JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 24 Октябри 2022 10:37

Тавсифи созмонҳои асосии вобаста ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез ва таъсири онҳо ба амнияти миллии кишвар

Муаллиф: Сангинов Н.Н

  Дар замони муосир созмонҳои муҳимми террористиву экстремистии бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез вобастабуда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ доранд инҳо мебошанд:

1.ТЭТ ҲНИ 

Таърихи пайдоиши ин ҳизб ба солҳои 70 – уми асри XX, яъне замони барқарори ва пойдори собиқ империяи бузурги дунё Иттиҳоди Шȳравӣ рост меояд. Асосгузори он Саид Абдуллои Нурӣ мебошад, ки дар он солҳо ба таври  махфиёна, зери пȳшиши дини муқаддаси ислом, фаъолият мекард.

Моҳи октябри соли 1991, яъне баъд аз ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон шудани кишвар, С.А. Нурӣ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) - ро таъсис дод ва расман ба қайди давлатӣ даровард. То расидан ба ин ҳадаф аз тарафи наҳзатиҳо худи ҳамон сол митингҳои эътирозии чандинмоҳа гузаронида шуд, ки вазъи сиёсӣ – иҷтимоии кишварро  муташанниҷ гардонид.

Роҳбарону тарафдорони ҲНИТ аз рȳзи аввали таъсисёбии он  мавқеи зиддиҳукуматиашонро пеш гирифтанд. Сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997, гурезаи иҷборӣ гардидани тоҷикон, талафоти ҷонии беш аз 150 ҳазор шаҳрванди кишвар маҳз ҲНИТ ба ҳисоб меравад. Он солҳо ҷиноҳи ҷангии ҲНИТ – ро якчанд гурȳҳҳои террористӣ – ифротгароӣ таҳти қумандаи бародарон Ризвон ва Баҳром Садировҳо, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов, Абдулло Раҳимов, Ҷума Буйдоқов ва ғайра ташкил медоданд. Ин гурȳҳҳо бо амалҳои террористии худ дар қаламрави кишвар барои пиёда гардидани ҳадафҳои сиёсӣ ва динии ҲНИТ мусоидат карда буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади таъмин кардани амну осоиш дар кишвар, ҳамаи наҳзатиҳоро авф намуда, онҳоро дубора аз ғарибӣ ба кишвар баргардонид ва беҳтаринашонро аз рȳи квотаи 30% ба ҳукумат ва органи қонунгузории кишвар ҷойгир кард. Вале, намояндагони ҳизб аз фаъолияти террористӣ – экстремистии худ даст накашидаид. Ошȳби зиддиҳукуматии генерал А. Назарзода – узви реинтегратсияшудаи ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 боис гардид, ки ҳизби мазкур террористӣ эълон карда шавад. Аз номи он калимаи Тоҷикистон гирифта шуд ва он бо номи дигар Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ба рȳйхати аҳзобу ҳаракати мамнуъ эълонгардидаи дигар ворид карда шуд. Худи ҳамон сол 13 узви фаъоли он мисли Маҳмадалӣ Ҳайит, Зубайдуллоҳи Розиқ ва ғайра дастгир ва мȳҳлатҳои тȳлонӣ равонаи зиндон гардиданд.

Айни замон ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз соли 2006 ба ин тараф сарвариашро ба дȳш дорад, фаъолияти тахрибкоронаи террористиву экстремистиашро аз хориҷ истода идома дорад. Соли 2018 ТЭТ ҲНИ дар якҷоягӣ бо Гурȳҳи – 24 (роҳбар - Шарофиддин Гадоев) ва Анҷумани Озодандешони тоҷик (роҳбар - Алим Шерзамонов) Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) – ро таъсис доданд ва он аз соли 2019 ба ин тараф мамнȳъ эълон гардидааст. Илова ба ин, бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон онро созмонҳои СҲШ, СААД ва ИДМ ба рȳйхати сиёҳи худ шомил кардаанд. Ахиран Федератсия Россия фаъолияти онро дар қаламраваш мамнȳъ эълон намуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки М. Кабирӣ ва ҳамяроқонаш аз аҳзобу ҳаракатҳои мазкур аз мақсади асосии худ, яъне бо роҳи зȳрӣ ғасб кардани ҳокимият, то ҳол даст накашидаанд. Айни чунин ҳолат солҳои 90 – уми асригузашта ба миён омада буд. Он вақт ҲНИТ дар якҷоягӣ бо неруҳои оппозитсионии ба ном демократихоҳ ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик) - ро таъсис дода буд.   

Дар марҳилаи муосир ТЭТ ҲНИ, ки асоси ПМТ – ро ташкил медиҳад ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатари хеле ҷиддӣ дорад, ки аз ду омили зерин бармеоянд:

1.Мавҷудияти ячейкаҳои махфиёна амалкунандаи ТЭТ ҲНИ ва муттаҳидони он аз ПМТ дар қаламрави кишвар.

