JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Майи 2019 11:45

Адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф:

 (чанд мулоҳизаи куллӣ)

Муқаддима

  Инсоният аз лаҳзаҳои нахустини шинохти хеш ва мусаллат шудан бар огоҳиҳои муқаддамотӣ, бо ин ё он роҳ мехостааст эҳсос, орзуву омол ва бинишу фаҳмиши худро дар робита бо зиндагӣ ва муҳити иҷтимоӣ баён созад. Зиндагӣ ҳатто дар бомдоди фарҳанги башарӣ барои инсон муқаддам ва муқаддас будааст. Бар ин мабно, башар дар тӯли таърих бардошту эҳсосоти худро аз зиндагӣ бо василаҳои гуногуни ҳунарӣ -- ба воситаи афсона, ривоят, ҳикоя, масал, шеър, тарона, рӯбоӣ, мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ, фалсафа, дин, ирфон, адабиёт ва амсоли инҳо ифода намудааст ва то имрӯз ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Дар ин замина, адабиёт ба сифати шакли шуури ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, як шеваи муассири фарҳангофарӣ беҳтарин бозгӯкунандаи эҳсосоту авотиф, орзуву омол ва андешаву фикрати инсоният дар таърихи ҳастии башарият ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки адабиёт дар партави фарҳанг бо ҷомеа наздик мешавад ва ҳамчун унсури фарҳангофарӣ ва ҳувиятсозӣ доман мегустурад.

Фарҳанги ҳар қавму миллат моҳияти ҳамон қавму миллатро дар замону макони мушаххас таъйин мекунад. Кайфият ва чигунагии фарҳанг дар шароити мушаххаси таърихӣ ва ҷуғрофиёи муайян аз бошандагони минтақаи муайян бастагӣ дорад. Муҳимтар аз ин, фарҳанг равиш ва бавуҷудоварандаи низоми муътадили зиндагӣ дар ҷомеа буда, инзиботу инсиҷоми иҷтимоъ бар мабнои муносиботи муътадили фарҳангӣ сурат мегирад. Адабиёт, чунон ки таъкид кардем, дар доираи фарҳанг ҷилва мекунад ва ҳадафи сифатан тағйир додани зиндагии маънавии ҷомеаро дунбол менамояд. Ба ин маънӣ:

Фарҳангу адаб мисоли ангушти ду даст,

Ангушт хамида кафи ду даст бубаст.

Ҷомеа бошад, ба назари муҳаққиқон, маҷмӯаи афроди созмонёфтаест, ки шеваи зиндагии хос дорад ва фарҳанг ҳамин шеваи зиндагии вижаи инсонҳост (ниг.: Паҳлавон Чингиз. Фарҳанг ва тамаддун. –Теҳрон: Най, 1388. -С.145). Ба сухани дигар, фарҳанг ва тамаддун аз назми иҷтимоӣ иборат буда (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365. –С.13), дар асоси инзиботи иҷтимоӣ ва инсиҷоми муносибатҳо рушду тараққиёт дар ҷомеа имконпазир мегардад. Дар маънии васеъ, ҳар он чи ки аз ҷониби инсон офарида мешавад, фарҳанг унвон мегирад ва он(фарҳанг)-ро ба сифати «табиати дуюм», ки офарандааш худи инсон аст, мешиносанд (см.:Силичев Д.А.Культурология. Конспект лекций. –Москва: «Приор-издат», 2004. -С.3). Аз ин ҷост, ки субъекти ҷараёни образофаринӣ дар адабиёт  инсон аст. Дар персонификатсияи адабӣ нсони огоҳ, ҷӯё, пӯё, ҳушманд, доно, бофаросат, бомаърифат ва зирак ҷойгоҳи асосӣ дорад, ки имконоти омӯзишию парвариширо барои ҷомеа тавассути офаридаҳои маънавӣ ва моддиаш муҳайё месозад.

Ботин ва сиришти инсон мисли обу ғизо осори адабӣ ва ҳунариро, ки дар меҳвари фарҳанг чарх мезананд, дар ҳар шаклу намуде тақозо мекунад. Тасаввур кунед: агар ғизои маънавӣ ва ба истилоҳ, осори фикрию ҳунарие дар шакли мафкураҳои бебунёд, танофурангез, нафратовар, бадбин, мусиқии сатҳию кӯчагӣ, намоишномаҳои бемаъно, ҳаҷву танзҳои беҳадафу сарсарӣ, наққошии мураккабу печида, шеъру сухани омехта бо хурофот ба ниҳоди мо ворид гардад, бешубҳа, мунҷар ба уқдаҳои равонӣ мешавад ва тавозуни ботинию равониро барҳам мезанад. Танҳо бар мабнои фарҳангу ҳунар ҷомеа дар баробари хатарҳои гуногун муқовиматпазир буда метавонад.

Маҳз масъалаи гузоштани таъсире зинда бар зеҳну тафаккури инсонӣ ҳунарро имрӯзӣ ё модерн мекунад (ниг.: Ҳаузер Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ, 1363. –С.13) ва ҳунармандро миёни мардум маҳбубият мебахшад. Ин аст, ки ҳунарҳо рукни муҳиме аз ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, таваҷҷуҳи фаровони мардумиро ҷалб намуда, дар айни замон, ҳаводорони зиёде доранд(ниг.: Греҳем Гордон. Фалсафаи ҳунарҳо: даромаде бар зебоишиносӣ. Тарҷумаи Масъуд Улё. –Теҳрон: Қақнус, 1383. -С.9). Ҳунари воло ва асил, ки адабиёт ҳам аз шумули ин навъ ҳунарҳост, инсонро созанда ва офаранда месозад ва ба унвони қолаби ҳифозатӣ дар баданаи инсонӣ хидмат мекунад.

Иммунитети фарҳангӣ ва ҳунарӣ асли иммунитети иҷтимоӣ аст ва он танишҳоро дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷилавгирӣ мекунад. Ин аст, ки қонеъ намудани талаботи ботинию сириштии ҷомеа (албатта, бо ғизои хуби адабӣ-эстетикӣ, ҳунарӣ ва эҷодӣ) вазифа ва рисолати ҳунарманди асил аст. Агар барномарезии таъмини талаботи маънавии ҷомеа аз тариқи эҷоди осори баландмазмун, дилчасп, таваҷҷуҳбарангез, отифатгустар ва муҳаббатомез сурат бигирад, сатҳи маърифатписандию фарҳанпарварӣ баланд мегардад ва имкони бурузи дастаҷамъонаи безавқӣ ва беҳувиятӣ хеле кам мешавад. Фарҳанг, ҳунари асил ва созанда минҳайси механизми зинда иҷтимоъро ба ҳаракат медарорад ва раванди илтифоту самимиятро, ки маҳаки муносиботи ҳасанаи инсонианд, таҳкиму тақвият мебахшад. Бар ин маънӣ файласуфи шаҳири олмонӣ Фридрих Нича гуфта буд: «Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст» (ниг.:Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.255). Ба василаи рӯйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ ба худ тағйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ин аст, ки мутафаккири аврупоӣ Мишел де Монтано ба ин нукта таваҷҷуҳ фармуда гуфта буд: «Ҳунари зиндагӣ, яъне ёфтани роҳҳое барои истифода аз мусибатҳои худамон» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.266).

 

Ҷойгоҳи адабиёти тоҷикӣ дар фарҳанги миллӣ

Ба таври куллӣ, адабиёт шартан дар се қолаб ё формати фикрию эҷодӣ, ки дар шакли биниш ё ҷаҳоншиносӣ шинохта мешаванд, ба арсаи фарҳанг ворид гардида, дар ҷараёни ҳувиятсозии фарҳангию ҳунарӣ саҳм гирифтааст: қолаби устуравӣ-бостонӣ, формати динӣ-асримиёнагӣ ва доираи низоми дунявӣ-имрӯзӣ. Ҳар яке аз ин қолабҳои фикрӣ давра ва мароҳили таъсиргузории адабӣ-бадеиро ба муҳитҳои фарҳангӣ инъикос ва дар маҷмӯъ, равобити адабиёт ва фарҳангро таҷассум месозанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, равобити фарҳангу адабиётро дар заминаи қолабҳои фавқуззикр метавон арзёбӣ кард.

