JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Июли 2022 11:27

Мероси Синзо Абэ ва ояндаи сиёсӣ-иқтисодии Ҷопон

Муаллиф: Меҳр Собириён
  Хабари марги собиқ нахуствазири Ҷопон Синзо Абэ, субҳи 8 июли соли ҷорӣ ҷаҳонро такон дод. Тамоми расонаҳо дар саросари ҷаҳон дар бораи ин ҳодиса хабар медоданд. Ҳангоми суханронии ин сиёсатмадор дар яке аз шаҳрҳои Ҷопон, дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, як низомии собиқ аз пушт ба бадани вай ду гулула аз яроқи худсоз холӣ мекунад. Дар натиҷаи ин ҳамла Синзо Абэ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхорна ҷони худро аз даст медиҳад. Дар бораи ангезаву ҳадафҳои қотил расонаҳо зиёд навиштаанд ва ҳоло тафишот идома дорад. Ин ҷо чанд сухане оид ба сиёсат ва ҳадафҳои ин сиёсатмадори машҳур овардан мехоҳем.
  Синзо Абэ аз оилаи сиёсатмадори воломақом баромада буд. Вай дар ҷавонӣ ба сиёсат пайваста, аз имкониятҳои худ дуруст истифода бурд ва муваффақ шуд. Соли 1993 ҳамчун аъзои ҳизби Либерал- демократии Ҷопон ба парлумони ин кишвар роҳ ёфт. Дар муддати кӯтоҳ вай тавонист шоистагии худро исбот кунад ва ба сатҳи болотарин дар сохтори сиёсии ин кишвар расад. Ӯ дар соли 2006 нахуствазири Ҷопон шуд, ки ҷавонтарин сарвари давлат дар таърихи навини ин кишвар маҳсуб меёфт. Аммо баъди як сол бо сабаби хуруҷи беморӣ аз ин симмат истеъфо дод. Баъди ин, дар сохтори сиёсии Ҷопон ноустуворӣ ба миён омад ва то бозгашти Абэ дар соли 2012 чандин бор нахуствазир дигар шуд. Бозгашти дубораи Синзо Абэ ба мақоми нахуствазирии ин кишвар устувории нисбиро дар сиёсати ин кишвар ба вуҷуд овард. Ин бор Абэ тақрибан 8 сол нахуствазир боқӣ монд ва сиёсати ҷасуронаву мустаъқилонаеро пеша кард, ки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори қавӣ муаррифӣ гашт.
  Синзо Абэ ҳувияти миллии қавӣ дошт ва дар муддати нахуствазирии худ кӯшиш кард, ки мақоми Ҷопонро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ нигаҳ дошта, қудрати миллии Ҷопонро қавитар кунад. Дар муддати рафтану баргаштани вай, соли 2010 Ҷопон мақоми иқтисоди дувуми ҷаҳон будани худро аз даст дод. Гузашта аз ин, рушди иқтисодии ин кишвар дар сатҳи поин қарор дошт, ки хатарҳои зиёди дигарро дар пай дошт. Синзо Абэ баъди бозгашти худ барномаи мушаххасеро таҳия карда, ба мардуми Ҷопон ироа сохт. Вай дар асоси ривояти қадимии ҷопонӣ сиёсати “Се найза” – ро бар роҳ монд, ки баъдан дар ҷаҳон бо номи “абэномикс” машҳур шуд.
  Тибқи ривояти мазкур, яке аз шоҳони Ҷопон се писар доштааст, ки дар остонаи ҷанг бо душман онҳо бо ҳам иттифоқ набудаанд. Пас шоҳ онҳоро ба назди худ хонда, ба яке аз онҳо як найза медиҳад ва мегӯяд, ки онро шикан. Писар найзаро ба осонӣ мешиканад. Пас аз он шоҳ се найзаро бо ҳам баста ба писар бармегардонад ва мегӯяд, ки инро шикан. Писар наметавонад онҳоро шиканад. Ин рафтори шоҳ писаронашро мутақоид мекунад, ки дар якҷоягӣ бо душман бояд рӯ ба рӯ шаванд. Вагарна дар танҳоӣ ҳамаи онҳо шикаст хоҳанд хӯрд.
  Дар асоси ҳамин ривоят Синзо Абэ иддао мекунад, ки бояд ҳамзамон дар се самт ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад, то Ҷопон суръати рушди иқтисодии қобили қабул дошта бошад. Якум, сабук кардани сиёсати пуливу қарзӣ барои аз миён бардоштани дефлятсия. Дуюм, ҷудо кардани маблағҳои буҷетии зиёд барои беҳтар кардани инфрасохтор дар тамоми кишвар, махсусан барқарор кардани минтақаҳои аз офатҳо осебдида ва кам кардани сарбории андозии ширкатҳо. Сеюм, ислоҳоти сохторӣ ҷиҳати таъмини шароит барои рушди устувор дар кишвар. Яъне, ин се найза ислоҳоти молиявӣ, пулӣ ва сохторӣ буданд, ки аз ҷониби Синзо Абэ пешниҳод ва амалӣ карда шуданд.