2.Робитаи ТЭТ ҲНИ ва муттаҳидонаш дар ҳайати созмонҳои бонуфузи байналмилалии террористиву экстремистӣ ба монади Ҳаракати «Толибон», Давлати Исломӣ (ДИ), «Ал - Қоида» ва ғайра, ки дар қаламрави Афғонистони ба мо ҳамсоякишвар паноҳ бурдаанд ва ҳузури ҷангиёни онҳо дар ин созмонҳо.

Дар ин хусус корманди Маркази тадқиқот ва экспертизаҳои "Victory" Карим Воҳидов чунин қайд кардааст: «… тарафдорони ҲНИТ дар дохили кишвар ҳамчун ташкилоти махфӣ амал намуда аз хориҷ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ идора мешаванд… Кабирӣ ошкоро иқрор мекунад, ки як вақтҳо аз Покистон, Эрон ва кишварҳои дигари исломӣ кȳмаки моддӣ – молиявӣ гирифтааст… ҲНИТ аз ҳадафи бо роҳи зȳроварона ба сари қудрат расидан ва таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон даст накашидааст. Кабири роҳбарияти Тоҷикистонро рȳйрост таҳдид менамояд, ки ҲНИТ ҳоло неру ва қудрати худро нишон надодааст... ».[1]

Мисоли равшани мавҷудияти ячейкаҳои дар қаламрави кишвар махфиёна амалкунандаи ТЭТ ҲНИ он буда метавонад, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 31 узви фаъоли созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дастгир гардиданд, ки 12 нафари онҳо узви ТЭТ ҲНИ ва 10 нафар узви «Гурȳҳи - 24» мебошанд.[2]

Моҳи майи соли 2022 аз тарафи ТЭТ ҲНИ ва неруҳои оппозитсионии дигари ба ПМТ ҳамроҳбуда таъсис дода шудани ҷиноҳи ҷангӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин созмони террористиву экстремистӣ дар оянда ба муборизаи мусаллаҳҳонаи худ барои ба даст даровардани ҳокимият дар кишвар идома хоҳад дод. Ба гуфтаи лидери ПМТ М. Кабирӣ гȳё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерȳҳои оппозитсиониро водор сохтааст, ки чунин ҷиноҳ таъсис дода шавад.[3]

Оид ба робитаи наздик доштани ТЭТ ҲНИ бо созмонҳои бонуфузи террористиву экстремистии шȳҳрати ҷаҳони дошта чун «Ал - қоида», Ҳаракати «Толибон», «Ихвон – ул - муслимин», Давлати Исломӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра, рȳзноманигори «Ҷумҳурият» Фируз Рахмониён ба таври мушаххас маълумоти муфассал додааст. Масалан, дар бораи робитаҳои ТЭТ ҲНИ бо «Ал - Қоида» ва Ҳаракати «Толибон» чунин гуфта мешавад: «Иртиботи наҳзатиҳо бо «Ал - Қоида» бисёр мустаҳкам буд ва он ҳозир ҳам боқӣ мондааст. Ҳангоми будубоши наҳзатиҳо дар Афғонистон, «Ал - Қоида» яке аз ҳомиёни асосии ин созмон маҳсуб мешуд. Намояндагони «Ал - Қоида» бо офисҳои ҲНИТ дар Пешовар, ки дар он ҷо М. Ҳимматзода ба сар мебурд, баъдан бо масъулини онҳо дар Қандаҳору Ҷалолобод иртиботи наздик доштанд. Тайи солҳои 1995 – 1997 С. А. Нурӣ бо роҳбари «Ал - Қоида» борҳо вохȳрӣ карда, аз ȳ кȳмакҳои молиявию низомӣ гирифтааст. Бо сабаби он, ки С.А.Нурӣ забони арабиро хуб намедонист, вохȳриҳои онҳо бо иштироки тарҷумони Асома мегузаштанд ва муҳтавои ин сȳҳбатҳо махфӣ боқӣ монданд. Яке аз вазифаҳои С.А.Нурӣ ин барқароркунии алоқаи шабакавии «Ал – Қоида» бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон иборат буд. Рȳзномаи "Нью-Йорк таймс" ин масъаларо то охир накушодааст. Ниҳоят С.А.Нурӣ робитаро байни «Ал - Қоида» ва Ҳаракати «Толибон» - ро бо хадамоти махсуси Эрон барқарор кард. Ин робита то имрȳз идома дорад ва баъзе амалиётҳоро ин се созмон якҷоя мегузаронанд.