1.Қолаби устуравӣ. Устураи Симурғ ва бозтоби ойини Симурғӣ дар фарҳанги миллӣ

Башаре, ки дар ин минтақаҳо(манзур сарзаминҳои қадимаи Хуросону Ирон аст) аз қадим зиндагӣ кардааст, бад-он кӯшидааст, ки ба як силсила иқдомот даст зада, асрори табиатро тавассути мутолеот ва муҳосибот бозшиносӣ намояд (ниг.: Нирнурӣ Абдулҳамид. Саҳми арзишманди Ирон дар фарҳанги ҷаҳон. Ҷилди дувум. –Теҳрон: Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1377. С.4-5).  Нахустин тасвире, ки аз бостонитарин адабиёти форсӣ-тоҷикӣ метавон дошт, ба маҷмӯае аз қиссаҳои динӣ ва қавмӣ пайванд меёбад, ки дар Шарқи Ирон ва дар маҷмӯаи ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии Хуросони бостон шакл гирифтааст(ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ(Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён). -Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.17). Умри ҷаҳон  дар диди устуравии мардуми форсу тоҷик 12 ҳазор муқаррар шудааст. Аз ин дувоздаҳ ҳазор сол шаш ҳазори дувум ба таърихи инсонӣ марбут аст, ки бо ҳазораи Ҷамшед меоғозад(ниг.: Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ.Адаби паҳлавонӣ(Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён). -Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.18). Аммо пешинаи фарҳангии табори форсӣ-тоҷикӣ дар зоти худ асотири дигареро тавлид кардааст, ки на танҳо ба фарҳангу тамаддуни минтақа хидмат кардааст, балки фаротар аз он, ба паҳнои ҷуғрофиёи маданӣ нуфуз пайдо карда, дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асаргузор будааст. Он фарҳанги қадимӣ ба исми Симурғ ва фарҳанги Симурғӣ ихтисос ёфтааст.

Мусаллам аст, ки рисолати фарҳанги асил ҳама вақт дар раҳо кардани инсоният аз торикии ҷаҳолату хурофот зоҳир мегардад. Ақвоми эронӣ, пеш аз дигар халқу милали ҷаҳон ба парастиши офтобу рӯшноӣ даст зад ва аз замони зуҳури худ дарк кард, ки асоси зиндагӣ нуру рӯшноӣ аст. Рӯшноӣ тавлидгари меҳру дӯстӣ, хираду фарҳанг, адлу дод буда, пайваста дар муқобили ҷаҳолат, зулму разолат қарор дорад. Арзишҳову идеалҳои волои фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи сазовор доранд ва дар зуҳури низомҳои навини дунявию демократӣ ҳамчун замина хидмат кардаанд. Арзишҳои пешазисломӣ, ки туфайли кутуби пурарзиши «Авасто», «Бундаҳишн», «Минуи хирад», «Динкард» ва амсоли инҳо ба мерос мондаанд, баёнгари асолати фарҳангӣ ва ҳунарии мардуми форсу тоҷиканд.

 Муҳаққиқон устураро беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳангу тамаддуни қавму миллиятҳо муаррифӣ карда, нақши онро дар шинохт ва таъйини арзишҳои        миллӣ ва фаромиллӣ муҳим арзёбӣ кардаанд. Дар бистари боварҳои мардумӣ устураҳо ҷойгоҳи асосӣ доранд. Дар мароҳили ибтидоии зиндагӣ ва замоне ки бовармандии мардумӣ ташаккул меёфт, шаклҳои ибтидоии боварҳо ба вуҷуд омада, зиндагии оммаро маъно мебахшиданд. Дар ин росто, тотем ва тотемпарастӣ ба унвони шакли қоими бовармандии ибтидоии мардумӣ миёни ҷомеа нуфуз пайдо намуд.

Ба доираи мафҳуми «Тотем» бархе аз мавҷудот ё ашёе дохил мешаванд, ки тамоми аъзои як тоифа онро муқаддас ва ғайриодӣ тасаввур мекунанд. Онҳо, ғолибан ҳайвоноте монанди кенгуру, говмеш, уқоб, боз, тӯтӣ, ҳашарот ва гоҳе гиёҳҳо ва бархе аз ашёе, мисли борон, дарё, бархе аз ситорагон мебошанд (ниг.: Муҳассил Муҳаммадризо Рошид. Нишонаҳое аз ойинҳои ибтидойӣ дар ҳамосаи миллӣ. //Симурғ. Моҳномаи фарҳангӣ. Соли аввал. Шумораи аввал. Баҳмани 1368/1990. -С.26). Миёни тотем ва афроди қабила равобити наздик барқарор аст, зеро, ба эътиқоди онон, тотем ниёи нахустини қабила ба шумор рафта, нигаҳдории қабила бар уҳдаи ӯст. Дар баробари ин, ӯ вазифадор аст, ки дар мавқеъҳои сахту буҳронӣ ба кумаки фарзандони худ биштобад, ононро ёрӣ кунад ва аз эҳтимолоти бадфарҷоми оянда огоҳ намояд. Намунаи чунин эътиқодоти тотемиро дар Симурғ метавон мушоҳида кард, ки улгуи фарҳанг ва ҳикмати бумию миллӣ дар тӯли таърих будааст.

Дар устураҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ Симурғ ба сифати Mодархудо муаррифӣ мешавад. Ин модархудо нахустхудои ирониён аст ва бо номҳои Аноҳито, Оромито низ ёд мешавад. Номи Аноҳито нахустин бор дар катибаҳои Ардашери дувум дар Хамадон зоҳир мешавад. Дар онҳо номи Анаҳита пас аз Аҳуромаздо ва пеш аз Меҳр (Митра) зикр мегардад. Дар давраи Портиён Анаҳита (Ноҳид, Зуҳра) парастида мешудааст ва дар байни Аҳурамаздо ва Митра ҷойгоҳи волотаре доштааст. Мусташриқи урупоӣ Роман Гиршман таъкид мекунад, ки дар даврони Портиён ҳамаи маобиди эронӣ ба Анаҳита (Ноҳид) тааллуқ доштаанд. Дар Авасто Анаҳита (эзади бонуи обҳо) ҷойи Аҳуро  ва Митраро мегирад ва дар Яшти 5-уми Авасто суруди шукӯҳманде ба ӯ ихтисос меёбад.

Дар матнҳои Ардавӣ Анаҳита ба ду Худои мустақил ҷудо мешавад: яке, Ардави Сур (падари обҳо) ва дигаре, Аноҳито (модари обҳо). Дар матнҳои давраи исломӣ, мувофиқи қавли муҳаққиқон, лақаби Ноҳид Биғдухт ё Бидухт аст ва ин вожаро метавон дар номи бисёре аз шаҳрҳо ва парастишгоҳҳои куҳани эрон бозёфт. Ба қавли муҳаққиқон, бисёре аз оташкадаҳои маъруфи Эрон дар оғоз парастишгоҳҳои Ноҳид буданд. Намунаи ин гуна парастишгоҳҳо дар Язд мушоҳида шудаанд, ки пас аз ғалабаи ислом ба масҷид табдил ёфтаанд. Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ борҳо аз Ноҳиду Зуҳра ёд мешавад.

Парастиши модархудо аз қадим вуҷуд дошта ва қавмҳои эронитабор ин эътиқодро ба Урупои Марказӣ ва Шарқӣ кучонидаанд. Эзадбонуи эронӣ бо Сарасватӣ - Эзадбонуи ҳиндӣ, ки бо унвони беҳтарин модар, беҳтарин Эзадбону дар «Ригведа» ёд мешавад, яканд ва Аноҳито (Эзадбонуи эронӣ) минбаъд Афредитаи юнониро ба вуҷуд овардааст.

Дар китоби «Авасто» мафҳуми «Мурғу саъна» (мурғи фарохбол) ба назар мерасад, ҳамчунин дар ҷойи дигари китоби мазкур Саъна номи мардест покдин, писари Уҳушсутут ва тибқи навштаи «Динкард», сад сол пас аз зуҳури Зардушт зоида шуда, дусад сол пас аз зуҳури  дини маздоясно даргузашта. Дар фарҳанги Анҷуманоро Симурғ чунин шарҳ меёбад: «Симурғ номи ҳакиме бузург буда, дар кӯҳи Қоф маскан гирифта ва бо мардум омезиш надоштааст».

Симурғ дар «Авасто» бо сурати «саина» низ омада, бар дарахте ошён дорад, ки дар миёнаи уқёнуси фарохкарт рӯйида аст. Ин дарахт дорои доруҳои нек буда, онро «виспубиш» (ҳамаро дармонбахш) мехонанд ва дар он тухмаҳои ҳамаи гиёҳҳон ниҳода шудааст. Дар китоби «Минуи хирад» омадааст: «Ҳар гаҳ Симурғ аз он бархезад, ҳазор шоха аз он бирӯяд, чун бинишинад, ҳазор шоха аз он дарахт бишканад. Вақте бомдод аз ошён бадар ояд ва пар бар замин бигустурад, аз параш мева бар дарахт пайдо шавад ва набот бар замин». Робитаи Симурғ бо дигар унсурҳои табиат аз ҳамин дарахт шурӯъ мешавад. Дар бахши 18, банди 9-и «Бундаҳишн» хосияти дигари Симурғ чунин шарҳ меёбад: «Дар соқаи ин дарахт 9 кӯҳ офарида шуда, ки 99999 ҷӯй аз онҳо муншаъиб аст ва ниме аз обҳои ҷаҳон аз ин қӯҳҳо ба ҳафт иқлими замин меравад ва оби дарёҳои заминро ташкил медиҳад».

