JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Сентябри 2021 07:40

Нақши занон - олимон дар рушди илм, инноватсия ва технология

Муаллиф: Халифаева Шоҳина

  Рушди илму техника танҳо дар ҷомеаи осудаву ором имконпазир мебошад. Хушбахтона дар кишвари мо ҳама шароитҳо барои таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ аз ҷумла барои духтарону бонувон фароҳам оварда шудааст. Ин буд, ки шурӯъ аз санаи 17 то 20 августи соли ҷорӣ дар шаҳри зебоманзари Гулистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Нақши занон-олимон дар рушди илм, инноватсия ва технология", ки аз ҷониби клуби "Хонуми ядроӣ" -и назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо дастгирии Созмони Амнияти Аврупо ва роҳбарияти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ баргузор гардид.

  Дар конфронс занони олим, омӯзгорон, магистрантон, PhD докторантон ва донишҷӯёни пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимон аз донишгоҳҳо, пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷи кишвар ба монанди Комиссияи миллии энергияи атомӣ, Буэнос –Айрес (Аргентина), Институти тадқиқоти байналмилалии Mидлбери, Монтерей, Калифорния (ИМА), Институти миллии физикаи ядроӣ дар Катания, (Италия), Институти тадқиқот ва рушди Чернобил, (Украина), Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Москва, (Русия), Институти илмию тадқиқотии растаниҳои шифобахш ва хушбӯй, Москва, (Русия), Донишгоҳи давлатии Фарғона, (Ӯзбекистон), Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, Алмаато ва дигарҳо фаъолона ширкат намуда масъалаҳои мубрамро дар соҳаҳои амнияти ядроӣ, физика, кимиё, тиб, биология ва ғ. баррасӣ намуданд.

  Конфронсро Илҳом Мирсаидзода, доктори илмҳои техникӣ, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ ифтитоҳ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳалли масъалаи гендерӣ, ҷалби духтарон ва занон ба рушди маориф, илм, иқтисод ва иштироки фаъолонаи занҳоро дар тамоми соҳаҳои сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоии кишвар таъкид намуд ва ҳамзамон қайд кард, ки таъсиси клуби занонаи" Хонуми Ядроӣ "дар назди ААЯР АМИТ яке аз қадамҳо дар ҳалли мушкилоти номбурда аст. Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қоҳирзода  Гулчеҳра ва муовини аввали раиси шаҳри Гулистон Комилзода Нуринисо Раҷабӣ низ бо суханронии ифтитоҳӣ баромад карданд.

  Маърӯза ва рӯнамоҳои иштирокчиён ба бахшҳои зерини мавзӯӣ тақсим карда шуданд: "Масъалаҳои паҳн накардани силоҳи қатли ом ва амнияти радиатсионӣ"; "Биология ва тиб"; "Химия ва физика"; "Ҳуқуқшиносӣ, таърих ва бостоншиносӣ, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисодӣ". Маърӯзаҳо дар байни иштирокчиёни конфронс таваҷҷӯҳи зиёдро ба вуҷуд оварда, саволҳо ва мубоҳисаҳо зиёд буданд.

Ғайр аз мавзӯҳои илмӣ инчунин бархе аз маърӯзачиён дар бораи зиндагӣ, кор ва фаъолияти заноне, ки саҳмашон дар рушди илм беназир аст, маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

 

Аз рӯи натиҷаҳои маърӯзаҳои шунидашуда ва баромадҳо дар маросими пӯшидашавии конфронс ба беҳтарин баромадкунандагон сертификат ва мукофотҳои ҳавасмандкунӣ супорида шуд.

Ғолибони Конфронси II байналмилалии илмию амалӣ "Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология" аз рӯи номинатсияҳои “Рӯнамои беҳтарин”, “Ифшои мавзӯъ ба таври прфессионалӣ” ва “Муҳиммияти мавзӯи интихобшуда ” буданд, ки дар номинатсияи охирон банда ғолиб дониста шудам.

  Қайд кардан ҷоиз аст, ки конфронс ниҳоят дар сатҳи олӣ гузаронида шуда, саҳми ташкилкунандагон аз ҷумла раиси клуби “Хонуми ядроӣ” муаллима Ҳакимова Нодира, тарҷумонон ва коргарони техникӣ бисёр назаррас аст. Барои болидахотирии иштирокчиён ҳамарӯза баъди анҷоми кори конфронс чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда шуда, ба ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд саёҳатҳо ташкил карда шуданд.

  Бояд қайд намоем, ки ҳама ин дастовардҳои бонувони кишвар ва баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ маҳз натиҷа ва меваҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон мебошад. Дар интиҳо, бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми соҳибфарҳанги кишвари маҳбубамонро бо фарораси ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саломатӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар соҳаҳои фаъолияташон таманно дорам.

 

Халифаева Шоҳина

PhD-докторанти соли дуюми

Институти физикаю техникаи ба номи

С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1067 маротиба