JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Марти 2019 08:10

Наврӯз – рамзи навгонии милливу тамаддуни инсонӣ (дар ҳавзаи фарҳангии наврӯз)

Муаллиф:

 Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ. Ин бозсозии бадану тинат ҳам ба мисли Наврӯзу силсилаҷашнҳои ориёӣ кори доимии инсонҳо мебошад, на кори якрӯзаву дурӯза ва мавсимӣ.  

  Дар бораи таърих ва ҷуғрофиёи Наврӯз сухан ронда чунин андешаеро бояд пазируфт, ки он аз қадимитарин ва зеботарин ҷашнхои ҷаҳон аст. Наврӯз бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсони рӯи Замин, аз ҷумла, кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор маҳсуб мешавад. Дар алоқамандӣ бо бузургдошти Наврӯз он чиз ҷолиб аст, ки ҳарчанд ин ҷашн сохта ва бофтаи тахайюли аҷдоди ориёӣ (мардумони деҳкон-зироаткори ҳиндуаврупоӣ) аст, онро ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик, аз марзи  Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣ ва қавмии худ пазируфта, ва бо шукӯҳу шаҳомати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии ориёинажодон (аз ҷумла мардуми тоҷику афғону курду эронӣ) бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам. Наврӯз бо бунёд ва интишори худ ба тариқи рамз як тамаддуни наверо дар минтақаи АвруОсиё бо номи Тамаддуни Ҳавзаи Наврӯз эҷод намудааст. Мардумони ин ҳавза то ба имрӯз бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешаванд ва амалҳои созандаву монандаеро дар рӯи Замин анҷом медиханд, яъне фарҳанги ягонаеро аз нав месозанд ва инсонҳоро аз сари нав тарбия менамоянд, аз каҷрафториҳо парҳез мекунанд. Ҷашни Наврӯз мардумро даъват мекунад, ки дар бораи зиндагии минбаъдаи худ ба таври инфиродӣ тафаккур кунад, на ки онро ба таври мошиниву сунъӣ такрор бикунад. Як иллати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар ҳамин аст, ки он такондиҳанда аст!

  Бешубҳа, таърихи Наврӯз ба рӯзгори аҳди бостон бармегардад. Он дар давраҳои пеш аз таърихи хату набиштаҳо дар ҷамоаҳои шикориву деҳқонии ориёӣ (сакҳову скифҳо, массагетҳову тахорӣ ва ғ., ки дар даштҳои АвруОсиё зиндагӣ ба сар мебурданд) оғоз шуда, аввал дар ёдҳо ва сангҳо сабт шуда, аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл ба шакли ривоят гузашта то ба рӯзгори шоҳҳони пешдодиву каёнӣ, суғдиву хоразмӣ, портиву паҳлавӣ ва эрониёни қадим расида ва ниҳоят дар рӯи хат набишта шуд ва баъдан ба рӯзгору зиндагии зардуштиёну мусулмонон ворид шуд ва дар китобҳои онҳо сабт шуд. Таърихи аз ин ёдҳо набиштаи Наврӯзро дар осори бузургтарин олимони Шарқ, алалхусус, Абурайҳони Берунии хоразмии тоҷиктабор ва ҳамосасарои тамаддуни тоҷику эронӣ –Абулқосими Фирдавсӣ пайдо намудан мумкин аст. Ҷои суруру шодмонии мост, ки унсурҳои деринаи ҷашни Наврӯз ба шакли зинда то ҳанӯз дар қисматҳои кӯҳистонии сарзамини тоҷик, махсусан дар Фалғару Помиру Кашмир ба таври зинда чун фарҳанги мардумӣ, ба шакли то андозае беолоиш вуҷуд доранд, ки нишонаҳои он дар китобҳои «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров ва и «Тоҷикони водии Хуф»-и М.Андреев ва дигар мардумшиносон дар Зарафшону Бадахшон сабт шудааст.[1] Минбаъд ва то ба имрӯз ба истилоҳи баъзе аз фарҳангшиносон «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».[2] Ин шаҳсутунҳо, албатта, бештар аз инанд, ки қайд шуданд, вале кореро ки забон бо сухан мекунад, ҷашни Наврӯз (21-22 Март) бо Тиргону (22 Инюн) Меҳргон  (22 Сентябр) ва ҷашни Сада (Декабр-Январ) бе сухан, вале бо амали мураттаб ба анҷом мерасонанд ва тамоми қофила ё сикли зиндагии Инсон дар ин ҷашнвораҳо тасвир мешавад ва чун ибрат ба ҷомеа пешниҳод мешавад. Ҷанбаи тарбиявӣ ва эпистемологияи Наврӯз на танҳо дар гӯш (ҳусси шунавоӣ) аст, балки дар чашму амал (маросимҳо) аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи озодӣ ва тавозуну ҳамкорӣ бо табиат тарбия мекунад ва ба зиндагии рӯзмарраи Инсон қуддусият мебахшанд.

