Муҳаммад Алӣ Пошо дар аввалин соли ҳукуматаш (1805) аввалин гурӯҳи илмиро бо сарпарастии Рафоа Таҳтовӣ (1801-1873) барои омӯхтани илмҳои муҳандисӣ, пизишкӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, сиёсат ва ғайра фиристод, то аз онҳо дар артиши худ истифода кунад. Ин аввалин тамоси мисриён бо фарҳанги Аврупо буд. Таҳтовӣ пас аз бозгашт аз Аврупо бо мувофиқати Муҳаммад Алӣ Пошо мадрасаи забонро таъсис кард ва худ ба сарпарастии он мансуб шуд [Зайф,19].
Рафоъа Таҳтовӣ ва шогирдонаш ду ҳазор асари аврупоиро ба арабӣ ва туркӣ тарҷума карданд. Усмон Ҷалол (1829-1898), шогирди Таҳтовӣ осори нависандагони машҳури фаронсавиро ба насри содаи арабӣ тарҷума кард. Ӯ нахустин нафаре буд, ки дар китобаш “Талхис ал-абриз фӣ талхис ал-Бориз” мисриёнро бо ончи ки дар Париж мушоҳида карда буд, ошно намуда, фарҳангу қавонини Фаронсаро барои онҳо баён кард [5, 117].
Сайид Мустафо Лутфӣ (1876-1924) бо иқтибос ё тарҷумаи бархе романҳои фаронсавӣ ва осори Франсиво Купа ва китобҳои “ал-Фазила” ва “ат-Тоҷ”-ро таҳрир кард. Аҳмад Шавқӣ (1868-1932) мегуяд: “Андешаи худро дар танзими достонҳо ба шеваи Лофантен озмудам” [Зайф, 100]. То ин замон аз адабиёти муқоисавӣ дар Миср хабаре набуд ва адибону андешамандони Миср бо тарҷумаи бархе осори фаронсавӣ ба арабӣ ё иқтибос аз онҳо сабаби ошноии ҳамватанони худ бо фарҳанги дигар мешуданд. Ин осор намунаҳои бисёр бо аҳамият ва дурахшоне аз иртиботи фарҳангӣ байни Мисру Фаронса ва ҳатто Шарқу Ғарб аст.
Дар натиҷаи ошноии мисриҳо бо фарҳанги Аврупо бахусус Фаронса, заминаҳои иртиботи адабӣ ба шакли устувортар гардида, аз охирҳои асри XIX ва сипас дар асри ХХ ҳамвор шуд. Агарчи даҳаи 1950 дар таърихи адабиёти муқоисавӣ дар Миср аҳамият ва ҷойгоҳи хосе дорад, зеро дар ин даҳа буд, ки адабиёти муқоисавӣ бар асоси мактаби Фаронса дар ин кишвар оғоз шудааст. Муҳаққиқон иттифоқи назар доранд, ки адабиёти муқоисавӣ дар натиҷаи иртиботи пажӯҳишгарони адабиёти араб бо ҳамтоёни аврупоияшон аз қарни нуздаҳум пайдо шудааст [5, 281].
Аввалин нафаре, ки истилоҳи “адабиёти муқоисавӣ”-ро дар забони арабӣ ба кор бурд, нависандаи суриёӣ-лубнонӣ Халил Ҳиндовӣ буд. Ӯ дар китобаш “Таърих илм ал-адаб инда ал-ифринҷ ва ал-араб ва Виктор Ҳугу” файласуфи араб Абулвалид ибни Рушдро нахустин татбиқгар дар фарханги классики араб муаррифӣ кард. Китоби Ҳиндовӣ ки соли 1904 дар Қоҳира ба чоп расид, маҷмуъае аз мақолаҳои ӯ буд, ки солҳои 1902-1904 дар маҷаллаи “ал-Ҳилол” мунташир мешуд. Ин китоб соли 1912 дубора чоп шуд [5, 119].
Пас аз Ҳиндовӣ ал-Халидӣ аз пешқадамон ва заминасозони адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб ба хусус Миср ба шумор меравад. Ӯ таваҷҷуҳи ҷаҳони арабро ба зарурати иртибот ва таомули адабӣ ҷалб кард. Ал-Халидӣ ба хубӣ ба адабиёти Араб ва Аврупо ошно буд ва дар мавзӯи “Таъсири арабҳо бар шеър ва тахайюли Аврупо” кор карда буд. Китоби ӯ дар ин мавзӯъ тайи даҳ сол се бор ба чоп расидааст. Ин худ нишонаи истиқболи ҷомеаи адабӣ аз мавзӯи мазкур аст [6, 281].