Симурғи матнҳои зардуштӣ ва форсӣ тафовутҳое андак бо ҳам доранд. Ин тафовутҳо гоҳ ба асли вуҷуд ва гоҳе ба авсофи ин паранда бармегардад. Симурғ дар «Шоҳнома» дар достонҳои Зол, зодани Рустам, Ҳафт хони Исфандиёр ва набарди Рустаму Исфандиёр зоҳир мешавад. Ин парандаи хонадони Систон чеҳрае ойинӣ ва пазируфта дорад, аммо дар Ҳафт хон симои аҳриманӣ  меёбад. Ба ҳамин далел ба дасти Исфандиёре, ки мубаллиғи боварҳои зардуштӣ аст, кушта мешавад. Муҳаққиқи маъруфи иронӣ Муҳаммад Мухторӣ бар ин бовар аст, ки зардуштия ҷодуро намеписандидааст ва Симурғ бо ҷоду ва ойини ҷодуйӣ омезиш ёфтааст, аз ин лиҳоз, ба боварҳои ойини зардуштӣ мухолифат доштааст (ниг.: Мухторӣ Муҳаммад. Устураи Зол. –Теҳрон: Огаҳ, чопи аввал, 1368. –С.177-180).  

«Шоҳнома» афзун бар ишора ба чеҳраи Аҳримании Симурғ, дар хусуси нишонии ошёнаи ин паранда бо «Авасто» тафовут дорад. Симурғ дар «Авасто» бар дарахти Виспубиш ва дар «Шоҳнома» бар кӯҳи Албурз ошён дорад. Пажӯҳишҳое, ки то кунун дар ҳавзаи фарҳанги Ирон сурат гирифтаанд, танҳо ба тавсифи ин ихтилофҳо пардохтаанд ва ба сабабу иллаи онҳо таваҷҷуҳ накардаанд (муфассал ниг.: Илиёда, Мирчо. Рисола дар таърихи адён. Тарҷумаи Ҷалол Сатторӣ. –Теҳрон: Суруш, чопи аввал, 1372).

Бад-ин тариқ, «Саън» ва «мурғу саън» дар «Авасто» вожаест, ки бархе онро ба Симурғ итлоқ додаанд (ниг.: Пури Довуд Иброҳим. Яштҳо. –Ҷилди 1 ва 2. –Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, чопи севум, 1356. –С.575). Илова бар Авасто, дар китоби дигари паҳлавӣ ва зардуштӣ низ аз ин паранда ёд шудааст. Махсусияти муштараки ин осор он аст, ки макони Симурғро бар фарози дарахте таъйин намудаанд, ки миёнаи дарё қарор доштааст (ниг.: Сидиқӣ Алиризо. Ошёнаи Симурғ аз дарахти Виспубиш то  кӯҳи Албурз. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад (илмӣ-пажӯҳишӣ). Шумораи 158 – пойизи 1386. -С.90). Дар Авасто аз ин дарахт ба унвони «Виспубиш» ва аз дарё бо номи «Воврукаш» ё ба таъбири китоби «Минуи хирад», «Варкаш» ёд шудааст, ки ҳамон «Фарохкарт»-и паҳлавӣ (ба маънои бузургсоҳил ва фарохканор) мебошад (ниг.: Пури Довуд Иброҳим. Яштҳо. –Ҷилди 1 ва 2. –Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, чопи севум, 1356. -С.134). Ба ғайр аз ин, «Виспубиш» низ бо номҳои «ван ҷад бис виш тухмак» ё дарахти дуркунандаи ғам, бисёртухма ва ван ҳарусп тухмак ёд шудааст (ниг.: Тафаззулӣ Аҳмад. Минуи хирад. –Теҳрон: Тус, чопи севум, 1380. -С.58). Ин дарахт махсусиятҳои дармонӣ дорад ва тухми ҳама гиёҳон дар он ҳаст (ниг.: Фарнбағдодагӣ. Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор. –Теҳрон: Тус, чопи дувум, 1380. –С.101). Ин махсусиятҳо баъдҳо  дар ҳамоса гӯиё ба Симурғ дода шудаанд ва ба сурати дармонбахшии худи ӯ таҷаллӣ кардаанд (ниг.: Мухторӣ Муҳаммад. Устураи Зол. –Теҳрон: Огаҳ, чопи аввал, 1368.-С.85).

Низоми ойинӣ ва асотирӣ ба манзури мушаххас кардани мавқеияти як устура ва неруманд сохтану бартарӣ бахшидани он, аз аносир ва намодҳои гуногун ёрӣ мегирад ва онҳоро дар ҳам меомезад ва бо барқарории навъе иртиботи зоҳирӣ ё ботинӣ миёни онҳо ғаразу ҳадафи ойнии худро ошкор месозад. Ба ин сабаб обу кӯҳ, гиёҳу ҳайвон, гоҳ дар тариқи такмили ҳам ва гоҳ ба манзури хос ба ҳам мепайванданд ва аз ҳамин тариқ, Симурғ низ ба ҷиҳатҳо ва ҷанбаҳои гуногун ба неруҳои табиӣ ва дар натиҷа фавқуттабиӣ пайвастааст (ниг.: Мухторӣ Муҳаммад. Устураи Зол. –Теҳрон: Огаҳ, чопи аввал, 1368. -С.88). Таҷаллии сифатҳое чун пизишкӣ ва дармонгарӣ дар Симурғ ба ӯ ҳайате инсонӣ бахшидааст. Бахше аз ин хислатҳо, чунонки ишора шуд, ба воситаи пизишкии Симурғ бо дарахт аст, аммо бахши дигари онро бояд дар заминаҳои зеҳнӣ ҷуст, ки китобе чун Авасто ба вуҷуд овардааст. Дар Авасто Саин номи шахсияте рӯҳонӣ низ ба шумор меравад. Шояд ба далели  ҳамин пайвастагӣ баъдҳо фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ, чун «Бурҳони қотеъ» Симурғро номи ҳакиме донистаанд, ки Зол дар хидмати ӯ касби камол кардааст (ниг.: Султонии Гурдфаромарзӣ Алӣ. Симурғ дар қаламрави фарҳанги Ирон. –Теҳрон: Мубтакирон, чопи аввал, 1372. -С.22).

Асотири куҳани эронӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар мавзеи сукунати Симурғ як дарахти ҳаматухма будааст ва ҳар касе ки он ҷо паноҳ  мебурдааст, Модархудо ӯро тарбияту парастдорӣ мекардааст. Симурғ барои зиндагии ҷовидонӣ, саодату некбахтии атрофиёнаш, ки дар тарбияти судбахши ӯ қарор доштаанд, пайваста мубориза мебурдааст. Ин меҳри Симурғӣ ба ҳамаи модарони башар мерос гузошта шуд. Аз ин ҷост, ки фарҳанги асили мардуми мо бар мабнои ҳикмати Симурғӣ устувор аст, вале бо омадани дини зардуштӣ ва ойинҳои яккатоз он фарҳанг ҷойро ба дин месупорад ва гӯшаи фаромӯширо ихтиёр мекунад. Муғони зардуштӣ барои дар чаҳорчӯбаи мазҳабӣ қарор додани мардум ҳикмати Симурғиро бекор карда, ба ҷойи он ойини Аҳуроиро тақвият доданд.

Бо ташаббусу ибтикори Сомониёни фарҳангдӯст аз ҷониби ҳаким Фирдавсӣ бори дигар ҳикмати Симурғӣ мавқеъ ва ҷойгоҳ пайдо кард. Фирдавсӣ ба эҳёи устураи Симурғ пардохта, мақоми ӯро дар баландтарин кӯҳ (Албурз), ки дастнорас аст, ба тасвир мекашад:

Яке кӯҳ буд номаш Албурзкӯҳ,

Ба хуршед наздику дур аз гурӯҳ.

Бад-он ҷой Симурғро лона буд,

Ки он хона аз халқ бегона буд.

     Золи Сомро аз марг наҷот додани Симурғ ва меҳри модариро ба ӯ арзонӣ доштан аз махсусиятҳои худовандии Симурғист. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем:

Фурӯд омад аз абр Симурғу чанг,

Бизад, баргирифташ аз он гармсанг.

Бибурдаш дамон то ба Албурзкӯҳ,

Ки будаш дар он ҷо куноми гурӯҳ.

Нигаҳ кард Симурғ бо бачагон,

Бар он хурд хун аз ду дида чакон.

     Симурғ Золро тарбияту парасторӣ кард, илму донишу гуфтугӯ омӯхт ва минбаъд дар падид омадани ҳувияти паҳлавонии ӯ ва писараш Рустам ҳиммат гумошт:

Агарчанд мардум надида буд ӯй,

Зи Симурғ омӯхта буд гуфтугӯй.

