JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 29 Сентябри 2020 06:27

Пешвои миллат ва Сарвари муваффақ

Муаллиф: Акбар Салимов

  Дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, зарурати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд.

  Раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, паёмадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак масъулияти он рӯзу фардои миллатро ба зимма гирифта, худро дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷой дод. Пешвои миллати тоҷикон, фарзанди фарзона ва масъули он Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошад. Ин шахс бо дуои мардуми тоҷик дар лаҳзаи ҳассос ба сари қудрат омада, оғози сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолияту давлатдорӣ ва касби рифоҳу амнияти мардум гардид.

  Истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва таҳкими ваҳдати миллӣ. Аксари пешвоён дар шароити парокандагии халқу миллат, инқилобу ҷангҳои шаҳрвандӣ ва хатарҳои хориҷӣ рӯйи кор омада, бо фаъолияти сарварӣ, мардонагӣ, ҷасорати фавқуллода ва пайгирона татбиқ намудани ҳадафи воло – сулҳ, ваҳдат ва эҳё шинохта мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввалини интихоб ба сифати сарвари давлати тоҷикон эълом дошт, ки ҳадафи асосии ӯ истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва ваҳдат мебошад.

  Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мезанад.

  Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия, тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи ташаккули халқи тоҷик буданд. Вале бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби истиқлолияти давлатӣ ба даст омад. Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои кушод»-ро гирифтааст. Тавре маълум, Чин ва Ҷопон дар давраҳои таърихӣ барои зери фишор ва таъсири бегонагон ва дар маҷмуъ кишварҳои муқтадир қарор нагирифтан «сиёсати дарҳои баста» - ро пеша намуданд. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи фаъолияти Пешвои миллат мебошад.

  Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки дар навбати аввал барои эҳдои Яздон – интихоби сарвари хирадманду дилсӯз ва мардумӣ ба маънои том шукргузорӣ намуда, барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек - ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем.

Бошад, ки дар фазои сулҳу ваҳдат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари мо пойдор, файзу баракат ободиву осоиш насиби ҳар як хонадони тоҷик гардад.

 

Акбар Салимов,

ходими калони илмии АМИТ

Хондан 1060 маротиба