JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Октябри 2022 15:10

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ – падида-феномени ҳувиятӣ (Чанд андеша дар ҳошияи Ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Ду рӯз – рӯзҳои 11 ва 12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудирияти Маркази мероси хаттии АМИТ Ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” бо ҳузури донишмандону коршиносону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, махсусан, шоҳномапажӯҳони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир гардид. Аз ҷумла, чанд гузориши илмӣ тариқи маҷозӣ ё ба истилоҳ, онлайнӣ аз кишварҳои урупоӣ шунида шуд. Дар доираи Ҳамоиш масъалаҳои густараи ҷуғрофиёи “Шоҳнома”, манотиқи Ирону Тӯрон дар тасвиргаройии“Шоҳнома”, дин ва мазҳаб дар қаламрави “Шоҳнома”, огоҳӣ ва хирад аз дидгоҳи Фирдавсӣ, топонимика ва ҷойномҳо дар “Шоҳнома” ва амсоли инҳо мавриди радду бадал қарор гирифт ва гузоришгарони зиёде сари мавзуоти болоӣ таваққуф намуда, бар мабнои маохиз ва манобеи асримиёнагӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқии муосир изҳори назар карданд. Ҷолиб ин буд, ки дар Ҳамоиш донишманди саршиноси иронӣ доктор Аҳмади Миршоҳӣ ва саркорхонум  Мондоно Сосонфар, ки дар заминаи эҳёи фарҳанги бостонии миллӣ ва чеҳраҳои бузурги иронитабор ибткороти зиёде рӯйи даст гирифтаанд, фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар кори Ҳамоиш рӯшангар ва шоҳномашиноси варзидаи миллӣ устод Зафари Мирзоён фаъолона иштирок карда, бо суханронӣ ва изҳори назарҳои ҷолиби ихтисосӣ ба ҳусни маҳфил ҳусни дигар зам намуд. Хулоса, Ҳамоиш дар сатҳи зарурӣ доир гардид ва ҳарчанд ки баъзе гузоришгарон бо сабабҳои гуногун ширкат надоштанд, гузоришҳои ҷолиб мавриди истимоъ ва баҳсу мунозира қарор гирифт. Дар ҳошияи Ҳамоиши мазкур чанд нуктаро ба таври иҷмолӣ хидмати хонандагон ва ҳаводорони фарҳанги бостонии миллӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ арз медорем:

  Якум. Баҳси огоҳӣ ва хирад дар “Шоҳнома”, тавре ки модератор-гардонандаи бахши “Хирад ва огоҳӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” Раҳматкарими Давлат зимни натиҷагирии кори бахш тазаккур дод, ба нуктаи ниҳоӣ нарасид ва гузоришгароне, ки дар ин самт суханронӣ карданд, таърифи мушаххасе аз хирад ироа надоданд. Ин буд, ки баҳс нотамом ва кушода боқӣ монд. Дар ҳоле ки хирад мавзуи меҳварӣ ва калидӣ дар “Шоҳнома” будааст ва беҳуда нест, ки Фирдавсӣ ҳамосаи ҷаҳонии худро бо хирад ва гиромидошту тақаддуси он меоғозад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад…

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Аз ин парда бартар сухангоҳ нест,

Зи ҳастӣ мар андешаро роҳ нест...

(ниг.: Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷилди аввал. Матни интиқодӣ. -Теҳрон: Корвон, 1378. С.27-28)

