Нажоди форс (тоҷик) бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд. Ба ин маъно, ки дар таълимоти нахустпайӣамбари олам – Зардушт писари Гистасп аз қавми Ориёӣ омадааст: «ҳар фарде дар ободии ҷаҳон ва шодмонии ҷаҳониён кӯшида, ё худро ба василаи пиндору кирдор ва гуфтори нек қобили болоравӣ ба олами рӯҳонӣ ва расидан ба авҷи камол ва саодати ҷовидонӣ намояд». Аз суханони пурмуҳтавои ин мутафаккири аҷдодии мо бар меояд, ки ҳар як инсон бояд баҳри ободу зебо гардонидани гетӣ ва хурсанду шодмон намудани мардуми рӯи олам кӯшиш ба харҷ диҳад. Ва ба ин васила ӯ метавонад, ки номи худро дар таърихи башарият ҳамчун инсони накӯкор абадӣ гардонад. Илова бар, ин қайд намудан зарур аст, ки миллати мо миёни дигар миллатҳои олам ҳамчун миллати фарҳангӣ ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Ва тамоми халқу миллатҳои баъдӣ, ки андактар ба дину мазҳаби миллии хеш соҳиб гардиданд, сохтори ин дину мазҳабҳояшонро дар пайравии дини зардуштӣ ва фарҳанги ҷамшедӣ ба роҳ монданд ва бо ин то имрӯз ифтихор ҳам доранд. Пас, чаро имрӯзиёни миллати тоҷик – нигаҳдорандагони фарҳанги ориёӣ, аз чунин суннатҳои волои ниёгони худ, ки то ҳол ягон халқу миллат мислашро соҳиб нагаштааст, ифтихор нанамоем ва онро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор надиҳем. Фарҳанги аҷдодии мо фарҳанги инсонмеҳварӣ буда, ҳамеша таҷассумкунандаи волотарин ӣояҳои инсонпарварӣ мебошад. Дар ҳама давру замон фарзонагони ин миллат дар пешрафти илму фалсафа, адабиёту таърих, меъморию ҳунарманидӣ ва сиёсату давлатдорӣ хидматҳои ҷаҳонӣ кардаанд, ки нодида гирифтани хизматҳои эшон амали ноҷавонмардист.
Ба пешвози 70-ум солгарди
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сарфароз намудани Академияи илмҳо бо мақоми миллӣ, ки 18 марти соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар аз минбари баланд дар суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, барои аҳли илм тӯҳфаи бебаҳост ва иқдоми нави навбатии Сарвари оқилу доно ва пешбару заковатманди мо мебошад.
Мусалламан, ҷашни Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ, мисли Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада ба гурӯҳи ҷашнҳои дунявӣ дохил мешаванд, ҳарчанд ки тайи таърихи тӯлонӣ ба онҳо рангубор ва тобишҳои динӣ додаанд, худвежагии дунявиро аз даст надода, то имрӯз бо мушаххасоти секулории худ боқӣ мондаанд. Ин аст, ки дунявият асл ва асоси силсилаи ҷашнҳои миллии моро ташкил медиҳад.
Суманакро мардум аз замонҳои хело қадим ҳамчун таоми идона ҳангоми фарорасии Наврӯз тайёр мекарданд. Албата бори аввал ин таомиро кӣ ва дар куҷо тайёр кардааст ба мо маълум нест. Дар мамлакатҳои шарқи қадим медонистанд, ки ҳангоми ғалладонаи сабзидаро якҷоя бо орду об ҷушонидан, таоми ширин тайёр мешавад. Эҳтимол меравад, ки усули омода сохтани он дар тӯли солҳои дароз сайқал ёфта то замони мо бо номи сумалак омада расидааст. Лекин гузаштагони мо ба моҳияти илмии он ва протсесҳои биохимиявии сумалакпазӣ шинос набуданд. Сабаби набудани усули ягонаи пухтани ин таоми идона, ба гуногунтаъм шудани он оварда мерасонад. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки омода ва тайёр намудани суманакро аз нигоҳи илмӣ шарҳ диҳем, ки усули ягонаи ҳатмӣ ё худ меъёре пайдо шавад, ки ширин ва болаззат шудани ин таомӣ идонаро таъмин карда тавонад.