JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 18 Июли 2019 05:33

Инъикоси вазъи ҳарбӣ -сиёсии Тоҷикистон дар асари «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон»-и Мулло Эркаев (солҳои 20-и асри xx)

Муаллиф:

  Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар таърихи сиёсии тоҷикон саҳифаи нав кушода шуд. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омад, ки имкониятҳои навро ба миён овард. Вобаста ба ин дар таърихнигории ватанӣ зарурати аз нав таҳлил намудани асарҳои илмие, ки ба масъалаҳои баҳсталаби он замон бахшида шуда буданд, пайдо гардид.

  Яке аз воқеаҳои муҳимми солҳои 20-уми асри гузашта, ин ҷанги гражданӣ ё худ ҳаракати босмачигарӣ мебошад, ки дар тадқиқи он олими тоҷик ва муаррихи барҷаста Мулло Эркаев саҳми назаррасе гузоштааст. Номбурда асарҳои зиёди доир ба ин давра таълифёфтаро омӯхтааст. Дар натиҷа, ба хулосае омад, ки ҷанги гражданӣ пурра тадқиқ нашудааст ва дар асарҳои мавҷуда камбудиҳо ҷой доранд. Пас иқдом гирифт, ки давраи мазкур дар як китоби илмӣ бо фарогирии тамоми воқеот инъикоси худро ёбад ва ба навиштани асари калонҳаҷми худ «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон» оғоз намуд.

  Асари мазкур дар асоси материалхои бойи архивӣ навишта шудааст ва қисми зиёди ин материалхо нахустин бор аз ҷиҳати илмӣ таҳлил карда шудаанд. Муаллиф ҳамаи он асарҳо ва мақолаҳое, ки ба давраи мазкур тааллуқ доштанд, мутолиа намуда, хулосаҳояшро дар китобаш ҷой додааст. Дар асар қариб ҳамаи маъхазҳо ва адабиёт, мақолаҳои журналу рӯзномаҳо истифода бурда шудаанд. Муаллиф аз хотираҳои иштироккунандагони ҷанги гражданӣ ва сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон васеъ истифода бурдааст. Расмҳои сершумори коллективона ва индивудуалии таърихие, ки дар ин асар гирд оварда шудаанд, мазмуни асарро боз ҳам бойтар мегардонанд.

  Зикр кардан бамаврид аст, ки «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон» асари калон буда, дар илми таърихи давраи шӯравии Тоҷикистон саҳми муҳим ва пурқимат дошта, самараи тадқиқоти бисёрсолаи илмии муаллиф буд.

  Мулло Эркаев аввалин муаррихе буд, ки ҷанги гражданиро дар Тоҷикистон ба давраҳо ҷудо намуддаст. Муаллиф дар асоси омӯхтани ҳуҷҷатҳои сершумор ҷанги гражданиро ба ду давраи илмӣ ҷудо менамояд. Муаллиф меафзояд, ки «Зарурияти кор карда баромадани проблемаи таърихи ҷанги гражданӣ дар Осиёи Миёна чуқур ва ҳаматарафа омӯхтани он аст» [3, 12].

  Мулло Эркаев давраи аз ғалабаи Инқилоби Октябр то сарнагун карда шудани дастаҳои охирини босмачиёнро чуқур омӯхта, дар асари худ ҷой додааст. Муаллиф китобчаҳо ва мақолаҳои камшумори дар солҳои 30-юм 50-уми асри XX доир ба масоили алоҳидаи таърихи ҷанги гражданӣ дар ҷумҳурӣ навишташударо зери танқид гирифтааст, зеро дар онҳо нақши Ҳизби Коммунистӣ ва оммаҳои халқ дар торумори қувваҳои зиддишӯравӣ кам ё тамоман нишон дода нашудааст. Ғайр аз он, дар китобчаю мақолаҳои мазкур чунин тадбирҳои муҳимми сиёсӣ ва хоҷагии ҳизб, монанди сиёсати коммунизми ҳарбӣ ва сиёсати нави иқтисодӣ, ки ин чорабиниҳо дар кори барҳам додани босмачиён нақши ҳалкунанда бозида буданд, инъикос наёфтаанд Дар баробари ин муаллиф қайд мекунад, ки дар ин китобчаю мақолаҳо ва маҷмӯаи хотираҳо доир ба таърихи Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон материалҳои пурқимат низ мавҷуданд. Дар боби якуми асари худ муаллиф нишон медиҳад, ки дар арафаи Инқилоби Октябр аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии оммаи меҳнаткашони Туркистон ва Аморати Бухоро беҳад вазнин буд. Сабаб дар он буд, ки халқҳои ин манотиқ ҳам аз тарафи феодалону капиталистони маҳаллӣ ва ҳам аз тарафи мустамликадорони подшоҳӣ бераҳмона истисмор карда мешуданд. Аҳволи вазнини сиёсӣ ва иҷтимоӣ ғазаби меҳнаткашонро торафт зиёд карда, ба шӯришҳои зидди истибдоди феодалӣ, капиталистӣ ва мустамликадорӣ оварда расонд. Инчунин дар боби якум масъалаи ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои сотсиал-демократӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумла, дар Тоҷикистони Шимолӣ, ки онҳо таҳти роҳбарии ҳизби болшевикон ба муборизаи инқилобии меҳнаткашони кишвар сардорӣ мекарданд, яке аз ҷойҳои марказиро ишғол мекунанд. Дар ин боб муаллиф хиёнаткорони ҳизбҳои гуногуни буржуазӣ -клерикалиро, ки дар Осиёи Миёна пайдо шуда буданд, фош месозад. Инчунин Мулло Эркаев дар боби аввал қайд менамояд, ки «ба туфайли ғалабаи Инқилоби Октиябр дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ва Помир Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Илова бар ин, дар қисми шимолии Тоҷикистон нахустин тадбирҳои Ҳокимияти Шӯравӣ монанди милликунонии корхонаҳои саноатӣ вазнин гузаронида шуданд»[3, 19]. Дар боби якуми асар ба вуҷуд омадани аввалин ташкилотҳои маҳаллии ҳизби коммунистӣ ва иттифоқи касаба нишон дода шудааст.

  Боби дуюми асари мазкур ба масъалаи пахш карда шудани муқобилияти синфҳои сарнагуншуда ва торумори қувваҳои зиддишӯравӣ дар ноҳияҳои Шимоли Тоҷикистон ва Помир бахшида шудааст, солҳои 1918-1922-ро дар бар мегирад. Муборизаи оммаи меҳнаткашон бар зидди қувваҳои сершумори зиддишӯравӣ дар давраи баъди инқилоб яке аз қисми асосии таърихи ҷанги гражданиро дар Туркистон ташкил мекунад. Дар боби мазкур муаллиф қайд мекунад, ки қувваҳои зиддишӯравии дохили мамлакат синфҳои сарнагуншуда, хусусан ҷонибдорони ҳукумати подшоҳӣ ва амирӣ, вале то ҳанӯз торумор нашуда, феодалҳо ва рӯҳониёнро ҳаматарафа дастгирӣ мекарданд. Давлатҳои бузурги империалистии он давр пеш аз ҳама ИМА ва Англия қувваҳои зиддиинқилобиро бо яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногун таъмин мекарданд, ки ҳадафҳои стратегии худро доштанд. Гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ ба дӯши мардуми Осиёи Миёна ҷанги гражданиро бор карда истода, мақсад доштанд, ки Ҳокимияти Советиро дар ин сарзамин барҳам дода, Осиёи Миёна аз ҷумла, Тоҷикистонро ба мустамликаи давлатҳои хориҷӣ мубаддал гардонанд [3, 89-90]. Яке аз чунин гумоштагони давлатҳои империалистии хориҷӣ Анварпошшо ва Салимпошшо буданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, бар зидди ҳукумати шӯравӣ муборизаро ташкил карданӣ буданд.

