JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 07 Октябри 2020 07:48

Пандемияи COVID-19 пайдоиш, хатар ва пешгирии он

Муаллиф: Эшов Б.Б., Шарофова М.У., Сагдиева Ш.С., Раҳмонов Р.У., Миршоҳӣ М.

  Микробҳо ва вирусҳо гуногун мешаванд ва доштани маълумоти умумӣ аз табиат, пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳо, муддати инкубатсионӣ ва мутатсияи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар нигоштаи мазкур оиди хосиятҳои болозикршудаи COVID-19 сухан меравад.

  Мо дар бораи оилаи вирусҳое, ки ба эпидемияи гузаранда ва марговар масъуланд, чӣ медонем? «COVID-19»: чаро 19?

  Пас аз муайян кардани CoV-2019 дар аввал ин коронавируси нав SARS-CoV-2 ном дошт (SARS–Severe Acute Respiratory Syndrome - "Синдроми шадиди роҳи нафас" ва CoV – "COronaVirus").

  11 феврали соли 2020 аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бемории бо номи COVID-19 чунин маънидод шуд:

  • «CO» маънои "корона",
  • «VI» "вирус" ва
  • «D» "беморӣ"

  Рақами 19 соли пайдоиши онро нишон медиҳад, яъне 2019. Вирус ва  ҷойгиршаавии он дар ҳуҷайраҳо дар расми 1 оварда шудааст.

                                                          

                                                                                          Расми 1. Вирус (1) дар рӯйи ҳуҷайраҳо (2).

                                                                                                (Акси микроскопи электронӣ)

  SARS-CoV-2 ба оилаи коронавирусҳо мансуб аст, ки метавонад дар инсонҳо боиси бемориҳои илтиҳобӣ ва хатарноку ҷиддӣ ба монанди Sars гардад. Аз замони сар задани эпидемия, ба гуфтаи олимон, эҳтимолияти паҳн кардани вирус аз ҳайвонот бештар аст. Эпидемия аз бозори маҳаллӣ дар Вуҳан (Wuhan, Хитой) оғоз ёфт, ки дар он ҳайвоноти ваҳшӣ фурӯхта мешуданд. Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки кадом ҳайвон ба ин масъул аст. Ин метавонад куршапарак (расми 2) бошад, ки дар он вирусе, ки ба Sars-CoV-2 шабеҳ буд, муайян карда шуд. Дар аввали соли 2020 олимони Донишгоҳи Кишоварзии Ҷанубии Чин панголинро (Рengguling, расми 3) ҳамчун «мизбони имконпазири мобайнӣ» муайян карданд, ки ба интиқоли коронавирус байни куршапарак (Microchiroptera) ва одам гумонбар шудааст.

            

                        Расми 2. Куршапарак et (аз avenir, Depositphotos)          Расми 3. Pangolin (аз Science AFP/Archives-Roslan Rahman)

  Панголинҳо як намуди ширмаконе, ки баданашон бо пулакча пӯшонида шуда, гӯшти онҳо дар мағозаҳои Чин ва Ветнам фурӯхта мешавад, ба нестшавӣ таҳдид мекунад. Олимон шарҳ медиҳанд, ки ин ҳайвон метавонад вирусро бе аломатҳои беморӣ нигоҳ дошта, онро ба дигар намудҳои мавҷудоти зинда, алалхусус ба одамон, интиқол диҳад. Пас аз таҳлили 1000 намуна, олимон тавонистанд нишон диҳанд, ки геномҳои вирусҳои аз панголинҳо гирифташуда бо вирусҳои дар одамоне, ки ба nCoV гирифторанд, 99% монанданд. Ёдовар мешавем, ки дар давраи эпидемияи SARS (пневмонияи атипикӣ), солҳои 2002-2003 «мизбони имконпазири мобайнӣ»-и вирус сиветта (civetta) - ҳайвони ширмаки хурди хокистарӣ буд, ки гӯшташро дар Чин мехӯранд(расми 4).

