JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 21 Июли 2022 03:44

Нақши шуури ҷамъиятӣ дар рушду ақибмондагии миллатҳо

Муаллиф: Меҳр СОБИРИЁН

    Дар чанд садсолаи охир омилҳои таъсиргузор дар рушду ақибмондагии миллатҳову кишварҳо мавриди омӯзиши донишмандон қарор гирифтаанд. Ин раванд баъди ба пайраҳаи рушди саноатӣ ворид шудани Британияи Кабир дар асри 18-ум оғоз шуда буд. Инқилоби санъатӣ дар ин кишвар, ки тибқи маълумоти Донишномаи “Британика” аз солҳои 1760 то 1830 давом дошт [1], ба иқтисоди он ҷаҳиши назаррас дода, сатҳи зиндагии мардум ва қудрати ҳукумати онро ба маротиб боло бурда буд. Кишварҳои дигар, чӣ рақиб ва чӣ шарики Британияи Кабир, ин тағйиротро бо диққат назорат мекарданд ва решаҳои ин комёбиҳои онро меомӯхтанд. Дар пайравӣ аз ин кишвар, дар асри 19-ум, давлатҳои зиёде аз Аврупову Амрикои Шимолӣ тавонистанд саноати худро рушд дода, ба пайраҳаи рушди устувор ворид гарданд. Ин таҷрибаро кишварҳои алоҳида дар Африқову Осиё низ такрор карданд, аммо бо таъхири зиёд ва аслан дар нимаи дуюми асри 20-ум. Аз ҷумлаи ин кишварҳо, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ҷопон ҳанӯз дар асри 19-ум бо омӯзиши амиқи омилҳои рушди кишварҳои Аврупо дар сиёсату фарҳанги хеш ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида, ба пайраҳаи рушд ворид шуда буд.

  Бо вуҷуди гузашти қариб се садсола, ҳанӯз ҳам кишварҳои зиёде дар асри 21-ум натавонистаанд, омилҳои рушди кишварҳои ҷаҳони якум ва омилҳои асосии ақибмондагии худро мушаххас карда, онҳоро бартараф кунанд ва ба пайраҳи рушди устувор ворид гарданд. Зоҳиран аксари кишварҳои рӯ ба рушд таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро меомӯзанд ва ниҳодҳои онҳоро дар ватани худ месозанду дар пояи он кору фаъолият мекунанд. Аммо натиҷа комилан дигар аст. Ҳамоно, аксари кишварҳои ҷаҳон нисбат ба давлатҳои пешрафта ақибмонда буда, манбаи ашёи хом ва қувваи кории арзон барои онҳо мебошанд. Агар дар чанд даҳсола бисёре аз кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада ва Ҷопон тавониста бошанд, ки таҷрибаи Бритарияи Кабирро бо муваффақият такрор кунанд, боқимонада давлатҳои ҷаҳон то ҳол як низоми мушаххасе, барои рушду пешрафти устувори худ надоранд.

Баъди се аср маълумоти дақиқ дар бораи омилҳои рушди кишварҳои ҷаҳони аввал дастраси ҳамагон гаштаанд ва дар худ умумиятҳоеро доранд. Аммо омилҳои ақибмондагии кишварҳои рӯ ба рушд гуногун буда, барои ҳар як миллату ҷомеа фарқкунанда мебошанд. Бо вуҷуди ин, чуноне ки аз ҷустори пешин маълум гашт, қувваҳое ҳастанд, ки аз мавҷудияти ин омилҳои монеасоз барои рушди миллатҳо суд мебаранд ва то пойи ҷон онҳоро муҳофизат мекунанд. Ба ин масъала мо дар мавриди баррасии китоби Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд” ишора карда будем.

Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон дар пажуҳиши худ омилҳои фарҳангиву ҷуғрофиро дар рушду ақибмондагии миллатҳо камранг нишон дода, ниҳодҳои мавҷуда дар ҳар як давлатро барои он тақдирсоз унвон мекунанд. Онҳо барои тасдиқи нуқтаи назари худ мисолҳои зиёде овардаанд, вале натавонистаанд решаҳои асосии иқибмондагиву нокомии миллатҳоро муайян кунанд. Натавонистаанд мушаххас намоянд, ки фарҳангу хотираи таърихӣ ва ақоиду ҷаҳонбинии як миллат дар сохтани ниҳодҳои мувофиқ  ба рушду пешрафт, ки онҳоро “ниҳодҳои иқтисодии фарогир” меноманд, чӣ таъсире доранд. Гузашта аз ин, ташхис накардаанд, ки чаро ниҳодҳои ҳамсон дар як кишвар натиҷаи мусбат дода, онро ба пайраҳаи рушди устувор ворид месозад, вале айнан ҳамин ниҳодҳо дар кишвари дигар натиҷаи комилан дигар медиҳанд ва бо вуҷуди доштани ин ниҳодҳои ҳамсон даҳҳо кишвар дар ҷаҳони муосир ақибмонда мебошанд. Ин пурсишҳо моро водор мекунад, ки омӯзиши худро васеътар карда, фарҳангу ҷаҳонбинии миллатҳоро низ мавриди омӯзиш қарор диҳем.

Ҳангоми ҷустуҷӯи мавод барои омӯзиши омилҳои фарҳангӣ ва психологӣ дар рушду ақибмондагии миллатҳо маълум гашт, ки дар кишвари мо ҳеҷ донишманде ин мавзӯъро мавриди омӯзиши амиқ қарор надодааст. Ҳадди ақал чунин маълумоте дар дастрасии озод вуҷуд надорад. Донишманди тоҷик Назрӣ Асадзода дар доираи омӯзиши мавзуи “Маншаи мушкилоти миллии мо чист?” масъалаи мазкурро то дараҷае таҳқиқ намудааст, ки бо кумаки ӯ тавонистем дар ростои таҳқиқи ин мавзуъ мавод дастрас намоем. Китоби файласуф, табиб ва равоншиноси фаронсавӣ Гюстав Лебон, зери унвони “Равоншиносии миллатҳо ва тӯдаҳо”[2] аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки дар он психологияи миллатҳо ва тӯдаҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд ва метавонанд барои кушодани муаммои ақибмондагии миллатҳо, баъди се асри якумин инқилоби санъатӣ дар ҷаҳон, барои мо кумак намояд.

Дар фарқият аз Осимоғлу ва Робинсон, Гюстав Лебон таваҷҷуҳи худро ба равоншиносии миллатҳо мутамарказ месозад. Вай мегӯяд, ки “дар ҳама нишонаҳои мавҷудияти як миллат ҳамеша мебинем, ки равони устувори миллат, сарнавишти онро месозад”[2, 17]. “Ба вижа дар ниҳодҳои сиёсӣ метавон зуҳури қудрати бартари равони миллатро шушоҳида кард. Бигзор қудрате, ки ҳукумати кишварро дар ихтиёр дорад, шоҳ, император, президент, коммуна, синдикат ё дигар ном дошта бошад,  дар ҳама ҳолат ин қудрат як идеале хоҳад дошт, ки инъикоси эҳсосу равони ҳамон миллат мебошад.”[2. саҳ. 18]. Яъне тақдири миллатҳоро ниҳодҳои мавҷудаи он не, балки рӯҳияи он ҳал мекунад, ки ин рӯҳия ё худ зеҳнияту равони миллӣ дар заминаи фарҳангу суннатҳои муайян ташаккул меёбад. Ба тафовут аз нуқтаи назари Осимоғлу ва Робинсон, ки ниҳодҳоро муайянкунандаи тақдири миллатҳо медонанд, Лебон ҳолати равонии миллатҳоро омили таъйинкунанда меҳисобад ва ба он назар аст, ки новобаста аз шакли давлату шеваи ҳукуматронӣ ҳар низоме бозгӯяндаи эҳсос ва рӯҳияи ҳамон миллат мебошад. Баръакси назарияи ниҳодмеҳварии аввалиҳо дуюмӣ менависад, ки «…бовар кардан ба ин, ки конститутсия ва ниҳодҳо тақдири миллатро муайян мекунанд, дода шудан ба орзуҳои кӯдакона аст»[2. саҳ. 38]. Барои тақвияти ин назари худ Лебон кишварҳои дар охири асри 19-ум нисбатан ақибмондаи Амрикои Лотиниро мисол оварда, таъкид мекунад, ки ин кишварҳо бо вуҷуди ба роҳ мондани ниҳодҳои монанд ба ИМА, натавонистанд пешрафту шукуфоии монанд ба онро дошта бошанд. Ҳамон як низоми давлатдорӣ, конститутсия ва ниҳодҳо дар ИМА як натиҷа додаанд, вале дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ тамоман натиҷаи дигар. Пас аз як аср низ ҳамон ақибмондагии нисбии миллатҳои Амрикои Лотинӣ аз ИМА боқӣ мондааст.