ТЭТ ҲНИ, инчунин, бо Ҳаракати террористии «Толибон» дар Афғонистон иртиботи наздик дошт. Вохȳриҳои роҳбарони аввали ТЭТ ҲНИ ва «Толибон» аз ҷумла бо Мулло Умар, чандин борҳо сурат гирифтааст. Ин вохȳриҳо аксар вақт дар офиси ҲНИ дар Пешовар доир мегардиданд. Моҳи октябри соли 1996 С. А. Нурӣ якҷоя бо ҳайати ҲНИ ду рȳз дар меҳмонии Мулло Умар буданд. Исботи дигари робитаи ҲНИ бо «Толибон» ин фаъолияти намояндагони ҲНИ дар манотиқи забткардаи «Толибон» дар ҷануб ва маркази кишвар, яъне Қандаҳор, Ҷалолобод, Ҳирот ва Қобул буда метавонад. Яъне ҲНИ ҳукумати «Толибон» - ро ба расмият шинохта дар қаламрави забткардаи онҳо сафоратхонаҳои худро дошт. Сафири ҲНИ дар назди «Толибон» яке аз ақориби наздики С.А.Нурӣ бо тахаллуси «Ҷайҳун» буд. Ӯ зодаи Ёвон мебошад ва ба Тоҷикистон боз нагашта, эҳтимол меравад, ки то имрȳз бо толибон мебошад ё дар Покистон пинҳонӣ ба сар мебарад».[4]

Аз соли 2015 ба ин тараф ТЭТ ҲНИ ва ПМТ алайҳи ҷумҳуриамон “ҷангҳои иттилоотӣ” – и бесобиқаро роҳандозӣ намудааст. Дар доираи чунин ҷангҳо ҳамарȳза иттилооти ғаразнок ва бардурȳғ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ, Ютуб ва ғ.  пахш карда мешаванд. Сомонаҳои интернетии ТЭТ ҲНИ ва ПМТ инҳояд: Ислоҳ. нет; Бомдод. ком; Паём. нет; Озодандешон. ком ва ғ.

2.“Ал - Қоида”, ки  соли 1988 таъсис ёфтааст. Асосгузори он миллиардери араб Асома бен Ладен ҳисоб меравад. Мавсуф 2 майи соли 2011 бо зарбаи ҳавоии берсарнишини ИМА дар Покистон кушта шуд. Ҷойгузин ва муовини вафодори ȳ Айман – аз – Завоҳири баъд аз қатли пири худ то охири моҳи июли соли 2022  вазифаи роҳбарии созмонро ба ȳҳда дошт. 29 июли соли 2022  Айман – аз – Завоҳири дар шаҳри Кобул тавассути бесарнишин дар амалиёти махсуси хадамоти ҷосусии ИМА  нобуд карда шуд. Дар бораи роҳбари кунунии созмон то имрȳз ягон иттилооти расмӣ вуҷуд надорад. Аз имкон дур намебошад, ки бо сабабҳои амниятӣ номи роҳбари ҷадиди “Ал - Қоида” ва макони буду бошаш махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

“Ал - Қоида” воқеъан ҳам созмони бонуфузи террористиву ифротгаро ва ба истилоҳ № 1 дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз тарафи созмони мазкур амалҳои террористии вазнин бо хисороти ҷонии зиёд сурат гирифтаанд. Номдортарини он ҳуҷум ва нобуд кардани бурҷи тиҷоратӣ дар пойтахти ИМА  11 сентябри соли 2001 маҳсуб мешавад, ки дар натиҷаи он қариб 3000 нафар ҷон бохтанд. Баъд аз ин ИМА дар пайи нобуд кардани он шуданд. Имрȳз ҷангиёни “Ал - Қоида” дар Афғонистон якҷо бо шарикони худ Ҳаракати “Толибон” фаъолият доранд. Ҳарчанд роҳбарони “Толибон”  борҳо изҳор доштанд, ки бо “Ал - Қоида”  кадом робитае надоранд, куштори Айман - аз – Завоҳири дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул баёнгари равшани дурȳягии “Толибон” мебошад. Ин ҳолат боис шуд, ки “Толибон” аз боварии ИМА бароянд.   

Таҳдиду хатари  “Ал - Қоида” ба амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он бармеояд, ки дар ҳайати он шаҳрвандони мо ва ҳамсоякишварҳои наздик, ба қайд гирифта шудаанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо дар қаламрави кишвар ва берун аз он дастгир, маҳкум ва нобуд гардидани баъзе аз онҳо мебошад. Масалан, соли 2010 дар ҷумҳурӣ ду нафар аъзои “Ал - Қоида” дастгир карда шуданд. Дар асоси иттилоъи сухангȳи ВКД ҶТ М. Асадуллоев, яке аз онҳо шаҳрванди Ӯзбекистон Ниёзматов Ислом мебошад, ки вақтҳои охир дар шаҳри Истаравшан иқомат дошт, дар лагерҳои террористии Покистон таълим гирифтааст. Ӯ дар ҳайати онҳо ҷангида, барои гузаронидани амалҳои террористӣ ба кишварамон фиристода шуда буд. Нафари дуюми дастгиршуда шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки номаш расонаӣ нашуд. Дар маҷмȳъ соли 2009 дар кишвар 11 нафар узви “Ал – Қоида”  дастгир гардиданд.[5]