Бар овози Симурғ гуфти сухан,

Фаровон хирад буду донишкуҳан.

Ҳангоми баргашт Зол бо худ парҳои Симурғро мегирад, ки дар мавориди зарурии зиндагӣ онҳоро истифода намуда, бо ин васила занаш Рудоба ва писараш Рустамро аз марг наҷот медиҳад. Бори охирин Симурғ дар ҷанги Рустам бо Исфандиёр падид меояд ва чорагар мешавад. Дар Ҳафт Хон Исфандиёр Симурғро, ки сарсилсилаи Худовандони қабл аз ойини зардуштӣ буд, мекушад. Баъдан мебинем, ки Симурғ намиранда аст ва ҳатто аз Исфандиёр қасос ҳам намегирад, то замоне ки Рустамро марг таҳдид мекунад. Бо тадбири Симурғ Исфандиёри қудратталаб кушта мешавад. Қудратталабиву зӯрӣ дар фарҳанги Симурғӣ ҷой надорад.

Дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ Зол пари Симурғро дар оташ меафканад ва баъдан бар оташ афкандани пар ҳамчун маросими фарҳангӣ дар миёни ҷомеа мутадовил мешавад. Фирдавсӣ Симурғро Худованди меҳр номида, дар ҳолати захмин шудани Рустам аз тирҳои Исфандиёри пархошҷӯй, аз забони Зол чунин мефармояд:

Бад-ӯ гуфт Зол: “Эй Худованди меҳр,

Чу акнун намудӣ ба мо пок чеҳр.

Гар эдун, ки Рустам нагардад дуруст,

Куҷо хоҳам андар ҷаҳон ҷой ҷуст.

Шавад канда ин тухтаи мо зи бун,

Кунун  бар чӣ ронем бо ӯ сухун”.

Ҳангоми зодани Зол, ба сабаби сафед будани мӯйи сараш падараш Сом ӯро дур афканд. Зол фарзанди Симурғ шуд ва бо меҳри ӯ парваришу тарбият ёфта, тавассути донишу хиради Симурғӣ чорагари мушкилоти қавми хеш гардид:

Писар, гар ба наздики ту буд хор,

Кунун ҳаст парвардаи кирдгор.

К-аз ӯ меҳрубонтар бад-ӯ доя нест,

Туро худ ба меҳр андарун поя аст.

Асадии Тӯсӣ низ дар «Гаршоспнома» аз Симурғу он дарахти ҳаматухма ёд мекунад. Ҳангоме ки Гаршосп дар сафари дарёи Ҳинд аҷоиби ҷазираҳоро мушоҳида мекунад, ба макони баланди Симурғ ва дарахти пурсамар бармехӯрад ва хасоиси дигари он Худованди Меҳр, аз забони маллоҳ оварда мешавад. Ин лаҳзаро Асадӣ чунин тасвир мекунад:

Ҳамон ҷой диданд кӯҳе сиёҳ,

Гирифта сараш роҳ бар чарх моҳ.

Дигар раҳ, сипаҳдори пирӯзбахт,

Зи маллоҳ пурсид ҳоли дарахт.

Ки бар шохи он кох бар пой чист?

Чунин аз бари осмон ҷойи кист?

Чунин гуфт: Он ҷой Симурғрост,

Ки бар хели мурғон ҳаме подшост.

Чу гумроҳ бинад, касе рӯзу шаб,

Зи бетушагӣ ҷон расида ба лаб.

Аз эдар барад наздаш андар шитоб,

Ба чангол мева, ба минқор об.

Ба сӯйи раҳи рост бозорадаш,

Зи мардум киро дид, н-озорадаш.

Дар замони салтанати Сомониён тарғиби арзишҳои ҳикмати симурғӣ зарурати сиёсиву иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангӣ дошт, зеро огоҳ гардонидани мардум аз идеалҳои олии фарҳанги ниёгон заминаи ҳама гуна пешравиҳои моддиву маънавӣ шуда метавонист. Фарҳанги Симурғӣ баландтарин нуқтаи ҳикмати мардуми эронитабор аст.

Дар ҳикмати Симурғӣ асл меҳр аст ва беҳтарин пайванд пайванди меҳрҳост, на пайвандҳои идеалогию динӣ. Ин ҳикмат ба инсон ҳушдор медиҳад, ки барои ҳаққи зистан дар ин дунё пайкор кунад, на ба ҷиҳоди диниву идеологӣ биравад. Ҳикмати форсӣ-тоҷикӣ (Симурғӣ) қадимияти арзишҳову идеалҳоро дар нисбати дину идеалогия нишон медиҳад, ки бунёди ҳукумати дунявӣ, маданӣ ва қонунист. Дар ин ҷо ҳар як инсон ба таври мусовӣ ҳуқуқи зистанро дорад ва ҷангу ҷадал танҳо ба хотири ҳифзи зиндгонии инсоният ҳаққоният дошта метавонад.

Меҳр, дӯстӣ, хирад, дод, посдорони ҷон ҳастанд. Аз решаи меҳр хирад, дӯстӣ, адлу дод, ҳимматбаландӣ ва бузургиҷӯӣ сабзида мебарояд, ки олами вуҷудро аз ҳар гуна хатарҳо эмин медорад ва абадияти онро мусоидат мекунад. Меҳр бо Симурғ ва мутаносибан, Симурғ бо Меҳр пайванди ҷовидонӣ дорад. Меҳр яке аз куҳантарин худоёни ориёӣ аст, ки бо зуҳури Зардушт мисли бархе дигар худоёни пешин ба фариштае (фариштаи фурӯғу рӯшноӣ) табдил шуд. Дар «Авасто» баландтарин Яшт пас аз Фарвардиняшт ба номи Меҳр аст. Меҳряшт бахубӣ ёдовари аҳди ориёӣ аст, ки ислоҳоти зардуштӣ дар он дида мешавад (ниг.: Пури Довуд Иброҳим. Яштҳо. Ҷилди 1. –Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1356. –С.359-401).

Дар бораи зиндагии Меҳр ҳеҷ санади дурусте дар даст нест. Танҳо метавон бо канори ҳам мондани он чи дар ковишҳои бостоншиносон ба даст омада, зиндагии ӯро бозшиносӣ кард ва мароҳилеро нишон дод. Аз ҷумла:  зоиш, саворӣ, шикор, тир андохтан ба сахра ва равон кардани оби зиндагӣ аз он, гирифтани гов ва қурбонӣ кардани он, шоми охир бо пайравони худ ва боло рафтан ба осмон баъд аз зиндагии инҷаҳонӣ (ниг.: Муқаддам Муҳаммад. Ҷустор дар бораи Меҳр ва Ноҳид. –Теҳрон, 1380. –С.98).  Дар «Шоҳнома» ойини Меҳр бо подшоҳии Фаридун оғоз меёбад:

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.

Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ еч манмой чеҳр.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ба кӯшиши Саид Ҳамидиён. Ҷилди 1.-Теҳрон: Қатра, чопи шашум, 1382. С.89)

Дар нигораҳо ва пайкараҳое, ки аз Меҳр боқӣ мондаанд, чанд унсур такрор мешаванд, аз он ҷумла аст: уқоб, хуршед, гули нилуфар, садаф, об ва кӯҳ (ниг.: Сидиқӣ, Алиризо. Ошёнаи Симурғ аз дарахти виспубиш то  кӯҳи Албурз. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад (илмӣ-пажӯҳишӣ). Шумораи 158 – пойизи 1386. -С.92).

Чун сухан дар бораи уқоб рафт (уқоб бо Симурғ пайванд дорад), ҳаминро бояд таъкид кард, ки уқоб дар ойини Меҳр арҷи бисёр дошта, намоди Митро будааст. Меҳрпарастон бар он будаанд, ки ҷони пок ва пероста - ҷоне, ки аз олоиши гетӣ ва офариниши паст полуда шудааст, дар пайкари намодини уқоб бар сӯйи хуршед пар мекушояд ва ба ҷойгоҳи барини осмонӣ ба гарасмон (гаразмон-осмон, арши аъло ва фалакулафлок низ гуфтаанд, ин калима дар Авасто дар шакли гарудмоно ва гарудмона, дар Позанд ба шакли гарусмон истеъмол шудааст) роҳ мебарад (ниг.: Каззозӣ Мирҷалолуддин. Аз гунае дигар. –Теҳрон: Марказ, чопи аввал, 1368. -С.73).  Миёни уқоб ва Симурғ шабоҳатҳое низ вуҷуд дорад, агарчи «Бундаҳишн» дар ҷое ин дуро аз ҳам ҷудо ва ба онҳо ба унвони ду парандаи муҷазо ишора мекунад (ниг.: Фарнбағдодагӣ. Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор. –Теҳрон: Тус, чопи дувум, 1380. -С.79). Бо ин ҳама авастошиносони аврупоӣ «Саин»-ро уқоб тарҷума кардаанд ва миёни уқоб ва Симурғ тафовуте қоил нашудаанд (ниг.: Пури Довуд Иброҳим. Фарҳанги Ирони бостон. –Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, чопи севум, 1356. -С.302). Меҳрдоди Баҳор низ, дар ҳоле ки «Саин»-ро  ба Симурғ баргардонидааст ва гуфтааст, ки «Саина» (saena)  дар «Авасто» (ба маънои Симурғ) бо вожаи «syena» (ба маънои уқоб) дар санскрит яке мебошад, эҳтимолан Симурғ дар назди ҳиндуирониён, дар асл ба маънои уқоб будааст(ниг.: Фарнбағдодагӣ. Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор. –Теҳрон: Тус, чопи дувум, 1380. -С.171).

