Бояд зикр намуд, ки равшанфикрон озодихоҳ мебошанд. Онҳо озодии инсонҳоро мехоҳанд, озодӣ аз қайду бандҳои бемаънии арбобони калисо, озодӣ аз зулми тавонгарон, озодӣ аз тобеияту бандагӣ, озодӣ аз ҷаҳолату фақр, озодӣ аз бедодгариҳо... Хуллас, озодӣ аз ҳар чизе, ки шахсият ва шарофати инсонро поймол мекунад. Зеро озодӣ шарти инсон будан ва зиндагии инсонӣ доштан аст. Ин маъниро яке аз бузургони Фаронса Ж.Ж.Руссо чунин ифода кардааст: “Инсон мавҷуди озод аст. Агар озод набошад, инсон нест”[4,c.8]. Равшан аст, ки озодихоҳӣ вокунише ҳаст дар муқобили асорат ва низоми ғайриодилонаи рӯз. Зеро инсонҳо, ки мавҷуди оқилу адолатхоҳ мебошанд, дар муқобили рафтори оқилонаю одилона эътироз намекунанд. Онҳо замоне толиби озодӣ мешаванд, ки аз озодӣ маҳрум ва гирифтори қайду бандҳои нораво бошанд.
Оё метавон ҳама касро равшанфикр шумурд? Ин саволест, бояд посухи худро дошта бошад. Ҷавоби ин саволро Антонио Грамши (1891-1937), марксист ва файласуфи амалгаро (прагматик)-и итолиёӣ дар китобаш “Ёддоштҳои зиндон” ба тариқи зайл шарҳ медиҳад: “Метавон гуфт, ҳамаи инсонҳо равшанфикр ҳастанд, вале ҳамаи онҳо иҷрокунандаи нақши равшанфикрӣ дар ҷомеа нестанд” [2,c.334]. Аз ин сабаб, худро равшанфикр тасаввур намудан, равшанфикр гуфтан маънои равшанфикр будани инсонро нишон намедиҳад, балки равшанфикр касест, ки нақши ин гурӯҳи одамонро дар ҷомеа иҷро мекунад. Ба мисли интиқодгар будан, доир ба масоили иҷтимоӣ вокуниш нишон додан, дар баробари зулму истибдод истодагарӣ намудан ва ғайра. Метавон гуфт, ки равшанфикрон ташхисгарони набзи ҷомеа буда, ҳамеша бедор ва огоҳ мебошанд. Огоҳии онҳо аз истифодаи қувваи дониш сарчашма мегирад. Ҳассос, бохабар ва серташвиш будан низ яке аз хусусияти онҳо ба ҳисоб меравад. Яке аз хусусиятҳои асосии онҳо қувваи пешбарандаи ҷомеа будан аст. Масъулияти зиёд ва муҳим бар дӯши онҳо вогузошта шудааст. Яке аз нависандаҳои машҳуру маъруфи фаронсавӣ Анатол Франс (1844-1924) дар бораи равшанфикрон гуфта буд, ки “равшанфикрон он гурӯҳе аз ҷомеа мебошанд, ки доир ба масъалаҳои ҷомеа вокуниш (аксуламал) нишон медиҳанд”[6,c.27]. Илова бар ин, дар аксарияти мавридҳо ба мушоҳида мерасад, ки яке аз фаъолияти асосии равшанфикрон ин аксуламал нишон додан дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон мебошад.