4 январи соли 2011 дар рафти амалиёти зиддитеррористии хадамоти махсуси кишвар узви “Ал - Қоида”  Аловиддин Давлатов бо тахаллуси “Али Бедакӣ” ва ҳафт нафар ҳамяроқони ȳ нобуд карда шуданд. А. Давлатов  гумонбари асоси ба ҳуҷум ба автоколоннаи низомӣ, ки дар натиҷаи он 26 афсару сарбозони қатории ВМ ҶТ аз байн бурда шуданд, ба ҳисоб мерафт.[6]

Созмони мазкури террористиву экстремистӣ инчунин сармоягузорӣ ва сарпарастии якчанд гурȳҳҳои террористии дигар чун “Ҷамоати Ансорулло” – ро ба ȳҳда дошт, ки ячейкаҳои онҳо дар қаламрави кишвар фаъолият мекарданд. Чунончи, соли 2015 шахсони номаълуме вориди мактаби № 44 деҳаи Камароби ноҳияи Рашт гардида, харитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нобуд карданд ва унвонии муаллимони ин муассисаи таҳсилотӣ номаи таҳдидомез оид ба қатъ кардани фаъолият ирсол карданд. Назар ба фарзияи мақомоти қудративу махсуси Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ин амал тарафдорони  Абдулло Раҳимов (мулло Абдураҳим) собиқ узви фаъол ва роҳбари тоҷикистонии “Ҷамоати Ансорулло”, ки моҳи апрели соли 2011 зимни амалиёти вижа  аз байн бурда шуд, даст доштанд.[7]

Моҳи марти соли 2010 аз тарафи террористи интиҳорӣ бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккили вилояти Суғд тарконида шуд. Ба ақидаи намояндагони салоҳиятдори мақомоти кишвар террористи интиҳорӣ дар яке аз машқгоҳҳои созмони «Ал– Қоида» ва ҲИӮ (Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон) тарбия гирифта буд.[8]

Соли 2014 дар қаламрави Афғонистон аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар се нафар шаҳрванти тоҷик – узви “Ал - Қоида” дастгир гардиданд. Яке аз онҳо худро Иқбол номида дар машқгоҳи “Ал - Қоида” дар Вазиристони Покистон таълим гирифтани худро тасдиқ кардааст.[9]

Ба назари мо, созмони “Ал - Қоида” бар хилофи ақидаи баъзе аз коршиносону олимон, ки гȳё баъд аз  куштори Аймон – аз – Завоҳирӣ обрȳю эътибори ҷаҳонии худро аз даст додааст, имрȳз ҳам хеле бонуфузтарин  боқӣ мемонад. Дар давоми даҳсолаҳо дар чорчȳбаи он созмону ташкилотҳои террористиву экстремистии зиёд тарбия гирифтаанд, ки имрȳз барои кишварҳои худ  хатар доранд.

3. ДИ (Давлати Исломӣ).

Дар аввали пайдоишаш соли 2011 дар Ироқ  он бо номи ДИИШ (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) шȳҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Маълумотҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки ДИИШ соли 1999 бо номи “Ҷамоат – ат – Тавҳид вал - Ҷиҳод” пайдо шудааст ва поягузори он шаҳрванди Ӯрдон (Иордания) Аҳмад Фозил Ҳилойла ба ҳисоб меравад. Соли 2004 ба “Ал - Қоида” пайваста бо номи “Ал – Қоида дар Ироқ” ва соли 2006 дар якҷоягӣ бо созмонҳои дигари радикалӣ - террористӣ  ҳамчун “Давлати исломии Ироқ”  фаъолият дошт. Абубакр – ал – Бағдодӣ роҳбари якуми созмон ба ҳисоб меравад, ки соли 2019 аз тарафи неруҳои махсуси ИМА аз байн бурда шуд. Сипас роҳбарони дигари созмон низ террор гардиданд. Дар марҳилаи ҳозира дар садри созмон Абу Иброҳим ал – Ҳошимӣ ал- Қурайшӣ  мебошад, ки дар ҳолати махфиёна умр ба сар мебарад.

