JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 20 Декабри 2021 04:40

Таассуб мардумонро ба нобудӣ мекашонад

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Яке аз хусусияти асосии гурӯҳҳои таассубзадаи хурофотӣ он аст ки онҳо ҳеч гоҳ бинишу назари дигарро қабул надоранд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд то назари хешро ва дидгоҳи  якрангу шахшудамондае, ки маншаи ҳазорсолаҳо дорад, онро ҳамчун воқеъият ба сари дигарон бор кунанд. Онҳо чунин вонамуд месозанд, ки гӯё барои ҳама рухдодҳо ва ҳодисаю воқеаҳо ҷавоби ягона доранд ва ҳамаи онҳо пешакӣ муаяйн шуда ва маърифат шуда аст.

  Аз намоёнтарин хусусиятҳои таассубзадагон ва хушкандешони динӣ ин аст ки эътиқод ва дину мазҳаби худро ҳақиқати раднопазири фаробашарӣ ва осмонӣ медонанд. Онҳо ҳеч гоҳ омода нестанд шеваи изҳори назарҳо ё тарзи баёни эътиқодҳои бовармандии худро мавриди нақду баррасии илмӣ қарор диҳанд. Онро аз дидгоҳи воқеӣ ва айниву мантиқӣ маввриди интиқод қарор диҳанд. Ин гурӯҳҳо назарияҳои худро бо қотеъияти тамом баён мекунанд ва ҳаргиз заррае шак ё тардидро дар он чи гуфтаанд, раво намедонанд. Ҳар гуна воқебинӣ ва воқеънигариро ҳамчун душманӣ ба бовари худ мепиндоранд ва ба нафароне, ки дар садади дигарандешӣ ё баёни воқеият аз назари илмиянд ҳамчун мухолиф қарор гирифта, кушиш менамоянд дар зеҳнияти гуруҳҳои иҷтимоии боварманд дар шахсияти нафари озодандеш садҳо тамғазанӣ анҷом диҳанд. Таассубият дар бовармандӣ аз дигарон мехоҳанд ҳаргиз дар баробари аҳкому омӯзишҳои эътиқодӣ тардиде ба худ роҳ надиҳанд. Чуну чаро накунад ва муҳимтар он ки ҳаргиз назарияи мухолиф бо аҳкоми эътиқоди бовармандиро дар миён наоваранд. Зеро ин гуруҳҳо таҳамули андешаи дигар бовари дигар ва назару эътиқоди дигарро надоранд. Ҳамин аст, ки онҳо мухолифат бо андешаҳои бовармандиро ҳамчун куфру беимонӣ мешиносанд.

  Қобили зикр аст, решаи аслии тассубият дар бовармандӣ аз тарзи ташаккули назарияҳои динӣ маншаъ мегирад. Аксари онҳо дар заминаҳои гуногун ба шевае баён мешаванд, ки маънои он ин аст, ки: «Чунин аст ва ҷуз ин нест». Ин хусусият боис ба он мегардад онҳо ҷуз диду асотир ва тасаввури хеш нисбат ба ҳаводису ҷаҳон ҳеч андеша ва диди дигарро қабул надоранд ва душмани сарсахти он низ мебошанд. Хусусияти хоси рафтори руҳониёни мутаассибро метавон қотеъият, нармишнопазирии фикрӣ ва хушкандешӣ ва мухолифат дар баробари ҳамагуна андеша бар шумурд. Дар дунёи гуруҳҳои боварманди мутассиб ва бузургманишони онҳо нишоне аз фурутании фикрӣ ва тавозӯъ дар андеша нест. Навиштаҳо ва суханони руҳониёни бунёдгароро гарду ғуборе аз ибҳом, рамзу роз, асрори нокушудани ва муаммоҳои даркнопазир дар худ пушонида аст. Онҳо ҳеч гоҳ ба забони содда сухан намегӯянд ва на ба забони фаҳмиданӣ равшан менависанд. Ҳар боварманди мутаасиб сарфи назар аз ин ки пайрави кадом оин ва пазирандаи кадом мазҳаб аст, ҳамаи ҳақиқатҳои ҷаҳони ҳастиро фақат дар инҳисори дину мазҳаби аз гузаштагон ба мерос гирифтаву хонаводагии худ медонад ва бо имони комил бар ин бовар аст ки пайравони тамоми динҳо ва мазҳабҳои дигари ҷаҳон хатокоранд ва онон то ба ҳол ҳақро аз ботил нашинохтаанд.

