Чуноне ки дар ҷусторҳои пешин қайд карда шуд, ҷаҳон саршор аз мубориза, муқовимат, рақобат ва хатарҳост. Кишварҳо барои дастрасии бештар ба манбаъҳои маҳдуди кураи Замин бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Ин рақобат ба ҷомеаҳое саодат меорад ва ҷомеаҳоеро варшикаста месозад. Ақидаи ҷаҳони якҳукуматӣ ва якфарҳангӣ як назари утопиявӣ буда, ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст ва нахоҳад шуд. Бо вуҷуди он ки кишварҳои ҷаҳон дар 70 соли охир бо ҳамдигар ҳамкориҳо ва ҳамдигарфаҳмиҳои бештар доранд, вале қонуни ҳаётро касе иваз накардааст. Ҳамоно инсонҳо дар пайи дастрасии бештар ба захираҳои табиӣ, дастёбӣ ба қудрат, ҳайсият ва шӯҳрат бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Ин муборизаҳо дар пай хатароти муайянеро дар пай доранд.
Мо дар навиштаҳои пешин бобати он ҷанбаҳои иҷтимоию равонишинохтии хурофа, омилҳо, сабабҳо ва мондагории ин падида баъзе аз таҳлилҳоро ироа дошта будем. Тавре зикр гардида буд, хурофаю хурофазадагӣ аз нодониву тарс дар баробари ҳаводиси табиию иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва бештаре аз афкори хурофӣ ба даврони бомдоди рӯзгори башар мансубанд, ки онҳо дар баробари ҳаводис бофтаҳо ва хаёлоти хешро ироа намуда, вазъиятҳои инсонӣ ва ҳолатҳои равонии онро бар сари ҳодиса ва воқеиёт таҳмил намудаанд. Аз ин бармеояд, ки як даврони дарозе аз таърихи инсоният пур аз бинишҳо ва боварҳои хурофотӣ будааст. Ҷомеаҳои куҳан ва суннатии башар пур аз афкори хурофотие будааст, ки мисли як айсберги бузург монеи роҳи рушди миллатҳо ва давлатҳо будаанд. Ҳеҷ як тамаддун ё фарҳанге нест, ки дар он ҷанбаҳои хурофотӣ ҷой надошта бошанд. Башарият зина ба зина ба шинохти воқеъиву қонунманди падидаю ашё расидааст.
Инсоният аз қадимулайём дар орзуи як давлат ва ҷомеаи ормонӣ будааст, ки дар он озодона, бидуни зулму истисмор ва орӣ аз такаллуфу таоруф зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин орзу ва омоли инсонӣ дар бовару асотир, эътиқоду бовардошт, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфт. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.
Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрўз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд.