JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Июни 2023 16:43

Роҳкорҳои тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонони кишвар

Муаллиф: Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО

(Чанд пешниҳод дар заминаи тақвияти ҳувият, такмили худшиносии миллӣ ва 

боло бурдани ҳисси ватанпарастии насли наврасу ҷавон)

  Мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ ҳамеша дар маркази диққати инсоният қарор доштааст. Ҳисси тааллуқ доштан ба як марзу бум ва фарҳанги хос ба инсон неру ва тавони беандоза мебахшад. Ватан ҳам дар мутуни динӣ ва ҳам дар адабиёти миллии халқҳо мавриди ситоиш ва ҳатто парастиш қарор гирифтааст. Сабаби дилбастагӣ ба марзу буми хеш аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Ватан ба инсон ҳувият медиҳад ва ӯро дар муқоиса ба дигарон шахсият мебахшад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандони як кишвар ҳозиранд, ки барои Ватан ҷону молу ҳастии хешро бо камоли майл фидо намоянд. Таърихи башар шоҳиди ҳазорон намуна аз ҷоннисории фарзандони баруманд дар роҳи ҳифзи ватан ва арзишҳои миллии хеш буда, ки баршумурдани онҳо қиссаи дуру дарозеро металабад.

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунамкӣ мекунад?

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунамкӣ мекунад?

Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунамкӣ мекунад?

  Дар адабиёти тоҷик ҳам намунаҳои фаровони осори назмию насрӣ дар ситоиши Ватану ватандӯстӣ ба чашм мехӯрад, ки барои тарбияи насли ҷавон дастури пураҳаммияте маҳсуб мешаванд. Муҳимтарин асар дар таърихи адабиёти классики тоҷик, ки саропо ба мавзуи Ватан, ватандорӣ, ҳувияту ифтихорот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эҷод шудааст, бешак, “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин шаҳкитоб ба танҳоӣ метавонад то абад ниёзҳои маънавӣ ва равонии моро дар масъалаи тақвияти ҳувияти миллӣ таъмин намояд. Аммо афсӯс, ки бар асари таблиғоти беасосу дурӯғини рақибон чандин аср мегузарад, ки шаҳкитоби миллӣ дар гӯшаи фаромӯшӣ хобида ва камтар касе ба умқи моҳият он пай мебарад.

  Акнун ки тоҷикон дорои давлати мустақили миллӣ гардидаанд, барои тақвияти ҳувияти миллии хеш бояд ба ин мероси гаронбаҳо дубора рӯ биёранд ва аз ҳикматҳои фаромӯшгардидаи он барои ҳалли масъалаҳои миллии хеш истифода намоянд. Раванди беҳувиятсозии миллатҳо дар дунёи муосир башиддат дар ҷараён аст ва дастгоҳҳои электронии мудерн шабу рӯз тавассути интернет сиёсати ҳувиятзудоиро пеш мебаранд. Ин раванд амнияти моро ҳатто дар дохили хонаҳои худамон низ зери хатар гузошта, эҳтимоли аз назорат хориҷ шудани фарзандонамон дар масъалаи тарбияи ватандорӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ вуҷуд дорад. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии гуногун шабеҳи “дузди шабгард” вориди хонаҳоямон шуда, фарзандони моро бехабар аз мо мерабоянд. Агар мо аз ҳоло тарзи дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро ба фарзандонамон наёмӯзем, чанд насл баъд таъсири харобиовари ин “ҷосус”-и раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ошкор хоҳад шуд. Ба қавли Саъдӣ:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

  Раванди ҳувиятзудоии тоҷикҳо ба ҳадде расидааст, ки имрӯз як идда аз наврасон ва ҷавонони кишвар аз номҳои зебои миллии худ сарфи назар карда, бо қурбонӣ кардани гову гусфанд барои худ номҳои арабиро бармегузинанд. Мубаллиғони муғриз чунин таблиғоте роҳандозӣ кардаанд, ки гӯё номҳои миллии мо, ба монанди Ҷамшед, Рустам, Суҳроб, Хуршед, Гурдофарид, Сиёвуш, Беҳрӯз, Пирӯз ва амсоли инҳо номҳои маҷусӣ ва ғайрисломӣ буда, далолат бар куфру бединӣ доранд. Тоҷикони содалавҳ низ ба ин таблиғоти ҳадафмандонаи ғайримиллӣ бовар намуда, аз ҳувияти хеш ба осонӣ даст мекашанд. Даҳсолаи ахир аз сӯйи қишри бегонапарасту ҳувиятбохта анъанаи номатлубе дар ҷомеа тасаллут пайдо кардааст, ки тибқи он, ба навзодон бояд “номи китобӣ” ниҳод ва дар ин замина ба номҳои миллии мо, ки баёнгари ҳувияти қавмӣ-аҷдодии моанд, тамғаи “номҳои ғайрикитобӣ” зада шудааст. Ин навъ “ибтикорот”-и бебунёд, ки солҳост дар қолиби пружаҳои мафкуравӣ ҳадафмандона пиёда мешаванд, ҳувиятситезиро дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор месозанд ва агар сари вақт пеши роҳи ин гуна иддаоҳои зиддимиллӣ гирифта нашаванд, фардо беҳувиятӣ ва миллатситезӣ ба унвони эпидемияи саросарӣ дар қаламрави кишвар бедод хоҳад кард.

