JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Майи 2019 12:50

Дунявият ва низоми сиёсии динӣ

Муаллиф:
Дунявият ва низоми сиёсии динӣ https://opimedia.azureedge.net/-/media/images/utr/editorial/articles/magazine-articles/2008/03-01/faith-in-diplomacy/religion.jpg

(чанд андеша дар мавридди монеъи рушд будани низоми сиёсии динӣ)

  Пас аз нашри мақолаи файласуфи тоҷик Ҳафиз Холиқзода дар мавриди исломи сиёсӣ ва монеъи рушди миллат будани он, дар ин замина интишор ёфтани ҷавобияи хушунатҷавҳари Амруллои Низом таҳти унвони «Гуфту куфт» ва навиштаи файласуфи муосири тоҷик Нуриддини Шаҳобиддин таҳти унвони «Мазҳаб ва инкишоф», ҳамчунин вокуниши С. Истаравшанӣ тасмим гирифтем, як таҳлили иҷмолиро дар мавриди дунявият ва низоми сиёсии динӣ анҷом бидиҳем.
  Башарият дар тӯли мавҷудияти хеш аз навъҳои мухталифи идоракунӣ истифода намудааст, ки ҳар кадоме аз ин шеваҳо ба дараҷаи дониш ва фаҳму ҷаҳонбинии башар дар ҳар марҳилаи тараққиёт вобаста будааст.

  Имрӯз яке аз шаклҳои ривоҷёфта ва афзалиятдоштаи идоракунӣ дар ҷаҳони муосир, ки аз дараҷаи имрӯзаи донишу маънавиёт ва фаҳми башар берун омадааст, низоми дунявӣ ё секулор маҳсуб аст. Низоми дунявият- низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад. Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад. Ҳадафи зиндагии инсонӣ бошад, озодии инсон аст ва инсонҳо танҳо дар ҷомеаи дунявӣ метавонанд озодии хешро ҳифз кунанд ва дар саодат ва ҳамзистии осоишта ба сар бибаранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар дигар навъи ҷомеаҳо, ки меҳвари онҳоро на арзишҳои баланди инсонӣ, балки арзишҳои динӣ ташкил медиҳанд, озодиҳои инсон маҳдуд гардида, хираду заковат ва истеъдодҳои инсон саркӯб мешаванд. Барои равшан намудани бартарияти ҷомеаи дунявӣ баъзе аз хусусиёти низоми динӣ-теократиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. 
Аз замони пайдоиши динҳои тавҳидӣ, махсусан дар олами масеҳият аз асри 3 мелодӣ шурӯъ гардида, то замони нав тарзи идоракунӣ бар пояи қавонин ва арзишҳои масеҳӣ ба роҳ монда шуда буд. Ё ба тарзи дигар ин гуна ҷомеа ҷомеаи шариатмеҳвар ё теократик ба ҳисоб мерафт. Ҳамин гуна ҷомеа дар олами ислом, махсусан дар кишварҳои мусалмоннишин пас аз шаклгирии хилофати исломӣ ривоҷ пайдо карда, намунаи он то имрӯз дар кишварҳои минтақа мавҷуд аст. 