  Аммо чи тавре, ки муаллиф дар асари дигари худ «Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон » қайд мекунад, «Коммисия ва бюрои Туркистон, инчунин ташкилотҳои ҳизбии маҳаллӣ бо роҳбарии Комитети Марказии Ҳизби Коммунистӣ (б), аз ҷумла коммунистон ва фаъолони советӣ гурӯҳҳои ихтиёрӣ ва дастаҳои коммунистонро ташкил карданд, ки онҳо ба қисмҳои Армияи Сурх дар муборизаи зидди душманони Ҳокимияти Советӣ ҳаматарафа кӯмак мерасонданд. Ҳамин тариқ, бо ҷидду ҷаҳди якҷояи меҳнаткашони Тоҷикистони Шимолӣ ва Помир дастаҳои зиддишӯравӣ торумор карда шуданд» [4, 77].

  Нахустин бор дар асари «Таърихи ҷанги гражданӣ дарТоҷикистон» муборизаи мардум ба таври илмӣ тадқиқ шуда, бо аксҳояшон инъикос ёфтаанд. Яке аз чунин қаҳрамонҳое, ки корнамоии ӯ дар ин асар хеле муфассал баён гардидааст, Мирзохоҷа Бобохоҷаев мебошад. Вай аз дасти душманони инқилоб 120 милтиқ, 16 қуттӣ тир, гранатаҳои бисёр ва тапончаҳоро мусодира карда гирифт» [3, 83]. Инчунин дар боби дуюми асари мазкур дар бораи корнамоиҳои мардуми Шимоли Тоҷикистон ба монанди Ҷӯра Зокиров, Абдусаттор Ҳасанов ва ғайраҳо маълумот дода шудааст.

  Дар баробари ин дар Помир низ меҳнаткашон ба муқобили босмачиҳо ҷангидаанд, ки зикрашон дар асари мазкур гузаштааст. «Дар тайёрии шӯриши яроқнок ҷавонони рӯҳияи инқилобӣ дошта, дар Помир ба муқобили босмачиҳо гурӯҳҳо ташкил дода шӯриш мебардоштанд. Иштирокчии шӯриш Азизбек Наврӯзбеков дар ин бора чунин гуфтааст: «Собиқ гвардиячиёни сурх ва камбағалони Шуғнон ба кори ишғол кардани қалъа ва пеш кардани дастнишодагони амир фаъолона тайёрӣ медиданд. Инчунин қарор дода шуд, ки аз Тошкент барои кӯмак ёрӣ талаб карда шавад. Бо кӯмаки расида тавонистем, ки аз болои душман ғалаба кунем»[3, 123].

  Дар боби сеюми асар муаллиф аҳволи иқтисодӣ -иҷтимоии Бухороро дар арафаи инқилоб, инчунин масъалаҳои сарнагун кардани аморат ва дар Тоҷикистони Шимолию Ҷанубӣ барқарор карда шудани Ҳокимияти Советиро муффасал тасвир менамояд. Дар ин боб қайд карда мешавад, ки ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия ва Туркистон, инчунин барқарор карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзаминҳои аҳолиашон руси хонии Бухоро барои пурзӯр гардидани муборизаи инқилобии меҳнаткашон ба муқобили сохти амирии аморат аҳамияти муҳим доштанд. Муаллиф қувваҳои пешбарандаи инқилоби Бухороро нишон дода, онро ба таври ҳаққонӣ инқилоби буржуазӣ -демократӣ меномад.

  Аммо дар ҳамин маврид, Раҳим Масов дар асари худ «Историография Советской Таджикистана» қайд менамояд, ки «инқилоби дар Бухоро ва Хева ба вуҷуд омада, характери халқӣ -демократӣ ё инқилобӣ -демократӣ дошт»[2, 42].

  Дар арафаи инқилоб вазъияти иқтисодӣ -иҷтимоии хонии Бухоро хело вазнин буд. Саноат ва хоҷагии қишлоқ рӯ ба таназзул ниҳода буданд. Мардум ҳар чи зудтар орзу мекарданд, ки инқилоб рӯи кор ояду авом ӯро дастгирӣ намоянд. Ин ҷо гуфтаҳои Мулло Эркаевро аз рӯи дигар асарҳо муқоиса менамоем.

