JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

     10 декабр зодрӯзи шоири файласуф ва мутафаккиру рӯшангари миллӣ устод Зиё Абдулло мебошад. Ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми садаи бист устод Зиё Абдулло тавасути матолиби ҷолиби манзуму мансур ба фазои адабию мадании ватанӣ ворид гардида, миёни аҳли илму адабу фарҳанги бумӣ ва ҷомеаи тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Устод Зиё Абдулло аз ибтидои фаъолияти адабию маданӣ ба муҳтавои мафҳуми зиёигарӣ ва рӯшангарӣ, ки ба исм ва номи ӯ пайвандӣ доранд, пай бурд ва умри азизи хешро сарфи хидмати маънавӣ ба мардум ва ҷомеаи тоҷик кард.  Замоне ки ба ном зиёиёни миллию ватанӣ сари манофеи шахсию гурӯҳӣ тамаркуз мекарданд (нимаи дуюми солҳои ҳаштоду ибтидои навадуми садаи бист, ҳамчунин замони ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаи баъдиҷангӣ дар назар аст), устод Зиё Абдулло минҳайси мутафаккир ва рӯшангари тоҷик сари масоили умдаи ҳувиятию миллӣ меандешид, сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқиро муруру метолеа мекард, ба умқи хотираи таърихӣ фурӯ мерафт, дар дарёи фалсафаи миллию ҷаҳонӣ ғаввосӣ меварзид, он чиро ки меомӯхту дармеёфт, дар мизони ақлу мантиқи зинда месанҷид, мероси фарҳангу маънавиёти тоҷикиро аз ғалбери интиқодӣ мегузаронд, дар заминаи бурду бохти тамаддуни бумӣ тамрини фикрию эҷодӣ анҷом медод ва билохира ҳосили мутолеоту бардошту мушоҳидоташро дар қолиби манзуму мансур рӯйи сафаҳоти матбуоти даврии вақт мерехт. Аз ҳама муҳим, устод ҳанӯз аз бомдоди фаъолияти адабӣ мутолиботи ҷиддии миллиро, ки реша дар устураву бовардоштҳои бостонии аҷдодӣ доранд, матраҳ менамуд ва халқу миллатро ба сӯйи хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ ҳидоят мекард. Ин буд, ки аҳли илму адаби замон, бемуҳобо, ӯро мутафаккир ва шоири файласуфи миллӣ меномиданд.

  Гурӯҳи “Илми муосир” ба хотири 7 солагии таъсисаш (12. 12. 2014), бо дастгирии як тоҷири саховатманди илмдӯст, ки мехоҳад барои рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар Тоҷикистон саҳм дошта бошад тасмим гирифт, ки озмуни “Маводи беҳтарини илмӣ-оммавӣ”-ро эълон кунад.

    15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад  Сафарзода  (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ  пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ ҳанӯз солҳо қабл дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгарони маъруфи миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмӯаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута  саҳми муносиб гузоштааст (дар ин замина ниг.: Забони тољикї дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи аҷдодӣ арзёбӣ мекунад.

  Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” имсол -- таърихи 11 ноябрро  ба унвони  “Рӯзи навоварӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.