Лебон унсурҳои тамаддун, аз ҷумла забон, ниҳодҳо, идеяҳо, эътиқодот, ҳунар, адабиётро “бозтоби зоҳирии рӯҳияи миллат”[2, 41] меномад. Вай муътақид аст, ки ҳеҷ як дин, забон ва низоми идории як миллат ба миллатҳои дигар бетағйир намегузарад. Миллатҳо динҳои дигарро зоҳиран қабул мекунанд, вале пушти мафҳумҳои дини нав ҳамон арзишҳои суннатии худро нигаҳ медоранд. “Гоҳо ба назар мерасад, ки кадом як миллати бартар боварҳо, ақидаҳо, ниҳодҳо, забон ва ҳунари дигар миллатро, ки аз ниёгони худ тамоман фарқкунанда ҳастанд, қабул кардааст, вале дар воқеъ ин амр танҳо баъди он имконпазир аст, ки он ба оромӣ онҳоро тағйири амиқ дода, бо сохтори зеҳнии худ мутобиқ сохта бошад”[2, 62].

Ба ақидаи Лебон ба воситаи ниҳодҳо наметавон мардумро тағйир дод. Чунки унсурҳои ҳар тамаддун ҳангоми гузаштан ба миллатҳои дигар дучори дигаргуниҳои амиқ мегарданд ва дигар наметавонанд ҳамон натиҷаеро диҳанд, ки ба соҳибони он муяссар гашта буд. «Хислат ва андешаи миллатро бо ниҳодҳо дигар карда намешавад. Ба воситаи онҳо наметавон мардумро мазҳабӣ ё шаккок (скептик) кард, ё омӯзонид, ки чӣ тавр метавон худ тақдири худро ба даст гирифт.»[2. саҳ. 70]. Ниҳодҳое, ки дар назарияи Осимоғлу ва Робинсон пояи асосии рушду пешрафи миллатҳо маҳсуб меёбанд, ба ақидаи Лебон наметавонанд кафолати дигаргуниҳои амиқи мусбат дар як ҷомеа бошанд.

Бо вуҷуди он ки Лебон дар асари мазкури худ аз зеҳнияту ҷаҳонбинии  миллатҳо зиёд ҳарф мезанад ва онро ягона қуввае медонад, ки ҳеҷ як унсури дигари тамаддун бар он чира шуда наметавонад [2, 102], роҳҳои таъсир расонидан ба онро баррасӣ намекунад. Чӣ роҳҳои илмие вуҷуд дорад, ки равшанфикрони як миллат метавонанд, онро барои ислоҳи зеҳнияту ҷаҳонбинии  миллати худ истифода кунанд? Агар зеҳнияту ҷаҳонбинии як миллат, ки ба ақидаи Лебон «бори ҳазорон наслро мекашонаду синтези тафаккури онҳост» [2, 102] ва таъсири амиқ дар сарнавишти он дорад, бо талаботи асосии рушду пешрафт созгор нест, пас чӣ бояд кард, ки он ислоҳ шавад? Ба чунин пурсишҳо аз ин асари Лебон посух ёфта наметавонем. Танҳо як ишорае ҳаст, ки то дараҷае аз он метавон истифода кард.  Ин арзишҳои мутлақ ва идеяҳо мебошад, ки Лебон муътақид аст, бе мавҷудияти онҳо тамаддун нобуд мегардад ва ҳамеша дорандагони арзишҳои мутлақи сиёсӣ баранда мешаванд. Албатта, вай медонад, ки аз нуқтаи назари илм ҳама арзишҳо нисбӣ ҳастанд, вале дар ҷомеа қонунҳои ахлоқӣ ва ниҳодҳое, ки арзиши мутлақ доранд, вудуд доранд, бо шикасти онҳо тамаддун ба бунбаст гирифтор мегардад. Идеяҳои мутлақ ба зеҳнияту ҷаҳонбинии мардум таъсир доранд  ва Лебон таъкид мекунанд, ки барои ислоҳот ворид кардан «бо ҳамин идеяҳо кор бояд кард»[2,108]. Ниҳодҳо маҳсули идеяҳо мебошанд ва идеяҳои амалкунанда дар як ҷомеа аз зеҳнияту ҷаҳонбинии аъзои он маншаъ мегирад. Маълум аст, ки ниҳодҳо худ ба худ як кишварро ба пайраҳаи рушд ворид намекунанд. Вале ниҳодҳое, ки аз фарҳангу ҷаҳонбинии дурусту мувофиқ бархостаанд, дар воқеъ боиси рушду пешрафти миллат хоҳанд шуд.