  Дар воқеъ, Ҷопон солҳо аз беқурб нашудани пули миллии худ ранҷ мебурд. Мушкил дар он буд, ки ин дефлятсия рақобатпазирии молу маҳсулоти содиротии Ҷопонро дар бозори ҷаҳонӣ мушкил месохт. Ин вазъият монеи рушд кардани иқтисод гашта буд. Абэ ҳадаф дошт, ки бо харҷи бештари маблағҳои буҷетӣ (сиёсати фискалӣ) ва кам кардани фоизи қарзҳо (сиёсати пулӣ) таварруми солонаро то ба ду дарсад боло барад. Ин ҳолат рақобатпазирии маҳсулоти содиротии Ҷопонро зиёд карда метавонист. Илова бар ин, дар баробари амалӣ сохтани лоиҳаҳои бузурги давлатӣ ҷойҳои корӣ бештар мешавад ва дастрас будани фоизи қарзҳо ҳам корхонаҳо ва ҳам истеъмолкунандагонро фаъолтар мегардонад. Дар маҷмуъ, амалӣ сохтани ин барнома ба иқтисоди Ҷопон такони нав бахшида метавонад.
  Яке аз мушкилоте, ки барои расидан ба ҳадафи боло халал мерасонд ин камбудии қувваи корӣ буд. Шумораи аҳолии қобили кор дар ин кишвар рӯз то рӯз камтар мешуд ва мушкилоти демографӣ аллакай Ҷопонро домангир буд. Барои бартараф кардани ин мушкил, ду роҳкор аз ҷониби ҳукумати Абэ интихоб шуда буд. Пеш аз ҳама ҷалби бештари бонувон ба бозори меҳнат буд, ки дар ин самт тавонистанд пешравиҳо дошта бошанд. Дуюм, ҳавасмандгардонии оилаҳо барои доштани кӯдак буд. Дар он давра пешбинӣ мешуд, ки то соли 2060 аҳолии Ҷопон метавонад то 40 дарсад кам шавад. Чунин равиши кор мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро ба бор оварда метавонад. Бинобар ин, барои ҳавасмандгардонии оилаҳо Абэ дар самтҳои дастгирии кӯдакон ва ислоҳоти маориф сармоягузорӣ кард. Бо ин роҳ ҳадаф дошт, ки дар таълиму тарбияи кӯдак ба оилаҳо сабукӣ оварда шавад, то таваллуд бештар гардад. Агар бо ҷалби бештари бонувон мушкили ҷории қувваи кориро ҳал карда бошанд, бо ислоҳоти сохторӣ, ҷиҳати ҳавасмандгардонии оилаҳо барои доштани кӯдак, ҳукумати Абэ ҳадаф дошт ин мушкилро дар оянда низ бартараф кунад.
  Ҳадафҳои Синзо Абэ қисман иҷро шуданд. Ҷопон тавонист занҳоро бештар ба кор ҷалб карда, мавқеи онҳоро дар бозори меҳнат болотар барад ва сатҳи бекориро ба таври бесобиқа поён оварда, ба камтар аз се дарсад расонад. Ҳарчанд натавонист таваррумро то ба ду дарсад боло барад, вале дар ин самт низ тағйиротҳое ба вуҷуд оварда шуд, ки аз онҳо ҳадди ақал ширкатҳо манфиат гирифтанд. Ҳоло барои арзёбии пурраи сиёсати “абэномикс” вақти бештар лозим аст. Ҳарчанд ин сиёсатмадор аз қайди ҳаёт рафт, вале ҳадафҳои вай ҳоло ҳам амалӣ шуда истодаанд ва дар солҳои оянда мо шоҳиди натиҷаҳои бештари онҳо мегардем.