  Яке аз хусусиятҳои ҷомеаи теократик он аст, ки ҳамаро ба шакли мутлақ қабул карда, низоми сиёсии хешро бар пояи андешаҳои мунҷамиди китобҳои муқаддас ва бунёдгарони шариатҳо ба роҳ мемонад. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа озодии ҳама гуна шаклҳои маънавиёт аз байн меравад. Зеро дар ин навъи ҷомеа сиёсат, сиёсати динӣ аст ва табиист, ки вобаста ба зарфияти андешаҳои динӣ арзишҳо, ритуалҳо, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии он маҳдуду бетағйир буда, дар доираи фаҳми китоби муқаддасу ҷаҳонбинии муфассирони он сурат мегирад.Пас шаклҳои дигари маънавиёт озод ва мустақил амал карда наметавонанд. 
Ахлоқ ҳамчун шакли маънавиёт дар ҷомеаи шариатмеҳвар аз рӯи меъёрҳои муқарраркардаи динӣ сурат мегирад ва ин меъёрҳо маҳдуд буда, на ҳамаи арзишҳои маънавии умумибашариро ифода карда метавонанд. Зеро дар низоми динӣ Офаридгор, китобҳои динӣ ва арзишҳои муқарраркардаи дин муҳимтар аз зиндагии инсонианд ва арзиши зиндагии инсон ба хотири дин ва боварҳои он арзёбӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки ахлоқ дар ҷомеаи динмеҳвар бар пояи тарс бунёд шудааст. Аз ҷумла тарс аз ғазаби Худо, тарс аз рӯзи қиёмат, тарс аз дӯзах, тарс аз такфир (иттиҳом ба куфр ё муртад шудан) ва амсоли ин. Ҳамин аст, ки ахлоқи як фарди ҷомеаи шариатмеҳвар, комил ва таҳаммулпазир ба маънои том нест. Чун бунёдаш бо хушунат дуруст шудааст, аксар аз пайравони он аз ин навъ роҳкор дар амалкардҳояшон истифода мекунанд. 
Ҳуқуқ ҳамчун шакли маънавиёт дар ҷомеаи шариатмеҳвар на аз заруратҳои зиндагии инсонӣ, балки дар асоси қиссаҳои китобҳои муқаддас сурат мегирад ва ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ низомҳои теократӣ дар ҳар шакле, ки набошанд, натавонистаанд қонунгузориеро ба миён оваранд, ки онҳо заминаи иҷтимоӣ дошта, аз рӯи заруриятҳои ҷамъиятӣ ба миён омада бошанд. Дар ағлаби ин ҷомеаҳо сиёсатмадоронашон муътақиданд, ки қонунгузории башарӣ ҷуз сиёҳмашқ чизе нест. Ин аст, ки меъёри асосии ҳуқуқ дар ҷомеаи шариатмеҳвар китобҳои динӣ ва худи шариат ба ҳисоб меравад. Чун маншаи асосии қонунгузории шариатӣ дар асоси қиссаҳои китобҳои муқаддас аст, аз ин рӯ, онҳо наметавонанд ҳуқуқи ҳамаи инсонҳоро яксон таъмин намоянд. Зеро дар ҷаҳонбинии динӣ ва махсусан, гоҳе ки сиёсат динӣ мешавад, он ҳатман ба пайравону бовармандони хеш эътибори бештареро қоил мешавад. Аз тарафи дигар, ҳуқуқҳои бошандагони динҳои дигарро маҳдуд намуда, муносибат ба онҳоро дар нисбати бовармандони ақидаи хеш мутафовит мегардонад ва ба онҳо ҳатто ҷазо ва табъизи сахти ҳуқуқиро ба роҳ мемонад. Намунаашро метавон дар шакли ҷизя ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи савора гаштан дар шаҳр барои ғайрибовармандони ин мазҳаб дар аксари кишварҳои низоми теократӣ мушоҳида намуд. 