                                                                            

                                                                                                  Расми 4. Сиветаи африкоӣ (Civettictis (viverra) civetta)

  Куршапарак (шапараки паррон, зарб, бат) инчунин барои интиқоли вирусҳо ба одамон, аз он ҷумла SARS, синдроми нафас дар Шарқи миёна (MERS–Middle East respiratory syndrome) дар Арабистони Саудӣ ва инчунин Эбола, сабабгор мебошад. Соли равон профессор Люк Монтанье (Luc Montagnier) Ҷоизадори Нобелӣ дар соҳаи тиб дар соли 2008 суол кард, ки: Чаро докторон ин фарзияи ифлосиро инкор мекунанд? Ба гуфтаи ӯ, коронавируси нав дар озмоишгоҳҳои Вуҳан сохта шудааст [1]. Монтанье, тавсифи геномаи коронавирусро дида, пай бурд, ки «геномҳои пурраи ин коронавируси нав пайдарпаии РНК-ро дорад, ки ба дигар вирус ба ВНМО (СПИД) монанд аст [2]. Ин маълумотро муҳаққиқони Ҳиндустон нашр кардаанд, вале онҳоро маҷбур карданд, ки пас аз чанде аз он даст кашанд. Чунин бармеояд, ки барои ошкор кардани ҳақиқат фишори сахт мавҷуд аст. «Барои ворид кардани пайдарпаии ВНМО ба генетика молекулаҳо лозиманд, ки ин бо мутатсия табиӣ буда наметавонад», гуфт олим. «Гумон меравад, ки ин вирус аз як озмоишгоҳи Вуҳан ё таърихи бозорӣ – як афсонаи зебост», ӯ бовар дорад [1,3]. Иёлоти Муттаҳида изҳор дошт, ки «далелҳо» дорад, ки вирус аз лабораторияи Вуҳан омадааст [4].

  Давомнокии сирояти вирус. Вирусҳо, вобаста ба шароити муҳити зист, метавонанд аз 24 то 72 соат дар ҳаво бошанд. Дар ҳарорати аз 20°C пасттар вирусҳо зиёдтар боқӣ мемонанд. Дар ҳарорати зиёда аз 30°C, қобилияти зинда мондани вирус ба таври назаррас коҳиш меёбад. Инчунин пластмасса ба баланд шудани қобилияти зистани вирусҳо мусоидат мекунад.

  Омилҳои хавф кадомҳоянд? Синну сол ба омилҳои хавфнок барои шаклҳои вазнини COVID-19 ворид мешавад, ки нишондоди фавт дар шаклҳои клиникии сироятёбӣ дар одамони аз 80 сола боло 15% ва дар байни одамони синни то 60 сола 0.3%-ро ташкил медиҳад [5]. Ин ҳолат дар давраҳои аввали пандемия ба назар мерасид.

  Инчунин мавҷудияти патологияи ҳамшафат омили хавфи рушди шаклҳои вазнин шуморида мешавад. Бемориҳои асосии ҳамшафат фишори баланди хун, диабети қанд, бемориҳои ишемияи дил, бемориҳои онкологӣ, норасоии музмини гурда вобаста аз диализ ва вазни зиёдатӣ мебошанд. Бинобар ин чунин шахсон мебояд гигиенаи шахсӣ ва дар вақти муошират бо дигарон фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд.

  Коронавирус дар кӯдакон: Маълумотҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки кӯдакон то ҳол ба COVID-19 камтар дучор меоянд (камтар аз 1% беморон ва фавтидагон). Дар кӯдакони гирифтор ба COVID-19 синдромҳои илтиҳобӣ авҷ гирифтанд, ки ба бемории Кавасаки дар Италия, Британияи Кабир ва Фаронса монандӣ доштанд. Шумораи кӯдаконе, ки дар ҷаҳон бо COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, аз 1 то 5%-и ҳолатро ташкил медиҳанд [6,7]. Аммо ҳодисаҳои инфиродии марг ва якчанд ҳолатҳои ғайримуқаррарии ҷараёни беморӣ дар кӯдакон боиси нигаронии волидон ва олимон гардидааст. Таҳқиқотҳо идома доранд, аз ҷумла оид ба шири сина, ки метавонад сабаби сирояти як вектори беморӣ бошад.

  Оиди он, ки оё зани ҳомиладор метавонад вирусро интиқол диҳад, чунин маълумот мавҷудаст, ки аз зани ҳомиладор наметавонад коронавирус ба ҷанин тавассути пласента гузарад. Аммо, сироят ҳангоми таваллуди кӯдак ё баъд аз он метавонад ба амал ояд. Занҳои ҳомиладор низ бояд тавсияҳои умумии мутаххасисонро оиди пешгирӣ аз короновирус ҷиддӣ риоя намоянд [8].

  Тибқи маълумоти охирини илмӣ, ду зоти (штамм) гардишхури вирус (штамми L ва S) мавҷуд аст.

