JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 31 Августи 2021 09:26

Зуҳури истеъдодҳои миллӣ дар заминаи барномарезиҳои озмунӣ (бардоштҳои муқаддимотӣ дар ҳошияи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021)  

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Мусаллам аст, ки як роҳи бурунрафт аз мушкилоти зеҳнию фикрӣ, тамоюли кӯрзавқию безавқӣ, заъфи гироишоти миллӣ ва билохира буҳронҳои ҳувиятӣ ҳадафмандона барномарезӣ ва роҳандозӣ намудани маҳфилу нишастҳо, базму маъракаҳо ва озмуну фестивалҳо мебошад. Махсусан, бо ҳузури васеи ҷомеа ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ давра ба давра ва марҳила ба марҳила гузаронидани маҳфилу озмунҳои фарҳангию ҳунарӣ раванди завқписандӣ, зебоишиносӣ, худогоҳӣ, фазилатмандӣ ва ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, роҳро барои расидан ба қуллаҳои баланди мурод – бунёду сохтмони давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамвор месозад. Дар зимн, баланд бардоштани сатҳи завқу салиқаи бадеӣ-эстетикӣ, арҷгузорӣ ба мероси фолклорӣ-этнографӣ, эҳёи суннатҳои маҳаллию мардумӣ ва худогоҳию хештаншиносии наслҳои наврасу ҷавон аз тариқи роҳандозии пружаи фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ осонтар ва мувофиқтар аст. Аз ҷониби дигар, мардум ва масъулини пружаҳое ҳамчунинӣ таҷрибаи гузаронидани фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизиониии эҷодиёти халқро, ки дар қолиби Бӯстон – 1 (1974), Бӯстон – 2 (1981), Бӯстон – 3 (1986-1987), Андалеб (1996) ва амсоли инҳо рехта ва манзури бинандагон гардонида буданд, хуб дар хотир доранд.

  Дар заминаи ин гуна фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионӣ озмунҳое дар сатҳҳои дигари иҷтимоию маданӣ, аз ҷумла дар миёни дастаҳои ҳаваскорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти унвони “Ғунчаҳои санъат” ва байни ҳаваскорони хонаҳои маданият (қасрҳои фарҳанги имрӯзӣ) бо номи “Бӯстон” доир карда мешуд ва ростӣ, самара ва натиҷаҳои хуб ҳам медод. Аз байни ҳаваскорони санъат минбаъд овозхонони номӣ, раққосони варзида, бадеҳасароёни хуб, ровиёну муҷриёни тарҳҳои консертию барномаҳои телерадиоӣ, базлагӯёну ширинкорони машҳур рӯйи саҳнаи ҳирфаӣ пайдо мешуданд. Мунтаҳо, маҳз тавассути барномарезиҳои дурусту мантиқии давр ва доир намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳунарии сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз як тараф, суннату анъанаҳои гузаштаи миллию мардумӣ, ки вежагии ҳувиятӣ доштанд, эҳё гардиданд, аз тарафи дигар, истеъдодҳои нодири ҳунарие мисли Давлатманд Холов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Бобоҷон Азизов, Нигина Амонқулова ва дигарон кашф шуданд. Аз ин ҷост, ки ҳар қадар ибтикороту ташаббусот дар заминаи дуруст ва босифат доир намудани фестивал-озмунҳо рӯйи даст гирифта шавад, ҳамон қадар имкони мусоиди ба ҳадафҳои миллӣ расидан фароҳам меояд. Ба ин маънӣ, дар сатҳи зарурӣ ва бо таваҷҷуҳ ба фазо ва муҳити бадеию эстетикӣ ва иҷтимоию эҷодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронидани фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионӣ аз аҳамият холӣ нест.

   Ба ин тартиб, дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025”, ҳамчунин ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сесолаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ҳифзи мероси куҳанбунёди миллӣ, эҳёи суннатҳои дерини аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таблиғи суруду таронаҳои фолклорӣ-этнографӣ, тақвият бахшидани раванди ҳувиятсозии тоҷикӣ ва бозҷусту кашфи истеъдодҳои навини ҳунарию фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе таърихи 3-13 августи соли ҷорӣ даври ниҳоӣ-ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид. Мақомоти марбута -- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 тадбирҳои судманд андешиданд. 