   Худи мафҳуми хирад (хирад -- шакли паҳлавии он “xrat” ба маънои ақлу ҳуш, дироят ва идрок, ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад -- ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381. С.1004) дар саросари “Шоҳнома” ба унвони мақула ё категорияи асосӣ ҷилва мекунад. Дар фаҳмиши Фирдавсӣ, хирад, аз як сӯ, дараҷаи олии дониш ва маърифати инсонӣ аст ва аз сӯйи дигар, сатҳи баланди отифию ахлоқию ҳувиятии шахсро низ ифода мекунад. Албатта, хирад бо дониш (дониш – паҳлавӣ “danish” исми масдар аз донистан, амали донистан, донандагӣ, доноӣ, илму фазл -- ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381. С.1091) ва илм (илм – донистан, яқин кардан, маърифат, дониш -- ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381. С.1729) ҳаммаъно мебошад. Ҳамчунин, хирад ба маънои доноӣ, доштани дониш, шуур, фаҳм, таҷриба ва басирати иктисобӣ (касбшуда), фаҳми зотӣ ва тавону  қобилияти фардии инсон шарҳу тафсир шудааст (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wiki/خرد). Аз назари илмию ихтисосӣ, дониш инъикоси кофӣ аз воқеият аст, ки дар шакли тасаввурот, мафҳумҳо, категорияҳо, муҳокимаҳо, хулосабарориҳо ва назарияҳо зуҳур мекунад (ниг.: Самиев А.Х. История и философия науки: учебник /А.Х.Самиев. –Душанбе, 2014. С.27). Вале Фирдавсӣ, вақте ки хирад мегӯяд, сатҳи баланди маърифат ва фаҳму фаросату дирояти инсонро дар назар мегирад ва онро мусодифу муродифи доноӣ медонад. Ин аст, ки Ҳакими Тӯс "Шоҳнома"-ро, қабл аз ҳама, ба хотири боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, огоҳӣ ва хирадмандии насли иронитабор ва аз ин тариқ ба майлу муроди қавмӣ тағйиру таҳаввул додани давлатдории миллӣ таълиф карда буд. Ба ин маънӣ, Фирдавсӣ аҳли хирадро мухотаб қарор дода, дар оѓози “Шоҳнома” тазаккур медиҳад, ки бихрадон (хирадмандону доноён) аз рамзу маънои достон (манзур “Шоҳнома” аст) огоҳ шуда, воқеиёти матлабро ба дигарон манзур месозанд (ниг.: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. С.271). Байти 125-уми боби “Гуфтор андар фароҳам овардани китоб”-и “Шоҳнома” ин маънию матлабро бозгӯ мекунад::

Аз ў ҳарчи андар хўрад бо хирад,

Дигар бар раҳи рамзу маънӣ барад.

(ниг.: Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Чилди аввал. Матни интиқодӣ. -Теҳрон: Корвон, 1378. С.33)

   Муҳимтар аз ҳама, Фирдавсӣ  мафҳуми хирадро бо воқеият айният медиҳад ва дар оғози Достон (манзур “Шоҳнома” аст)  бар он таъкид меварзад, ки хирад бояд воқеият ва чизи диданиро ифода кунад:

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.

(ниг.: Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷилди аввал. Матни интиқодӣ. -Теҳрон: Корвон, 1378. С.27)

   Аз ин ҷост, ки  меъёр ва ченаки хираде, ки Фирдавсӣ аз он тавсифу ситоиш мекунад, ба инсон ва ҷомеа сурат ва тасвир мебахшад ва ба чизи диданӣ ва воқеӣ майл дошта, ба истилоҳ, хиради суратгар (воқеӣ ва диданӣ) аст (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рўзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. С.46). Дар зимн, Фирдавсӣ бар он аст, ки хирадманди тавоно ҳунари хешро на танҳо пинҳон намекунад, балки ба дигарон – ба ҷомеа  интиқол медиҳад:

Чу доно тавоно буду додгар,

Азеро накард эч пинҳон ҳунар.

(ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Ба сўйи ҳукумати фарҳангӣ. Ландан, 1995.  С.138)

  Дуюм. Агар адабиётшиноси маъруфи чех Ян Рипка  даъвӣ пеш оварда  бошад, ки: “Фирдавсӣ дар саросари  арсаи  адабиёти форсӣ чун Таҳамтан  қад  барафрохтааст” (ниг.: Рипка Ян. Таърихи адабиёти Ирон. Тарҷумаи Исо Шаҳобӣ. –Теҳрон, 1355. С.251),  соири муҳаққиқони “Шоҳнома”, минҷумла Муҳаммадамини Риёҳӣ бар ин назаранд, ки  ҳеҷ эронӣ ба андозаи  Фирдавсӣ ба сарнавишти миллат ва кишвари хеш таъсири пойдор бар ҷой нагузоштааст (ниг.: Риёҳӣ Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ў). Ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардони Дорои Дўст. –Душанбе: «Шуҷоиён», 2010. С.24). Ба ин тариқ, Фирдавсӣ бар мабнои устураву бовардоштҳо, афсонаву достонҳо ва омолу  ормонҳои миллӣ  маҷмуаи  сарнавишту саргузаштҳо, шукӯҳу бузургиҳо, тафохуру ғурурҳо, дарду захмҳо, ранҷу азобҳо, инҳитоту заъфҳо,  уқдаву мушкилиҳо, таҳдиду чолишҳо, муаммову печидагиҳо ва ҳаводису воқеиятҳои иронитаборонро рӯйи сафаҳот бирехт ва дар  шаҳкитобе бо исми “Шоҳнома” мураттабу мунсаҷим кард. Аз ин ҷост, ки устураҳои “Шоҳнома” ормонҳои миллатро ифода мекунанд ва Фирдавсӣ паҳлавонони иронитаборро  дар қолиби ормонии миллӣ ба риштаи тасвир баркашид (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рўзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. С.46).