  Қобили қайд аст, ки дар низоми сиёсии динӣ ҳатто баробарии байни зану мард вуҷуд надошта, табъизи ҷинсӣ дар шакли ниҳоят баланд вуҷуд дорад. Ин аз он маншаъ мегирад, ки дар низоми сиёсии динӣ, ки ҳуқуқҳои марду занро шариат муайян менамояд, дар он зан ними ҳуқуқи мардро дорад ва он ҳеҷ гоҳ комил буда наметавонад. Қонунҳои шариат, ки дар асри 6 тарроҳӣ шудаанд, ба воқеиёти ҷаҳони муосир ҷавобгӯ нестанд. Решаи нобаробарии занҳо бар асоси қиссаҳои хилқат дар китобҳои муқаддас бармегардад, ки тибқи он Момо Ҳаво ба ҷурми фирефта шудан маҳкум ба кашидани дарди зоидан, корҳои сахт дар хона ва таҳаммули ҳокимияти мард мегардад. Ва ин маҳкумиятҳоро зан барои духтарони худ ба мерос мегузорад. Дар ҷомеаҳои динмеҳвари суннатзадаи вопасгаро бунёдгароён ва шариатмадорон хоҳони ҳукумати динӣ ва иҷрои қавонини шаръианд. Онон мехоҳанд мардуми имрӯзӣ бо ҳамон шакле зиндагӣ кунанд, ки гузаштагони 1400-сол пешашон мезистанд ва аз ҳамон қавонину муқаррароте риоя кунанд, ки хос бо ҷаҳонбинӣ ва фаҳми ҳазорон соли қабл аст. Бештари рӯҳониёни ин кишварҳо тавассути усули чандинасраи худбегонасоз мардумро аз азоби охират, дӯзах, биҳишт, рӯзи қиёмат ва ҳаросафканиҳои динӣ тарсонида, дар ҳолати шок ва бетарафӣ нигоҳ медоранд. Аз тарафи дигар, дар навъи кишварҳои шариатмеҳвар шохаҳои ҳокимият аз ҳам ҷудо набуда, амалан ҳар се шохаи ҳокимият таҳти нуфузи диндорон қарор доранд. Ҳамин аст, ки ҳатто дар тарзи муҷозот низ тафовут байни пайравони ин дину мазҳаби дар сиёсат амалкунанда ва дигарандешон вуҷуд дорад. Ҳазорон мисол метавон аз таърих овард, ки бозгӯкунандаи ваъи фавқуззикр аст.
  Зебоишиносӣ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, ки дар худ навъҳои гуногуни санъат, мусиқӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, раққосӣ, театрӣ, синамоӣ ва адабиёти бадеиро дар бар мегирад, дар ҷомеаи шариатмеҳвар сахт баста ва маҳдуд аст. Аслан ин навъи шуури ҷамъиятӣ озод ва мустақил вуҷуд надорад. Ҳатман он бо меъёрҳои динӣ ифода меёбад ва фақат ҳамон чорчӯбаро ифода менамояд. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа адабиёт танҳо аз шахсиятҳои динӣ, образҳои динӣ ва муқаррароти динӣ тасвиру тамҷид мекунад. Берун шудан аз ин дидгоҳҳо нависанда ва шоирро ба марзи муртаду такфир мебарад, ки боиси муҷозоти ӯ мегардад. Дар ин навъи ҷомеа адабиёти бадеии озод, ки аз арзишҳои баланди инсонӣ бархӯрдор бошад, вуҷуд надорад. Агар чизе ҳам баён шавад, бояд дар чорчӯбаи арзишҳои динӣ сурат бигирад. Сабаби ба вуҷуд омадани тафсирҳои зиёди шеъру ғазали шоирон дар асрҳои миёна маҳз ба шариат дуруст кардани ақоиди онҳост, на чизе беш аз ин. Санъат низ ба ҳайси навъе аз зебоишиносӣ дар ҷомеаи динмеҳвар