  Масъулин – ҳайати ҳакамони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 аз рӯйи 12 номина – намоиши ҳунарҳои мардумӣ -- “Бозори ҳунар”, “Суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор)”, “Намоиши либосҳои миллӣ”, ”Навозиши умумӣ”, “Рақс”, “Суруд”, “Навозиши якка”, “Бадеҳа ё лапар”, “Саҳначаи ҳаҷвӣ”, “Порча аз анъанаҳои мардумӣ”, “Суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” ба ҳунару истеъдоди дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, баҳо доданд. Албатта, баҳогузорӣ ба ҳунарнамоии дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ як кору амали нисбист ва ба он наметавон аз равзанаи мутлақият нигарист. Аз тарафи дигар, ҳар нафар аз ҳакамон ба ҳунарнамоии ин ва ё он гурӯҳи ҳунарӣ ва шахсиятҳои алоқида бар мабнои завқу салиқа ва фаҳмишу биниши бадеӣ, эҷодӣ ва касбӣ- ҳирфаии худ баҳо мегузорад. Хуб, ин кори ҳакамон аст, аммо бинандаву тамошобин баҳои хосси худро дорад. Мо ҳам минҳайси як тамошобин, ки шоҳиди ҳунарнамоии ҷолиби дастаи ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Восеъ ва шаҳри Ҳисор гардидем, диду таассуротамонро дар чанд нуктаи иҷмолӣ ироа медорем:

  Якум. Дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо омодагии хуб ба пойтахт омада, аз рӯйи имкон ва тавону шароити ташкилию эҷодӣ ҳунарнамоӣ карданд. Муҳимтар аз ҳама, дар баррасии мунсифонаи ҳар як аз шарту номинаҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 назару диди хурдабинона (на хӯрдагирона)-и тамошобин ба сатҳи саҳнаоройӣ, тариқаи ҳунарофаринӣ, фарҳанги ҳамсаройиву овозхонию раққосӣ, тарзи ҳаракату нутқи саҳнавӣ, шеваи гузиниши матнҳои фолклорӣ-этнографӣ, бурузи рангорангии суннат ва анъанаҳои маҳаллию мардумӣ, рӯнамоии мушкилоти иҷтимоӣ аз тариқи саҳначаҳои ҳаҷвӣ, бархӯрдҳои солими эҷодӣ ва сабки иҷрои тими ҳунарӣ хеле муҳим аст. Агар аз ин равзанаву зовияи ҳунарӣ ба номина ва шарту шурути барномаҳои ҳунарии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 таваҷҷуҳ намоем, иштибоҳ намекунем.

  Дувум. Ростӣ, аз тамошои барномаҳои ҳунарии дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Восеъ ва шаҳри Ҳисор лаззат бурдем. Қатъи назар аз он ки камбуду мушкилоти ташкилӣ, молиявӣ, инфрасохторӣ, фаннӣ-техникӣ, ҳунарӣ, иҷроӣ, ҳирфаӣ ва барномавӣ дар муассисоти фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳурӣ, махсусан қасрҳои фарҳанги музофотӣ ба назар мерасад, дастаҳои ҳаваскорони санъат дар даври ниҳойии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳунарнамоӣ карданд. Гузашта аз ин, ба василаи манзур намудани намунаҳои боризи кишварзӣ, ҳунарӣ, ороишӣ ва дар ин замина муаррифӣ кардани суннату анъаноти пешини маҳаллӣ, мероси бумӣ, арзишҳои фарҳангӣ, тарзи либоспӯшӣ ва зинатҳои музофотию  минтақавӣ устуворӣ ва дерпойии маданияти моддию маънавии тоҷикони маҳаллию музофотӣ ва марказию шаҳрӣ таъмин карда мешавад.