  Оид ба ҷанбаи табиатшиносии Наврӯз сӯҳбати хосае мебояд ва ин мавзӯи баррасиҳои оянда хоҳад буд. Сӯҳбати имрӯзаи мо дар мавриди инъикоси ин ҷашн дар набиштаҳои асрҳои миёна аст. Ҷашни Наврӯз дар адабиёти оламшумули тоҷикиву порсӣ ба таври бориз сабт шудааст, ки яке аз он «Шоҳнома»-ин шоҳкории Ҳаким Фирдавсист, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва сурудаҳои Ҳофизи ширинкалом мебошанд. Ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, рӯй меоварем ба андешаи Акбари Турсон, ки: «Забони порсӣ (тоҷикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣ ва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рузгори ӯст».[3]  

  Ҳоло мавриде аст, ки ба шарҳи ин шоҳкориҳои адабиёти форсиву тоҷикӣ доир ба Наврӯз бипардозем. Албатта дар як мақола овардани намунаҳо аз тамоми ин шоҳкориҳо аз имкон берун аст. Ин ҷо танҳо метавон мисоле чанд роҷеъ ба Навруз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣ таҷассум гардидаанд, овард.

  Дар ибтидо зикр мекунем, ки яке аз мавзӯъҳои Наврӯз ин гирдгардонии Табиат аст, ки инсонҳоро даъват ба он мекунад, ки дар як ҷо, як мақом ва як манзил ба муддати дуру дароз қарор надошта бошанд, вале бояд пайваста дар такопу, чаҳду ҷадал, ҷустуҷу, худсозиву мардумсозӣ бошанд. Ин мазмунро бетавон ба ибораи машҳури шоири ширинкалом Лоиқ ба шакли мо набояд ки «…чу дируза ба як қоида такрор шавем» ифода намуд, ки Одамушшуарои шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин мазмунро ба тавре андаке дигар баён намудааст, ки гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағййиру таҳаввули мудовиму давраӣ қарор доштани он, як амр ва падидаи табииву муқаррарӣ буда он рамз аст. Одамушшуро Рудакӣ мефармояд:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

  Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣ аст, ки:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.[4]

  Ва нуқтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣ ва мубаддал шудани куҳна ба на нав баҳору Наврӯз аст, ва ҳатто:

Шояд ки марди пир бадин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шубоб аз паи машиб.

  Илова бар он, аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василает ҷиҳати ба эътидол овардани олами хастӣ дар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.[5]  

  Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳ миёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «этидол ҷузвест аз Ақли кулл».[6] Маълум аст, ки «Ақли кулл» номи дигаре аст аз қавонини табиату кайҳон, ки аз тариқи илму ҳунар кашф мегарданд. Пас, аз ин дидгоҳ Наврӯз намоди ақли кулл маҳсуб мешавад.

  Васфи Наврӯз бавижа дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ мақоми сазовор ва чойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣ бар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаққӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣ ба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад, ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки инсон ва кайҳон. Забони шево ва тавонои форсӣ (тоҷикӣ) имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи шигифтоваре доди сухан диҳад, ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва макоми Наврузро дар тадовуму такомули фарҳанги порсизабонон ба намоиш бигзорад. 

  Хаким Фирдавсӣ бо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», вақте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣ назди Кайхусрав меравад, ва аз у барои дарёфтани гумшудааш ёрӣ мехоҳад, шоҳи каёнитабор чунин посух медиҳад:

Бимон, то биёяд маҳи фарвадин,

Ки бифрӯзад андар ҷаҳон ҳурдин.[7]

Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,

Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,

Бигуям туро ҳар куҷо Бежан аст,

Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.

  Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарсидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад, ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.

  Ва чун Наврӯз фаро мерсад, Кайхусрав:

Яке ҷом бар каф ниҳода набид,

Баду андарун ҳафт кишвар бидид.

Замону нишони сипеҳри баланд,

Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.[8]

  Наврӯз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз оғози даврони нави эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқиёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ.

  Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣ шудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгохи ӯ ин чашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва руй овардан ба тавфиқ:  

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,

Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дӣ ки гузашт, харчӣ гӯи хуш нест,

Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

  Ғанимат донистани даврони зиндагонӣ бо фаро расидани Наврӯз маънии тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.[9]

  Дар ин рубоӣ боз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке хаст: рухи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд, ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуртҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағййир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣ эҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фарохам овардан амалест дархури инсони равшанзамир.

  Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сӯрат мегирад.

  Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бавижа булбул, низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,

Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.

Булбул ба забони паҳлавӣ бо гули зард,

Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.[10]

  Ва инчо булбул маҳз ба забони пахлавӣ (форси, точики) нағма мепардозад ва бо муроҷиа ба гули зард, ки намоди навмедӣ ва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медихад.

  Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазомини баланди ирфонӣ ба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва мақомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрузандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.[11]

 Инчунин «чароги дил барафрухтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣ сафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои солик, ки раҳ сӯи манзили Ӯро дар пеш дорад.

  Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Хофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиқ ба холи худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳақиқат дорад. Яъне чи ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фахм мекунанд, ки ба ҳолати ма’навии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард мехурад. Ҳар чанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш «сухан дар парда» мегӯяд:

Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.[12]

  Дар инҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариқи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ (тагййирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад, ва чуноне ки зиакраш рафт, Наврӯз нуқтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврузӣ, ки табқи суннати қадим ба таври муваққат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале хӯкумати воқеӣ надошт, бо гузашти панҷ ё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне инҷо киноя аз зудгузарӣ ва нопойдорӣ аст. Ва ҳамин зудгузарии мукаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ дар ин олам аст ва ба таври рамзӣ аз бозсозии шахсӣ низ мебошад. Вале ҳар дафъа:

Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.[13]

  Пас чаро мо (инсоният, ҷомеа, заминиён) бояд дигарбора ба маънои томаш ҷавон нашавем, чаро афкори фарсудаи худро (бештар ниятҳои палидро) аз қафаси синаҳо бадар накунем, ахлоқи худро такмил надиҳем, чаро зиндагии худро аз нав шурӯъ накунем, чаро ҷомеаи худро ҳар замон аз нав насозем?! Наврӯз таълим медиҳад, ки баръакси эътидоли кайҳонӣ, эътидоли инсониву ахлоқӣ худ аз худ ба даст намеояд, барои он кӯшишу ғайрат бояд намуд, ақлу иродаи худро истифода бояд бурд. Агар ҳастии моро табиат ато кардааст (ва дар он ихтиёр надорем), вале вуҷуди худро мо бояд худ бисозем. Ин озодии иродаи мост. Хамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори навобиғи назми олашумули форсӣ-тоҷикӣ гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, такрор ба такрор омаданҳо, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эҳёву эътидоли табиӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ ва умуман инсонӣ таллаққӣ кард. Вале дар замири ин ҷашни бостонӣ муҳимтарин унсур ин навгонӣ ва навсозӣ аст, ки онро аз рамзи Наврӯз метавон танҳо ба воситаи ақл шинохт ва дар зиндагии ҳаррӯзаи худ аз тариқи ирода татбиқ намуд. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣ дар ҷодаи сохтмони худӣ дар сатҳи ҳар як фарди иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ дар кулл таъсиргузор хоҳад буд.  Аз ин рӯ, баъди ҷашни Наврӯз набояд моҳияти он, ки навгониву навсозӣ аст, ба фаромӯшӣ супорида шавад, зеро Наврӯзи инсоният ба охир намерасад, он танҳо оғоз меёбад. Наврӯз оғози таърихи ҳақиқии инсоният аст, ки бо худсозӣ ва навгонӣ машғул аст, на бо кӯҳнапарастиву такрорҳо (тақлидҳо).  Пас Наврӯз ин донишсозӣ дар заминаи таҷрибаи худӣ аст, на фақат донишандӯзӣ ва омӯхтан аз дигарон.  

    Муҳаммадсалом Махшулов

Сунатулло Ҷонбобоев

Маркази синошиносии 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

[1] Руҷўи бештар ба китоби Б.Ғафуров. Тоҷикон. М.Андреев. Тоҷикони водии Хуф ва ғ.

[2] Акбари Турсон. Пайвандгари наслҳо ва аслҳо. // Мачмуаи мақолоти пайки Наврӯз, мураттибон Баҳриддин Мирзоев ва Махфират Юсуфӣ, Душанбе, 2012, -С. 14. 

[3] Ҳамон ҷо.

[4] Девони Рӯдакии Самарқанадӣ, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1376 ҳичрии шамсӣ, -С. 76.

[5] Ҳамон ҷо, -С. 136.

[6] Унсуралмаъолии Кайковус. Қобуснома, Душанбе, интишороти «Адабиёти бачагона», 2014, -С. 132.

[7] Ҳурдин – бодаи биниши фитрӣ.

[8] Фидавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Теҳрон, интишороти «Суруш», 1381 ҳичрии шамсӣ, -С. 201. 

[9] Шинохти рубоиёти Умари Хайём, ба кўшиши Гулрухсори Сафӣ. Душанбе: Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, 2000, -С. 133.

[10] Хамон чо, с. 139.

[11] Ғазалҳои Ҳофиз, тадвини доктор Салим Нисорӣ. Теҳрон: Интишороти «ал-Ҳудо», 1371 хиҷрии шамсӣ, -С. 394.

[12] Ҳамон ҷо. С. 384

[13] Ҳамон ҷо. С. 91

Хондан 2776 маротиба