Баъд аз шикасти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия мафҳуми ДИИШ   ихтисор гардида дар шакли ДИ (Давлати Исломӣ) боқӣ монд. ДИИШ дар аввали фаъолияти террористиаш дар Сурия ва Ироқ тавонист, ки дар давоми як – ду сол қариб 90% қаламрави ин кишварҳоро таҳти тасарруфи хеш дароварда аморати исломиро дар ин ҷо ҷорӣ намояд. Амалҳои террористии созмон бо ваҳшониятҳои ғайриинсонӣ сурат мегирифтанд (сарбуррии оммавӣ, истифодаи ноболиғон дар амалиётҳои террористӣ, эҳёи ғуломдорӣ, аз байн бурдани ёдгориҳои таърихӣ ва ғ.). Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб шуданд, ки СММ дар бораи маҳви он амалиёти зиддитеррористӣ эълон намуд ва иҷрои онро ба коалитсияи зиддитеррористии байналмилалӣ вогузор кард.

Бояд тазаккур дод, ки ДИ ба фарқ аз созмону ташкилотҳои дигари террористии байналмилаливу минтақавӣ дар як муддати кȳтоҳ тавонист шаҳрвандони кишварҳои зиёди ҷаҳонро ба сафи худ ҷалб кунад.  Беш аз ҳазор  шаҳрванди тоҷик низ ба созмон ҷалб гардида дар амалҳои террористӣ  ширкат карданд. Дар ин самт дастгоҳи таблиғотии созмони номбурда хеле фаъол буд ва бо истифода аз дастовардҳои фаннии муосир (Интернет, шабакахои мухталифи  иттилоотии муосир) тавонист дар як муддати кȳтоҳ  сафи худро аз ҳисоби шаҳрвандони дунё пур намояд ва як неруи ҷангии байналмилалиро таъсис диҳад. 

Имрȳз ДИ фаъолияти террористии худро дар нуқоти доғи дигари ҷаҳон ба монанди Афғонистон, Сомали ва ғайра идома дорад. Дар Афғонистон имрȳз он ба рақиби асосии Ҳаракати “Толибон” ва ғайра табдил ёфтааст. 

Хатари ДИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷанбаҳои зерин бармеоянд:

1.Дар нақшаи таъсиси хилофати ҷаҳонӣ аз тарафи ДИ Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ шомил мебошад.

2.Ҳузури шаҳрвандони ҷумҳуриамон дар ҳайати ДИ.

Ин гуфтаҳо мабни бар онанд, ки ДИ то кунун алайҳи ҷумҳуриамон яке аз технологияҳои “ҷангҳои омехта” – ро бо номи “ҷангҳои террористӣ” пиёда карда истодааст. Зеро, созмони террористии ДИ тамоми амалҳои  террористии дар қаламрави кишварамон то ба имрȳз сурат гирифтаро ба дȳши худ гирифтааст. Ба ин амалҳои террористии зидди сайёҳони хориҷӣ июли соли 2018 дар Данғара, ошубҳо дар маҳбасхонаҳои шаҳри Хȳҷанд (ноябри соли 2018) ва шаҳри Ваҳдат (феврали соли 2019), ҳуҷум ба заставаи “Ишқобод” (соли 2019)  суратгирифта мисол шуда метавонанд.

Илова ба ин, иштироки шаҳрввандони кишварамонро дар ҳайати ДИ дар марҳилаи ҳозира аз эътибор  дур сохтан лозим намебошад. Ҷойи Гулмурод Ҳалимови кушташуда, Тоҷиддин Назарови (лақабаш “Абу Усомаи тоҷик) дар маҳбаси Идлиб қарордоштаро, террористони дигар аз ҳисоби шаҳрвандонамон гирифтаанд, ки дар тамоми гȳшаю канори дунё паноҳ ёфтаанд. Мисоли равшани гуфтаҳоямон инҳоянд:

19 – 31 майи соли 2022 дар Германия мурофиаи судии 5 (панҷ)  шаҳрванди зерини тоҷик: Сунатуллоҳ К. (26 сола), Фарҳодшоҳ К. (33 сола), Азизҷон Б. (29 сола), Комрон Б. (25 сола) ва Муҳаммадалӣ Г. (34 сола), ки дар узвият дар ячейкаи махфии ДИ дар ин кишвар айбдор дониста шуданд, доир гардид. Дар натиҷа суди Германия онҳоро  ба мȳҳлати аз 3 то 9 сол  аз озодӣ маҳрум карда равонаи зиндон намуд. 27 январи соли 2021 бошад шаҳрванди дигари тоҷик Равшан Б. бо ҳамин ҷурм ба мȳҳлати 7 сол маҳкум гардида буд.