  Севум. Бо он ки “Шоҳнома” зиёд таҳқиқ шудааст, ҳанӯз ба таҳқиқи ҷиддии фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ  ниёз дорад.    Шоҳномашиноси маъруфи иронӣ Муҳаммад Карамӣ, ки умри худро сарфи шоҳномапажӯҳӣ кардааст, таъкид меварзад, ки “Шоҳнома” то ба имрўз амиқ шинохта нашудааст ва ба Фирдавӣ ва “Шоҳнома” бояд бархўрде маънавӣ, ботинӣ, дарунӣ, фалсафӣ дошт, то воқеияту асолати асар ва шахсияти шоир ошкор гардад. Фирдавсӣ, -менависад Муҳаммад Карамӣ, - таърихро дар хидмати худ қарор дода, на худ дар хидмати таърих рафта (ниг.: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. С.8). Донишманди мазкур ҷилди дувуми китоби худро ба бозбинӣ ва баррасии фоҷеа-трагедияҳои “Шоҳнома”, ки дар шикасту инҳитоти миллат нақши асосӣ доштаанд,  ихтисос додааст (ниг.: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. С.8-9). ва трагедияҳои Рустаму Суҳроб, Сиёвуш ва Рустаму Исфандиёрро дар китоби дуюми худ  матраҳ мекунад (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. -453 с.). 

  Мутаассифона, достонҳои  “Шоҳнома”, аз ҷумла достонҳои Ҷамшед, Фаридун, Симурғ, Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр ва амсоли инҳо  аз дидгоҳи  илмҳои фалсафӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, равонковӣ (психоанализ), равоншиносии иҷтимоӣ  хеле кам баррасӣ  гардидаанд. Ва имрӯз зарурати бозбинӣ ва бознигарии достонҳои “Шоҳнома” бар мабнои  таҳқиқҳои  ҷомеашиносӣ  ва равоншиносӣ  пеш омадааст. Бавежа, омӯзиш ва таҳқиқи достонҳои “Шоҳнома” бар асоси назариёти  фарҳангшиносӣ, равонковӣ, ҷомеашиносӣ, мардумшиносӣ, равоншиносии иҷтимоӣ ва амсоли инҳо дар решашиносию бозбинии мушкилот, муаммо ва уқдаҳои фикрӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, равонӣ ва мадании миллат  мусоидат мекунанд. Барои намуна, баррасӣ ва бозшиносии Достони бархӯрди Рустам ва Исфандиёр, ки яке аз фоҷеа-трагедияҳои ҷиддии  миллӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҳсуб меёбад,  роҳро барои  бозкушоии уқдаву гиреҳҳое аз қабили заъфи фикрӣ, буҳрони ақидатӣ, таъсири  манфии стереотип ва қолибҳои  шахшудаи  иҷтимоӣ ҳамвор месозад.  Бо овардани Гуфтор андар набарди Рустам ва Исфандиёр Фирдавсӣ бархӯрди ду мафкура ё ақида – мафкураи Митройӣ (ки Рустам ва аҷдодаш бар он муътақид буданд) ва ойини Зардуштӣ (ки нав зуҳур карда, Исфандиёр ва авлодаш бар он бовар доштанд)-ро ба намоиш мегузорад. Ҳар ду ойин ва мафкура ҳам сарчашма ва манбаи ориёӣ-иронӣ  доранд, аммо авомиле мисли худхоҳӣ, бартариҷӯйӣ, мансабталошӣ, беҳувиятӣ, худбохтагӣ, мазҳабзадагӣ  Исфандиёрро аз масири иттиҳоду ҳамбастагӣ берун мекашанд ва дар муқобили паҳлавону қаҳрамони миллӣ – Рустами Дастон қарор медиҳанд. Ё ин ки Рустами Дастон, бо он ки паҳлавони нотакрори ҷаҳони иронитаборон аст, побанди  стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқии замонаш мебошад. Маҳз стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоии вақт Рустами Дастонро таҳти таъсир ва тасаллут қарор додаанд. Ҳатто ба хотири хиёнат накардан ба қолибҳои шахшудаи вақт  Рустам алайҳи маъмурони ноодил барнамехезад, ба беадолатию беэътиноиҳои онон чашм мепӯшад ва дар баробари беадолатиҳои баъзе нухбагони сиёсии ватанӣ танҳо аз василаи эътирози нарми номусӣ кор мегирад. Дар Гуфтори набарди Рустаму Суҳроб ҳам побанди стереотип ва қолибҳои шахшуда будани ҳар ду қаҳрамон ошкор мегардад. Дар достон ҳатто Суҳроби ҷавон пешдастӣ карда, суроҳи падарро мегирад, аммо Рустам ба хотири хиёнат накардан ба арзишҳои маҳдуди маҳаллӣ сукут меварзад ва охируламр ҷигари фарзанди хешро медарад. Ҳамин тур, дар заминаи достонҳои дигари “Шоҳнома” ҳам метавон таҳқиқоти густурдаи равоншиносӣ, равонковӣ, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ анҷом дод ва рози достонҳои миллиро ошкор кард. 