Баъдан, бояд аз Сулаймон ал-Бустонӣ (1856-1925) ва тарҷумаи “Илёд”-и вай ёд кард, ки соли 1904 дар Қоҳира ба чоп расид. Ӯ дар муқаддимаи муфассали худ дар ин китоб ба мафҳуми куллии адабиёти муқоисавӣ таваҷҷуҳ кардааст. Вай дар ин муқаддима ба муқоисаи шабоҳатҳо ва баъзе ихтилофҳои шеъри юнонӣ бо шеъри ривоии қабл аз Ислом мепардозад ва вижагии ғиноии ашъори арабро, ки дар ашъори юнонӣ ба чашм намехурад, ба унвони бартарии шеъри арабӣ бармешуморад.
Дигаре аз пешқадамони адабиёти муқоисавӣ Қистокӣ Ҳимсо (1858-1941), муҳаққиқ ва мунтақиди суриягӣ аст. Ӯ дар бахши сеюми китобаш “Минҳал ал-вуруд фӣ илм ал-интиқод”, ки соли 1935 ба чоп расид, “Кумидиё илоҳӣ”-и Донтаро бо “Рисолат ал-ғуфрон”-и Абулъало Маъаррӣ муқоиса мекунад [5, 120].
Солҳои 1910 то 1020 дар Миср муқоисаи усулӣ байни адабиёти араб ва адабиёти Аврупо сурат нагирифт. Дар даҳаи 1930 нависандагон ва мунтақидони араб бо ҷиддияти бештаре дар ин арса фаъолият намуданд. Абдулваҳҳоб Аззом соли 1933 чанд мақола дар бораи муқоисаи адабиёти форсӣ ва адабиёти арабӣ навишт ва ин мақолаҳоро дар маҷаллаи “ар-Рисолат” мунташир кард.
Шурои илмии Дор-ул-улуми Миср соли 1945 лоиҳаеро тасвиб кард, ки ба сабаби он адабиёти муқоисавӣ ба фанни дарсии донишгоҳӣ табдил шуд ва таълими он дар донишгоҳи Қоҳира оғоз шуд. Он замон, адабиёти муқоисавӣ ҳануз фанни мустақил набуд ва бахше аз фанни ан-нақду ва ал-балоға ба ҳисоб мерафт [5, 23].
Оғози адабиёти муқоисавӣ дар Миср ва раванди таҳаввули он.
Дар ҷаҳони араб адабиёти муқоисавиро ҳамчун як илми нав дар адабиёт бо усулу қоидаҳои муайян Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол (1969-1916) таъсис дод. Осори вай, ба хусус “ал-Адаб ал-муқоран” (1953) аз китобҳои марҷаъ дар адабиёти муқоисавӣ буда, дар аксари донишгоҳҳои давлатҳои арабӣ ҳамчун маводи дарсӣ истифода мешавад. Ӯ осори Шотубриён, Ломортин, Виктор Ҳугу, Жан Пул Сортр ва дигар нависандагони фаронсавиро ба арабӣ тарҷума кард ва таҳти таъсири мактаби фаронса ва бо кумаки асноди таърихӣ ба мутолиа ва баррасии адабиёти Фаронса ва адабиёти классикии арабӣ ва форсӣ пардохт. Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол дар донишгоҳҳои Дор-ул-улум, Айнуш-шамс ва дар донишгоҳи забонҳо ба таълими ин фан пардохта, шогирдонеро тарбият намуд, ки ҳар кадом аз устодони номдори ин соҳа шуданд ва осори фаровоне падид оварданд [2, 122].
Тоҷиддин Мардонӣ яке аз арабшиносони маъруфи тоҷик дар китобаш “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” зимни таҳқиқоте дар бораи Хайём чунин меорад: “Адабиётшиноси мисрӣ ва муҳаққиқи маъруфи адабиёти классикии форсу тоҷик Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол дар китобаш “Мухторот мин аш-шеър ал-форсӣ” дар қатори намунаҳои ашъори бисёр шоирон бисту шаш рубоии Хайёмро дар тарҷумаи худаш овардааст. Қатъи назар аз онки тарҷума ба шакли рубоӣ монанд аст, вале на вазн дораду на қофия. Мутарҷим мазмуни рубоиҳоро дар чор ҷумлаи насрӣ ғунҷонидаасту халос” [3, 120].