  • Штамми S назар ба штамми L тезтар пайдо шудааст. Дар ин марҳила то ба имрӯз ҳеҷ далели тасдиқи он нест, ки мутатсия дар одамон ё дар мизбонҳои фосилавӣ (ҳайвонот) рух додааст. Штамми S бо ягон-ягон такроршавӣ камтар таҳдидкунанда (30% намунаҳо) мебошад.
  • Гумон меравад, ки штамми L боиси ҷараёни шадидтари беморӣ ва такроршавии зуд-зуд мегардад (70% намунаҳои санҷидашуда).

  Аломатҳо (симптомҳо): баръакси фарорасии ногаҳонии зуком, сирояти коронавирус дар тӯли якчанд рӯз тадриҷан меафзояд. Беморон дар бораи аломатҳои дар тӯли як ҳафта зоҳиршаванда ва муддати тӯлони барқароршаванда хабар медиҳанд. Дар зиёда аз 80%-и ҳолатҳо аломатҳои беморӣ хеле ночизанд. Инҳо ангина ё дарди гулую бинӣ, ихтилолҳои дерматологӣ ва узви ҳозима, табларза, талафи лаззат. Аломатҳои коронавирус дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобаста аз синну сол, дар мардон ва занон хусусиятҳои фарқкунанда доранд.

  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ якчанд синдромҳои клиникии марбут ба SARS-CoV-2-ро шарҳ медиҳад: бемориҳои беориз, пневмонияи сабук, пневмонияи шадид, синдроми шадиди респираторӣ (дистресс-синдром), сепсис ва зарбаи септикӣ. Дар ҳолатҳои вазнинтарин COVID-19 ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, ки аломати ин нафаскашии мушкил буда метавонад ба синдроми шадиди нафас, яъне нокомии функсияи нафаскашӣ оварда расонад.

  Хусусиятҳои ҷараёни беморӣ дар кӯдакон сулфидан ё нафаскӯтоҳӣ буда бо яке аз аломатҳои зерин: сианоз, нороҳатии шадиди нафас, қобилияти нӯшидан ё ширмакиро гум кардан, аз ҳуш рафтан ё тарс алоқаманд аст.

  Беморӣ чӣ қадар давом мекунад? Бо зуҳури нишонаҳои сабуки ин беморӣ шахс дар ду ҳафта барқарор мешавад. Барқароршавӣ худ ба худ рух медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки шакли шадиди беморӣ ба вуҷуд меояд. Беморони вазнин бояд бо оксиген таъмин карда шуда, ҳангоми мавҷудияти пневмония таъин кардани доруҳо ҳатмист. Давомнокии табобат дар бахши эҳёгарӣ зиёда аз 20 рӯз мебошад.  

  Аз байн рафтани табларза ва мушкилоти нафасгирӣ пас аз рӯзи 8-уми пайдоиши аломатҳои COVID-19 шифоёбиро тасдиқ мекунад. Пас аз дучор шудан бо вирус, дар бадани инсон мудофиаи иммунӣ - антителаҳо пайдо шуда масъунияти баданро инкишоф медиҳанд ва ин имкон медиҳад, ки худро аз ин вирус муҳофизат кунад. Дар давоми аз як то се ҳафта ин ҳолат дар 99% одамони бемор ба қайд гирифта шудааст.    

  Табобат ва роҳҳои пешгирӣ. Ягон табобат самараи пурраро дар мубориза бо SARS-CoV-2 собит накардааст. Вале мутаххасисон роҳҳои гуногуни табобат ва пешгириро тавсия намудаанд, ки дар умум чунин зикр кардан мумкин:

  • Барои шаклҳои сабуки ин беморӣ, ки ба беморхона рафтанро талаб намекунанд: дар ҳолати табларза парасетамол тавсия дода мешавад на доруҳои зидди илтиҳобӣ, зеро метавонанд сироятро ба вуҷуд оранд. Аломатҳоро назорат кардан лозим аст ва агар кӯтоҳ ё душвор нафаскашӣ ҷой дошта бошад ба беморхона муроҷиат кардан ҷоиз аст.
  • Ҳамин ки зарурати истифодаи терапияи оксиген (аз ҷумла барои ихтилоли хунгардӣ) пайдо шуд, ҳатман ба духтурон муроҷиат бояд намуд.
  • Дар шаклҳои илтиҳобӣ бо синдроми шадиди респиратории нафас, роҳҳои табобатро дар алоҳидагӣ баррасӣ кардан лозим аст.