  Назаре меафканем ба гуфтаҳои устод Садриддин Айнӣ, ки бевосита шоҳиди воқеоти он замон буд. Далели он гуфтаҳо, ки мардум ба инқилоб омода буд ва ҳар чи зудтар орзуи инқилобро доштанд, иқтибосе меорем аз асари «Таърихи инқилоби Бухоро»-и устод Айнӣ, ки «Воқеаи Колесов» мисол шуда метавонад:«Бояд қайд намуд, ки Инқилоби Октябр дар Россия ва Туркистон як дараҷа ҳамовозӣ пайдо намуд, аммо вазъият дар Аморати Бухоро тамоман дигар буд. Соли 1918 сардори Ҳукумати Шӯравии Туркистон Фёдор Колесов ба Бухоро ҳамла оварда, инқилоб карданӣ шуд. Ҷадидон гумон мекарданд, ки деҳқонон ва сарбозоне, ки аз ҷабру зулми ҳукумати Бухоро ҷон ба лабашон расидааст, бо андак ҳаракати мо ба моён ҳамроҳ шуда, барои ба даст овардани талабҳои мо, ки айни муддао ба манфиати онҳост, ёрӣ хоҳанд дод. Ҳол он ки деҳқонон ва сарбозҳо ба ҳадде зери занҷири зулму ситам фишурда шуда буданд, ки маҷоли ҳаракат кардан надоштанд. Ба замми ин муллоҳои хоин ва эшонҳои шариатфурӯш дар байни деҳқонон хеле хуб ташвиқотбурда, онҳоро бар зидди ҷавонон барангехта, аз номи шариат ба иҷрои ҳар коре омода карда буданд. Дар муқобили чунин тайёриҳо баённомаҳое, ки доири инқилоб ҷадидон паҳн мекарданд аз ҷониби деҳқонон, меҳнаткашон таъсире дида намешуд» [1;208]. Ҳамин омил сабаб шуд, ки Колесов ба шикаст мувоҷеҳ шавад. Ҳангоми «Воқеаи Колесов», ки соли 1918 ба вуқуъ пайвастааст, Бухоро аз вазъияти инқилобӣ фарсахҳо дур буд. Халқ метавонист ба муқобили ҷавонбухороиёни маорифпарвари ислоҳотталаб хуруҷ бикунад, лекин наметавонист зидди амиру вазир ва муллоҳои манфиатҷӯй сар бардорад. Бар зидди низоми иҷтимоиву сиёсӣ ба по хестани халқ аз чашм дур буд. Шуӯри иҷтимоӣ ва эҳсоси худдифоии халқ ҳанӯз паст ва ба дараҷаи худогоҳии инқилобӣ нарасида буд [1, 151-152].

  Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Айнӣ бевосита шоҳиди он воқеаҳо буд. Ҳар нуқтаеро, ки эшон қайд кардаанд, бо чашми сар дида рӯи варақ овардаанд. Гуфтаҳои устод Айниро тақвият дода, зикр кардан лозим аст, ки аҳволи мардуми Бухоро нисбати мардуми Туркистон ниҳоят вазнин буд. Чунки Туркистон қисми таркибии Русияи подшоҳӣ ҳисоб ёфта, Бухоро бошад ҳамчун ниммустамликаи Ҳукумати подшоҳӣ ба расмият шинохта шуда буд. Дар Бухоро ҳамон системаи идории куҳнаи амирӣ ҳукмфармо буд.Аҳволи мардум ниҳоят дараҷа вазнин буда, хусусан мардуми Бухорои Шарқӣ аз ҷониби бекҳои амир ранҷу шиканҷа медиданд. Сохтори куҳнаи амирӣ манфиати деҳқонони камбағалро тамоман ба назар намегирифт.