Ихтилофи назарҳои ёдшуда муҷиб намешавад, шабоҳатҳо миёни Симурғ, уқоб ва робитаи он дуро бо кӯҳ нодида бигирем. Ба ҳар сурат, ин ду паранда аз парандагони меҳрӣ (ниг.: Каззозӣ Мирҷалолуддин. Аз гунае дигар. –Теҳрон: Марказ, чопи аввал, 1368. -С.82)-и шикорӣ баландпарвоз ва ба ногузир муртабит бо кӯҳ будаанд. Ба назари муҳаққиқи муосири иронӣ Алиризо Сидиқӣ, шабоҳат миёни уқоб ва Симурғ ва иртиботи уқоб бо кӯҳ яке аз далелҳои ҷобаҷойии ошёнаи Симурғ дар ҳамоса метавонад бошад (ниг.: Сидиқӣ Алиризо. Ошёнаи Симурғ аз дарахти Виспубиш то  кӯҳи Албурз. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад (илмӣ-пажӯҳишӣ). Шумораи 158 – пойизи 1386. -С.93). Ба ин тарз, Меҳр ва Симурғ вижагиҳои муштараке низ доранд. Ин вижагиҳо, ба ақидаи  Алиризо Сидиқӣ, боис гардидаанд, ки он ду бо ҳам биомезанд ва дар ниҳоят, Симурғ ҷойгоҳи Меҳр, яъне кӯҳи Албурзро аз они худ бикунад (ниг.: Сидиқӣ Алиризо. Ошёнаи Симурғ аз дарахти Виспубиш то  кӯҳи Албурз. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад (илмӣ-пажӯҳишӣ). Шумораи 158 – пойизи 1386. -С.93).

Дар доираи фарҳанги симурғӣ ормонҳои миллию мардумӣ минбаъд ташаккул ва дар қолаби ойинҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо таҳаққуқ меёбанд. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ойинҳои миллӣ нишона ва рамзи ҳифзи амнияти миллию давлатӣ шинохта мешудааст ва ин нуктаро Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» борҳо ишорат ва гӯшзад кардааст. Масалан, дар ин абёт ҳифзи муқаддасоти миллӣ -- Наврӯзу Меҳргону Садаро, ки мабонии фарҳангии миллиро ифода мекунанд, Фирдавсӣ рисолати миллӣ ва ватанӣ медонад:

Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

         Ва ё ин ки:

Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,

Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррамбаҳор.

Бад-ин минвол, адабиёт тавассути васоили худ, махсусан достону қиссаҳои манзуму мансур фарҳанги миллиро дар мисоли ҳикмати симурғӣ, ойинҳои миллӣ - Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ба марҳилаи нави таърихӣ ворид сохта, мавриди густариш қарор дод. Новобаста ба он ки дин дар мисоли ойинҳои зардуштӣ, монавӣ, маздакӣ дар ҷомеаи вақт таъсир доштанд, адабиёт ва фарҳанги миллӣ паҳлуи ҳам қарор гирифта, дар замон ва макони нави таърихӣ ғояву идеалҳои бостониро, ки дар қолаби фарҳанги Симурғӣ инсиҷом ёфта буданд, аз нав бозтоб доданд.

 Ҳамин тариқ, фарҳанги Симурғӣ бар мабнои меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ  бунёд шудааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50). Ин аст, ки абёти «Агар меҳр бо меҳр пайванд шуд, Ҳама тухмаи мо хирадманд шуд», «Агар меҳр бо меҳр бонӣ будӣ, Ҳама базмгоҳи каёнӣ будӣ» аз боварҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маншаъ гирифта, дар низоми эътиқодоти сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи вижа касб кардаанд.

  1. Адабиёти миллӣ дар маҳдудаи фарҳанги асримиёнагии исломӣ

Маҳз ба василаи адабиёти достонӣ дар қолаби динӣ фарҳанги миллӣ дар давраи дигари таърихӣ ривоҷ ёфт. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои адабӣ, дар марҳилаи ибтидоии ислом, достону қиссаҳои Ҷамшед, Фаридун, Рустам, Сиёвуш, Суҳроб ва амсоли инҳо дар ҳавзаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва муҳитҳои иҷтимоии арабӣ тавассути тоҷирони араб тарғибу ташвиқ мешуданд. Тоҷирони араб, ки бо додугирифти молию пулӣ сари кор доштанд, аз сарзамини Хуросону Ирон достонҳои паҳлавониро аз забони достонсароёни мардумӣ шунида, аз бар карда, ба мамолики худ интиқол доданд ва ба ин васила ойинҳои фарҳангӣ дар миёни мардуми дигар сарзаминҳо интишор ёфтанд ва маҳбубият касб намуданд. Адабиёт дар ин давра дар қолаб ё формати динӣ-ирфонӣ ва фалсафӣ бо фарҳанги миллӣ иртибот барқарор кард. Махсусан, адабиёт бо андешаи фалсафӣ дар давраи исломӣ мусаллаҳ гардид.

Адабиёт дар ҷавҳари худ бо фарҳанг ва фалсафа омезиш доштааст. Чунон ки маълум аст, дар Юнони қадим  адабиёт ва нақди адабӣ бо обу ранги фалсафӣ омезиш ёфта буд ва дар муҳитҳои фикрию фарҳангии мо ҳамин навъи омезишро мушоҳида кардан мумкин аст. Бархе аз муаллифони араб, монанди Ҷоҳиз, аз қавли шуубия нақл кардаанд, ки эрониён дар давраҳои қабл аз ислом китобҳо дар боби балоғат доштаанд ва ҳар кас  бихоҳад кутуби балоғат биёмӯзад, бояд ба кутуби онҳо, монанди китоби «Корванд» руҷӯъ намояд (ниг.: Насриддин Абдулманнон. Матншиносии  осори адабӣ. –Душанбе: «Пайванд», 2011. -С.11). Интиқод дар марзи мабоҳиси фалсафӣ қарор дорад ва назари нақдгуна шеър ва андеша ё ба истилоҳ, адабиёт ва фалсафаро ба ҳам меоварад. Ин аст, ки назаре нақдгуна доштан ба адабиёт ва фарҳанг равиши кори донишмандон ва рӯшангарони миллист(ниг.: Порсинажод Ираҷ. Алии Даштӣ ва нақди адабӣ. –Теҳрон: Сухан, 1387. –Теҳрон: Сухан, 1387. –С.199).

Бояд тазаккур дод, ки шеъри ҳикматии адабиёти форсии тоҷикӣ реша ва заминаҳои амиқи фикрӣ ва фарҳангӣ дар таърихи башарӣ  дорад. Таърихи илму фарҳанги бостонии мардуми форс-тоҷик ба он гувоҳӣ медиҳад, ки суханпарварӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ барои иронитаборони қадим дар авлавият қарор доштааст (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. Тарҷумаи Аҳмади Ором- Теҳрон, 1343.-С.554) ва адабу фарҳанг ба онҳо шуқӯҳу таҷаммул ато мекардааст (ниг.: Ровандӣ Муртазо. Таърихи иҷтимоии Ирон. Ҷилди аввал.- Теҳрон, 1354.-С.502). Ин аст, ки шеър (адабиёт) ва андешамандию нуктапардозӣ (ҳикмат ва фалсафа) аз бомдоди таърихи фарҳанг ҳамқадаму ҳамқисмати эронитаборон буда, онон тавассути ин ду василаи фикрию ҳунарӣ ба зиндагии хеш мазмуну маънои тоза  мебахшидаанд.

