JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 27 Декабри 2021 11:39

Паёми Пешвои миллат – нақшаи кор барои имрȳзу дурнамои рушди кишвар

Муаллиф:
  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21  декабри  соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои  тамоми мардуми шарифи тоҷик  ироа гардид,  ба  ақидаи банда,  пурмуҳтавотарин  ба  ҳисоб меравад.
 Дар он,  пеш аз ҳама,  дастовардҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм  ва ғайра дар  давоми 30  соли Истиқлолият  мавриди  таҳлили  амиқ  қарор  гирифта,  дурнамои  рушди  кишвар  вобаста  ба  самтҳои  муайянгардида, нишон  дода  шудааст. Дар мақолаи дурнамои  рушди  иқтисодиёти  кишвар, ки аз муҳтавои Паём  бармеояд,  нишон дода шудааст.
  Чунончи, дар  соҳаи  иқтисодиёт,  Пешвои  миллат  дар дурнамо ба  амалӣ  гардидани  стратегияи  босуръати  саноатикунонии  ҷумҳурӣ  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  карданд. Ин фикр  дар Паём чунин ифода гардидааст:    
«Дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.
  Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.
  Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад».[1]
  Аз ин лиҳоз,  ҷиҳати  рушди  минбаъдаи  саноат кишвар Пешвои миллат  солҳои 2022–2026 - ро  «Солҳои  рушди  саноат»  эълон   намуд. Интизор меравад, ки дар  давоми панҷсолаи  мазкур  беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида  мешавад. Бо ин роҳ  сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад.
  Вобаста ба ин, Пешвои  миллат ба  масъалаи  таҳкими  ҳамкории  давлат  бо субъектҳои  соҳибкорӣ, ҷалби  маблағҳои имтитёзнок, андешидани  чораҳои  зарурӣ  баҳри  осон гардонидани   робитаҳои  электронӣ  бо  онҳо, ишора карданд:
«Зарур аст, ки корҳоро доир ба ҷалби маблағҳои имтиёзнок тақвият бахшида, дар 5 соли оянда ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад.
Дар ин раванд, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
  Ҳамчунин, то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад».[2]
  Яке аз нуқтаи  муҳимми  дигари  ба  иқтисодиёт  вобастабуда – пурра  ҷорӣ   рақамкунонии  соҳаҳои  иқтисоди  миллӣ  мебошад, ки  имрȳз  кишварҳои  пешрафтаи  дунё  ба он  рȳ  овардаанд. Татбиқи  онро дар кишвар  Пешвои  миллат   амри зарурӣ  номиданд: «Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд».[3]
  Пешвои миллат  бори дигар қайд карданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.  Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2022 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.[4]
  Ҳамин тариқ,  аз  муҳтавои  Паём  дида  мешавад, ки Пешвои миллат фақат дар фикри беҳбудии  кишваранд. Бинобар ин, иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паёми соли 2021 ироагардида, ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он равона шудааст,  зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Аз ин рȳ, ҳар як фарди  ҷумҳурии  азизамон  бояд  дар татбиқи  ин  нақшаи  кашидаи  Пешвои  миллат,  саҳмгузор  бошад.
 
 
Адабиёти истифодашуда:
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ. 21. 12. 2021. АМИТ  Ховар.
[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ. 21. 12. 2021. АМИТ  Ховар.
[3] Дар ҳамон ҷо.
[4] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ. 21. 12. 2021. АМИТ  Ховар.
 5 .Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ. 21. 12. 2021. АМИТ  Ховар.
Хондан 1051 маротиба