  Бояд қайд намуд, ки то омадани Армияи Сурх деҳқонони камбағали Бухорои Шарқӣ ба муқобили амалдорони амир бойҳо, муллоҳои манфиатҷӯй сар бардошта наметавонистанд. Чун Армияи Сурхро дар болои сари худ ҳамчун соябон диданд, оҳиста-оҳиста сар боло намуданд ва бо якҷоягии Армияи Сурх тавонистанд, ки ҳукумати амириро барҳам дода, сохтори шӯравиро барқарор намоянд.

  Чуноне, ки маълум аст, инқилоби Бухоро воқеаи як рӯз, як моҳ не, балки инқилоби дуру дароз буд. Вай аз рӯзи сарнагун карда шудани амир, яъне аз моҳи сентябри соли 1920 сар шуда, то тамоман аз ҳудуди Бухорои Шарқӣ пеш карда шудани он, яъне то моҳи марти соли 1921 давом кард. Инқилоби мазкур бо барқарор кардан ва мустаҳкам гардонидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ анҷом ёфт.

  Хулосаҳои муҳимми Мулло Эркаев оид ба сабаби асосии фаъолона иштирок намудани мардуми камбағал дар торумор намудани дастаҳои босмачиён аз он иборат буд, ки шумораи зиёди аҳолӣ намехостанд, ки тартиботи куҳнаи амирӣ аз нав барқарор карда шавад [3, 240].

  Ғайр аз ин, муаллиф давраи нави хронологии ҷанги гражданиро дар Тоҷикистон муайян кардааст, ки он аз соли 1921 то охири соли 1924-ро дар бар мегирад. Ба ин масъала бобҳои чорум ва панҷуми асар бахшида шудаанд.

  Чуноне ки дар асари мазкур баён мегардад, муаллиф он муборизаеро, ки аз соли 1921 то соли 1924 идома кардааст, ҷанги гражданӣ номидааст. Ба ин истилоҳ то андозае розӣ шудан мумкин аст. Бояд қайд намуд, ки бо мурури замон мафҳумҳо, ибораҳо ва маълумотҳои давраи шӯравӣ дар замони истиқлолият аз нав таҳлил мешаванд. Масалан, доир ба мафҳуми «ҷанги гражданӣ» дар китоби «Таърихи халки тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX тосоли 1924)»-и Намоз Ҳотамов чунин шарҳ дода шудааст: «Ҳаракате, ки ба муқобили тартиботи нав- Шӯравӣ нигаронида шуда буд, чи тавр бояд номид? То ба имрӯз дар адабиёти таърихӣ онро «ҳаракати босмачигарӣ» мегуфтанд, ки аз ҳақиқат хеле дур аст ва амалан ин баҳо таҳқирест нисбати мардуми таҳҷоӣ. Дар таркиби ин ҳаракат босмачиёни ҳақиқӣ, ки маънои «ғоратгар»-ро дорад низ буданд. Барои онҳо ҳиссиёти динию урфу одатҳои миллӣ муқаддас набуда, онҳо аз вазъи мураккаби ба вуқуъ омада, ба хубӣ истифода бурда, бештар ба ғорат намудани молу мулки мардум машғул буданд. Аммо на ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар чунин мавқеъ меистоданд. Баъзе муаллифон ин ҳаракатро «ҷанги шаҳрвандӣ» меноманд. Ба ин баҳо то андозае розӣ шудан мумкин аст. Вале ҳангоми қабули баҳои «ҷанги шаҳрвандӣ» боз душвории дигаре ба миён меояд. Масалан, аз тарафи муаллифони зиёд қабул гардидааст, ки солҳои 1918-1924 дар ҳудуди кишвари Туркистон ва Аморати Бухоро «ҷанги шаҳрвандӣ» давом кардааст. Пас солҳои минбаъда чӣ? Ҳол он, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон ва Аморати Бухоро ҳаракатҳои зиддишӯравӣ тосолҳои 30-юми асри 20 давом кардааст. Бо ин ҳама сабабҳо «ҳаракати зиддишӯравӣ» номидани ин ҳаракат ҳақиқати ҳоли ҳамон давраро пурра ифода менамояд» [2, 208].