Як бахши муҳими фарҳанги миллӣ, ки мутаносибан ба василаи осори адабӣ-бадеӣ ба ҷомеа расонида мешавад, дар андешаҳои огоҳибахш, барангезанда, созанда, офаринанда ва инсонсолоронаи намояндагони барҷастаи ин ҳунари ҷаҳонӣ таҳаққуқ меёбад. Шуаро ва адибон ба воситаи сурудаю таълифоташон дарду ранҷ ва мусибату мушкилоти ҷомеаи инсониро бозгӯ карда, аз ин тариқ бо ҷомеа ва муҳитҳои иҷтимоӣ робитаи танготанги фарҳангӣ барқарор менамоянд. Илова бар ин, шоирону адибон бо эҳсосу шӯру шавқ ба бозгушоии мушкилот мепардозанд. Ин гуна шоиру адибон дар гузашта бо унвони «ҳаким» ёд шудаанд.

Дар таърихи адабиёти класикии форсу тоҷик истилоҳи «ҳаким» ба номҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Кисоӣ, Носири Хисрав, Саноӣ, Анварӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ интисоб шудааст. Ба унвони «ҳаким» касе  шарафёб мегардид, ки илми ҳикмат(фалсафа)-ро комилан фаро гирифта буд ва ҷаҳону зиндагиро бо бинише амиқ дар мизони ақлу мантиқи фалсафӣ андозагирӣ мекард. Ба қавли донишманди эронӣ Аҳмади Касравӣ: «Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест ки ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста ва он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад(ниг.: Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт. –Теҳрон: Рушдия. Бидуни соли нашр. –С.24).

Мавзӯи марказии эҷодиёти бузургтарин андешамандони адабмашраби ҷаҳон инсон, ҳувият ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Ин мавзӯъ дар худ масоили хирад, дод, озодӣ, меҳр, садоқат, виҷдон, шараф ва абадиятро инъикос карда, саранҷом рисолати воқеии иснонро дар баробари ҳастӣ муқаррар месозад. Аз ин нуқтаи назар, матолиби мазкур бо худии худ арзиши динӣ, фалсафӣ, адабӣ, илмӣ ва воқеӣ доранд.

Адибу шоирони бузурге монанди Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Хайём, Низомӣ, Мавлавӣ, Шамси Табрезӣ, Ҳофиз, Бедил, Иқбол, Содиқ Ҳидоят, Ҷалол Оли Аҳмад, Абулаълои Маарӣ,  Тавфиқ ал-Ҳаким, Ҷуброн Халил, Михаил Нуайма ва соири адибони шаҳир дар Шарқ ва Достоевский, Толстой, Унамуно, Сартр, Камю ва дигарон дар Ғарб нуқтаи васли фалсафа ва адбиётро гузоштаанд. Дар таълифоти адибони мазкур мавзӯи инсон ба сифати бузургтарин арзиши ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Масъалаи инсон  дар ҳамаи давру замонҳо вобаста ба имконоти фикрии адибон ҷилову тобише тоза ба бар кардааст. Дар ин маврид донишманди эронӣ Муҳаммад Мухторӣ чунин менависад: «Шеъру ҳунари нав дар ҳар даврае тасвири наве аз инсон будааст. Тасвир ва кашфи инсони нав танҳо ба ҳавзаи илм ихтисос надорад, балки коркарди табии шеър ва ҳунар низ ҳаст. Ва гоҳо ҳатто кашфи инсони нав дар шеър ва ҳунар басе зудтар ва амиқтар аз ҳавзаҳои зеҳнии дигар рух намудааст  (ниг.: Муҳаммад Мухторӣ. Инсон дар шеъри муосир. Теҳрон, 1377. –С. 30-31).

Ҳаким  Фирдавсӣ  ба  ҷавҳари масоили  фалсафӣ ва фарҳангӣ, ки  аз  инсон  ва  хиради  ӯ таркиб ёфтааст,  таваҷҷуҳ  намуда,  ин  масоилро  дар  паҳнои  таърихи  тафаккури  миллӣ  ҷустуҷӯ  ва  арзёбӣ  мекунад. Ӯ  таъкид  мекунад, ки  танҳо  хирад  имконоти созандагӣ,  офаринандагӣ,  озодибахшӣ ва меҳрварзии  инсонро  новобаста  аз  аслу  насаб ва  бузургию мансаб фароҳам меоварад. Хирад,  ба  қавли  ҳаким,  маҳаку  асли  зиндагии  инсонӣ  аст:

Ҳар  он  кас, ки  бошад  Худованди  гоҳ,

Миёнҷӣ  хирадро  кунад  бар  ду  роҳ.

На тезӣ, на  сустӣ  ба  кор  андарун,

Хирад  бод  ҷони  туро  раҳнамун.

Фирдавсӣ   ба  сифати  адиби файласуф ба ду асл «ҷон» ва «хирад» сахт бовар дошт ва ин ду аслро дар марзҳои зиндагӣ баррасӣ карда, воқеияти  ҳаётро ба ин ду асл марбут донистааст ва дар партави ин ду ҷавҳар фарҳанги миллиро тараннум  кардааст:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин  бартар андеша барнагзарад.

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамон баргузинад, ки бинад ҳаме.

Ба назари адабиётшиноси маъруфи чех Ян Рипка, «Фирдавсӣ дар саросари арсаи адабиёти форсӣ чун Таҳамтан қад барафрохтааст»(ниг.: Рипка Ян. Таърихи адабиёти Ирон. Тарҷумаи Исо Шаҳобӣ. –Теҳрон, 1355. –С.251). Аксари муҳаққиқони «Шоҳнома», минҷумла Муҳаммадамини Риёҳӣ бар ин назаранд, ки  ҳеҷ эронӣ ба андозаи  Фирдавсӣ ба сарнавишти миллат ва кишвари хеш таъсири пойдор бар ҷой нагузоштааст(ниг.:Риёҳӣ Муҳаммадамин. Фирдавсӣ(зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардони Дорои Дӯст. –Душанбе: «Шуҷоиён», 2010. –С.24).

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз трагедияҳои сиёсӣ ва миллии  «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш» ва «Исфандиёр» таркиб ёфта, шоири файласуф  мардум ва ҷомеаи бумии вақтро мухотаб қарор дода, ҳушдор медиҳад, ки рафъи фақри фикрӣ ва худбохтагию беҳувиятӣ, ки мунҷар ба фоҷиаҳои миллӣ дар таърихи бумӣ гардидааст, тақозои замон ва талаботи ватандорӣ аст. Бад ин маънӣ, аз тариқи хирадмадорию озодихоҳӣ ва ҳувиятшиносию ватанпарастӣ расидан ба дараҷаи як миллати воҳид ормони Фирдавӣ будааст. Фирдавсӣ яқин медонист, ки миллат ва ҳувияти миллӣ бар мабнои истиқлоли фикрӣ ва тасмимоти хирадгароёнаи мардумӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, бо касби биниши фалсафӣ миллат метавонад ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ даст ёбад. Бад-ин манзур Фирдавсӣ медонист, ки «фалсафа ба пурсишҳое сарукор дорад, ки дар марзҳои хирад тарҳ мегарданд» (ниг.: Манучеҳри Ҷамолӣ. Сиёҳмашқҳои  рӯзонаи як файласуф. Лондон, 1995. –С. 40) ва хирад ҳамчун категорияи фалсафӣ дар ҳар коре «маънии зиндагии инсонӣ»-ро суроғ мекунад. Ҷустуҷӯи «маънии инсон дар зиндагӣ» асли рисолати хирад аст. Фирдавсӣ меафзояд, ки кушудани асрори зиндагӣ ва мушкилоти бандҳои рӯзгор бар уҳдаи  хиради инсонӣ вогузор шудааст:

Чу з-ин бугзарӣ, мардум омад падид,

Шуд ин бандҳоро саросар калид.

Файласуфи машҳури олмонӣ Карл Ясперс мавзӯи шеър ва фалсафаро дар масири бомдоди таърихи башарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид мекунад, ки фалсафа дар оғоз аз фаъолиятҳои зеҳнӣ ва фикрии башар сарчашма мегирад ва дар он фаъолиятҳо тафаккур ва шеър бо дин ва афсона, зиндагӣ ва авомили ҳаётӣ яке будааст (ниг.:Ясперс К. Будо. Теҳрон, 1364. –С. 55). Ин аст, ки андешаҳои фалсафию фарҳангии иронитаборон ба ҷаҳони андешаи Юнон интиқол ёфта, дар афкори Суқрот, Афлотун ва баъдтар Плотини мисрӣ таҷаллӣ намуданд ва аз ин ҷо ба тасаввуфи исломӣ ворид гардида, дар симои Ҳаллоҷ, Саноӣ, Аттор, Айнулқузот, Суҳравардӣ, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон пайравони худро ёфтанд. Ботингаройии исломӣ, яъне тасаввуф, ба назари Сайид Ҳусайни Наср, дилбастагии файласуфонеро мисли Форобӣ ва Ибни Сино  низ ба вуҷуд оварда буд (ниг.: Таърихи фалсафаи исломӣ. Зери назари доктор Сайид Ҳусайни Наср ва Оливер Леман. –Теҳрон: Интишороти Ҳикмат, 1386. -С.172-173), ки минбаъд дар афкори мутасаввифини исломӣ реша давонда,  боиси ташаккулу таҳаввули назму насри ирфонӣ дар асрҳои миёна гардид.