Онҳо офарандагони таърих ва прогрессҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Фаъолияти равшанфикрон басо заҳмати зиёдеро дар бар дорад. Равшанфикрон аслан баҳри озодию ободӣ ва амнияти ватанашон саъю талош меварзанд, баҳри кишваре, ки дар он зода шудаанд. Арзишҳои равшанфикрон дар ҷомеа на пул, мол, сарват ва дигар манфиатҳои фардӣ аст, балки арзишҳои асосии онҳо озодӣ, баробарӣ, оромиш, сулҳ, пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Рисолати онҳо бисёр ҷиддӣ ва муҳим аст. Чуноне ки аз таърих маълум аст, равшанфикрон бо ранҷҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштаанд, то ин ки ҷомеаи инсонӣ ва наслҳои оянда озодиро дарёбанд. Нодида гирифтани мушаққату ранҷҳои равшанфикрон дар ободии ҷомеаҳо, нишонаи қадршиносӣ нест. Чандин равшанфикрон дар таърих дар фаъолияти худ, баҳри устувории миллату давлати хеш ҷони худро аз даст додаанд. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки равшанфикрон ҳеҷ гоҳ муҳтоҷ ба ягон ҳизб, ҳаракат ва ё ҳомӣ ва сарпараст набудаанд ва нестанд. Онҳо ҳамавақт тарғибгарони озодӣ ва андешаи озод, барои мардум будаанд. Аз рӯйи тарзи фаъолияти онҳо метавон гуфт, ки онҳо одатан яккаву танҳо фаъолият менамоянд. Онҳо ҳамеша пуштибонӣ аз адолат, меҳрубонӣ, баробарӣ ва гуманизм мекунанд. Бедории миллат ва ҷомеа танҳо аз равшанфикрон вобаста аст. Яке аз роҳҳои мушоҳидаи раванди пешрафт дар ҷомеа ин мавҷудият ва бартарияти мақоми равшанфикрон дар ҷомеа мебошад. Қишре ва ё гурӯҳе аз ҷомеа, ки баҳри озодии инсоният дар баробари зулму истибдод истодагарӣ карда буд ва имрӯз ҳам карда истодааст, ин равшанфикрон мебошанд. Вазифаи тамоми қишрҳои иҷтимоӣ, аз он иборат аст, ки ин гурӯҳро ҳамеша пуштибонӣ намоянд. Сабаб дар он аст, ки равшанфикрон офарандагони андеша ва тафаккури нав дар ҷомеа мебошанд. Онҳо баҳри озодии Ватан ва миллат заҳмати беандоза мекашанд. Мутаассифона, на ҳама вақт, онҳо дар ҷомеа мақбул ва писанди ҳама афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки сабаби асосӣ низ дар ҳамин аст, ки зиддият нисбати ин қишри иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Дар баъзе мавридҳо фишор нисбати равшанфикрон ба мушоҳида мерасад. Сабаб дар он аст, ки на ҳама хостори ростӣ ва ҳақиқат ҳастанд. Дар ҷомеа як муҳаррирки муҳимме вуҷуд дорад ва он манфиат аст, ки он ба гурӯҳҳои алоҳида тааллуқ дорад. Ҳар гурӯҳи иҷтимоӣ, манфиати худро дорад. Аммо барои равшанфикрони ҳақиқӣ, танҳо ва танҳо саодат ва хушбахтии миллат муҳим аст. Аз тарафи дигар, равшанфикрон дар талоши офаридани озодӣ баҳри ҷомеа буда, ҳадафашон кумаки миллат барои расидан ба озодист. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз каҷфаҳмӣ ва нотавонбиниву ҳасудии шадид, дар талоши халал расонидан дар кору фаъолияти равшанфикрон мебошанд. Ба монанди таънаву маломат ва таҳқир кардани онҳо ва ғайра. Чунки силоҳи асосии равшанфикрон ин ростӣ аст. Қалами онҳо ба ҷуз аз озодӣ, ростӣ, адолат, баробарӣ ва накӯҳиши истибдод чизи дигаре нахоҳад навишт. Ҳар гурӯҳе, ки бидуни арзишҳои инсонӣ андешад, зидди ҷомеа рафтор кунад, зидди мардум бошад, равшанфикрон бо онҳо дар мухолифат қарор мегиранд. Равшанфикрон ҳамеша ва дар мавридҳои зиёд миёнаҳол ва қашшоқ умр ба сар мебаранд. Онҳо зару зевар надоранд, сарватманд нестанд ва чунин ҳадаф ҳам надоранд. Сарвати онҳо ободии кишвар ва озодии миллаташон аст. Чунки сарватмандӣ ва манфиатхоҳӣ ба кори равшанфикрӣ халал эҷод мекунад. Сарват хусусияти тағйирдиҳии инсонро дорад. Аз таърих маълум аст, ки равшанфикрон бо сарват ва сарватмандӣ робитае надоштаанд. Кори онҳо офаридани зиндагии беҳтар баҳри мардум будааст. Онҳо гурӯҳе аз донишмандони ҷомеа будаанд, ки баҳри пешрафт ва ободии он андешаҳои худро пешниҳод мекарданд. Нақши онҳо аз даврони қадим то ба имрӯз барҷаста буд. Нақши асосии онҳо аз он иборат аст, ки ҷомеаро аз хатарҳои дар пешистода, огоҳ намоянд. Равшанфикрон ҳама вақт огоҳ, бохабар ва ояндаи ҷомеаро аз назари илмӣ (илми ояндабинӣ ва футурология) пешбинӣ менамоянд. Шинохти қишри иҷтимоие, ки равшанфикр ном доранд ва нақши муҳимеро дар ҷомеа иҷро мекунанд, барои як миллат бисёр муҳим аст.
