JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Июни 2017 09:32

Рӯ ба сӯйи хушзавқӣ

Муаллиф:

  Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаи собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллият ва халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои шинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаи амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддамаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси собиқа ва таҷриботи ҳунарӣ тамошои барномаи «Садои ошно»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мебошад, ки рӯзҳои истироҳатӣ (рӯзҳои якшанбе) дар нимарӯз пахш мегардад.

  Албатта, дар дигар шабакаҳои телевизионӣ ҳам чунин барномаҳо, ки фарогири суруду мусиқиҳои солҳои қаблӣ буда, аз ҷониби овозхонони маъруфи садаи бисти тоҷик садо додаанд, пахш мегарданд. Рӯзҳои якшанбе шабакаи телевизионии шаҳрии «Душанбе» (собиқ «Пойтахт») ҳам аз хазина суруду мусиқиҳои ҷолиби солҳои пешинро манзури тамошобинон мекунад, ки ин тадбир як навъ риштаи пайванди наслҳоро таъмин месозад. Ҷойи таъкид аст, ки мудирияти шабакаҳои телевизионии мо ин иқдоми заруриро барои ҳифзу нигаҳдошти санъати миллии касбӣ ва эҳёи суннатҳои овозхонии мардумӣ роҳандозӣ намудаанд.

  Вақте ки барномаи «Садои ошно»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро тамошо мекунӣ, бегумон, худро дар олами суруду мусиқӣ ва ҳаҷву зарофати солҳои пешин тасаввур мекунӣ. Рӯзҳои 4 ва 11 июни соли ҷорӣ барномаи «Садои ошно»-ро тамошо кардам ва ногузир ҳушу ёдам мисоли парандаи озод ба осмони солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи бист парвоз кард. Бо дидани чеҳраҳои ошнои мусиқӣ ва ҳаҷви ватанӣ (Одина Ҳошим, Нигина Рауф, Хурмо Ширин, Тоҷиддин Муҳиддин, Устоқадам Машрабову Мастибек Паллаев ва дигарон) ва шунидани овози ширини онҳо кас фазо ва муҳити мусиқавӣ ва ҳунарии замонро пеши назар меоварад. Суруду оҳангҳои марғубу дилнишин, ки аз хазина тариқи барномаи «Садои ошно» интишор меёбанд, на танҳо бинанда ва шунавандаро ба сайру сулуки олами рангини хаёлоти афсонавӣ, дунёи меҳру муҳаббати самимӣ, ҷаҳони дӯстию рафоқат ва ростию садоқат даъват мекунанд, балки сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангии ӯро боло бардошта, завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ меафзоянд.

  Ростӣ, ҳар замоне ки шунидани мусиқиҳои гузашта даст медиҳад, масъалаи қиёси суруду мусиқиҳои замони муосир пеш меояд. Албатта, манзури мо қиёси мусиқӣ ва ҳунари асили тоҷикӣ бо мусиқӣ ва ҳазли беҳадаф ва орӣ аз мазмуну муҳтавои имрӯзӣ аст, ки солҳои ахир дар фазои ҳунарии мо танин андохта, боиси доман паҳн кардани безавқӣ гардидааст. Имрӯз безавқӣ ва кӯрзавқӣ ба унвони падида ва зуҳуроти риққатовар ва ҳувиятшикан ҷуғрофиёи бузургро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон фаро гирифта, рӯз ба рӯз масоҳати худро тавсеа дода истодааст. Кор то ба ҷойе расидааст, ки буҳрони безавқӣ дари ҷомеаи моро ҳам мекӯбад ва дар муҳити хонадони миллӣ ҷой мегирад. Маҳз безавқӣ ва кӯрзавқӣ аст, ки насли ҷавон роҳи хатарноки ифротгаройиву тундгаройиро пеш мегиранд ва бо зулму истибдоди ақидатӣ дар баробари эҳсосу авотифи инсонӣ қад алам мекунанд. Ҳар қадар завқи бадеӣ-эстетикӣ пойин равад, ҳамон қадар нафрату бадбинӣ миёни аҳли ҷомеа тасаллут пайдо менамояд. Агар завқи мусиқиписандӣ ва дӯстдорӣ дар вуҷуди одамӣ ҷӯш занад, онро, ба истилоҳи ҳунарӣ, эстетика ва баръакс, рӯҳи безавқӣ ва нафрату адоват дар инсон боло гирад, онро, ба забони фалсафӣ, антиэстетика мегӯянд. Тавозуни зиндагии инсонӣ тавассути ба кор андохтан ва фаъол сохтани қудрати мусиқиписандӣ ва ҳунарофаринии ҷомеа ба вуҷуд меояд. Ба сухани дигар, дар муҳитҳои иҷтимоӣ роҳи танинандоз гаштани «шӯри безавқӣ» гирифта мешавад ва дар иваз, «сози хушзавқӣ» ҷойгоҳ касб мекунад. Бо ҷойгоҳ касб кардани хушзавқӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ гармония ва тавозун ба ҷомеа бармегардад ва ҳунар бар беҳунарӣ пирӯз мешавад.