  Дар боби мазкур муаллиф сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳаракати босмачигариро ҳамчун шакли ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон муфассал тасвир мекунад. Муаллиф оид ба сабабҳои сар задани ҳаракатҳои зиддишӯравӣ чунин баён намудааст: «Дар солҳои 1921-1923 дар натиҷаи сиёсати сахти босмачиён, қисмҳои Армияи Сурх дар аҳволи хеле вазнини сиёсӣ – иқтисодӣ афтода монданд. Қисмҳои Армияи Сурх, ки пул надоштанд, аз деҳқонони Бухорои Шарқӣ озуқаворӣ ва ему хошок забонхат дода мегирифтанд. Дар шуъбаҳои маҳсулоттайёркунии комитетҳои инқилобӣ бисёр вақт бо роҳи фиребгарӣ одамони зиддишӯравӣ–амалдорони машҳури амир ва роҳбарони дастаҳои ғоратгарон сар медароварданд. Онҳо бо агентҳои озуқатайёркунии худ дар маҳалҳо дар вақти ҷамъ кардани озуқаворӣ ва ему хошок бисёр вақт сиёсати Ҳокимияти Советиро вайрон карда ва нисбат ба деҳқонон ба муносибати дағалона роҳ медоданд» [3, 266].

  Бояд қайд намуд, ки Мулло Эркаев ин масъаларо нозукона баҳогузорӣ намудааст. Чунки муаллиф худ дар замони Шӯравӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамуд, аз ҳамин хотир дар доираи идеологияи коммунистӣ фикру ақидаҳои худро баён мекард. Идеологияи мазкур имкон намедод, ки муаллиф воқеаҳоро объективона маънидод намояд.

  Истиқлолият ба муаррихон имкон дод, ки он ақидаҳои дар доираи идеологияи коммунистӣ эҷодшуда, аз ҷониби муаррихони баъдӣ таҳлил гардида, ба таври объективона баҳогузорӣ карда шаванд. Сабабҳои ҳаракати босмачигарӣ низ аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки дар асари муаррих Намоз Ҳотамов «Таърихи халқи тоҷик» чунин шарҳ дода шудаанд:

1) Эътироф накардани дин ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ. Чуноне маълум аст, яке аз аввалин корҳои амалие, ки бунёдкорони тартиботи нав дар пеши назари мардум анҷом доданд, ин нобудкардани китобҳои муқаддаси динӣ, бастан ё худ хароб кардани масҷиду мадрасаҳо, ба азобу шиканҷа кашидани диндорон ва ғайраҳо. Аз ҷумла, дар Марғелон ҳомиёни тартиботи нав дар пеши чашми мардум Қуръони Шарифро сӯзонданд, масҷиди ҷомеи Андиҷонро ба казармаи қисмҳои аскарони сурх табдил доданд ва дар ин ҷойи барои мардум муқаддас ҳаргуна амалҳои бемаъниро анҷом доданд.

2) Дар аввал маҳдуд ва баъд тамоман маън намудани фаъолияти ҳизбу ҷамъиятҳои ғайриболшевикӣ.

3) Маҳв намудани ҳаракати мухториячиён. Маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд», ки ҷонибдорони ӯ ба майдони муборизаи зидди аскарони сурх баромаданд.

4) Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллӣ кунонидани бонкҳо, ҷорӣ намудани сиёсати развёрсткаи озуқавӣ (яъне аз аҳоли кашида гирифтани ғалла ва дигар намуди хӯрокворӣ, пахта ва ғайра)

5) Амалҳои ношоистаи баъзе аз шахсоне, ки дар замони нав, дар марказ ва дар маҳалҳо ба сари қудрат омада буданд. Аз мансаб истифода бурда, ба манфиати шахсии худ, ба мол ва номуси мардум даст мезаданд.

6) Ҳангоми ташкил додани аввалин органҳои марказӣ ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми маҳаллӣ ва ташкил додани чунин ҳокимият танҳо аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо. Ин гуна сиёсатро намояндагони зиёиёни маҳаллӣ ҳамчун ҷорӣ гардидани сиёсати нави мустамликавӣ ва таҳқири миллати худ меҳисобиданд»[2;209-210].