  Тамоми ин мушкилот аз надонистани ҳақиқати таърихӣ, бепарвоӣ дар баробари сарнавишти қавмӣ, нашнохтани моҳияти адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, саррфаҳм нарафтани бозиҳои геополитикӣ, сарфи назар кардани воқеияти равандҳои муосири сиёсию мафкуравӣ ва билохира надоштани ҳувияти миллӣ сар мезананд. Ба ин маънӣ:

Доруи тарбият аз пири тариқат биситон,

К-одамиро батар аз иллати нодонӣ нест!

  Дар ҳоле, ки ҳатто дар матнҳои динӣ ҳам чунин дастури хандадоре содир нашудааст. Аммо ба сабаби камдонишӣ, бехабарӣ ва беиттилоъии мардум аз таърихи дин чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд. Мутаассифона, мо на танҳо дар бораи “Шоҳнома” маълумоти кофӣ надорем, балки аз моҳияти осори бузургони хеш, ба монанди Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ низ бехабарем. Касе, ки аз баҳри номаш мегузарад, ба ин маънӣ аст, ки ӯ аз ҳувият ва каромату шахсияти инсонии хеш гузаштааст. Дар зимн, ба ҳеч кас барои табдили ном биҳиштро ҳадя намекунанд. Аттори Нишопурӣ дар ин замина фармудааст:

Муханнасвор раҳ рафтан накӯ нест,

Ки ҳар раъномизоҷе марди ӯ нест.

Ба мардӣ рав дар он динеки ҳастӣ,

Ки номардист дар дин бутпарастӣ!

  Бар асоси таълимоти динҳои ҷаҳонӣ, биҳишт ҷойи афроди парҳезгор, ҷавонмард, некӯкор, одил ва поктинат мебошад, на чарогоҳи риёкорону хиёнатгарон. Дар таъйиди ин сухан Ҳофизи бузургвор фармудааст:

Қасри фирдавс ба подоши амал мебахшанд,

Мо, ки риндему гадо, дайри муғон моро бас!

  Аз ин гузашта, номҳои арабӣ, ки тоифаи содалавҳ онҳоро номи исломӣ мепиндоранд, аз осмон нозил нашудаанд. Ҳамин арабҳо қабл аз мелод низ Зайду Амру Абдуллоҳу Умару Абумуталлибу Каъбулахбору ва…ном доштанд. Тағйири ном ба маънии тағйири ҳувият ва аз байн бурдани шахсият аст. Нодонтарин араб чунин рафторро дар нисбати фарҳанги худ анҷом намедиҳад, аммо ҳамватанони мо, мутаассифона, аз ин амали нангин пайравӣ мекунанд. Чанд сол пеш дар расонаҳо хабаре пахш гардид, ки як шаҳрванди Арабистон аз рӯйи майлу ирода ба тифли навзодаш номи Дориюш гузошта. Тамоми ниҳодҳои давлатии Арабистони Саудӣ бонги хатар бардоштанд ва ӯро таҳдид карданд, ки агар номи фарзандашро тағйир надиҳад, ӯро аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум хоҳанд кард. Диққат намоед, фақат барои як ном арабҳо ин ҳама шӯру ҳангома барпо намуданд, аммо дар Тоҷикистони мо 90 дар сади мардум номҳои арабиро барои фарзандони худ интихоб мекунанд. Ин аст сатҳи ҳувияти мо дар муқоиса бо дигарон. Дар ҳоле, ки бартариву каромати инсон дар дин аз рӯи нажоду насабу рангу хун таъйин нашуда, балки асоси он бар бунёди ахлоқу тақво ниҳода шудааст. Ин мазмун дар ояи 13-и сураи “Ҳуҷурот” дар тарҷума чунин омадааст: “Эй мардум, мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо миллат-миллат ва қабила-қабила гардонидем, то бо якдигар шиносойии мутақобил ҳосил кунед, дар ҳақиқат, арҷмандтарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост… ”.

  Тамоми бузургони илму адаби мо, ки худ аз донандагони хуби таълимоти динӣ ва донишҳои роиҷи даврони хеш буданд, бо зодгоҳу ватан нозида ва бо ҳувияту ному нишони хеш ифтихор мекардаанд:

Киро бузургию неъмат аз ину он будӣ,

Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд!