Дар давоми солҳои 1960 то 1980 осори муҳим ва боарзише дар бораи равобити адабиёти араб бо адабиёти дигар забонҳо мисли форсӣ, туркӣ, юнонӣ, итолиёӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ғайра навишта шуд. Мисли осори Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол, Муҳаммад Муфид аш-Шавбошӣ, Ҳисом ал-Хатиб, Муҳаммад Абдуссалом Кафофӣ, Тоҳо Надо, Муҳаммад Ҷумуъа, Ҳасан Ҷод Ҳасан, Абдулмунъим Хафоҷа, Раҷо Абдулмунъим Ҷабр, Саъид Алуш ва дигарон. Дар ин солҳо дар бархе донишгоҳҳо низ дарси адабиёти муқоисавӣ ба роҳ монда шуд, аммо ҳеҷ гурӯҳи расмӣ ба номи адабиёти муқоисавӣ вуҷуд надошт. Дарси адабиёти муқоисавӣ низ дар гурӯҳи забони арабӣ ё забонҳои хориҷӣ ироа мешуд. Дар охирҳои даҳаи ҳафтод номи гурӯҳи “забони англисӣ”-и донишгоҳи Қоҳира ба гурӯҳӣ “забони англисӣ ва адабиёти муқоисавӣ” табдил ёфт.
Вазъияти феълии адабиёти муқоисавӣ. Теъдоди нависандагон ва пажӯҳишгарони адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб пас аз соли 1950 афзоиш ёфт ва дарси адабиёти муқоисавӣ дар бештар донишгоҳҳо ҳатмӣ шуд. Тайи солҳои 1950 то 1980 моҳияти адабиёти муқоисавӣ то ҳадде барои ҷомеаи адабӣ равшан шуда ва шиддати ин мухолифатҳо коҳиш ёфта буда, чанд маҷаллаи маҳдуд дар ин ҳавза мунташир шуд.
Ҳамин тавр, мавқеияти адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб, бавижа дар Миср мустаҳкамтар шуд. Илова бар он ки адабиёти муқоисавӣ дар бештар гурӯҳҳои забони арабӣ ва забонҳои хориҷӣ ба дарси муҳим табдил шуда буд, дар бораи назариёт ва равишҳои адабиёти муқоисавӣ дар солҳои ахир низ, китобҳое мунташир шуд ва бархе маҷаллаҳои арабӣ ба адабиёти муқоисавӣ пардохтанд, аз ҷумла, “ал-Маърифат”, “ал-Мавқиф ал-адабӣ” ва “ал-Адаб ал-аҷнабӣ” дар Сурия, “Фусул ва алф” дар Миср ва “Илм ал-фиқар” дар Кувайт [астиф, 283].
Соли 1983 Абдулмаҷид Анона дар ҳамоиши байналмилалӣ дар донишгоҳи Онобо дар ал-Ҷазира таъсиси анҷумани адабиёти арабро ба тасвиб расонд ва ин анҷуман як сол баъд дар моҳи июли 1984 таъсис шуд. Шурои бунёдгузорони ин анҷумани бо ташкили кумитаи иҷрои аз миёни намояндагони 15 кишвари араб сабти ном карданд ва қарор шуд анҷумани адабиёти араб ҳар ду сол як бор ҳамоише дар яке аз кишварҳои арабӣ баргузор кунад.
Маҷмуаи мақолаҳои нахустин ҳамоиши ин анҷуман зери унвони “Адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб: мафҳум ва равиш” зери назари Анона дар интишороти донишгоҳи Онобо мунташир шуд. Ин маҷмуа шомили мақолаҳои илмии пажӯҳишгарон ва оинномаи анҷуман буд. Дуюмин ҳамоиш соли 1986 дар шаҳри Димашқ дар Сурия ва сеюмин ҳамоиш соли 1988 дар Марокаш баргузор шуд. Қарор буд то чорумин ҳамоиш соли 1990 дар Ирбили Ироқ баргузор шавад, аммо ба сабаби нооромӣ дар минтақа баргузор нашуд [1, 118].