  Руҳониёни бунёдгаро аз он ҷо ки китоби динии худро китоби осмонӣ ва сарчашмаи донишу ҳикмати худро аз олами ғайб медонанд ва фақат ба неруи имон такя зада, ақида меронанд, онҳо тавони чандоне дар баҳрабардорӣ аз нерӯҳое чун ақл, шуур, фикр, истидлол ва мантиқро надоранд. Аз муминони ҳаводори худ низ мехоҳанд аз чунин равиш кор гиранд. Ҳамин аст, ки ҳар қадар дар ҷомеае руҳониёне, ки бовармандон онҳоро ба ҳайси донишмандони самти дин мешиносанд, мутаассибтар ва ҷоҳилтару хушкандештар бошанд пайравонашон низ таҳти ҳамин гуна ақида қарор мегиранд ва таассубзадаву хушкандеш мешаванд. Аз тарафи дигар худи руҳониён низ ҳаминро мехоҳанд, ки мардумон ва пайравонашон айнан ва бе кам у костӣ мисли онон фикр ва амалу рафтор намоянд. Дар ҳамаи динҳо ва мазҳабҳое, ки ба китоби муқаддаси худ истинод мекунанд, тамоми назарияҳо, аҳком ва дастурҳои динӣ иштибоҳнопазир эълон шуданд ва худро ҳамчун як ҳақиқати бебаҳс ҳамешагӣ ва тағйирнопазир медонанд.

  Вақте ба ҳаводиси таърихӣ назар меафканем реша аксар аз ҷангҳо ва хунрезиву нобудиҳое, ки дар дарозои замони мавҷуди инсонӣ бо номи дин анҷом ёфтааст, маҳз аз ҳамин пофишорӣ ба ақида ва бинишҳову ҳақиқатҳои бовармандӣ будаанд. Ин даъвиҳо боиси он гардидаанд, ки бовармондони як дину мазҳаб ба бовармандони дину мазҳабҳои дигар мавриди бархӯрду даргирӣ қарор гирифта, сабаби маргу мири одамон аз байн рафтани шаҳру кишварҳои ободон ва ғарқа дар хун гардидани кишварҳо ва халқҳои гуногун гардидаанд, ки намунаи онро метавон ҳазорон дар таърихи башарӣ шоҳид гардид.Чунин бархӯрдҳо на танҳо байни бовару динҳои гуногун, балки байни мазоҳиби мухталифи як дин низ сурат гирифта, боиси харобиву нобудӣ гардидаанд, ки мисоли зиёдеашро метавон дар таърихи кишварҳои мусулмонишин садҳо мисол зад.

  Қобили зикр аст, ки таассубияту хушкандешӣ на танҳо дар таърих, балки дар замони муосир низ яке аз мушкили асоси ва меҳварии кишварҳои мусалмонӣ ба ҳисоб меравад. То ҳанӯз новобаст аз он ки башар аз лиҳози донишу фановар дар зинаи авҷи хеш қарор дорад ва кишварҳо атроф масоиле аз ҳушмандии заррот, ҳуши сунъӣ, сулулҳои бунёдӣ ва бо берун аз ҳудуди замин бурдани ҳаёти инсониву дар маҷмуъ ҷӯстори зиндагӣ дар Каҳкашонҳои дигар қарор доранд, мутаассифона, дар кишварҳои мусалмонӣ ҳануз тассубу хушкандешӣ ва хурофот бедод мекунад.

  Дар кишварҳои мусалмоннишин гуруҳҳои муайян, ҳануз намегузоранд мардумон аз донишҳои илмии башарӣ огоҳ бошанд, онҳо ҳама гуна донишу фанновариро бидъат мехонанд ва мехоҳанд мардумонро бо ҳамон шеваҳои хашини асримиёнагӣ саркӯб намуда, дар бунбаст қарор диҳанд. Онон бо тамоми тавони хеш мекушанд, ки аз эътиқоди мардумон манфиат ба даст оваранд ва бозори худро гардон созанд, бо роҳи тарс додани мардумон аз Худо ва дунёи дигар мардумонро дар зери итоати хеш нигоҳ доранд. Аҷиб ин аст, ки дар ин кишварҳо ҳамарӯза мисли занбурӯғҳои пасазборонӣ ҳизбу ҳаракатҳои наве бо номи барчаспҳои динӣ зуҳур мекунанд. Ҳар кадоме худро айни ҳақиқат ва иҷрокунандагони амри илоҳӣ муаррифӣ мекунанд ва гуруҳу тарафи дигарро бидъату ғайридин ва бад ин васила, мавриди даргири бархӯрд қарор мегиранд, ки зимни он даҳҳо нафарр аз мардумони бумии осоишта ҳамарғза қурбон мешаванд.

