JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Сентябри 2022 15:02

Ориф Амирзода: «Маҳз бар асари гармшавии иқлим беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд»

Муаллиф:

  Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Ориф АМИРЗОДА ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ориф Амирзода иброз дошт, ки «омӯзиши раванди пайдошавии пиряхҳо ва вобастагии динамикии таҳаввулу таназзули онҳо аз тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муосири илм маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади муайян намудани таърихи пайдошавии пиряхҳои минтақаи Помири Шарқӣ олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Институти географияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов моҳҳои июн-июли соли 2022 экспедитсияи муштарак анҷом доданд. Ҷиҳати муқаррар намудани хусусияти иқлим ва тағйирёбии ландшафт дар давраҳои гуногун намунаҳо барои омӯзиши минбаъда дар таҷҳизоти нодири «таҳқиқи дақиқ» гирифта шуда, натиҷаҳои таҳқиқи намунаҳо пешниҳод мегарданд.

Ҳамин тавр, дар шароити кунунӣ Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори масоили ҳифзи муҳити зист барои боз ҳам мустаҳкам намудан ва тавсеаи ҳамаҷониба ва густариши муносибатҳо бо мамлакатҳо ва созмонҳо дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд».

Вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаи муҳит ва дигар сарватҳои табиӣ, инчунин хавфу хатари оқибатҳои даҳшатбори он ҷиҳати ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла пешвоёни сиёсии манотиқи олам аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳҳои гуногуни созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ маърӯзаҳои дорои аҳамияти глобалӣ ва барои ҳифзи аҳли башар нигаронидашуда пешниҳод гардида, якдилона ҷонибдорӣ ёфтаанд. Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Ҳамзамон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, гуфта шуд, ки «…пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километ ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад…».

  Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки аз нимаи дуюми садаи XX инҷониб мушкилоти глобалии экологӣ, ба монанди тағйирёбии иқлими Замин, олудашавии ҳавои атмосфера, вайроншавии қабати озонӣ, ифлосшавии оби Уқёнуси ҷаҳонӣ, камшавии захираҳои оби нӯшокӣ, вайроншавии сохтору таркиби сатҳи хок, коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ, ҷойивазкунии экосистема ва таназзулёбии ландшафтҳо рӯз аз рӯз мураккабу печида мегарданд. Масоили мазкур ба ҳам алоқамандии мустақим доранд, аз ин рӯ, таҳаввул ё таназзули онҳо ба динамика ва дурнамои ҳамдигар бе таъсир намемонад. Аз ин қатор, омили асосии тағйироти муосири глобалӣ тағйирёбии иқлим мебошад, ки тайи чаҳор даҳсолаи охир боз ҳам густариш ёфта, оқибатҳои онро тамоми аҳолии ҷаҳон эҳсос карда истодааст.

 Пажӯҳишгарону коршиносон баҳри нишон додани равандҳои тағйирёбии иқлим дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 56 шабакаи обуҳавосанҷӣ, ки дар баландиҳои аз 318 то 4169 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд, маълумоти 30 шабакаро дар муқоиса бо меъёри сисолаи муайянкардаи СҶО (солҳои 1961-1990) ва инчунин вобаста ба мавсими сол таҳлил намуда, ба хулосаи зерин омаданд: аз соли 1940 то соли 2005 ҳарорат дар шаҳрҳо 1,2-1,9°С, дар ҳамвориҳо 0,7-1,2°С ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ 0,1-0,7°С баланд шудааст. Дар баробари ин ошкор шудааст, ки тайи ин солҳо дар баъзе навоҳии баландкӯҳи мамлакат баръакс, пастшавии ҳарорат то андозаи 0,1-0,3°С ба назар мерасад. Ҳамзамон дар заминаи сенарияҳои тағйирёбии иқлим муайян намуданд, ки ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон давоми 50 соли охир аз 0,5 то 2,2°С баланд шудааст. Андешае низ ҷой дорад, ки дар ҷумҳурӣ то соли 2030 ҳарорат 1,5°С ва то соли 2050 – 1,8-2,9°С баланд мешавад».

  Аз таҳлилҳои гидрометереологие, ки давоми солҳои 1970-2015 гузаронида шудаанд, бармеояд, ки ин тамоюл на танҳо боиси камшавии масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо гардидааст, балки ба афзудани офатҳои табиии марбут ба шароити гидрометеорологӣ оварда расонида истодааст.

