JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 07 Январи 2023 13:29

Саҳми Пешвои миллат дар рушди сиёсати хориҷӣ дар минтақа

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

  Сиёсати хориҷии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати рӯ ба рушд муаррифӣ намуда, имиҷи сиёсии он боло рафт.

  Қадами аввалин дар ин самт дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шуда буд. Воқеан, Иҷлосияи 16-ум қадами аввалин ва калидие буд барои эъмори давлатдории миллӣ ва заминагузор барои рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат зикр гардидааст.

  Аз ҷумла, дар матни табрикот бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуда буданд: «Дар ҷараёни кори Иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ҷомеаи ҷаҳон зимни таваҷҷуҳ ба кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамфикриву ҷонибдориашро аз санадҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд. Аз ин хотир, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аҳаммияти байналмилалӣ низ дорад. Санадҳое, ки дар он қабул шуданд, ҳам барои халқи тоҷик ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа, аҳамияти таърихӣ доштанд».

Ҳамзамон, дар муроҷиатномаи таърихие, ки дар рафти Иҷлосия ба тамоми мардуми кишвар садо дода буд, моҳият ва стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало намоён буд. Яъне Тоҷикистон барои эъмори давлати миллии хеш камар бастааст ва барои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дарназардошт ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар кишвари минтақа ва фароминтақа омодаи ҳамкорӣ аст.

Дар Паёми солонаи хеш рӯзи 23 декабри соли 2022 Пешвои муаззами миллат бори дигар иброз намуданд, ки самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ аз авлавияти асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бояд қайд кард, ки сиёсати хориҷии ҳар як давлат аз манфиатҳои миллии он вобастагӣ дорад. Манфиатҳои миллӣ бошад, яке аз мафҳумҳои калидии назарияи муносибатҳои байналхалқӣ буда, аз маҷмӯи талаботҳои дохилӣ ва хориҷии давлат иборат мебошанд. Ин талабот дар илмҳои сиёсӣ масъалаҳои истиқлолият ва тамомияти арзии як кишвар, таъмини амнияти миллӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ, муносибатҳои геосиёсӣ, ки кишварро аз таҳдидҳои беруна дифоъ мекунанд, иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар китоби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – «Уфуқҳои Истиқлол» омадааст, ки манфиатҳои миллӣ нишондиҳандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд: «… дар марҳалаи имрӯзаи таърихӣ, манфиатҳои миллии мо, пеш аз ҳама, аз ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди девори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар; инкишофу рушди муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси ҳамкориҳои мутақобила; фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум…, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар; тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар ва ғайра иборат мебошад».

Яке аз нишонаҳои рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ин аъзо будан ба созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Мо баръало шоҳидем, ки пешниҳодҳо оид ба масоили глобалӣ аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро дастгирӣ намудааст. Хурсандибахш аст, ки 14 декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ёфт.

Бояд қайд кард, ки масъалаҳое, ки минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифтааст, ҳамчун зарурат кишварҳои минтақаро маҷбур месозад, ки ба он муносибати дастаҷамъона кунанд. Масъалаҳои амниятӣ асосан ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ вобастагии зич доранд. Масъалаҳои ифротгароӣ, экологӣ ба омилҳои беруна ва баҳсҳои сарҳадӣ ва истифодаи об ба омилҳои берунӣ ва ҳам дохилии кишварҳои минтақа вобаста аст. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ яке аз пешоҳангони ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба масоили зикршуда мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар мавриди таъмини сулҳу амният дар Афғонистон, ҳатто дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори ҳарчи зудтари барқарории сулҳи комил дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, мутмаин аст, ки амният ва суботии сиёсӣ дар ин кишвари ҳамсоя барои таъмини манфиатҳои миллии он созгор мебошад».

Ҳамин тариқ, саҳми Пешвои миллатро ҳамчун лидери сиёсӣ дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа метавон чунин натиҷагирӣ кард:

– заминаи асосӣ ва воқеии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан сиёсати хориҷии минтақа дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд;

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори муносибатҳои наздик дар ҳамаи самтҳо буда, ҳамкориро дар сиёсати хориҷии худ бо кишварҳои минтақа авлавият додааст;

– ҳамкориҳои судманд дар сиёсати хориҷии минтақа, аз ҷумлаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он узв будан дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ мебошад;

– Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пешоҳанги таъмини амният дар минтақа буда, ташаббускори мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад;

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу амният дар Афғонистон буда, таъмини амният дар ин кишварро аз ҷумлаи авлавиятҳои манфиатҳои миллии худ медонад.

 

Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа

https://mts.tj 

Хондан 882 маротиба