  Ҳамчунин, ба хотири нигоҳ доштани таъсири хеш аз шеваҳои сангин низ истифода менамоянд. Гоҳҳо ин шеваҳо то ҳадде хашин ва тасаввурнопазир аст, ки ин нафарон ба хотири нигоҳ дошти бозори манофеъи хеш туда — туда мардумонро ба куфру илҳод нисбат дода, маҳкум ба куштор менамоянд. Иҷрокунандаи амру фармони эшон ба худ гумон меварзад, ки дастурдиҳанда воқеан нафарест, ки олами илоҳиро медорад ва ин амр амри илоҳӣ аст. Ин содабовар ҳеч гоҳ намеандешад, ки агар офаридагори кулли ҷаҳони ҳастӣ, ки қудрати лоязол дорад (дар ососи тасаввуроти динӣ) ва ҳама аҷзои олам дар ихтиёраш ҳаст магар ба анҷоми амалкардҳое бояд дастаҷамъона инсонҳои дигарандешро, ки ҳама офаридаҳои ӯ ҳастанд, магар ба куштан амр мекунад ё ниёзе дорад, ки нафаре бо густохӣ ва бераҳмии тамом онҳоро ба қатл расонад? Ё ин қадар эҳтиёҷе дорад, ки боястӣ нафарон ҳатто бидуни аслиҳа ба қавли мардуми «Хари худро аз гил берун кардан наметавонанд» бояд дар тарафи ӯ қарор гиранд ва дигаронро қатл созанд?

  Махсусан гоҳе ки динро ба ҳайси абзори сиёсат ва идораи умури иҷтимоиро бо аҳкоми динӣ тарроҳӣ менамоянд, ҳар нафари ғайри бовармандро мавриди муҷозот қарор медиҳанд ва ҳатто бовармандонеро, ки шакку шубҳае дар ин ё он аҳкоми динӣ дошта бошанд, мавриди ҷазову шиканҷа дода, онҳоро дар зиндонҳо нигоҳ медоранд. Ин шева солиёнест, ки дар кишварҳои низомҳояшон динӣ ба анҷом мерасад. Нафарони иҷрокунандаи ин гунна амалҳо ҳеч эҳсосе намекунанд, ки ҳуқуқи дигаронро ҳамчун инсон поймол кардаанд ва баръакс аз дигарон низ талаб мекунанд, ки бояд ба мисли онҳо андеша кунанд ва аз онҳо пайравӣ намоянд. Дар ин маврид онҳо ҳеч гоҳ аз ҳуқуқи башар ҳарф намезананд ва онро ҳамчун падидаи ғарбӣ инкор мекунанд. Дар ин гуна амалкардҳо саволе пеш меояд, ки оё инҳо аслан дарк намекунанд, ки чунин корҳои анҷом додаашон ҷиноят аст? Кадом ҳукми шаръӣ метавонад куштори чанд ҳазор нафарро ки дар додгоҳи ҳукми зиндон гирифтаанд, тавзеҳ диҳад. Чандин ҳазор нафареро ки ба хотир ҳаққи инсонии худ талош варзидаанд, тавассути тонку тупҳо дар хиёбонҳои кишвари исломӣ боястӣ ба қатл расанд? Вале дар зеҳни инҳо чунин вонамуд мешавад, ки ин ҳама амалҳоро гуё ба хотири Худо анҷом медода бошанд. Ва ба мардум ҳам чунин иддао пеш меоварванд, ки онҳо хости илоҳиро анҷом додаанд ва душманони илоҳиро нобуд сохтаанд. Дар ин маврид чанд суоле дар зеҳн пеш меояд, ки оё Худои қодиру тавоно, ки ин ҳама оламҳоро дуруст кардааст, эҳтиёҷ дорад то нафрони муайяне барои хотири ӯ ҳазорон ҳазорро мавриди шиканҷа ва куштори дастаҷамъӣ қарор диҳанд. Бо тамоми тавоноияш ба ҳамин ҳеҷакҳо магар эҳтиёҷ дорад?

  Ҷаҳони имрӯз дигар замони аз динҳо сохтани сиёсатҳо ва давлатҳоро қабул надорад. Зеро сиёсикунонии дин ба нобудии миллату давлатҳо оварда мерасонад. Имрӯз ҳам он гуруҳҳое, ки даъвои сохтмони давлатҳои теократӣ доранд, танҳо ба хотири манофеъи гуруҳии худи онон аст, на чизи дигаре. Онҳо ҳеч гоҳ миллатҳо ва кишварҳоро наметавонанд ба саодат ва пешрафту осӯдагӣ бирасонанд ва исботи инро дар таърихи навини ҷаҳон метавон дар ҳамаи кишварҳои низоми динӣ, махсусан дар Шарқи мусалмонӣ мушоҳида намуд. Имрӯз аҳли ҷомеаи моро низ зарур аст ба хотири пешрафти миллат ва таҳкими давлати миллӣ ба таассубзадагиву хурофот мубориза барем. Донишҳои илмӣ ва ҷаҳоншиносии илмиро тарғиб кунем ва ҷиҳати таҳкими низоми сиёсии дунявият, маърифати дурусти он дар табақоти гуногуни иҷтимоӣ неруҳои инсонии хешро сафарбар намоем. Танҳо аз ин роҳ аст, ки мо метавонем ба пешрафт ноил шавем ва миллату мардуми хешро аз хатару нобудие, ки аз таассубу хурофот ва нодонӣ бармехезад наҷот диҳем.

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/taassub-mardumonro-ba-nobudy-mekashonad/ 

Хондан 870 маротиба