JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Октябри 2020 10:47

Забони мо - муаррифгару мушкилкушои мо

Муаллиф: Мирсаид Раҳмонов

  Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад,  ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи  навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи модарӣ нерӯ бахшидааст.

  Чи аҷаб дилчаспу гуворо, маҳбуби дилҳост лафзи модар, ки бо таври ширину беолоиш ва фасоҳату балоғат ба синаи мо ҷой мегирад ва моро ба суи ҷаҳони меҳру муҳаббат, ҳаётбахшу пурфайз равона месозад.

  Ҳамон забони ширине, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Зебунисову Бедил, Аттору Низомӣ, Ҷомиву Навоӣ ва даҳҳои дигар фарзонагони адабу маърифат, бо он ҳарф мегуфтанду адаб медоданд. Он забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Сотиму Гулрухсор, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ ва Фарзонаву Муҳаммад Ғоиб номдораш гардонидаанд, ки мо тоҷикон аз сарвати  бузургаш меболему менозему мефахрем.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки забони мо яке аз забонҳои  дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург ва соҳибони бо шарафу хуб дорад. Имрӯз Тоҷикистон ва забонамонро чун қавми соҳибмаърифату маданият мешиносанд ва бештари мардумони олам мехоҳанд онро биомӯзанд. Бо чунин шарофату каромати забонӣ мо соҳибони он вазифадорем, ки забони модаримонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар омӯзишу ташаккулёбӣ ва шириниву тозагиву равонии он ҳамеша саҳмгузор бошем.

  Вазифаи ҳар яке аз  мо  пок ва  орӣ аз камбудиву нуқсонҳои забонҳои бегона онро ҳифз кардан буда, донанда ва гӯяндани хуби он бошем.Зеро он мушкилкушо ва муаррифгари мо хоҳад буд ва агар  забони худро бидонему бишносему биомӯзем, омӯзиши дигар забонҳо низ бароямон осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

 Донистани сад забон осон гардад.

 

  Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ-форсӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, аз замонҳои Одаммушшуаро устод Рӯдакии бузург равнақу барор гирифта, ташаккули адабиву забонӣ ёфтааст. Адабу забони шеъри Рӯдакии бузургвор нишон ва гувоҳӣ онаст, ки устод  дар таърихи забону адабиёти мо нақши муҳим гузошта, хадамоти арзанда кардаанд, ки дар пайрави бо ӯ ҳазорон адибони адабу хирад дар ҳифзу эҳёи забони мо саҳми намоёну шоён гузоштанд.

  Мо имрӯз  хушбахт аз онем, ки забони мо аввалин маротиба соли 1989 22-июл бо қарори Шурои Олии Тоҷикистони вақт  забони давлатӣ эълон гардид. Дертар дар замони истиқлолият 5 октябри соли 2009 таҳти №553 қонун дар бораи забон  қабул гардида, ки ҳамасола он ҷашну таҷлил мегардад.

  Мувофиқи ин қарори мазкур коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва идораҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад, ки заминаи хубест дар худшиносиву худогоҳии мо. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 ҳам чун рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидаст, ки ҳар миллату қавми соҳибзабон аз он партави адабӣ хоҳад гирифт.

  Мо бояд шукрона аз он намоем, ки чун кишвари комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудем ва чуноне, ки Президенти кишвар таъкид кардаанд: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд». Шоир Бозор Собир ишорат мекунад, ки забони мо нишонаи ватандорӣ ва соҳибдавлатии мост,

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

   Дар ниҳояти калом бояд таъкид намуд, ки забон мо ба монанди асал ё шаҳде аст, ки мо онро аввалин маротиба бо шеваи форами лафзи модар ё фариштаи заминӣ омӯхта, дар машому синаҳои худ ҷой дода, баробари ошомидани шир онро дар дилу дида ва мағзу устухону ҷонамон равона сохтем. Лиҳозо онро бояд муқаддасу гуворо ва азиз нигоҳ дошта, мавриди эҳтиром қарор доду нагӯзошт то ба он осебе бирасад.

 

Мирсаид Раҳмонов

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Хондан 1205 маротиба