Лебон хулоса мекунад, ки «мавҷудоти иҷтимоӣ ба андозаи мавҷудоти зинда печида мебошанд ва дар тавони мо нест, ки тағйири амиқе дар онҳо эҷод кунем, табиат гоҳо ба таври радикалӣ амал мекунад ва на ҳамеша тағйиротҳо мувофиқ ба хостори мо ҳастанд. Ин аст, ки дода шудан ба орзуи ислоҳоти бузург метавонад барои мардум фоҷеабор бошад, бо вуҷуди он, ки ин ислоҳот аз ҷиҳати назариявӣ хеле хуб ба назар мерасанд. Чунин ислоҳот дар ҳолате манфиатовар буда метавонанд, ки тавонем дар муддати кутоҳ зеҳнияту ҷаҳонбинии миллатро тағйир диҳем, вале танҳо замон чунин қудратро дорад. Мардумро идеяҳо, эҳсосот ва ахлоқ, чизе, ки мо дар худ дорем, идора мекунад. Ниҳодҳову қавонин танҳо инъикоси рӯҳияи мо ва ниёзҳои мо ҳастанд. Бинобар ин, онҳо наметавонанд зеҳнияту ҷаҳонбинии миллатҳоро тағйир диҳанд, зеро худашон аз он бархостаанд»[2,120]. Аз ин бармеояд, ки ниҳодҳои дурустҳисобие, ки Осимоғлу ва Робинсон появу асоси рушду шукуфоии миллатҳо медонанд, ба худии худ наметавонанд як миллатро аз ақибмондагиву бенавоӣ берун кашанд. Ин ниҳодҳо худ бархоста аз зеҳнияту ҷаҳонбинии аъзои ҳамон миллат ҳастанд, ки ҳатто агар бо роҳи инқилобҳои хунин зоҳиран дигар карда шаванд, моҳияти онҳо чун пештара боқӣ хоҳанд монд ва ҳеҷ натиҷаи дилхоҳе нахоҳанд дод. Дар замони Лебон (охири асри 19-ум - аввали асри 20-ум) барои таъсири фарогир расонидан ба ҷомеа маҳдудиятҳои зиёд вуҷуд доштанд, вале имрӯз технологияҳои иттилоотӣ пешравии зиёд кардаанд. Ин метавонад таъсиргузорӣ ба ҷомеа ва фарогирии онро осонтар кунад ва барои расидан ба ҳадаф вақти камтар сарф шавад.

Бешак, зеҳн, ҷаҳонбинӣ ва идеяву идеалҳои миллатҳоро тағйир дода мешавад. То замоне, ки идеяву идеалҳои мардуми як кишвар бегона ҳастанд, қудрату дороии он дар хизмати дигарон, яъне соҳибони он идеяҳо қарор хоҳад гирифт. Идеяву идеалҳои миллии тоҷикон бояд ҳадди ақал дар баробари идеяву идеалҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи мо арҷгузорӣ шаванд ва ҳатто қудсият дошта бошанд. Бо идеяву идеалҳои Аморати Бухоро наметавон ҷойгоҳи Тоҷикистони муосирро дар сатҳи ҷаҳонӣ, болотар аз оне кард, ки Аморати Бухоро дар замони худ дошт. Ин аст, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаи мо бештар аз ҳама чизе ба ислоҳоти фарҳангии бунёдӣ ниёз дорад. Ба воситаи идеяву идеалҳои миллӣ метавон дар замони муайян зеҳнияту ҷаҳонбинии мардумро бо талаботи рушду пешрафт мувофиқ  сохт ва ниҳодҳоеро созмондиҳӣ кард, ки тавонанд сутуни мустаҳкаме дар бинои як иқтисоди пешрафта бошанд. Агар равшанфикрони меҳандӯсти як миллат натавонанд онро ба самти дурусту манфиатовар барои миллати худ равона созанд, дигарон онро ба манфиати худ тағйир хоҳанд дод. Ин масъулияти мушкилро равшанфикрони миллӣ ва нухбагони огоҳи сиёсӣ метавонанд иҷро кунанд. Чунки “тамаддунҳо тавассути теъдоди ангуштшуморе аз ашрофи равшанфикр эҷод ва муҳофизат мешаванд»[2,132]. Ин қишри ҷомеа метавонад дар муддати муайян зеҳнияту ҷаҳонбинии миллатро тағйир диҳад ва онро ба самти лозима равона созад.