  Агар ба ҳадафҳои кулии Синзо Абэ таваҷҷуҳ кунем, маълум мегардад, ки вай ҳамчун як шахсияти ватандӯст намехост, ки Ҷопон мавқеи иқтисодии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз даст диҳад. Ин буд, ки вай дар давоми нахусвазирии худ ба мушкилоти дохилӣ таваҷҷуҳи бештар мекард. Ҳатто дар ин давра кӯмакҳои Ҷопон ба кишварҳои хориҷӣ камтар шуда буданд. Вай нақши худшиносии миллӣ ва идеологияро дар нигаҳ доштани рушди устувори иқтисодиву қудрати давлат муҳим мешуморид. Ин буд, ки бо гурӯҳҳои миллигарои ҷопонӣ ҳамкориҳо дошт. Ин ҳамкориҳо садои рақибони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии вайро баланд мекард. Вале, Синзо Абэ ҳамчун сиёсатмадори қавиирода ва мустақил ҳадафҳои худро устуворона пайгирӣ мекард. Ғояҳои ватандӯстии вай бар зидди касе нигаронида нашуда буданд. Онҳо танҳо мехостанд, ки Ҷопон мавқеи иқтисодии худро дар ҷаҳони муосир нигаҳ дошта, ҳамчунон дар рушди илму технологияи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад. Ё ин ки аҳолии ин кишвар ба таври фоҷиабор кам нашавад ва ҳадди ақал болотар аз сад миллион боқӣ монад. Инҳо ҳадафҳои бад набуданд ва ба эҳтимолияти зиёд насли нави сиёсатмадорони ҷононӣ низ онҳоро дунболагирӣ хоҳад кард.
  Яке аз масъалаҳое, ки баҳсбарангез буда, ҳар сиёсатмадоре ҷуръати баррасии онро дар Ҷопон намекард, ин дубора қудрати ҳарбӣ шудани Ҷопон мебошад. Синзо Абэ ин масъаларо низ дунболагирӣ карда, кӯшиш мекард, ки ба сарқонуни ин кишвар тағйирот ворид шавад ва Ҷопон қувваҳои мусаллаҳи худро дошта бошад. Ҳадафи бунёдии вай боло бурдани қудрати миллӣ буд. Мехост Ҷопон на танҳо дар иқтисод ба гурӯҳи кишварҳои аввалиндараҷаи ҷаҳон дохил бошад, балки дар сиёсату қудрат низ мавқеи баланд дошта бошад. Маълум аст, ки қудрати миллӣ бе иқтисоди қавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин буд, ки дар баробари пайгирӣ кардани масъалаи қудрати ҳарбӣ барномаи “абэномикс” – ро ба роҳ монд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки муборизаҳои геополитикӣ ба сатҳи нав гузашта, шадидтар шудаанд, дарк кардани мавқеи Абэ осонтар аст. Вай мехост, бо боло бурдани қудрати миллии ҷопониҳо амнияти ватани худро барои даҳсолаҳои оянда таъмин намояд. Лекин, барои амалӣ кардани ин ҳадаф пуштибонии сеяки аъзои парлумон ва аксари аҳолӣ лозим буд, ки дар шароити имрӯза натавонист онро ба даст оварад.
  Муносибатҳои Ҷопон бо Тоҷикистон дар замони ҳукумати Синзо Абэ тағйироти ҷиддӣ накардаанд. Чуноне ки қайд шуд, вай бештар ба бартараф кардани мушкилоти дохилӣ ва қудрати миллӣ таваҷҷуҳ мекард. Дар сиёсати хориҷӣ ислоҳоти назаррас надорад. Кӯшиш мекард маносибати худро бо кишварҳое қавитар кунад, ки иқтисоди Ҷопон аз онҳо вобастагӣ дорад. Ба монанди ИМА, ки бозори бузурге барои фурӯши маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ мебошад ва ё кишварҳои халиҷи форс, ки аз онҳо нафту гази зиёд харидорӣ мекунанд. Бо кишвари мо чунин вобастагиро надоранд ва дар 8 соли ҳукмронии ин сиёсатмадор на дар тиҷорат ва на дар фарҳангу сиёсат тағйиротҳои ҷиддӣ дида намешуд. Ҳатто Кӯмакҳои расмӣ барои рушд аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон тақрибан дар ҳамон сатҳ нигаҳ дошта шуданд.
  Маълум аст, ки низоми давлатдории Ҷопон ба ҳеҷ шахсияте вобаста нест. Бо рафтани як сиёсатмадори қавӣ аз саҳнаи ҳаёт ин кишвар ба буҳрон гирифтор намешавад. Ҳадафҳое, ки Синзо Абэ пайгирӣ мекард, ҳадафҳои миллӣ буданд ва дар оянда низ аз ҷониби сиёсатмадорони ин кишвар пайгирӣ карда мешаванд. Хатарҳо низ бартараф нашудаанд ва ҳукумат маҷбур аст дар пайи кам кардани таъсири онҳо бошад. Ин вобаста набудани низоми сиёсӣ ба шахсият як дастоварди муҳим дар давлатдории мардуми Ҷопон мебошад, ки ҳар миллате орзуи онро мекунад. Умедворем, сиёсати ба роҳ мондаи Синзо Абэ аз ҷониби насли нави сиёсатмадорони ин кишвар дар амал татбиқ шуда, дар ояндаи наздик натиҷаҳои хубе ба бор меорад. Ин метавонад шароити наверо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон ба вуҷуд оварад.

Меҳр Собириён
 
Хондан 755 маротиба