   Севум. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккаботу печидагиҳои тунди сиёсию мафкуравиро, ки бар асоси манофеи геополитикӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ рӯ задаанд, таҳаммул мекунад, моро зарур аст, ки аз суннату мероси арзишманди маҳаллию миллӣ дифоъ намоем ва роҳро барои расидан ба марҳилаи нави рушди давлатсозию ҷомеасолории миллию дунявӣ ҳамвор созем. Намунаҳои осори фарҳангию ҳунарии миллию мардумӣ, ки  қисман дар қолаби барномарезиҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 манзури бинандагон қарор дода шуд ва аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахшу нашр гардид, умри маданияти қадимаи тоҷикро дароз мекунад. Афзун бар ин, мо дар баробари буҳронҳои амиқи ҳувиятӣ ва мушкилоти зеҳнӣ дасту панҷа нарм мекунем ва сол ба сол, мутаассифона, ҳузуру нуфузи маснӯӣ ва ҳадафмандонаи фарҳангу мафкураҳои ҳувиятситези бегона баданаҳои иҷтимоиро сусту заиф сохта, як навъ миллиситезӣ ва ҷаҳолатписандиро миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ решадор карда истодааст. Таблиғоти густурдаи фарҳангу мафкураи бегона дар даҳ-понздаҳ соли ахир, ки таҳдиди бевосита ба асолату ҳувияти миллиро ба дунбол дорад, паёмадҳои ногувореро рақам хоҳад зад. Агар ҷилави ин навъ таҳоҷумоти мафкуравию фарҳангӣ гирифта нашавад ва дар ин замина роҳкорҳои муассир барномарезӣ ва амалӣ нагарданд, ҳувияти миллӣ зери бори хатароти ҷиддӣ қарор мегирад. Ин аст, ки тавассути роҳандозии барномаҳои ҷиддии фикрӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ рафъи мушкилоти ҳувиятӣ ва ишколоти зеҳнӣ имконпазир мегардад. Ба ин маънӣ, дар доираи маҳфилу нишастҳои адабӣ, базму тарабҳои ҷамъӣ ва фестивал-озмунҳои музофотию ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштани дукондории маънавияти маҳаллӣ, фарҳанги ороишӣ, дасткориҳои бобоӣ, маҳорати сарояндагӣ, ҳунари раққосию бозигарӣ, неруи фаъоли ҳунарӣ ва билохира қудрати эҷодии миллӣ муқтазиёти замонию маконӣ маҳсуб меёбад.

   Чаҳорум. Корбаст ва истифода аз таҷрибаи ғании фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Бӯстонҳои -- 1,2,3”(1974-1987), “Андалеб” (1996) ва озмуни “Тоҷикистон хонаи ободи ман” (1997) дар таҳкиму тақвият бахшидани раванди озмунҳои марҳилаи навини соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла “Андалебҳо”-и баъдӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин, бо истифода аз бойгониҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва ба хотири андӯхтани таҷрибаи эҷодию ҳирфаӣ, мушоҳидаи ҳадафмандонаи раванди худогоҳии миллӣ, ҷараёни эҳёву бозофаринии арзишҳои маданӣ ва муқоисаи вежагиҳои ҳунарӣ метавон тариқи шабакаҳои телевизионии расмӣ Фестивал-озмунҳои Бӯстон – 1 (1974), Бӯстон – 2 (1981), Бӯстон – 3 (1986-1987), Андалеб (1996)-ро бозпахш кард. Яке аз нукоти ҷолиби таваҷҷуҳи барномаҳои қаблии озмунӣ табиӣ ва ба завқу салиқаи мардуми маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ созгор будани маросимоти музофотӣ ва расму одоти шаҳрӣ мебошад. Барои намуна, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” (1996), ки аз зумраи нахустин чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ба шумор мерафт ва мо шоҳиди бевоситаи баргузории он дар маркази шаҳри Душанбе (8-9 сентябри соли 1996) будем, бо табиияту зебоияти худ аз дигар озмунҳо фарқ мекард. Ҳар як аз дастаю коллективҳои ҳунарии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ растаҳои намоишӣ-ҳунарии худро доштанд ва майдони рақсу бозиҳои андалебӣ аз Бинои собиқ Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон шурӯъ шуда, то ба маҳаллаи 91-ум идома пайдо карда буд. Иштирокдорон ва тамошобинони чорабинии озмунии идона ҳамагӣ дар ҳолати ваҷду сурур, рӯҳбаландӣ ва болидахотирӣ қарор доштанд ва махсусан, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳо масъулин ва меҳмонони ҷашнро бо суруду таронаҳои суннатӣ, дастафшонию пойкӯбиҳои маҳаллӣ ва барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ пешвоз мегирифтанд. Ин аст, ки бозпахши лаҳзаҳои ҷолиби Бӯстонҳои замони шӯравӣ ва Андалебҳои солҳои аввали замони соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам меоваранд, ки насли наврасу ҷавони тоҷик рамзу рози фарҳангу ҳунари миллати хешро дар имтидоди замонӣ дарёбад ва мушаххасоти фарҳангию ҳунариии ҷомеаи шӯравиро бо замон ва шароити муосир мунсифона қиёс карда, як фарҳанги воҳид ва бутунро бо дар назар гирифтани ҳувиятҳои нишонраси маҳалҳои гуногуни кишвар ба вуҷуд оварда, бад-ин минвол дар эҳё ва пойдории фарҳанги миллӣ саҳми бориз бигирад.

