JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 30 Сентябри 2020 06:53

Ширкат дар интихоботи президентӣ - асли масъулияти шаҳрвандӣ

Муаллиф: Ардамеҳр Ашурзода

   Мардуми тоҷик ба қарибӣ (11 октябри соли ҷорӣ) маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд. Иштироки фаъол дар маъракаи дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва қаблан, мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон (албатта, онҳое, ки ба синни интихоботӣ расидаанд) дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ  ширкат меварзанд.

   Мушаххасоти ин маъракаи муҳим - интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банду зербандҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон” инъикос ёфтаанд. Ба ин маънӣ, шаҳрвандоне, ки синни интихоботӣ доранд, дар маъракаи интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  озодона ва дар асоси иродаи шахсӣ иштирок мекунанд. Аз ҳама муҳим, шаҳрвандон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ба раванди интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, огоҳанд.

   Аз ин гузашта, дар шабакаҳои телерадиоӣ барномаҳои махсус таҳия ва танзим шуда истодаанд, ки масоили интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд. Ҳар рӯз тариқи ВАО, аз ҷумла телевизион ва радио доир ба масъала ва мушаххасоти  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиб ва барномаҳо нашру пахш мешаванд. Дар барномаҳои махсуси телерадиоӣ, ки бо ҳузури дастандаркорони раванди интихоботӣ баргузор мегарданд, масъалаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор мегиранд, то ин ки мардум ва интихобкунандагон ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бетафовут набошанд. 

   Ҳамин тариқ, мушаххасоти марбут ба интихоботи президентӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон” инъикос ёфтаанд. Махсусан, масъалаи иштироки  баробари шаҳрвандон ва ихтиёроти онҳо дар интихоби номзадҳо хеле равшан баён ёфтааст. Ба моддаҳои 2 (“Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон”) ва 3 (“Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон” таваҷҷуҳ мекунем, ки иштироки баробар ва ихтиёрии шаҳрвандон, ҳамчунин шаффофияти ҷараёни интихоботи президентиро  кафолат додаанд. Бинобар ин, ҳар нафар, мувофиқи ихтиёроти конститутсионии худ дар маъракаи интихоботӣ ширкат варзида, ба номзади арзанда овоз медиҳад. Аз ин лиҳоз, ҳар нафари интихобкунанда ва интихобшаванда дар маъракаи интихоботи президентӣ ҳуқуқи баробар  доранд ва бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва интихоботӣ дар ин раванди сиёсӣ озодона ва бидуни мушкил иштирок карда метавонанд.  

   Аз тарафи дигар, дар ВАО  барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба президентӣ муаррифӣ шуда истодаанд ва интихобкунандагон бо барномаҳои онҳо ошно шуда, то рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои номзадҳо тасмимоти ниҳоӣ мегиранд. Ҳар нафар ҳуқуқи озод ва баробари овоз додан ба номзади худро дорад ва ба воситаи интихоби худ дар сарнавишти давлат, миллат, халқ ва ватан саҳм мегузорад. 

          Ардамеҳр Ашурзода,

ходими калони илмии АМИТ 

         

 

 

 

Хондан 808 маротиба