Мақомоти судӣ исбот карданд, ки ҳамаи маҳкумшудагон қабл аз боздошт дар шаҳрҳои мухталифи Германия зиндагӣ карда, пойбанди ақоиди радикалии исломӣ буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки дар ин кишвар бо кȳмаки ДИ ҷиҳод кунанд. Тибқи маълумоти шабакаи иттилоотии Deutsche Welle аз моҳи январи соли 2019 тариқи Интернет бо яке аз саркардагони ДИ дар Афғонистон дар тамос буда, омодагии идеологӣ гирифтанд. Онҳо, инчунин, бо шабакаҳои дигари террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ амалкунанда, аз ҷумла дар шаҳрҳои Стокголм ва Вена амалҳои террористӣ анҷомдода, робита мекарданд. Ин “ячейкаи тоҷиқӣ” ҳанȳз апрели соли 2020 дастгир гардида буд.[10]     

Моҳи марти соли 2022 мақомоти амнияти дохилии ВКД давлати “Толибон” оид ба дастгир гардидани як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, иттилоъ доданд. Дар сабти видеоии расонаишуда дастгиршуда худро бо номи Умед мулаққаб бо Аҳмад Фарид муаррифӣ карда, мегȳяд, ки аз Тоҷикистон мебошад. Ба Афғонистон аз хоки Эрон ворид шуда, алайҳи “Толибон”  ҷиҳод кардааст. Ба қаламрави  Эрон аз Русия тариқи Туркия омадааст. [11]

Моҳи ноябри соли 2021 аз Полша ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди кишварамон Одилхон С. истирдод карда шуд. Назар ба маълумоти аз ҷониби Агентии амнияти дохилии Полша пахш гардида, мавсуф ҳангоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Беларус, ба гумони ҷонибдори ДИ дастгир гардида буд.[12]

Моҳи июли соли 2022 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати 68 нафар зиндониёни яке аз маҳбасхонаҳои шаҳри Хуҷанд, ки ба гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ (“Ҷамоати Муваҳиддин”, созмони наздик ба ДИ) ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда буданд, ба иттиҳоми даст доштан дар ошȳб, дубора парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.[13]  

Назар ба маълумоти мақомот онҳое, ки қасди ошӯб доштанд, қаблан бо гуноҳи узвият дар созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ, аз ҷумла ДИ, ба солҳои гуногун маҳкум шуда буданд.

4.Ҳаракати “Толибон”

Ҳаракати мазкур соли 1994 таъсис ёфтааст. Асосгузори он Муҳаммад Умар мебошад, ки аз соли 1994 то 2011 роҳбарии созмонро ба ȳҳда дошт. Баъд аз вуруди неруҳои зиддитеррористии байналмилалӣ ба Афғонистон ва маҳви толибон, ȳ маҷбур  шуд хоки Афғонистонро тарк намуда, дар пинҳонкорӣ дар қаламрави Покистон ба сар барад. Соли 2013 мисли Асома бен Ладен ҳадафи бесарнишини ИМА қарор гирифта нобуд карда шуд. Фаъолияти Ҳаракати “Толибон” аз ҷониби СММ ва аксари кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мамнȳъ эълон гардидааст.

Баъд аз 20 соли суқути худ (соли 2001), аз 15 августи соли 2021 Ҳаракати “Толибон” дубора бо дастгирии абарқудратҳои минтақавӣ – Русия, ҶХХ, Покистон, Эрон сари қудрат омаданд  ва беш аз як сол аст, ки Афғонистонро идора мекунанд. Роҳбари динии Ҳаракати “Толибон” мулло Охундзода мебошад Дар марҳилаи кунунӣ онҳо бо дастгирии сарпарастони худ ба ном ҳукумати фарогир таъсис додаанд. Вале, то имрȳз ҳаракати  номбурда дар феҳристи “сиёҳ” – и СММ, бисёрии  кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Русия, ҳамчун созмони террористӣ – экстремистӣ қарор доранд. Ба ин нигоҳ накарда бо истифода аз фурсати муносиб, яъне ҷанги Русияву Украина, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст, “Толибон” мавқеи  худро мустаҳкам карда истодаанд. Барои мисол онҳо аллакай дар 5 кишвар (ҶХХ, Русия, Эрон, Покистон ва Туркманистон) намояндагиҳои дипломатии худро ифтитоҳ намудаанд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз рȳзи аввали ба сари қудрати сиёсӣ расидани Ҳаракати “Толибон” онҳоро эътироф накардааст ва то замони таъсис наёфтани ҳукумати воқеъан фарогир бо ҷалби тамоми қишри кишвар хусусан тоҷикон, ки аксариятро ташкил медиҳанд, онҳоро эътироф нахоҳанд кард. Ин мавқеи кишварамонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд. Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари дунё ва минтақа бо Ҳаракати “Толибон” танҳо ҳамкориҳои гуманитарӣ анҷом дода истодааст.