  Панҷум. Ҳайати ҳакамони фестивал-озмунҳои навбатиро метавон аз ҳисоби олимон-санъатшиносони варзидаи ҷумҳурӣ (аз ҷумла, докторони илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва Фароғат Азизӣ ва амсоли инҳо) ва ҳунармандони бузурги миллӣ (бо шумули Давлатманд Холов, Давлати Убайдулло, Мирзоватан Миров ва дигарон) пурқувват кард. Тими ҳакамӣ бояд ҳирфаӣ ва касбӣ бошад, то ин ки ҳангоми иҷрои ин ва ё он номина ҳатто аз хурдтарин ҳаракот ва вежагиҳои шахсӣ, инфиродӣ, ҷамъӣ, саҳнавӣ, ороишӣ, эҷодӣ ва ҳунарии ҳаваскорони санъатро сарфи назар накунад ва  дар баробари ҳар як ҳунарварӣ мунсифона доварӣ намояд. Баъдан, матраҳ ва баррасӣ кардани масоил ва мушкилоти ҷиддии рӯзгори мо дар доираи номераҳои алоҳидаи фестивал-озмун муҳим аст. Инчунин, набояд ба сарнавишти минбаъдаи истеъдодҳои нодири ҳунарӣ, ки тариқи фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёфт шудаанд, бетафовут буд. Агар баргузории озмунҳо ва соири чорабиниҳои ҳамчунинӣ танҳо ба хотири иҷрои нақша ва барнома бошад ва фаъолияти минбаъдаи ҳаваскорони санъати минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар озмунҳо пирӯз мешаванд, мадди назари масъулини мақомоти марбутаи давлатӣ (минҷумла Вазорати фарҳанг ва сохторҳои зертобеи он) қарор нагирад, кори ҳунарӣ ва фарҳангии мо беҳуда ва барои ҳисобот ҳасту бас. Пас, дар кору барномарезиҳои минбаъда бояд ҷиддӣ буд ва манофеи давлату миллатро ҳамеша дар авлавият қарор дод.

  Шашум. Дар феҳристи шарту номинаҳои Фестивал-озмун шомил кардани номинаи “мушоира”, ки тарзи баён, вазни калом, ҳунари ровигӣ ва суханварии довталабонро ба намоиш мегузорад, зарур аст. Дар озмунҳои замони шӯравӣ мушоира яке аз шартҳои калидии барномавӣ ба шумор мерафт ва ворид намудани он ба шурут ва номинаҳои фестивал-озмунҳои баъдӣ аз аҳамият холӣ нест.

 Ҳафтум. Ҷалби тамошобинон ба толорҳои консертӣ аз тариқи реклама ва пахши огоҳиҳои мудавом дар Васоити ахбори умум вазифаи дастандаркорони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 аст. Мутаассифона, толори Фалармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баъзан аз тамошобин холӣ буд. Шояд ба хотири пандемия ва шуюъи вируси короно мардуми зиёд ба толор ҷалб нашуд, вале ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба толорҳои консертӣ ва намоишҳои ҷашнӣ сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии ҷомеаи моро боло мебарад ва то андозае аз офати безавқию кӯрзавқӣ наҷот мебахшад.

 Ҳаштум. Мардуми маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ, хосса ҷомеаи музофотии мо, новобаста аз гирифториҳои зиёди зистӣ ҳунарпарвар, санъаттабиат, зиндагипараст ва миллатдӯстанд. Аз симо ва чеҳраҳои поку беолоиши ҳунармандони дастаҳои ҳаваскорони санъати минтақаҳои Тоҷикистон метавон ҳадс зад, ки онҳо, новобаста аз мушкилоти рӯзгор дар хидмати фарҳангу санъати миллианд ва анъанаву суннатҳои дерини аҷдодиро, ки ҷузъи ҳувият ва менталитети миллӣ мебошанд, ҳифзу гиромӣ медоранд. Зиёда аз ин, побарҷо будани рӯҳияи миллиро аз ҳар нигоҳи иштирокчии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб – 2021 мушоҳида кардан мумкин буд. Аз ин ҷост, ки  рӯҳияи миллӣ ва мушаххасоти ҳувиятии мо ҳанӯз побарҷоянд ва имконияти мусоиди бурузи онҳо дар сатҳҳои болотари иҷтимоию ҳунарӣ ва маданӣ фароҳам аст.

                 Нозим Нурзода,

           пажӯҳишгар

Хондан 844 маротиба