JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Январи 2023 04:45

Рушди иқтисоди сабз ва энергияи сабз дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, дар маҷмўъ, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола дар қатори хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ ҳар як сокини Тоҷикистон бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастурҳо ва супоришҳои зикршударо сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҳамчун дастури рўимизӣ дар давоми сол аз он истифода менамоянд. Зеро дар Паём ҳамасола рушду пешрафт, дастоварду комёбиҳо ва камбудию норасоиҳои тамоми соҳаҳои фаъолият дар кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ давоми ҳар сол ба таври комил таҳлилу баррасӣ мегарданд. Аз ин рў, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Роҳбари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кўдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигарро таҳлил намуда, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал гардонидани мамлакат нишон медиҳанд.

Дар баробари дигар соҳаҳо, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва таъминкунандаи асосии рушди дигар соҳаҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи энергетика, алалхусус гидроэнергетика мебошад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза буда, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки 98%-и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рўйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи 6-умро ишғол менамояд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмини истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон намуда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои мушаххас андешида, барномаҳои амиқро қабул ва татбиқи амалии онҳоро таъмин менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки «рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имконоти берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард».

Барои ноил гардидан ба ҳадафи гузошташуда «Барномаи дарозмуддати неругоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009-2020» қабул гардид, ки дар доираи он 189 неругоҳи хурди обӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва тавассути грантҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, 16 адад неругоҳи хурд дар ВМКБ, 46 адад дар вилояти Суғд, 44 адад дар вилояти Хатлон ва 83 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Татбиқи амалии ҳамин барнома ва ҳадафҳо буд, ки дар соли 2011 системаи ягонаи энергетикии кишвар, ки системаи энергетикии ҷанубу шимолро ба ҳам мепайвандад, таъсис дода шуд ва ҳамаи ин имкони дастрасии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба неруи барқ таъмин намуд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки «Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад».

Ҳамзамон, ба мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа, дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсиси Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки на танҳо то имрўз моҳияти худро аз даст надодааст, балки бо афзоши демографӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, афзоиши талабот ба неруи барқ ва мураккаб гардидани мушкилоти дигари марбут ба он боз ҳам муҳимтар гардидааст. Ва маҳз ҳамин ибтикороти Сарвари давлат буд ва боиси ифтихор ҳам аст, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Энергияи устувор барои ҳама» дар қатори 5 кишвари олам Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари таҷрибавӣ пешниҳод гардид.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи партови газҳои гулхонаӣ дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад, вале дар раванди тағйирёбии иқлим ва осебпазирӣ ба он яке аз кишварҳои ҳассос ва осебпазир мебошад. Бинобар ин, дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи ҷумҳуриро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намояд. Маҳз бо ин мақсад Президенти кишвар баён намуданд, ки «ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷўӣ намоянд».

Лозим ба ёдоварист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57 млрд сомонӣ татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбиро ба бор овардааст. Муҳимтарин дастовардҳо, ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди ду агрегати иншооти азими аср – неругоҳҳои барқи обии «Роғун», НБО-ҳои «Сангтўда-1» (670 МВт), «Сангтўда-2» (220 МВт), «Помир-1» (28 МВт), «Тоҷикистон» (1,5 МВт), «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2» (400 МВт), 274 адад неругоҳи барқи обии хурд (бо иқтидори умумии 23,2 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-ҳои Норак ва Роғун, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 198 км) зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Данғара», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-ҳои «Норак» ва «Дўстии халқҳо», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд-Айнӣ»  83,2 км), «Қайроқум-Ашт» (74 км), «Геран-Румӣ» (78 км), «Қайроқум-Суғд» (63,3 км), «Айнӣ-Рўдакӣ» (95 км), «Сангтўда 1 – Данғара» (15,9 км) ва «Шар-Шар – Данғара» (23 км) ба масофаи умумии 604,7 км ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим ва маҳз дар чунин шароит рўй овардан ба «иқтисоди сабз» таъкид намуданд, ки «Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгўинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад». Барои амалӣ намудани «лоиҳаҳои сабз» ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд ва амалӣ шуда истодааст, бештар таваҷҷуҳ дода, аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода бояд кард.

Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи кишварҳои муваффақ, аз ҷумла Сингапур, ки соли 2021 дар идомаи самти рушди устувор, ба амалӣ намудани лоиҳаи «Лоиҳаи сабз то соли 2030» оғоз кард ва он 5 самти асосиро фаро мегирад. Сингапур дар оянда барои татбиқи «лоиҳаи сабз» ҳамчун таҷриба лоиҳаҳои «Шаҳр дар табиат», «Зиндагии устувор», «Энергияи сабз», «Иқтисоди сабз» ва «Ояндаи устувор»-ро пешниҳод намуд.

Тибқи лоиҳаи «Шаҳр дар табиат»: дар давоми 10 соли оянда на кам аз 1 млн дарахт шинонда шавад ва беш аз 50% зиёд кардани майдони боғҳои табииро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тариқ, то соли 2035 майдони сабз бояд на кам аз 1000 га зиёд шавад. Аз рўи лоиҳаи «Зиндагии устувори экологӣ» то соли 2026 кам кардани ҳаҷми партовҳо, то соли 2030 муҷаҳҳаз гардонидани то 1320 км роҳи велосипедронӣ дар назар аст. Шумораи нуқтаҳое, ки ба мошинҳои барқӣ қувваи барқ медиҳад ду маротиба (аз 28 000 то 60 000) зиёд карда шавад. Дар лоиҳаи «Энергияи сабз» баланд бардоштани самаранокии энергия ва истифодаи манбаъҳои тозаи энергия ба нақша гирифта шудааст. Масалан, тибқи нақшаи мазкур то соли 2025 100% мустақилияти энергетикии иншооти тозакунӣ ва тавлиди неруи офтобии кофӣ аз панелҳои офтобии шинокунанда то 100% иншооти гидроэнергетикии Сингапур таъмин карда шавад. Пас аз татбиқи лоиҳаи «иқтисоди сабз» Сингапур ба як маркази минтақавии таҳияи қарорҳои нави рушди устувор ва ҷустуҷўи навъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи тиҷорат табдил ёфта, ба ин кор соҳибкорони маҳаллиро фаъолона ҷалб мекунад. Лоиҳаи «Ояндаи устувор» омўзиши минбаъдаи «таъсири ҷазираи гармии шаҳр» ва муайян кардани роҳҳои коҳиш додани зуҳурот ва оқибатҳои онро таъмин менамояд.

Барои ноил шудан ба ин самтҳо ҳукумати Сингапур ба вазоратҳои дахлдор, як қатор ташаббусҳо ва тадбирҳои муносиб дар бахшҳои тадқиқот ва рушд, энергетика, маблағгузории сабз, туризми устувор ва нақлиётро ҷорӣ кардааст. Ҳамин тавр, нақшаҳои «Лоиҳаи сабз»-и Сингапурро метавон ҳамчун воситаи мубориза бо тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд.

Бинобар ин, дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои туризми сабз табдил гардад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти амалӣ намудани рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз»-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи «лоиҳаҳои сабз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷўӣ намоянд.

Дар маҷмўъ, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи инкишоф ва раҳнамо барои дурнамои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла «иқтисоди сабз» буда, барои рушди онҳо заминаҳои мусоидро фароҳам меорад ва механизми татбиқи амалиро таъмин менамояд.

 

Номвар ҚУРБОН,

номзади илмҳои техникӣ,

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Бознашр аз рўзномаи «Баҳори Аҷам», №1-2 (622), 10.01.2023

Хондан 798 маротиба