсӣ ва амсоли инҳо ҷиддӣ иртибот гирифтааст.
Мулоҳизот, нуқтаназарҳо ва андешаҳои илмӣ-адабии Устод Худоӣ Шариф дар адабиётшиносии муосир ҷойгоҳи вижа доранд. Устод мактаби муқаввои адабиётшиносии навинро ба мерос гузошт, ки дар домони он даҳҳо ва садҳо адабиётшиносони миллӣ парвариш ва тарбият ёфта, шогирдони ин мактаб то имрӯз шарафи илми адаби ватаниро дар миқёси минтақа ва хориҷ аз он ҳимоят мекунанд. Мутмаинем, ки мактаби адабиётшиносии Устод Худоӣ ҷовидон хоҳад монд. Ба қавли шоир:
Гарчи шурӯи умри ту маҷбури имтиҳост,
В- ин амру ҳукми мактаби эҷоди ту бақост!
Даргузашти Устод Худоӣ барои илми тоҷик талафоти бузург аст. Ба хешу ақрабо, пайвандон, алоқамандон ва ихлосмандони Устод Худоӣ арзи таслият мекунем.
Бо эҳтиром,
аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”
30.10.2017