JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Сентябри 2022 09:53

Адабиётшиноси миллӣ дар масири худсозӣ (Номаи шодбошӣ)

Муаллиф:

 Устод Шодимуҳаммад Сӯфизода,

   Шумо ба унвони шахсияти матраҳи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ солҳост миёни доираҳои илмӣ, ҳавзаҳои фикрӣ ва муҳитҳои мадании  ҷумҳурӣ маъруфият доред. Шахсияти илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи бардоштҳои илмию адабӣ ва мутолеоти густардаи адабиёти гуногунмуҳтавои русию урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Таҳсилу омӯзиш дар марказҳои бонуфузи  шарқшиносии шӯравӣ, мутолеоти  бардавоми осори адабию илмӣ, андӯхтани таҷриботи ҳавзаҳои илмӣ-фаннии ғарбӣ, сафарҳои зиёди хидматию таҳқиқӣ ба мамолики хориҷӣ, ковишу ҷустуҷӯҳои ҷиддии ихтисосӣ дар заминаи мероси сӯфия ва умуман, адабиёту фарҳанги минтақавию ҷаҳонӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони илмию донишгоҳӣ минҳайси донишманди саршинос ва адабиётшиноси варзидаи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

   Афзун бар ин, Шумо аз ҷумлаи донишмандони миллие маҳсуб меёбед, ки аз тариқи матбуоти даврӣ, барномаҳои вежаи телерадиоӣ, расонаҳои хабарӣ, пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ, медиаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ сари масъалаҳои муҳимтарини адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ тамаркуз карда, суҳбату гузоришу мутолиботи ҷолиби ихтисосӣ пахшу нашр менамоед. Ин аст, ки ҷомеаи илмӣ ва мадании тоҷик аз вуҷуд ва ҳузури фаъоли Шумо дар ҳавзаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.

   Воқеан, Шумо ифтихори мо ёру дӯстон ва ифтихори миллату меҳан ҳастед. Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиатон комёбиҳо таманно мекунем.

    Мелод фархунда ва хуҷаста, устоди гиромӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 29 сентябри соли 2022

 

 

Хондан 875 маротиба