Ба ин нигоҳ накарда, Ҳаракати “Толибон” ба амнияти миллии кишварамон таъсири манфӣ мерасонеанд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки дар ҳайати онҳо то ҳол баъзе гурȳҳҳои террористӣ – экстремистӣ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик амал мекунанд. Ба ақидаи сиёсатшиноси рус А.Н. Серенко дар ҳайати Ҳаракати “Толибон” ахиран “Ҳаракати толибони Тоҷикистон” пайдо шудааст ва роҳбари он Муҳаммад Шарипов бо тахаллуси “Маҳдӣ Арсалон” эълон гардидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Нуробод буда, солҳои пеш ба қаламрави Афғонистон фирор кардааст. Солҳои тȳлонӣ  дар ҳайати толибони афғон ҷиҳод намудааст. Ба туфайли ВАО – и америкоиҳо, ки ȳро аввалин шуда ҳамчун лидери толибони тоҷик муаррифӣ карданд Маҳди Арсалон шȳҳрат пайдо кард. Баъзе аз расонаҳо ȳро ҳамчун роҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” медонанд. Вале тибқи маълумоти дигар роҳбарии ин созмонро зодаи дигари Тоҷикистон қумондони саҳроӣ бо номи Салмон ба дȳш дорад. Айни замон дақиқ нест, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пурра  ба ҳайати “Ҳаракати толибони Тоҷикистон” пайвастааст ё минбаъд ҳам ин ду сохтори террористии тоҷик баробар вуҷуд хоҳанд дошт.[14]

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки “Ҳаракати толибони Тоҷикистон” ҳамонанди “Таҳрики толибони Покистон” мебошад, ки бо дасти хадамоти махсуси Покистон (Разведкаи байниидоравии Покистон)  таъсис ёфтааст, ки имрȳз дар ин кишвар яке аз бонуфузтарин маҳсуб мешавад. Бинобар ин асос, аз эҳтимол дур нест, ки дар таъсиси “Ҳаракати толибони Тоҷикистон” ин хадамот саҳм дорад, зеро Покистон ба ҳайси яке аз лидерони минтақавӣ нисбати Осиёи Марказӣ нақшаҳои стратегии худро дорад.

Ба ақидаи мо, пайдо шудани “Ҳаракати толибони Тоҷикистон” ин лоиҳаи хадамоти махсуси Покистон барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи “Толибон” – и афғон мебошад. Назар ба маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ тайии даҳсолаи ахир чанд нафар шаҳрванди тоҷик ба ҷурми иштирок дар ҳайати Ҳаракати “Толибон” маҳкум шудаанд. Масалан, соли 2016 бо ин иттиҳом шаҳрванди  тоҷик Бегиҷон Назаров ба мȳҳлати 16 сол равонаи зиндон шуда буд. Ба ҳамин монанд бошандаи ноҳияи Панҷ Тȳрахонов Шаҳриёр мисол шуда метавонад. Номбурда баъд аз гузаштани омодагии махсус дар урдугоҳҳои “Толибон” дар Покистон, дубора ба Тоҷикистон барои гузаронидани амалҳои  террористӣ равон гардида буд, аз тарафи мақомот дастгир ва 21 аз озодӣ маҳрум карда шуд.[15]

Илова ба чор созмонҳои ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомези вобастабудаи дар боло тавсифшуда, гурȳҳу  ташкилотҳои дигаре  мавҷуданд, ки ба амнияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсиргузор ҳастанд. Ба ин қатор “Ҳизб – ут - таҳрир”, “Ихвон – ул - муслимин”, “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Туркистон (собиқ “ҲИӮ”), “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва ғайра шомил мебошанд, ки дар қаламрави кишвар мавҷудияти ячейкаҳои махфиёна фаъолиятдоштаи онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, дар давоми солҳои 2019 – 2020 дар кишвар беш аз сад нафар узви “Ихвон – ул - муслимин” дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд  ва ғ. 

Чунончи, моҳи апрели соли 2021 суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 119 нафарро ба ҷурми узвият доштан дар «Ихвон – ул - муслимин» ба муҳлати аз 5 то 23 сол маҳкум намуд. Дар байни маҳкумшудагон ду шаҳрванди Миср – устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ буданд.[16]

Ба ин монанд солҳои пешин дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо эмиссарони «Ҳизб – ут – таҳрир» муайян, дастгир ва маҳкум гардидаанд.  Барои мисол, соли 2017 мақомоти судии ҷумҳурӣ шаҳрванд Алиев Шарифуллохон фаъоли «Ҳизб – ут - таҳрир» - ро бори сеюм дастгир ва зиндонӣ карданд.[17]

Дар ин замина қайд бояд кард, ки аъзои «Ҳизб – ут - таҳрир» аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷ аз он хусусан дар Федератсия Россия пинҳонӣ фаъолият мекунанд.  Қариб ҳама сола аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар фаъолони он дастгир мегарданд. Масалан, соли 2017 дар ш. Санкт Петербург шаҳрванди тоҷик Фарҳод Нурматовро бо ҷурми ташкил кардани ячейкаи пинҳонии «Ҳизб – ут - таҳрир» муттаҳам ва равонаи зиндон шуд.[18]

Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои боло чунин хулоса кардан лозим аст, ки то имрȳз таҳдиду хатари терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн нарафтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала дар суханрониҳои хеш дар сатҳҳои гуногун доимо ишора менамоянд.

