(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи дӯсти донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ Абдухолиқ Зуҳурӣ )
Имрӯз – 21 феврали соли 2022 дӯсти донишманду рӯшанфикри мо Абдухолиқ Зуҳурӣ зодрӯз доранд. Бо Абдухолиқ аз моҳи сентябри соли 2009 ифтихори ошноӣ пайдо кардем ва аз соли 2014 ба ин тараф мавсуф узвияти маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро дорад. Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ бо афкори озодандешони миллӣ ошно шуда, аз тариқи осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷасорати фикрӣ пайдо намуда, минбаъд тавассути дӯстону ҳампешагон ба муруру мутолеаи адабиёти илмӣ-фалсафӣ машғул мешавад ва миёни доираҳои фаъоли донишҷӯйӣ ҷойгоҳу мақоми шоиста касб мекунад. Замони фаъолият дар кафедраи забони тоҷикӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти сарпарастии доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ сари мавзӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ойини ҷавонмардӣ пажӯҳиши илмиро оғоз мекунад ва то имрӯз дар ин масир устуворона гом бармедорад.
(Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)
Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ба синни 70 қадам мениҳанд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарњангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ ќарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.
( ёдномае дар робита бо даргузашти муҳаққиқ ва файласуфи муосири тоҷик, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов)
Шаби 6-уми феврали соли 2022 қалби муҳаққиқ, файласуф ва омӯзгори варзидаи тоҷик, устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов аз тапидан бозмонд ва нисфирӯзии 7-уми феврал устод ба хок супорида шуд. Устод Муҳаммад Давлатовичро ҷомеаи илмӣ ва фалсафии тоҷик, махсусан муҳити донишгоҳӣ (манзур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз дер боз мешинохтанду мешиносанд. Мо, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистонем ва бо тақозои омӯзишу таҳсилот ва пажӯҳишу таҳқиқот бо доираҳои илмию фалсафии миллию ватанӣ ошноӣ доштем, табиист, бо устод Муҳаммад Давлатович ҳам ифтихори шиносоӣ пайдо кардем. Албатта, ошноӣ ва шиносоии мо бо устоди фақид Муҳаммад Давлатович бевосита набудааст ва таърихчаи худро дорад. Бинобар ин, зарур донистем, ки дар ҳошияи даргузашти устод сафаҳоти хотироти хешро варақгардон намоем ва аз ин тариқ ёдномае иҷмолӣ дар ҳошияи даргузашти равоншод Муҳаммад Давлатович иншо бикунем.
Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон!
Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои хирадмеҳварӣ, манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.