Минбаъд  дар  таърихи адабиёти классикии  форсу  тоҷик   намояндагони    сабки  ҳиндӣ  ба  эҷоди  маъниҳои   фалсафӣ  рӯ  оварданд ва худро бо ифтихор «Ҳаким» унвон карданд. Ба назари муҳаққиқон, шоирони  тарзи ҳиндӣ (манзур сабки ҳиндӣ – Н.Н.) бештар даруннигар буданд, то беруннигар(ниг.: Порсоинажод Ираҷ. Алии Даштӣ ва нақди адабӣ. –Теҳрон: Сухан, 1387. –С.199) ва дар доираи даруннигарӣ ба баёни асрори зиндагӣ пардохта, фалсафагӯйӣ кардаанд. Яке аз   намояндагони  барҷастаи   ин сабк  Файзӣ  худро  на  шоир,  балки    ифтихормандона  «Ҳаким » гуфтааст:

 Имрӯз  на шоирам,  ҳакимам,

Донандаи  ҳодиси  қадимам.

Бонги  қаламам   дар  ин  шаби  тор,

Сад маънии  хуфта карда  бедор. 

Масъалаи «гироиши нав ба инсон» ва «инсондӯстии суннатӣ» адабиёт ва шеъри навинро аз шеъру адаби суннатӣ мутамоиз месозад (ниг.: М. Мухторӣ. Инсон дар шеъри муосир. -Теҳрон, 1377. –С. 32). Агар ба замони муосир таваҷҷуҳ фармоем, чеҳраҳои нави фикрӣ, адабӣ ва эҷодиеро мушоҳида мекунем, ки бо таҷаддуди адабӣ мавзӯоти адабиётро сифатан тағйир медиҳанд. Таъкид ба мақом ва ҷойгоҳи инсон дар адабиёти муосир аз авлавиятҳои фикрӣ, эҷодӣ ва ҳунарӣ маҳсуб меёфт. Мавзӯоти худогоҳӣ, хештаншиносӣ, сахткӯшӣ, ҷаҳду ҷадал дар баробари зулму истибдоди дохилию берунӣ, ҷасоратмандӣ ва офаринандагӣ дар меҳвари кори фикрӣ, ҳунарӣ ва эҷодии адибоне мисли Иқбол табдил меёбанд. Ин тарзи биниш ба инсон дар осори адабии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Аллома Иқбол наҷоти инсонро дар дониш  ва худшиносии ӯ дида, мақоми ӯро аз гардун бартар донистааст:

Бартар аз гардун мақоми одам аст,

Асли таҳзиб эҳтироми одам аст.

Ин абёт ҳамон маъниеро ба хотир меоварад, ки Хоҷа Ҳофиз дар замонаш сароида буд:

Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,

Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.

Ба таври куллӣ, дар асри нуздаҳум дунё тағйир меёбад ва тағйироти сиёсию иҷтимоӣ ва маданию маърифатӣ ба ҷомеаҳои вопасгаройи Шарқӣ, аз ҷумла ҷомеаи Осиёи Миёна ҳам бетаъсир намемонад. Тадриҷан дар муҳитҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои фикрию адабӣ ва мадании Шарқи мусулмонӣ навандешӣ ва таҷаддудписандӣ ворид мегардад.

  1. Адабиёт ва фарҳанги миллӣ дар доираи низоми давлатдории дунявӣ

Охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист давраи тағйироти фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва мадании ҷиддӣ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, дар ин давра адабиёту фарҳанг ҳам ба тағйирот мувоҷеҳ мегарданд. Давраи нави зиндагӣ фаро мерасад. Ин давра таърихи зиёда аз садсоларо фаро мегирад(аз ибтидои садаи бист то имрӯз).

Дар ин давра, ки низоми зиндагии дунявӣ ба фазо ва муҳитҳои иҷтимоию фарҳангии тоҷикӣ ворид гардид, адабиёт ба фарҳанги миллӣ дар қолаби нисбатан нави мафкуравӣ робита пайдо кард. Дар зимн, насри адабӣ-фалсафӣ дар асрҳои Х1Х ва ХХ дар адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб намуда, диди тозае аз олами инсонӣ ба вуҷуд овард. Минбаъд масъалаҳои фалсафию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ дар адабиёти рус дар эҷодиёти Достоевский ва Толстой, дар адабиёти Аврупо дар таълифоти Мигел де Унамуно, Ҷон Пол Сартр,  Албер Камю, дар адабиёти Ҳинду Эрон дар навиштаҳои Содиқ Ҳидоят, Ҷалол Оли Аҳмад, Тагору Кришан Чандар, дар адабиёти араб дар асарҳои Тавфиқ ал-Ҳаким, Ҷуброн Халил Ҷуброн, Михаил Нуайма,  Тоҳо Ҳусайн, дар адабиёти тоҷик дар навиштаҳои устод Айнӣ ва Сотим Улуғзода ва дигарон бо биниши нави адабӣ ва фарҳангӣ инъикос  ёфтаанд.

Бузургтарин адибони файласуфи садаи бистуми Аврупо Сартр ва Камю бар дӯши нависандаи муосир рисолат, вазифа ва масъулияти ҷиддии фалсафиро гузошта, мафҳуми ҳунари нависандагиро дар бедор сохтани фикри ҷомеаи инсонӣ шарҳу тафсир кардаанд, ки ин муқтазои илм, фалсафа, фарҳанг ва адабиёти муосири ҷаҳонист. Сартр дар асари худ, ки бо номи «Адабиёт чист?»  маъруф  аст, ба ин нуқта таваҷҷуҳ намуда  менигорад: «Нависанда барои хонандаи куллӣ, хонандаи ҷаҳонӣ  менависад ва ростӣ, чунон ки дидаем, талошу таваққуи нависанда ин аст, қоидатан ҳамаи афроди башарро мухотаб қарор диҳад. Нависанда медонад, ки барои онҳое менависад, ки озодиашон дар гил рафтаву пинҳон шуда ва дастноёфтанист. Ва аслан, ин менависад, то онро софӣ кунад» (ниг.: //Садои Шарқ. №4, 1990. -С.71). Камю бошад, масъалаи «нависанда будан чӣ маъно дорад ва барои кӣ бояд навишт»-ро ба миён гузошта, рисолати нависандаро дар ошкор сохтан ва ҳалли мушкилоти доғи рӯз мебинад (ниг.: Кушкин Е. П. Албер Камю. Ленинград, 1982. -С. 88). Дар асоси меъёрҳое, ки Сартр ва Камю роҷеъ ба ҳунари нависандагӣ муайян ва муқаррар кардаанд, равобити адабиёт бо фарҳанги миллӣ устувор мешавад.

Дар адабиёти муосири тоҷик диди нави бадеӣ-эстетикӣ дар насри устод Айнӣ ва Сотим Улуғзода инкишоф меёбад. Устод Айнӣ  масъалаи адабиёт ва мақоми он дар бедорӣ ва танвири фикрии  ҷомеаро ба миён гузошта, ислоҳоту навгониҳои амиқи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро ба танвири фикрӣ иртибот медиҳад. Ин масъала дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и устод Айнӣ хеле хуб дарҷ гардидааст. Воқеан, ин асари Айниро дар илму адаби тоҷики асри ХХ метавон пурарзиштарин асари илмӣ ва фалсафӣ номид, ки бо забони шевои тоҷикӣ нигошта шудааст. Фалсафаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии Айнӣ маҳз дар ҳамин китоб ба таври возеҳу равшан инъикос шудааст. Устод Айнӣ дар ин китоб барои ислоҳоти инқилобӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва фикриву фарҳангӣ  чунин пешниҳодро раво мебинад: «Бе ҳузури раият ва бе танвири афкори омма, инқилоби нофеъро мумкин намедонистам (ниг.:Айнӣ С.Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Теҳрон: Суруш, 1381. -С. 95). Худи устод Айнӣ бар асоси ин доираи фикрӣ (рӯшан кардани фикри инсону ҷомеа ва аз ин тариқ ба инқилоботи фарҳангӣ даст ёфтан) зиндагӣ кардааст. Айнӣ, назар ба қавли худаш, аз оғоз таҳти таъсири адабиёт қарор гирифта, иқтидори фарҳангии онро дарк кардааст. Ин аст, ки менависад:  «Аз авоили ҳол дар татабӯи адабиёт ҳарис будам. Бо таъсири адабиёт ба як ҳаёти файласуфона одат карда будам. Дар назари ман, мӯреро озор додан як қабоҳати бузурге менамуд» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Теҳрон: Суруш, 1381. -С. 126). Насри С. Улуғзода (махсусан, қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»), Муҳаммадзамони Солеҳ («Девори Бухоро») ва дар марҳилаи нави касби Истиқлолияти давлатӣ насри Сорбон («Достони писари Худо»), Бароти Абдураҳмон (аз ҷумла кинороманҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Куруш ва Томирис») ва дигарон  таҷассумгари воқеяти таърихӣ ва фарҳангии милланд. Осори мансур дар ин давра рӯҳияи миллиро дар баробари таҳоҷуми бегона, ки ба фарҳанги миллӣ рахна ворид сохта буд,  инъикос намудааст. 