ӯдакӣ)

Надонӣки Эрон нишасти ман аст,

Ҷаҳон сар ба сар зери дасти ман аст.

Ҳунар назди эрониён асту бас,

Надоданд шери жаёнро ба кас.

Ҳама якдилонанд яздоншинос,

Ба некӣ надоранд аз бад ҳарос.

Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,

Чи некӯтар аз марг дар корзор.

Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,

Ҷаҳон бар баданднш танг оварем.

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Бад-ин буму бар зинда як тан мабод!

(Фирдавсӣ)

Балхиям ман, Балхиям ман, Балхиям,

Шӯр дорад оламе аз талхиям.

* * *

Наъраи ҳою ҳӯи ман аз дари Рум то ба Балх,

Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман!

(Ҷалолиддини Балхӣ)

  Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки раванди ҳувиятзудоии тоҷикон пас фурупошии давлати Сомониён оғоз гардида, дар асрҳои баъдӣ ба худ шиддати бештаре касб кардааст. Бидуни шак, раванди мазкур таҳти пӯшиши боварҳои динӣ сурат гирифта, дар ин маърака нақши баъзе донишмандони тоҷиктабор бисёр “барҷаста” будааст. Албатта, дар муқобили ин ҷараён донишмандоне шабеҳи Носири Хусрав будаанд, ки ҳаргиз назди бегонагон сари худро хам накарда, аз арзишҳои миллии хеш ҳимоят намудаанд. Носири Хусрав дар қасидае аз ин тоифа ба таъбири “фирефтагон” ё “фирефтшудагон” ном бурдааст:

Салом кун зи ман, эй бод, мар Хуросонро,

Мар аҳли фазлу хирадро на омми нодонро.

Ба мулки турк чаро ғарраед? Ёд кунед

Ҷалолу иззати Маҳмуди Зовулистонро

Шумо фирефтагон пеши ӯ ҳамегуфтед,

Ҳазор сол фузун бод умр султонро!… 

Ба қавл бандаи Яздони қодирандвалек

Ба эътиқод ҳама умматанд шайтонро

Ба феъл бандаи Яздон наӣба номӣ ту,

Худойро ту чунонӣки лола Нуъмонро

  Чунин намунаҳо муште аз хирвор ҳастанд, ки барои тазаккур додан ба мардуми фирефтаи таблиғоти бегонагон мисол зада шуданд.

  Қобили зикр аст, ки тоҷикон аз андак миллатҳои мусулмоншудаи минтақа ҳастанд, ки дар баробари хизматҳои беназирашон ба ислом натавонистанд боварҳои диниро бо арзишҳои миллии хеш оштӣ диҳанд, балки дар раванди таъсири мутақобили фарҳангҳо ҳувият ва арзишҳои миллии хешро бохта ё дониста аз онҳо сарфи назар карданд.

  Акнун, бо касби истиқлоли Тоҷикистон кишвари ҷавони мо беш аз пеш ба тақвияти ҳувияти миллӣ ниёз дорад, ки ин ҳувият фарқияти моро аз дигар мамлакатҳо ба таври намоён нишон дода метавонад. Ҳадафи раванди ҷадид муқобилгузории арзишҳои миллӣ бо боварҳои динӣ набуда, балки дарку фаҳми дурусти масъалаи дину дунё ва мутобиқати он бо ҷаҳони муосир аст. Дар ин ҷараён паёми Фирдавсӣ, ки мегуфт: “Туро донишу дин раҳонад дуруст” бояд сармашқи мо бошад. Донишманди барҷастаи тоҷик, шодравон Худоӣ Шарифзода дар мавзуи тоҷику Тоҷикистон ва ҳувияти нави миллии мо суханони гуҳраборе фармудаанд, ки бояд овезаи гӯши ҳар як тоҷики ватандӯсту ватандор бошад. Ӯ фармудааст: “Шахсият метавонад дар ҳудуди давлати миллӣ арзи вуҷуд намояд. Масалан, як физикдони рус, агар ба Амрико равад ва дар он ҷо солҳо кору хидмат кунад, шахсияте нахоҳад буд, магар ин ки амрикоӣ шавад. Бино бар ин, агар ман, масалан, касе ҳастам, аз баракати Тоҷикистон ҳастам. Ҳатто барои наздиктарин кишварҳо, ки собиқаи муштараки фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ дорем, раҳгузаре бештар нестем. Муҳимтарин чиз барои тоҷики Тоҷикистон мавҷудияти ҳамин кишвар аст. Бо ин давлат Раиси ҷумҳури мо шахсияти давлатии ҷаҳонист. Бо ин давлат як шоири мо шоири тоҷикистонист. Аз ин назар ҳар яки мо шахсияти давлатием, чун ба давлати миллии худ – Тоҷикистон мутааллиқем. Касе ки инро нашиносад, ҳанӯз худашро хуб нашинохтааст”.