Ин омилҳо сабаб шуданд, ки дар Туркистон аз ҷумла, дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Аморати Бухоро ҳаракатҳои зиддишӯравӣ ба вуҷуд оянд.

  Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон ба ду давра, яъне аз тобистони соли 1921 то нимаи соли 1923 ва аз нимаи соли 1923 то охири соли 1924 ҷудо карда шудааст. Муаллиф онро аз рӯи характеру инкишофи худ ба се марҳала ҷудо намудааст. Мухтасар марҳилаҳои ҷанги гражданӣ чунинанд:

  «Марҳалаи якум- давраи аз соли 1921 тосоли 1923-ро дар бар мегирад, ки дар ин вақт босмачигарӣ ҳамчун қувваи сиёсӣ васеъ ривоҷ ёфта, босмачиён бо сардории зархаридони империализми хориҷӣ Анвар ва Салим амал мекунанд.

  Марҳалаи дуюм- давраи аз нимаи дуюми соли 1923 то охири соли 1924-ро дар бар мегирад, ки дар ин вақт Анвар ва Салим аз маърака баромада, сардори босмачиён Иброҳимбек мешавад, вай бо ёрии хориҷиён дастаҳои босмачиёнро муттаҳид карда, якчанд маротиба ҳуҷум меорад, аммо дар ин вақт дар натиҷаи фишори ҳарбӣ ва тадбирҳои сиёсӣ -иқтисодӣ ва оммавӣ -ташвиқотии ҳизб ва Ҳокимияти Шӯравӣ босмачиён асосан торумор гардида, ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон ба охир мерасад.

  Марҳалаи сеюм- давраи аз соли 1925 то миёнаҳои соли 1926-ро дар бар мегирад, ки дар ин вақт дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъияти дохилӣ ва берунии Ҳокимияти Шӯравӣ гузаронида шудани тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ бо ёрии Ҳукумати Иттифоқ ва КМВ КП(б) ду маъракаи зарбдори торумор кардани боқимондаҳои босмачиёнро мегузаронанд» [3, 259-260].

  Дар боби панҷуми асар дар бораи чорабиниҳои ҳизб барои торумор кардани қувваҳои асосии босмачигарӣ ва ба итмом расидани ҷанги гражданӣ маълумот дода шудааст. Дар асари мазкур аввалин бор қайд карда шудааст, ки сиёсати коммунизми ҳарбӣ дар шароити ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон моҳирона ба кор бурда шуд. Муаллифи китоб нақши роҳбарикунандаи Комитети Марказии ҳизб ва Бюрои Осиёимиёнагии КМРКП(б) инчунин нақши Комиссияи фавқулодаи Комитети Марказии иҷроияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ дар масъалаи торумор намудани қувваҳои босмачиён муфассал баён кардааст. Дар асар ёрии бузурги моддӣ ва ҳарбии ҳизб ва ҳукумати Иттифоқ ба халқи точик дар бобати аз босмачиён тоза кардани Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз хело равшан тасвир ёфтааст.

  Боби шашуми китоби мазкур ба муборизаи халқи камбағал барои комилан барҳам додани босмачиён бахшида шудааст. Чи тавре, ки муаллиф қайд мекунад, Бюрои Осиёимиёнагии Комитети Марказии ҳизб ба масъалаи то ба охир торумор кардани босмачиён дар Тоҷикистон диққати доимӣ медоданд. Бо ин мақсад дар солҳои 1925-1926 оид ба торумор кардан ва барҳам додани боқимондаҳои босмачиён дар Тоҷикистон ду маъракаи зарбадиҳанда ташкил дода шуда буд. Дар ин маъракаҳо ғайр аз қисмҳои Армияи Сурх гурӯҳҳои ихтиёрӣ, инчунин гурӯҳҳои калтакдорони сурх ва ғайраҳо низ фаъолона ширкат мекарданд [3, 606]. Муаллиф ба равшан кардани рафти аз нав барқарор намудани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ баъди торумори босмачиён диққати калон додаст.