озод нест ва дар аксар аз ин навъи ҷомеаҳо санъати овозхонӣ, раққосӣ ва театрӣ ғайримуҷоз аст ва агар иҷро мешавад, бояд дар доираи муқаррароти шариатӣ анҷом бигирад. Санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ, аз ҷумла тасвири инсон ва ҷондорон дар аксар аз низомҳои динӣ маҳдуд аст. Ба ҳамин тарз санъати ҳайкалтарошӣ ва дигар анвои санъат низ наметавонад дар ин навъи ҷомеа пурра ва озод амал кунад. Ҳатто аз тарзи ороиши худи инсон то тарзи либоспӯшӣ ҳама дар маҳдудаи шариатӣ сурат мегирад, ки намунаи боризи онро то ҳол баҳси ҳиҷоб ва риш ташкил медиҳад. Хусусияти дигари ҷаҳонбинии динӣ он аст, ки завқиёти инсонро маҳдуд месозад ва ишқу отифа ва самимияту садоқатро низ маҳдуд месозад. Аз ин рӯ, ҳар унсуре, ки ишқу отифа ва эҳсоси инсонро ба худ мекашад, ба назари ғайр нигариста мешавад ва то ҳадде ин чизҳо ҳамчун такфир унвон ва барои ҷаҳонбинии динӣ хатарнок ҳисобида мешавад. Масалан, дар пиндори ҷаҳонбини динӣ, зан худро зинат медиҳад, то мардро ба худ ҷалб кунад. Дунё ва ҳаёти ҷисмонӣ, шеъру мусиқӣ ҳама инсонро гумроҳ мекунанд ва қувваи сеҳрангез доранд ва муъминро ба ширк мебаранд. Аз ин рӯ, ҳамаи инҳо фиребандаанд. Ба назари шариатмадорон, ҳамаи ин падидаҳо душмананд ва муъминро аз машғул будан ба асли воҳид бозмедоранд. Хулоса, санъат, ҳунар, адабиёт ва халлоқият хама дар ин навъи ҷомеа маҳдуд ва бумбастианд.
  Фалсафа ҳамчун шакли маънавиёт дар ҷомеаи динмеҳвар фақат дар шакли андешаи динӣ ва ҳикмати динӣ метавонад амал кунад. Дар дин фақат як ҳақиқат вуҷуд дорад ва он ҳам ҳақиқати мутлақ аст, дигар падидаҳо на ҳақиқӣ, балки ҷаълиянд. Аз ин рӯ, ба маърифати чизҳои дигар дар динҳо (берун аз назардошти ҳақиқати мутлақ) ба назари машкук менигаранд. Ҳақиқати мутлақ дар низоми динӣ китоби муқаддас, ҳадис ва аҳкоми динианд, ки чорчӯбаи ҷаҳонбинии диниро муқаррар мекунад ва андешаи дигарро қабул надорад ва ҳама бояд дар партав ё хатти муқарраркардаи ҷаҳонбинии динӣ андеша намоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ, он на дар шакли озодандешӣ, ҳикмати ашё, ҳикмати олами ҳастӣ ва маърифат, ки ҷудо аз қиссаҳои хилқат ва меъёрҳои китоби муқаддас бошанд, амалан имконнопазир аст. Онҳое, ки ҳамчун файласуфи воқеӣ амал мекунанд, ҳамеша зери хатари вуҷудӣ қарор мегиранд ва андешаи онҳо рад шуда, мавриди таъқиб ва барчаспҳои гуногун задан қарор мегиранд. Ба ин метавон гурӯҳи файласуфонеро мисол зад, ки пас аз дини расмии императории Рим эълон шудани масеҳият ватани хешро тарк карданд ва ба императории Сосониён паноҳ бурданд. Ҳамчунин дар олами ислом вазъияти баамаломада дар бобати Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Умари Хайём ва дигарон далели гуфтаҳои болост. Таваҷҷуҳ шавад ба намунаҳое аз қабили: 