Равшафикр кадом замон ба рисолати худ хиёнат менамояд? Ӯ замоне ба рисолати худ хиёнат менамояд, ки мавқеи худро барои манфиатҳои шахсӣ фурӯшад. Равшанфикри ҳақиқӣ набояд дар ҳеҷ сурат хиёнат ба касби худ кунад, ки ин хатои нобахшиданист. Агар равшанфикр яке аз қувваҳои муҳимми рушди ҷомеа бошад ва ин қувваи пешбарандаи иҷтимоӣ ба рисолати худ хиёнат кунад, раванди прогресси ҷомеа халалдор мегардад. Ҳолати муътадили ҷомеа аз байн рафта, роҳи рушду инкишофи он баста мешавад. Шикасти ҷомеа дар сурате ба вуқуъ меояд, ки равшанфикронаш аз ҷомеа дур ва барканор бошанд. Ягона қуввае, ки мисли хун дар рагҳои ҷомеа ҳаракат менамояд, ин равшанфикрон ҳастанд. Агар фаъолияти ин қишр, аз байн равад, охирин лаҳзаҳои рушду инкишофи умри ин ҷомеа фаро хоҳад расид. Дар замони муосир пешравӣ ва рушду инкишофи ҷомеаро танҳо аз рӯйи фаъолият ва мавҷудияти равшанфикрони он баҳо медиҳанд. Яъне, ҳарчи ин қишри иҷтимоӣ пурқувват ва фаъол бошад, нишонаи пешрафти ҷомеа мебошад.
Ба ибораи дигар, вазифаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз он иборат аст, ки равшанфикронро муҳофизат ва дастгирӣ намоянд. Агар дастгирӣ ва муҳофизати онҳо сурат нагирад, оқибат ҷомеа аз рушду инкишоф боз хоҳад монд, ки натиҷаи он ғуруби инкишофи ҷомеа хоҳад буд.
Пеш аз он ки доир ба мақоми равшанфикрон суҳбат намоем, бояд дар назар дошта бошем, ки мо мавқеи равшанфикронро дар кадом шакл ё сохти давлатӣ мехоҳем, мавриди омӯзиш қарор диҳем. Аз ин сабаб бояд зикр намоем, ки мавқеи равшанфикрони имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?. Қабл аз ин ки дар мавриди нақши равшанфикрон сухан бигӯем, бояд дар назар дошта бошем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна кишвар аст? Аз ин сабаб, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар модаи 1-и он омадааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Воқеан, 9-уми сентябр санаи муҳимми таърихӣ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияти комилро ба даст овард ва бо ин саҳифаи наверо дар ҳаёти миллати тоҷик боз намуд.
Мавриди зикр аст, ки Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки мардум истиқлоли комилро ба даст оварданд. Аз тарафи дигар, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ, мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардиданд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳким бахшидан ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мавқеи аслии муносибатҳои Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон «сиёсати дарҳои боз» ташкил намуд ва имрӯз бештар аз 170 давлати дунё Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол мешиносанд. Имрӯз Тоҷикистон бо 130 мамлакати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва халқу миллатҳои дунё онро ҳамчун давлати мустақил, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро миллати сулҳофару сулҳпарвар медонанду эътироф менамоянд, ки ин ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо дастовардҳои назаррасро соҳиб гашт. Яке аз дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолии кишварамон ин барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ аст, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ менамоянд. Албатта, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти кишвар барои мардум як фазои озодеро муҳайё намуд, ки мардум ба ояндаи худ ва кишварашон умед пайдо карданд. Аз ин сабаб сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон яке аз арзишҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ аст.