Агар ба шеъри тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои садаи ХХ1 таваҷҷуҳ кунем, метавон  оҳангҳои амиқи фарҳангӣ ва фалсафиро дар ашъори устод Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо  Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва дигарон  ба хубӣ мушоҳида кард.  Устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор дар тарҳи нави мавзӯъҳои ватан, миллат, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва амсоли инҳо аз пешгомони адабиёти муосири тоҷик маҳсуб мешаванд ва ин раванд дар адабиёти имрӯзии мо, бо вуҷуди кунду заиф ҷараён доштанаш, батадриҷ идома ёфта истодааст.

Дар шароити феълӣ иртиботи адабиёту фарҳанг дар қаламрави ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, агарчи бо Вазорати фарҳанг дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳамкорӣ мекунад, робитаю ҳамкориҳо мисли замони пеш шукӯҳманд нестанд. Ба сухани дигар, як навъ гусастро дар муносиботи тарафайни адибону фарҳангиён (манзур кормандони соҳаи фарҳангу ҳунар аст) дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин ҳолат нигарониро ба вуҷуд меоварад ва ҷойи нигаронӣ ҳам ҳаст.

Дар шаҳру навоҳӣ ва умуман, музофоти кишвар соҳаи адабу фарҳанг ба дастгирии ҷиддии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сахт ниёз дорад. Таҳлили авзои адабию фарҳангии баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин иддаоро пеш меоварад, ки маҳфилҳои адабӣ дар музофот, аксаран дар назди Идораи редаксияи нашрияҳои ҳукуматӣ ва Бахши ҷавонони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ қарор доранд ва гоҳ-гоҳе мулоқоти адибон бо аҳли ҳунару фарҳанг доир мегарданд. Аммо корҳои ҷиддие дар ин самт ҳанӯз ба назар намерасанд. Дар доираи маҳофили адабӣ-бадеӣ мавзӯоти обшуста ва сатҳӣ, ки ба рӯҳи замон ва таҳаввулоти фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мувофиқ нестанд, баррасӣ мегарданд. Дар маҳфилҳои адабӣ ашъори шоирони навқалам аз суҳони таҳрир гузаронида мешаванд, вале бештари ашъор васфӣ ва сатҳиянд ва бо ин гуна шеър наметавон муҳит ва фазои хуби эҷодӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ сохт.

Шеъри имрӯзӣ кам рӯҳи замонро ба назар мегирад ва шоирони навқалам бештар сари ишқу муҳаббат ва нолишу гилоя тамаркуз мекунанд. Назм ва шеъри иҷтимоӣ (шеъри баланди иҷтимоӣ дар назар аст) хеле кам гуфта мешавад ва нигарониҳои адибони навқалам бештар дар сарҳади ишқу отифат хатм мегарданд, ҳол он ки ин матолиб дар адабиёти классикӣ зиёд ба риштаи тасвир кашида шудаанд ва то ҷое дигар маъною муҳтавои худро гум кардаанд. Тарбияту парвариши шоирону адибони марҳилаи нави таърихӣ, ки дорои биниши миллӣ ва фалсафӣ бошанд, тақозо ва зарурати имрӯзист. Ҷомеаи муосири тоҷикӣ ба шеъри иҷтимоие, ки Лоҳутӣ, Турсунзода ва насли пешин суруда буданд, ниёз дорад ва сари ин масъала ҷиддӣ бояд таваққуф кард, то насли нави адибони миллӣ рӯйи кор биёянд ва бо тавонмандиҳои зарурии зеҳнию ақлонӣ рӯҳи миллӣ ва фарҳангиро дар шеъри иҷтимоӣ таҷассум карда тавонанд.                                                               

Хотима

   Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ дар банди вобастагию маҳрумиятҳои идеологӣ  қарор дошт ва ин раванд дар шароити имрӯза, ки фарҳангу тамаддунҳои бегонаи динмеҳвар рӯз ба рӯз бар фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ тасаллут пайдо мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368.–С.249), аксари наслҳои имрӯзии мо, ки бар асари фишору бориши мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ  ҳаракат карданро  авло медонанд. Ба назари донишмандон, ҳеҷ қавме илму ҳунар ва фарҳангро дар инҳисори худ надорад. Илму ҳунар молу мулки ҳеҷ қавме нест. Ҳар мардуме ин истеъдод ва имконро доранд, ки соҳиби илму ҳунар ва адабу фарҳанг бошанд (ниг.: Чолиш бо файласуф. Фалсафа дар рӯзгори фурӯбастагӣ. Ба ривояти доктор Ризо Доварии Ардаконӣ. Гуфтугӯ ва нигориши Алӣ Хурсандии Тоскӯҳ. –Теҳрон: Пажӯҳишгоҳи мутолеоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, 1387. -С.97). Бар мабнои ин, фарҳанги ҳар ҷомеа махлуқи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, қавмиятҳо ва тоифаҳо бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст (ниг.: Ҳасан Малик. Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http: //http. Kavehroom. Com/ –-С.145 ). Аз ин ҷост, ки фарҳанги миллӣ дар ҳувияти тоҷикӣ нуҳуфтааст ва тавассути адабиёти миллӣ эҳё кардан ва густариш додани мушаххасоти ҳувиятӣ, аз ҷумла  эҳёи ҷашнҳои миллию фарҳангӣ рисолати виҷдонӣ ва инсонист.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи адабиёт ва фарҳанги бумӣ, бо назардошти махсусиятҳои табиат ва иҷтимоъ дар гузаштаи дури мо ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ бофта ва пардохта шудаанд (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, ба назари донишманди шаҳири иронӣ Ҳошим Разӣ, ба умри миллату халқ баробар аст (ниг.:Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17). Аз ин силсилаҷашнҳо Наврӯз бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ маҳбубият пайдо намудааст. Наврӯз, беш аз пеш, мунъакискунандаи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ буда, рӯҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷасум намудааст(ниг.: Турсон Акбар. Наврӯз – оинаи тамаддуни Аҷам. //Суханшиносӣ 2012, №2. –С.9) ва дар паҳнои таърихи фарҳанги бумӣ ба сифати ҷашни бостонитарин ва инсонсолортарин мавқеъ ва мақоми аввалиндараҷа дорад. Фаротар аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта (ниг.:Шаҳобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихӣ(Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин).-Душанбе: Дониш, 2015. -С.17-18), бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофиёи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.:Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.5), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Бо доштани мероси бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ, ки дар осори мактуби адабӣ-бадеӣ ғунҷоиш ёфтаанд, наметавон имрӯз ақибнишинӣ кард, бадки танҳо ба пеш ҳаракат намуд. Ҳаракат ба пеш - ба сӯйи шинохти арзишҳои башарӣ, муаррифии дурусти мероси фарҳангӣ имкон медиҳад, ки табодул ва тафоҳуми сиёсию фарҳангӣ миёни милалу халқиятҳои ҷаҳон барқарор гардад.

Вазъи муосири сиёсию геополитикӣ аз мо тақозо мекунад, ки дар шароити имрӯзӣ заиф набошем, бо иқтидори зеҳнӣ, ақлонӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва билохира фарҳангӣ мушкилот ва буҳронҳои гуногунро, ки бар асари ноогоҳӣ, хурофотпарастӣ ва вопасгаройӣ ҷомеаи тоҷикиро таҳдид мекунанд, рафъ созем ва ба шоҳроҳи тамаддуни башарӣ гомҳои устувор бардорем. Мутмаинан, адабиёти қудратманд ҷуръат ва ҷасорати иҷтимоӣ ва саранҷом шахсияти томи фарҳангӣ ва миллӣ меофарад. Идея ва ғояҳои созандаи адабиёт, ки дар осори манзуму мансури бадеӣ мунсаҷим мешаванд, ҷомеаро аз дарун дигар мекунанд ва дар сохтмони худшавӣ ва худсозӣ нақши калидӣ адо мекунанд. Ғояҳои созанда ва абадзинда дар натиҷаи мутолиоти пайваста, ковишу ҷустуҷӯҳои мудавом, ҷуръату ҷасорати эҷодӣ рӯйи кор меоянд ва барои садсола ва ҳатто ҳазорсолаҳо хидмат мекунанд. 

Нурзода НОЗИМ 

муҳаққиқ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (16), 2019

Хондан 3106 маротиба