Чун нест дар аҳли ин замона фаҳме,
Гуфтан натавон ҳар он чӣ дар хотири мост.
                                                        Хайём 


Ё ин ки: 
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.
                                                Ибни Сино


  Аксари донишмандонамон дар тарси дар бадарӣ ва оворагиву бечорагӣ ба сар бурдаанд ва ҳазорон-ҳазор китобҳояшон мавриди оташсӯзӣ қарор гирифтаанд. Яъне ба тарзи хулоса андеша дар низоми сиёсии динӣ наметавонад озод бошад ва комилан баста, маҳдуд ва танҳо дар доираи муқаррароти динӣ имконпазир аст. 
  Илм ба ҳайси шакли маънавиёт дар ҷомеаи шариатмеҳвар на дар шакли донишҳои таҷрибашудаи баисботрасида фаҳмида мешавад, яъне ба шакли фаҳмиши имрӯза илм, ки меҳвари асосии пешбари ҷомеаро ташкил медиҳад, балки ба ҳайси улуми диния фаҳмида мешавад ва меъёрҳои илмӣ низ дар ин навъи ҷомеа меъёрҳои динӣ мебошанд. Ва он назариётеро, ки илм дар баробари табиат, олами ҳастӣ ва инсону ҷойгоҳи он дар ҷаҳон, хусусиятҳои биологии он баён мекунад, қобили қабулу пазириш нест. Яъне ба тарзи дигар мафҳуми илм дар ҷаҳонбинии динӣ илми илоҳӣ фаҳмида мешавад (китоби муқаддасу аҳодиси набавӣ) ва илм наметавонад дар шакли мустақил амал намояд. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои низоми динӣ илм ба фаҳмиши имрӯзааш натавонистааст муваффақ ва комёб бошад. Аз ин ҷост, ки дар тӯли таърих дар чунин ҷомеаҳо мо ба гӯишҳое дучор мешавем, ки ҳамаи асли ҷаҳон ва ҳақиқати илмии он дар китобҳои муқаддас баён гардидааст ва ҳар чи ки ба он мувофиқат накунад, қобили қабул нест ва ҳатман нафароне, ки андешаи дигарро матраҳ карда бошанд, мавриди муҷозот ё инквизитсия қарор гирифта, осорашон сӯзонида шудааст.
  Тавре аз таҳлили боло мебинем, вазъи умумии ҷомеаи дар он низоми сиёсати динӣ ҳокимбуда тарзест, ки фақат дин дар шакли мутлақ вуҷуд дорад. Дигар, чи сиёсат, чи ахлоқ, чи ҳуқуқ, чи эстетика, чи фалсафа ва чи илм ҳама динианд. Яъне ба тарзи дигар мутлақияти ҷомеаи динмеҳвар то ба ҳаддест, ки дар он танҳо дин вуҷуди воқеӣ дорад, на шаклҳои дигари маънавиёт. Ҷаҳонбинӣ ё идеологияи динӣ ҷаҳонбинии ғайрро қабул надорад. ӯ ҳақиқате ҷуз ҳақиқати хеш, Худоеро ҷуз Худои хеш, фикре ҷуз фикри хеш, илме ҷуз илми хеш, дине ҷуз дини хеш ва фалсафае ҷуз фалсафаи худро қабул надорад ва ҳамаи унсурҳои зикршудаи ғайрӣ (ширк, куфр, бидъат) ҳисобида шуда, муъминро ба хатар меандозад. Кор, амал, фикр, эҳсос, отифаи муъмин ҳама бояд мутамарказ ба ин вуҷуди воҳид, ба ин асли воҳид, ба ин дини воҳид, ба ин ҳақиқати воҳид нигаронида мешавад. Ҳамин гуна амалкард боиси он мегардад, ки инсон ва зиндагии инсонӣ, на ба ҳайси як арзиши олӣ, ки тамоми донишу нерую халоқияти инсонӣ ҷиҳати беҳбуди он равона карда мешавад, шинохта мешаванд. Балки арзиши мутлақ ин худи дин ва ритуалҳову маросимоти он талаққӣ мешаванд, ки зиндагии инсонӣ низ бояд барои он ва махсусан, барои саодати зиндагонии пас аз марг ва ҷаҳони дигар равона карда шавад. 
Ин бозгӯкунандаи он аст, ки низоми динмеҳвар ҳамаро маҳдуд месозад ва амалан дар он мардумсолорӣ, гуногунандешӣ вуҷуд надорад. Азбаски ҳама гуна андеша ва ҳунару халлоқияти инсонро маҳдуд месозад, ин гуна ҷомеа ба суҳулат тағйир меёбад ва дар он рушд ба кундӣ сурат мегирад. Далели онро метавон дар ҳазосолаи ҷомеаи теократии ғарбӣ, ки аз бомдоди масеҳият то асрҳои 14-15 мелодӣ дар Аврупо ҳоким буд, мавриди баррасӣ қарор дод. Тӯли ин ҳазорсола ҳазорон-ҳазор дигарандешону донишмандон мавриди куштору таъқиби рӯҳоният қарор гирифта, аз байн бурда шудаанд. Он чи ки аз замони Ренессанс аврупоиён дарк карданд, ин буд, ки ҷомеаро аз низоми сиёсати динӣ озод намудаанд ва амалан заминаро барои халлоқияти инсонӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёту зиндагӣ гузоштанд. Яъне ҷомеаи дунявиро бино намуда, маънавиёти инсонро аз мутлақияти динӣ озод намуданд, ки муҷиби шукуфоӣ ва рушду тараққии давлату миллатҳояшон гардидааст.
  Онҳое, ки имрӯз даъво аз сиёсатҳои динӣ доранд ва мехоҳанд онро дубора ҷойгузини низоми дунявии Тоҷикистон гардонанд ё худашон дуруст ин низомро дарк накардаанд, ё танҳо ба хотири манофеъи маҳдуди гурӯҳиву сиёсиашон аз роҳкорҳои гул задани мардум ин ақидаро мавриди таблиғ қарор медиҳанд. Имрӯз аҳли зиёи ҷомеаро зарур аст, ки бо назардошти дар тӯли таърих собит намудани ин ки низоми сиёсии динӣ монеъи рушди давлатҳову миллатҳо будааст, назариёти хешро олимонаву огоҳона ва бидуни ғараз ба ҷомеа ироа доранд ва кишварро аз хатари таҳдидкунанда ба низоми дунявӣ, ки аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба амал бароварда мешавад, нигоҳ доранд.

Исомиддин Шарифзода

Бознашр https://www.facebook.com/profile.php?id=100001726304173

Хондан 1628 маротиба