  Чаҳорум. Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои тамаддунию геополитикӣ  моро водор месозанд, ки сари мерос ва арзишҳои ҳувиятсози миллӣ тамаркуз кунем  ва бар мабнои шинохти воқеиёти рӯз барномарезиҳои ҷиддии сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ роҳандозӣ намоем. Аз ҷумла, таблиғоти густурдаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ ба унвони  барнома-стратегияи илмӣ, адабӣ, маданӣ, ҳувиятӣ ва миллӣ аз тариқи муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ зарурати имрӯзист. Зимнан, “Шоҳнома” падида-феномени ҳувиятии мост ва  бар асоси шинохти илмӣ, ихтисосӣ ва фалсафии он  метавон дар муассисаҳои ҳунарию эҷодӣ, телевизион, театр ва синамои миллӣ асарҳои ҷолиби адабию ҳунарӣ, барномаҳои вежаи телевизионӣ, тарҳҳои бузурги драмавӣ, намоишномаҳои театрӣ, филмҳои тасвирӣ ва пружаҳои калони синамоӣ  офарид, таҳия кард ва манзури ҳамватанон гардонд. Танҳо аз ин тариқ метавон сатҳи таҳдиду чолишу хатарҳои сиёсӣ, ақидатӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданиро коҳиш дод  ва дар муқобили раванди беҳувиятӣ ва таҳоҷумоти аҷнабӣ, ки рӯз ба рӯз дар ҳоли таҳкиму тақвиятёбист, ҷиддӣ қарор гирифт. Ба сухани равшантар, дар замони имрӯзӣ бештар ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ниёз дорем ва ин ниёзмандӣ моро муваззаф месозад, ки сатҳи  донишмеҳварӣ, хирадмадорӣ ва ифтихороти миллиро миёни наслу қишрҳои гуногуни ҷомеа боло бубарем ва дар роҳи пайвастан ба ҷавомеи мутамаддини ҷаҳонӣ гомҳои устувор бардорем. Ба ин маънӣ:   

Шоҳнома шаҳкитоби беназиру бебаҳост,

Шоҳкори шахси Фирдавсӣ – ҳакими порсост,

Олами гунгу кари моро дигар савту садост,

Саргузашту сарнавишти миллати дерошност,

Мунтаҳо, таърихи аҷдоду ниёст,

Ифтихори Ориёизодаҳост!

 

 

Нозим Нурзода

пажӯҳишгар 

Хондан 943 маротиба