  Ба гуфтаи Ориф Амирзода, гармшавии иқлим аз ибтидои асри XX тосолҳои 40-ум идома карда, баъдан то солҳои 70-ум каме сардшавӣ мушоҳида гардида, ниҳоят аз нимаи солҳои 70-ум инҷониб гармшавии шадидтар мушоҳида карда мешавад. Вале мавҷуд набудани ақидаи ягона дар бораи сабабҳои гармшавии глобалии иқлим нишон медиҳад, ки мушкилоти мазкур то ҳанӯз масъалаи баҳснок боқӣ мондааст. Ба фарқ аз фарзияи аз ҳисоби афзоиши консентратсияи CO2 падид омадани гармшавии иқлим, гурӯҳе аз олимон равандҳои тағйирёбии иқлимро ба тағйир ёфтани тамоюли тири меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадори он алоқаманд медонанд.

  Таҳлили маводи сарчашмаҳои маъмул нишон медиҳад, ки то ҳол равандҳои тағйирёбии иқлим дар қиёс ба фарзияҳои гуногун аз диди илмӣ хулосабардорӣ карда нашудаанд. Ба ибораи дигар, муаммоҳои тағйирёбии иқлим то ҳанӯз аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ ба таври возеҳ шарҳу тавзеҳ наёфтаанд. Тавъам ба фарзияҳои болозикр, назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки равандҳои тағйирёбии иқлимро ба тамоюлҳои тектоникии қишри Замин алоқаманд меҳисобад. Литосфераи Замин тахтасанги бузургҳаҷме буда, аз ҳама тарафаш ба тарқишҳои сейсмикӣ ва тектоникӣ иҳота шудааст ва зиёда аз 90%-и сатҳи онро 13 лавҳаи калони литосферӣ пӯшонидаанд, ки онҳо низ дар навбати худ ҳаракат менамояд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон бар ин назаранд, ки васеъшавии лавҳаҳои тектоникии материкҳо боиси партови миқдори зиёди CO2 ба атмосфера тақрибан 56 млн сол қабл аз гармшавии шадиди глобалӣ гардидааст. Ба андешаи олимон, гармшавии аномалӣ натиҷаи ҳаракати тахтасангҳои литосферӣ буда, ҷудо шудани Гренландия ва Аврупо ва ташаккул ёфтани Атлантикаи Шимолӣ боиси таркиши азими вулқонҳо гардидааст. Бинобар ин, миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ ба атмосфера хориҷ шуда, ба гармшавии иқлим оварда расонидааст.

  Ориф Амирзода гуфт, ки «назарияҳои баёнгардида ва далелҳои пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки алҳол доир ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар байни олимон ҳамақидагии нуқтаи назар вуҷуд надорад. Бинобар ин, ҳалли ин масъала дар чунин ҳолат зарурати гузаронидани пажӯҳишҳои мушаххаси назариявӣ ва амалиро аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ тақозо менамояд.

  Дар ин маврид зикр намудан зарур аст, ки ҳарчанд ин тамоюл дар табиат хусусияти даврӣ дорад, вале пажӯҳишгарону коршиносон онро аз рӯйи нишондиҳандаҳои мухталиф ва дидгоҳҳои гуногун вобаста ба замон таҳлилу тадқиқ менамоянд. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарони моро зарур аст, ки дар чунин ҳолат вобаста ба мавқеи географӣ, хусусияти орографӣ, шароити метеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммоҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи ҷузъӣ, вале ба таври мушаххас мавриди арзёбӣ қарор дода, омилҳои ангезиш ва самтҳои пешгирӣ намудани онро дар робита бо арзишҳои илмӣ баён намоянд».

  «Тоҷикистон дар тӯли давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист вобаста ба масъалаи марбут ба обу иқлим ва экология, ки яке аз мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ба ҳисоб мераванд, мавқеъ ва нуфузи худро ҳамчун мамлакати ташаббускори ғояҳои башардӯстона устуворона нигоҳ дорад ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ҳайси «кишвари пешсаф» саҳми муносиб гузорад», — афзуд Ориф Амирзода.

https://khovar.tj/2022/09/orif-amirzoda-ma-z-bar-asari-1garmshavii-i-lim-besh-az-1000-piryahi-to-ikiston-komilan-ob-shudaand/ 

Хондан 830 маротиба