  Мусаллам аст, ки ҷараёни безавқӣ ва кӯрзавқӣ аз тариқи суруду мусиқӣ ва ҳаҷву ҳазли бемаънию бемуҳтаво, ки, мутаассифона, муҳити фарҳангӣ ва ҳунарии минтақаро фаро гирифтааст, интишор меёбад. Пахши суруду оҳангҳо ва ҳаҷвҳои аз лиҳози мазмуну мундариҷа паст ҷомеаро ба сӯйи безавқӣ ва беҳувиятӣ савқ медиҳад ва дар ниҳоят, ба бурузи вандализм(инкори осори ҳунарӣ) дар ҳар шакле мусоидат мекунад. Дигар ин ки имрӯз пеши роҳи пахшу нашри анбӯҳи суруду мусиқии дохилию бегонаро гирифта намешавад, зеро ки ҳамарӯза шабакаҳои гуногуни телерадиоӣ ва иҷтимоӣ дар амри фазосозӣ ҷаҳду талош меварзанд. Дар баробари ин навъи фазосозӣ, шабакаҳои телевизионию радиоии расмии ватанӣ  бо интишори суруду мусиқиҳои асили гузашта ва имрӯзаи миллӣ ва мардумӣ метавонанд ба рақобати озоди эҷодӣ бароянд. Пахши пай дар пай ва мутавотири суруду мусиқиҳои гузашта дар иҷрои устодони санъати тоҷик дар баробари намунаҳои мусиқии имрӯзӣ, ки аксаран беҳадафу бемазмунанд, ба унвони алтернатива ё гузинаи муқаввои ҳунарӣ хидмат карда, вазъи фарҳангӣ ва ҳунарии ҷумҳуриро беҳтар хоҳад кард. Дарк ва шинохти мусиқии асил, ҳунари асил ва билохира фарҳанги асил дар иҷрои устодони фақиди санъати овозхонӣ ва ҳаҷвнигории ҷумҳурӣ, ки аз тариқи барномаи «Садои ошно» ва ба ин монанд барномаҳои телерадиоӣ тайи ҳар ҳафта пахш мешаванд,  дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа ба ҳукми анъана медарояд ва суннати зебоиписандӣ миёни мардуми синну соли гуногун эҳё мегардад. Ҳамчунин пешниҳод намудани мусиқиҳои пурмуҳтавои гузашта тафаккури навшаклгирифтаи насли наврас ва ҷавони ҷомеаи тоҷикро, ки дар шароити кунунӣ бо бархӯрдҳои фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ ва идеологӣ мувоҷеҳ аст, сифатан тағйир медиҳад.

  Пахшу интишори мудавоми ин қабил барномаҳои ҷолиби телерадиоии ҳунарӣ рангорангии фазои ҳунарию фарҳангии ҷумҳуриро таъмин намуда, ҷилави буҳронҳои ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҳунариро мегирад ва ҷомеаро дар инсиҷом ва инзиботи хушзавқӣ ва зебоиписандӣ нигоҳ медорад. Мутмаинем, ки аз хазина бозпахш шудани барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ, минҷумла суруду мусиқиҳои ҳунармандони асили миллӣ ва мардумӣ ҷомеаро ба сӯйи хушзавқӣ ҳидоят мекунанд.

         Нозим Нурзода

Хондан 2137 маротиба