   Диққат: Дар ҳама ҳолат бе тавсияи табибон ба худмуолиҷакунӣ роҳ надиҳед!

  Роҳҳои асосии пешгирӣ аз пандемия мувофиқи тавсияҳои мутаххасисон чунинанд:

  • Истифодаи ҳатмии ниқоб ва вобаста аз намуди ниқоб иваз намудани он:

       -дар ҳолати истифодаи ниқобҳои яккарата онро бояд дар давоми 2-3 соат иваз намуд.

       -тарзи дуруст истифодабарии ниқобро бояд донист.

  • Бе зарурат набаромадан ба ҷойҳои серодам ва дар ҳолати зарурӣ риояи масофаи иҷтимоӣ;
  • Шустушӯи дастон бо собун ва безараргардонӣ бо ёрии маҳлулҳои антисептикӣ дар давоми рӯз;
  • Безараргардонии ҷои зист ва ҷои кор бо маводи антисептикӣ;
  • Хангоми сӯҳбат масофаи 1,5-2 метро риоя намудан;
  • Манъи дастфишурдан ва ба оғуш гирифтани шахси дигар.

  Инчунин дар ҳолати хуби руҳӣ ва ҷисмонӣ нигоҳ доштани организм, истеъмоли ғизои солим, нӯшидани оби поки ҷӯшонидашуда низ роҳҳои пешгирикунанда аз короновирус мебошанд.

Аз ҳама муҳим дар ягон ҳолат ба ваҳму воҳима дода нашавед!

  Кормандони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита бо дигар институтҳои Академияи миллии илмҳо истеҳсоли гипохлорити натрийро ба роҳ монда бо ин саҳми худро баҳри пешгирӣ аз короновирус гузоштанд. Гипохлорити натрий ҳамчун маҳлули антисептикӣ барои истифодаи берунӣ (безараргардонии дастҳо, мизу курсӣ, фарш, нақлиёти мусофирбар ва шахсӣ, истгоҳҳо, дастакҳои дару дарвоза ва ғайра) пешбинӣ шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тавсияҳои мутаххасисонро оиди пешгирӣ аз COVID-19-ро ба инобат гирифта худ ва наздикони худро аз ин беморӣ эмин нигоҳ доред.

 

Эшов Б.Б., Шарофова М.У., Сагдиева Ш.С., Раҳмонов Р.У., Миршоҳӣ М.

 

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт

  1. Luc Montagnier Covid-19: l’incroyable théorie du Pr Luc Montagnier sur l’origine du virus, Voici, Paris france, https://www.msn.com/fr- fr/entertainment /celebrites/covid-19.
  2. Coralie Lemke Le génome du nouveau coronavirus séquencé par des chercheurs français, Science et Avenir, 30.01.2020 paris, France (https://www. sciencesetaven ir.fr/sante/.
  3. Nicolas Gutierrez C.Covid-19 : est-il vrai qu’il y a des séquences d’ARN de VIH dans le coronavirus? le 17.04.2020, Science et Avenir, https://www.sciencesetavenir.fr/sante/.
  1. Anais Chabalier. Échappéd'unlaboratoire, fabriqué parl'homme. D'où vient vraiment le coronavirus le 20 avril 2020 Femme Actuelle.
  2. Open platform for French public data, https://www.data.gouv.fr/en/datasets /don nees-hospitalieres-relatives-a-lepidemie-de-covid-19/
  3. McCrindle BW, Manlhiot C. JAMA. 2020 Jun 8. doi:10.1001/jama.2020.
  4. SARS-CoV-2-Related Inflammatory Multisystem Syndrome in Children: Different or Shared Etiology and Pathophysiology as Kawasaki Disease.
  5. Licciardi F., Pruccoli G., Denina M., Parodi E., Taglietto M., Rosati S., Montin D. SARS- CoV-2-Induced Kawasaki-Like Hyperinflammatory Syndrom: A Novel COVID Phenotype in Children. Pediatrics. 2020 May 21:e20201711.doi:10.1542 /peds. 2020-1711.Online ahead of print.
  6. Qiao J. What are the risks of COVID-19 infection in pregnant women? Lancet. 2020 Mar 7;395(10226):760-762. doi: 10.1016/S0140-6736(20)30365-2. Epub 2020 Feb 12. PMID: 32151334.
Хондан 2212 маротиба