  Ба масъалаи шикаст додани ҳамлаҳои дастаҳои хурди босмачиён дар Тоҷикистон (солҳои 1929-1931) боби ҳафтуми асар бахшида шудааст. Ин ҳамлаҳои ночизи охирини босмачиён, ки мехостанд бо ёрии хоҷаҳои хориҷӣ тараққиёти босуръати иқтисодӣ -сиёсӣ ва мадании ин мардумро коста кунанд, шикаст хӯрданд.

  Сабаби зиёд давом кардани ҳаракати босмачигарӣ ё худ ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон аз рӯи гуфтаҳои Мулло Эркаев ин пеш аз ҳама дар алоқаи босмачиҳо бо империалистони хориҷӣ ва мудохилаи онҳо ба ин ҳаракат мебошад. Аммо дар ҳамин маврид Раҳим Масов чунин ақида дорад: «Ба сабаби зиёд давом кардани ҳаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон чандин омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ вобастагӣ доранд.Ин кишвар нисбат ба дигар ноҳияҳои мамлакат хусусиятҳои махсуси худро дорост, ки онҳо низ сабаби нисбатан тӯл кашидани ҳаракати босмачигарӣ шуданд.

  Яке аз хусусиятҳояш он буд, ки ин кишвар дар дараҷаи муносибатҳои иқтисодии патриархалӣ -феодалӣ қарор дошт. Дараҷаи инкишофи сиёсии ҷамъиятӣ низ ба дараҷаи қувваҳои истеҳсолкунандава муносибатҳои иқтисодии он вобастагӣ дошт. Дар солҳои барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ аз тарафи коркунони ҳизбию давлатӣ на ҳамеша хусусиятҳои ин кишвар ба назар гирифта мешуд, ки сабаби содир гардидани хатоҳои зиёде шуд. Душманони сохти нав аз ҷумла саркардаҳои босмачиён аз ин истифода бурда, дар як муддати муайян қисми оммаро ба тарафи худ кашида, қурбони мақсадҳои сиёсии хеш карданд [2, 26].

  Ба андешаи мо комёбии илмии муаллиф аз он иборат аст, ки дар китоби мазкур фаъолияти қаҳрамонҳои ҷанги гражданӣ васеъ нишон дода шудааст. Дигар ин ки дар китоб ягонагии халқҳои иттифоқ ба мисли русҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо ва монанди инҳо инъикос ёфтаанд ва саҳми онҳо низ дар торумори босмачиён дар асар хеле назаррас мебошад. Ниҳоят, дар асари мазкур буҳтончиёни буржуазӣ ва навкарони зархариди онҳо, ки дар Осиёи Миёна ҷанги гражданиро оғоз бахшида, тӯдаҳои босмачиёнро ҳамчун «муборизони роҳи озодии миллӣ»-и халқҳои Осиёи Миёна ва босмачигиро ҳамчун «ҷанги миллии халқҳои Туркистон ба муқобили Ҳокимияти Советӣ» нишон доданӣ буданд, муаллиф фош намудааст.Аз мазмуни китоби «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон»-и Мулло Эркаев чунин хулоса бармеояд, ки халқи тоҷик бо ёрии Армияи Сурх қувваҳои босмачиён ва истилогарони хориҷиро дар Тоҷикистон комилан торумор намуд.

Хусрав Ҳусейни

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №1 (245)

 Адабиёт

1.Айнӣ C. Таърихи инқилоби Бухоро / Садриддин Айнӣ. – Душанбе; Адиб, 1987. – 240 c.

2.Масов Р. Историография Советского Таджикистана (1917-1975) // Раҳим Масов.-Душанбе; Дониш, 1978. – 200 с.

3.Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри 19 то соли 1924) /Намоз Ҳотамов.- Душанбе; Адиб, 2007.- 368 с.

4.Эркаев М. История гражданской война в Таджикистане / Мулло Эркаев.-Душанбе; Ирфон, 1963, – 700 с.

5.Эркаев М. Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон / Мулло Эркаев.- Душанбе; Ирфон, 1966.- 470 с.

Хондан 2407 маротиба