Аҳмад Итмон соли 1986 “Анҷумани адабиёти муқоисавии Миср”-ро бо мақсади рушд ва густариши адабиёти муқоисавӣ дар Миср ва ҷаҳони араб таъсис дод. Ин анҷуман то ҳол се ҳамоиши баналмилалӣ баргузор кардааст. Якум соли 1995 дар мавзӯи “Адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб”, ки мақолаҳои он соли 1998 дар бо ҳамин унвон ба чоп расид. Ҳамоиши дуюм бо унвони “Адабиёти муқоисавӣ ва забоншиносӣ: ҳол ва оянда” соли 2008 баргузор шуд. Сеюмин ҳамоиш бо унвони “Адабиёти муқоисавӣ байни Шарқ ва Ғарб” соли 2012 дар Қоҳира баргузор шуд.
Дигаре аз марказҳои муҳим ва фаъол дар ин соҳа донишгоҳи амрикоии Қоҳира аст. Ин донишгоҳро Чарлз Вотсен соли 1919 таъсис дод, ки то ҳол шаш донишкада дорад ва давраҳои коршиносии адабиёти муқоисавӣ дар ин донишгоҳ дар гурӯҳи забони англисӣ ва адабиёти муқоисавии Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ баргузор мегардад. Дар ин давраҳо пажӯҳишҳо ва омӯзишҳое сурат мегирад, ки ҳадафи онҳо ошно сохтани донишҷӯён ба адабиёт ва фарҳанги гуногуни ҷомеа аст.
Соли 1938 як давраи омӯзишӣ ба номи “Адабиёти муқоисавӣ ба забони арабӣ” барои донишҷӯён роҳандозӣ шуд. Соли 1945 Иброҳим Салома ва Абдурраззоқ Ҳамида бахшеро бо номи “Адабиёт, нақд ва маъонию баён” барои донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чоруми коршиносии забони арабӣ таъсис карданд, ки дар ин бахш дарсҳои адабиёти муқоисавии худро дар сурати китоб чоп намуда, ба донишҷӯён таълим медоданд [4, 125].
Хулоса, адабиёти муқоисавиро дар ҷаҳони Араб соли 1953 Муҳаммад Ғунаймӣ ҳилол поярезӣ намуда барои ин илм усулу қавоид гузошт, ки дар зери он усул шогирдонаш корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Ҳоло бошад, дар давлатҳои арабӣ махсусан дар Миср таваҷҷуҳ ба адабиёти муқоисавӣ рӯ ба афзоиш аст.
Пазируфта шудани адабиёти муқоисавӣ дар ҷаҳони араб робитаи адабиёти арабро бо адабиёти дигар миллатҳо хусусан бо адабиёти ғании тоҷику форс мустаҳкам намуда, сабаби ошно шудани арабҳо бо адабиёти форсӣ гардид, ки дар тӯли чандин қарн барояшон пӯшида буд.
Мансуров Оятулло
магистри курси 2-юми Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ
Китобнома
- Анушервонӣ, Алиризо. Осебшиносии адабиёти муқоисавӣ дар Эрон.// Теҳрон: Вижаномаи адабиёти татбиқии номаи фарҳангистон, 1389, саҳ. 32-55;
- Анушервонӣ, Алиризо. Мутолиоти бинориштаии адабиёти татбиқӣ.// Теҳрон: паёпай №7, баҳори 1392, Саҳ.3-9;
- Мардонӣ, Тоҷиддин. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу аҷам. (Гузашта ва имрӯз). Душанбе: Ирфон, 2010. 236 саҳ.
- Таҳтовӣ, Рафоа. Талхис ал-абриз мин талхис Бориз. Қоҳира: Дор ат-табоат ал-амрийя, 1848. 256 саҳ.;
- Ҳиҷозӣ, Ноҳид. Пайдоиш ва рушди адабиёти татбиқӣ дар Миср ва бархе кишварҳои арабӣ.// Теҳрон: паёпай №3, баҳори 1390, Саҳ. 116-129.
- Шавқӣ, Зайф. Ал-адаб ал-арабӣ ал-муосир фӣ Миср. Қоҳира: Дор ал-маориф, 1957;