JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 30 Июни 2023 08:40

Рушди сайёҳӣ-омили муҳимми иҷтимоӣ

Муаллиф: Райҳон МИРЗОЕВА

  “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”.          Эмомалӣ РАҲМОН

  Ҷумҳурии  Тоҷикистон–кишвари афсонавист, ки бо кӯҳу табиати биҳиштосо ва иқлими мусоидаш беназир буда, дили сайёҳони зиёдеро тасхир намудааст. Ҳарчанд ки Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳудуди ҷуғрофӣ дар байни ҷумҳуриҳои  Осиёи Миёна хурдтар аст, аммо бо табиати зебову кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо, ҳавои тозаву боғоти дилрабояш кайҳо боз таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

  Лозим ба тазаккур аст, ки таърихан собит шудааст, ки дар ҳолати муносибати оқилонаи инсону табиат ва истифодаи сарватҳои табиӣ бо риояи қонуниятҳои табиат, иқтисодиёти мамлакат босубот рушд ёфта, он ба болоравии сатҳи зиндагии сокинону ҷомеа оварда мерасонад.

  Сиёсати фарҳансолоронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омӯхтани захираҳои сайёҳию рекреатсионӣ ва фарҳангии  мамлакат, барои наслҳои имрӯзу оянда, ҳамчун машъали раҳнамо ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табийӣ, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатию ғайридавлатӣ рӯз аз рӯз дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст. Зеро дар замони муосир сарватҳои сайёҳӣ ва инчунин рекреатсионӣ торафт аҳаммияти калони хоҷагӣ пайдо карда истодааст. Рекреатсия ва туризм на фақат соҳаи хоҷагиро ташаккул медиҳанд, балки яке аз дастовардҳо ва мероси умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сарватҳои сайёҳию рекреатсионӣ бой аст,  бинобар  ин омӯзиши амиқро аз олимону муҳаққиқони соҳаи мазкур тақозо мекунад.

  Тавре ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 – уми январи соли 2021 хуб қайд карда буданд: “Имрӯз соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019–2021–ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем.

  Эълон шудани  “Солҳои 2019 – 2021 ба унвони солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як ҷаҳон маънӣ ва талаботи вижаеро доро буд. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳар ду бо ҳам тавъаманд, зеро яке дигареро пур мекунад. Ҳар қадар мо ҳунарҳои мардумиро эҳё созему рушд диҳем, ҳамон андоза ба ҷалби бештари сайёҳони ватанию хориҷӣ комёб мешавем. Натиҷа он мегардад, ки эҷоди ҳунармандони мардумӣ бештару беҳтар мешавад ва таваҷҷуҳ ба ҳунари ниёгонамон меафзояд. Таърих ва фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ аз қаъри асрҳо дигарбора эҳё мешаванд. Тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ чунин гуфтаанд:

Ҳамин танҳо на симу зар бувад ганҷе, ки меҷӯем,

Биё, роҳе ба дил ҷӯйему ганҷи миллат андӯзем.

  Барои мисол, соли 2020 Тоҷикистон аз рӯйи раводиди бехатарӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷойи 45 – умро гирифта буд, ки ин нишондиҳанда аз аксарияти ҳамсояҳои ҳамҷавор ва наздики мо дар зинаи  аз ҳама болову воло меистад.  Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, ҳарчи бештар бояд ба омӯзиши табиати биҳиштосои он, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва этнографияи мардуми тоҷик камари ҳиммат бандем.

 Омӯзиш ва таҳлилҳои солҳои охир бармало нишон медиҳанд, ки ин самт дар Тоҷикистон  вусъат ёфта, теъдоди сайёҳоне, ки  ба ҷумҳурии мо ташриф меоранд, рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд. Масалан, тайи солҳои 2018 – 2020 дар кишварамон 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат  224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид.

 Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ боз ҳам густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд”.

  Бо зиёд гаштани шумораи ширкатҳои сайёҳӣ соҳаи туризм рушду нумуъ ёфта, ба иқтисодиёти мамлакат низ фоидаи калон вуруд мегардад. Ин раванд барои бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва  муаррифии таъриху фарҳанги пурғановат ва анъанаҳои хоси миллати тоҷик мусоидат хоҳад намуд.

  Ҳамин тариқ, таҷрибаҳо ва фаъолияти амалии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва даромаднок барои мамлакатҳои кӯҳистон ин соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фисадаш кӯҳсор ва дорои захираҳои бойи сайёҳию рекреатсионӣ мебошад, аз ин рӯ метавонад дар ин самт худро дар байни ҷаҳониён ба таври шоиставу боиста  муаррифӣ намояд.

  Дар байни соҳаҳои пешқадами иқтисодиёти ҷаҳонӣ, туризм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тезрушдёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ буда, ягона соҳае мебошад, ки бо маблағгузории камтарин, бе истифодаи асбобу анҷоми пурқувват ва қимати техникӣ, имконияти ба иқтисодиёти мамлакат ворид намудани даромади зиёдро молик аст. Ин барои Тоҷикистон муҳимияти хоса дорад.  Тавре Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид”.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

  Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат моро водор месозанд, ки ҳарчи бештар захираҳои сайёҳию рекреатсионии диёри зарнисорамонро омӯхта, ба сайёҳони олам онҳоро муаррифӣ намоем. Тавре Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатиашон иброз доштанд: “Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву тадқиқотиашонро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд”. 

  Мушкилоти дигаре, ки садди роҳи пешравӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, ин кам будани мутахассисони соҳа, нашри китобҳо, буклетҳо ва дигар маводи тарғибкунандаи захираҳои сайёҳию рекреатсионӣ ва таҳлили этногеографии сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин барои рушди соҳаи мазкур, пеш аз ҳама системаи омода намудани мутахассисони соҳибтахассусро бо мақсади қабул ва инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии сайёҳон, ташкил намудани марказҳои сайёҳӣ ва ҳоказо андеша намоем.

  Дар сурати дуруст кор карда баромадан ва амалӣ намудани чунин тадобирҳои зарурӣ, на танҳо имконияти аз иштибоҳҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳа наҷот ёфтан пайдо мегардад, балки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани  обрӯю нуфузи  минтақаҳои кӯҳистони  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси маркази сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардии ҷаҳонӣ ва  инчунин кишвари туризми байналмилалӣ саҳми арзандае гузошта метавонад. Чунки густариши туризм пеш аз ҳама обрӯю эътибори ҳар давлат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Райҳон МИРЗОЕВА  

докторант (PhD) соли аввали

Институти омӯзиши масъалаҳои

об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 2237 маротиба