Дар асоси маълумоти дастрас аз ин ду китоби муҳим (“Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд?” ва “Равоншиносии миллатҳо ва тӯдаҳо”) метавон ба ин натиҷа расид, ки бо вуҷуди ҳаётан муҳим будани ниҳодҳои дурустҳисобӣ барои ба пайраҳаи рушди устувор ворид кардани як миллат, наметавон онҳоро меҳвари асосии ин раванд донист. Илова бар ин, “ниҳодҳо ба худии худ на хуб ҳастанд на бад ва онҳое ҳам, ки барои як миллат дар замони муайян хуб ҳастанд, мумкин аст дар замони дигаре комилан номуносиб бошанд.”[2,214]. Ниҳодҳоро мардуме месозад, ки бар асоси таҷрибаи чандиннаслаи худ руҳияву менталитети хос дорад. Бо иваз кардани ниҳодҳо ва зоҳиран баробар кардани онҳо бо ниҳодҳои кишварҳои пешрафта, наметавон ба пайраҳаи рушди устувор ворид шуд. Чунки моҳияти ҳар як ниҳод тағйир намеёбад, магар ин ки шуури ҷамъиятии он миллат тағйир ёбад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки оғози ислоҳоти бунёдӣ бо ҳадафи аз даври ботил берун кашидани як миллат аз зеҳниятсозӣ ва ислоҳот дар фарҳангу ҷаҳонбинии он оғоз мегардад, на аз ташкили ниҳодҳои дурусту ҳисобӣ, ки аз миллатҳои муваффақ нусхабардорӣ мешаванд. Билохира,  «дар замони муосир тақдири миллатҳо на дар маҷлисҳои ҳукуматдорон, балки дар зеҳнияту ҷаҳонбинии мардум заминасозӣ мешавад»[2, 127].

Агар мо як кишвари пешрафтаро, ки низоми иқтисодиву сиёсии он самараи хуб медиҳад, дар шакли як дарахти пурмева тасаввур кунем, ниҳодҳо дар он тани дарахт хоҳад буд, ки дар воқеъ, як қисми муҳими он ба шумор меравад. Фарҳангу тамаддун ва ҳолати зеҳниву сатҳи ҷаҳонбинии мардуми ин кишвар решаи устуворе мебошанд, ки ин тан(ниҳодҳо) аз онҳо ғизо мегирад ва заминаи рушди шоху баргу меваи фаровони дарахт мегардад. Ин аст, ки дар ростои берун кашидани як кишвар аз чоҳи ақибмондагиву фақру бенавоӣ наметавон омилҳои психологиву фарҳангиро нодида гирифт. Ҳоло, ин раванд бояд аз куҷо оғоз шавад ва кӣ назорату идораи онро бояд ба уҳда гирад, баҳси дигар аст, ки дар доираи ин мақола намеғунҷад. Танҳо бояд донист, ки фарҳангу ҷаҳонбинии мардум низ таъсири бузурге дар натиҷаҳои мусбат ё манфии як давлат дорад. Набояд инро аз хотир баровард ва дар истинод ба  назарияи ниҳодгароён (аз ҷумла Осимоғлу ва Робинсон) хулосаи ғалат бароварда, омилҳои марбут ба фарҳангу шуури ҷамъиятиро дар раванди ислоҳоти бунёдӣ барои расидан ба рушду шукуфоии миллӣ нодида гирифт.

 Меҳр СОБИРИЁН

иқтисодшинос

Адабиёт

  1. Донишномаи “Британика”, Инқилоби санъатӣ, (https://www.britannica.com/event/Industrial-Revolution).
  2. Гюстав Лебон. Психология народов и масс (с комментариями и объяснениями Александра Маркова). Москва: «Издательство АСТ», 2020. 288 с.
Хондан 725 маротиба