 

Сангинов Н.Н.

н. и. с. ходими

калони илмии шуъбаи масоили сиёсии

муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ ба

номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

АДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА:

 

[1] Вохидов К. Таджикистан. Полный и безоговорочный провал ТЭО ПИВ в ОБСЕ// Электронный ресурс/ Режим доступа / https://centrasia.org/newsA.php?st=1569410100/ Дата обращения: 12.09.2022/.

[2] «Цель – посеять страх среди населения». Таджикская оппозиция отреагировала на информацию о задержании своих сторонников// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://rus.ozodi.org/a/31896303.html  / Дата обращения: 07.08.2022/.

[3] Кудаяров Б. Таджикская оппозиция сформировала военное крыло// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https:// kaktus.media/doc/459900_ tadjikskaia_oppoziciia _sformirovala _voennoe  krylo.html /. Дата обращения: 16.06.2022/.

[4] Рахмониён Ф. Таджикистан. Партия исламского возрождения является неотъемлемой частью международного террористического движения // Электронный ресурс/ Режим доступа/  https://centrasia.org/newsA.php?st=1560769860    / Дата обращения: 01.09.2022/.

[5] В Таджикистане задержаны члены "Аль-Каиды"// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://smotrim.ru/article/2018001/  Дата обращения: 01.09.2022/.

[6] В Таджикистане уничтожили члена “Аль - Каиды”// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://tengrinews.kz/sng/ v-tadjikistane-unichtojili-chlena-al-kaidyi-95724/    / Дата обращения: 01.09.2022/.

[7] В Таджикистане учителям сельской школы пригрозили смертью, если они не прекратят свою преподавательскую деятельность// Электронный ресурс/ Режим доступа/  https: //centralasia .media/ print:1083986   / Дата обращения: 01.09.2022/. 

[8] Взрыв в Таджикистане могли организовать ИДУ и "Аль-Каида" // Электронный ресурс / Режим доступа/ https://www.rosbalt.ru/main/2010/09/03/768275.html        Дата обращения: 29.08.2022/.

[9] В Афганистане задержаны трое таджиков по обвинению в причастности к «Аль-Каиде»// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https:// rus.ozodi.org/a/26695366 .htmlhttps: // rus.ozodi.org/a/26695366.html

 

[10] Суд в Германии вынес приговор пятерым членам “таджикской ячейки” ИГИЛ// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://fergana.agency/news/126358/

Дата обращения: 15.08.2022/.

[11] Талибы сообщили о задержании гражданина Таджикистана по подозрению в членстве в ИГИЛ// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://fergana.media/news/125334/  Дата обращения:   06.09.2022/.

[12] Из Польши депортирован гражданин Таджикистана, подозреваемый в связях с ИГИЛ// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://www. polskieradio.pl /397/7835/ Artykul/2872070   Дата обращения: 05.09.2022/

[13] Муҳокимаи 68 зиндонӣ. Нақшаи ошӯби "Ҷамоати Муваҳиддин" дар зиндони Хуҷанд?// Захираи электронӣ/ Реҷаи дастрасӣ/ https://www.ozodi.org/a/32067005.html  Санаи муроҷиат: 06.10.2022/.

[14] В Северном Афганистане появился таджикский "Талибан" электронный ресурс/ Режим доступа/ https://www.ng.ru/kartblansh/2022-07-20/3_8491_kb.html    / дата обращения: 20.07.2022/.

[15] Таджик, прикнувший Талибан, приговорен к 16 годам заключения// Электронный ресурс/ Режим доступа/ http://cccp.tj/ru/sport/item/1982-таджик – примкнувший -талибан - приговорен – к – 16 – годам-html  / Дата обращения: 08.09.2022/.

[16] В Таджикистане 117 человек получили от 5 до 23 лет тюрьмы по обвинению в причастности к "Братьям-мусульманам" // Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://www.currenttime.tv/a/tajikistan-bratya-musulmane-sud/31199656.html/Дата обращения: 12.06.2022/.

[17] Суд в Таджикистане приговорил к 6,6 года активиста "Хизб-ут-Тахрир"// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://tj.sputniknews.ru /20170913/sud-v-tadzhikistane-prigovoril-k-66-godam-aktivista-hizb-ut-tahrir-1023322654.html / Дата обращения: 09.09.2022/.

[18] В Петербурге арестовали гражданина Таджикистана, обвиняют в создании ячейки "Хизб ут-Тахрир"// Элек тронный ресурс/ Режим доступа/ https://www.currenttime.tv/a/28243410.html  / Дата обращения: 10.09.2022/.

Хондан 889 маротиба