Дар замони истиқлол мо тавонистем, бо дарназардошти эҳё намудани суннатҳои давлатдории тоҷикон ва истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муосири давлатдорӣ, низоми миллии идоракунии давлатиро тарҳрезӣ ва амалӣ намоем. Истиқлоли давлатӣ, ки имсол яъне соли 2022, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар 31-солагии онро ботантана таҷлил намуд, ба мо имкон фароҳам сохт, то замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии накӯ, ризоят ва ваҳдати миллиро дар ҷомеаи эҷод намоем.
Маҳз дар давраи истиқлол тағйироти куллии иҷтимоиву сиёсӣ ба вуқуъ пайвастанд. Дар ин муддати кутоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйироти куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин дар сиёсати давлат инъикоси худро ёфтанд.
Бояд зикр намуд, ки “сохтани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои рӯдҳо, ки диёрамонро аз бунбаст раҳонида, ба кишварҳои дуру наздик пайвастанд, боиси шукру сарфарозии мардуми кишвар мебошанд. Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар саросари мамлакат, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббию маишӣ, таҷлили ҷашну бузургдошти нобиғаҳои адабию илмӣ ва сиёсию мазҳабӣ, эҳёи расму суннатҳои воло, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги миллӣ дару дарвозаҳои навро кушодаанд, дастовардҳои беназири айёми Истиқлол маҳсуб мешаванд”[3,c.5]. Ин ҳама аз ҳадафи созанда доштани Ҳукумати Тоҷикистон, ҷоннисориву ҳидоятҳои хайрандешона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Мавриди зикр аст, ки мо истиқлолро ба роҳи душвор ба даст овардем ва равшанфикрони мо низ бояд фаромӯш накунанд, ки вазифаи асосии онҳо иборат аст, аз нигоҳ доштани сохти дунявӣ, муҳофизати кишвари соҳибистиқлол аз ҳар гуна хатарҳо мебошад. Чунонки маълум аст, имрӯз хатарҳои гуногуне ба вуҷуд омада истодаанд ва ба амнияти кишварҳои гирду атрофи Тоҷикистон низ хатар доранд. Дар шароити душвори ин гуна хатарҳо, танҳо вазифаи равшанфикрони замони муосир аз он иборат аст, ки дар роҳи нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон устувор бошанд ва ҳар гуна ақидаҳои гуногуне, ки боиси эҷоди халал ба истиқлолияти кишвар доранд, муқобилият намоянд. Карл Манҳейм (1893-1947) файласуф ва ҷомеашиноси маҷористонӣ, бузургтарин вазифаи равшанфикриро озодандешӣ медонад. Ӯ гуфта буд, ки “дифоъ аз руҳи озод, бузургтарин ва бартарин вазифаи равшанфикрон мебошад”[1,c.26].
Дар охир, бояд гуфт, ки шарти аввали равшанфикрони замони истиқлол, доштани андешаи дунявӣ буда, бояд арзишҳои миллии кишварамонро ҳифз намоянд ва дорои тафаккури дунявӣ бошанд. Аз ин гузашта, онҳо бояд барои рушду инкишофи худшиносии миллии мардум мусоидат намоянд. Ҳифзи таърих, фарҳанг ва дастоварҳои миллии давлати демократӣ мояи саодат ва хушбахтии ояндаи мардуми тоҷик хоҳад гардид.
Дидавар БЕКЗОДА
ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
- Абдулкарим Суруш. Роздонӣ, равшанфикрӣ ва диндорӣ. Интишороти Тулуъи Озодӣ. Чопи панҷум, Теҳрон, 1379 -2000. 402 с.
- Антониё Грамши. Тюремные тетради.Том 1. Москва, 1991. 560 с.
- Истиқлолият - рамзи саодат ва асолати миллат. Боҷу хироҷ. №36 (1237), 10 сентябри соли 2020.
- Рӯзномаи “Озодагон” №07 (267), 20 феврали соли 2013.
- Философский энциклопедический словарь. Москва: «Советская энциклопедия», 1983. 840 с.
- Ҷамолиддин Сино Далерӣ. Нақш ва мақоми равшанфикр дар ҷомеа. Душанбе, 1383-2005. 387 с.