  Имрӯз гарчанде аз тариқи расонаҳо, матбуот ва дигар воситаҳои хабарпароканӣ сухану суҳбатҳои фаровоне перомуни худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияту арзишҳои миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватанпарастӣ мешунавем, аммо ба назар мерасад, ки чунин таблиғот дар тағйири андеша ва руҳияи насли наврасу ҷавон чандон таъсиргузор набуда, таъсиррасонии шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои манфиатталаб зиёдтар шудааст. Қобили зикр аст, ки фаъолияти фарҳангӣ кори якрӯза ё яксола набуда, заҳмати чандинсолаи рӯзмарраро тақозо мекунад. Аз тарафи дигар, барои ба самар нишастани фаъолияти таблиғотӣ, танҳо набояд ба суҳбату гуфтугӯ иктифо кунем, балки бояд равиш ва механизмҳои наверо барои иҷрои барномаҳои фарҳангӣ дар ихтиёр дошта бошем.

 Ахиран, дар ҳайати таблиғотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чанд ноҳияи вилояти Хатлон сафари корӣ доштем ва баъди мулоқот ва суҳбати самимӣ бо мардуми маҳаллӣ ва ҷомеаи маданӣ ба ин натиҷа расидем, ки бидуни таҳияи барномаҳои махсус ва доимамалкунанда аз боғчаи кӯдакона сар карда то сатҳи донишгоҳҳои олӣ масъалаи тақвияти ҳувияти миллӣ ва такмили худшиносӣ дар миёни кӯдакону ҷавонони кишвар қобили ҳал нест.

  Бинобар ин, дар поёни матлаб зарур донистам, ки чанд равишу механизми мушаххасро ҷиҳати ҳалли масъалҳои мазкур ба мақомоту ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намоям:

  1. Барои таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ бояд аз боғчаи кӯдакон то сатҳи макотиби олӣ омӯзиши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо барномарезии дақиқ ва коршиносона ва мутаносиб ба синну соли кӯдакону ҷавонони кишвар ҷорӣ карда шавад. Бо кумаки мутахассисон мавзуъҳои “Шоҳнома” мутобиқ ба синну соли насли наврас интихоб, бознигарӣ, таҳлил ва пешниҳод гардад.
  2. Бо мақсади боло бурдани ҳисси ватанпарастии насли наврас ва омодабошии руҳию равонии онҳо барои хизмати сарбозӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода мактабҳои махсусгардонидашудаи тарбияи наврасон дар руҳияи низомӣ бо номи мактабҳои “сипоҳӣ” таъсис карда шавад, ки насли наврас аз синфи якум то хатми мактаби миёна дар баробари аз худ кардани барномаи таълимӣ, ҳамчунин бо илми ҳарб ё низомӣ ҳам ошно шавад. Мо дар ҷумҳурӣ чанд мактаби махсусгардонидашуда дар соҳаи санъат дорем, бинобар ин бо истифода аз таҷрибаи онҳо таъсиси мактабҳои низомӣ барои бақои давлати мустақили мо як зарурати ҳаётист.
  3. Мувофиқи мақсад аст, ки фарзандони хидматчиёну мақомоти давлатӣ дар чунин мактабҳо дарси тайёрии низомӣ, ошноӣ бо аслиҳа, ҳунари разму низомигарӣ ва назарияҳои ҷангиро омӯхта, дар оянда хатмкунандагони ин гуна макотиб барои кор дар бахши низомию сиёсии кишвар ҷалб карда шавад. Аз тариқи таҳсил дар мактабҳои мутавасситаи ҳарбӣ-низомӣ насли наврасу ҷавони мо обутоби ҷисмию равонӣ ёфта, сатҳи масъулияти ватандорӣ, эҳсосоти ҳувиятӣ ва мавқеъгирии давлатии онон боло меравад.

  Чунин мактабҳо дар Русия бо дастури Пётри Кабир ҳанӯз дар соли 1701 ташкил таъсис ёфта, то кунун бо номи “Гарнизонные школы”, “Кадетские школы” ё “Кадетские корпуса” фаъолият доранд. Барҷастатарин шахсиятҳои давлатию низомии Русия маҳз дар чунин мактабҳо тарбия ёфта, ба камол расидаанд.

  1. Бо таъсиси мактабҳои махсуси низомӣ дар мамлакат дар оянда масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ роҳи ҳалли худро пайдо карда, дар сурати ташдиди чолишу таҳдидҳои амниятӣ бо камбуди мутахассисони низомӣ дучор нахоҳем шуд.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,

шоир ва адабиётшинос

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/rohkorhoi-tarbijai-hissi-vatandustii-javononi-kishvar/ 

Хондан 2085 маротиба