Ҳамеша талоши ҷустуҷӯи дониш ва эҷод кардан вижагии асосии Ёрмуҳамад Ниёзӣ ҳаст. Мо аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” рушди шахсият ва донишу малакаи ӯро дар тӯли қариб се даҳсола мушоҳида кардем. Тайи ин солҳо ӯ аз донишҷӯ ва шогирд будан ба донишмандӣ ва устодиву роҳнамоӣ расид. Ҳамзамон шавқу рағбати илмомӯзӣ ва эҷод кардан дар тору пуди вай ниҳон аст, ки ин сифати олими воқеӣ аст.
(Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари миллӣ, Устод Зафари Мирзоён)
Исми муҳаққиқ, адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари муосири тоҷик устод Зафари Мирзоён солҳост, ки ба доираи васеи донишмандону фаъолони маданӣ ва қишри зиёиёни миллӣ ошност. Устод Мирзоён бидуни интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавом ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро дар байни табақоти гуногуни иҷтимоию мадании ҷумҳурӣ соҳибном кардааст. Махсусан, аз тариқи арзёбии мушаххасоти аҷдодӣ, шинохти таърихи ватанӣ, муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори бумӣ, баррасии арзишу мероси гаронмояи миллӣ, раванди миллатсозию ҳувиятпарастӣ ва таблиғи густардаи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безавол устод Мирзоён дар садри ҷадвали худогоҳию хештаншиносии миллӣ қарор дорад.
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, инсоншинос ва зиёии миллӣ, Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
Имрӯз (5 май) файласуфи озода ва инсоншиноси мумтози миллӣ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ зодрӯз доранд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи фалсафӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва инсоншиносӣ карда, то имрӯз дар масири таҳқиқи инсоншиносӣ(антропология)-и муосир ва ниҳоятан, ҷаҳоншиносии фалсафию илмӣ гомҳои устувор бармедоранд. Ҳанӯз аз овони мактабӣ дар муҳити музофотӣ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз тариқи мутолеаи осори адабию фалсафӣ, мушоҳидаи ҳаводис ва андӯхтани таҷрибаи рӯзгор пурсишгарӣ ва озодандеширо ба сифати мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ меъёри фаъолият ќарор дода, дар ин самти мушкилписанд то имрўз заҳмат мекашад.