Анқариб ҳамаи навиштаҳо дар мавриди Ворух ва ҳодисаҳои сарҳадиро мехондам ва бо гузоштани лайкҳо муносибаи худро нишон медодам ва бо ҳамин мехостам худро маҳдуд созам, аммо ба тариқи нохудогоҳ ин масъала бештар таваҷҷуҳи маро ҷалб мекард ва зарур донистам, ки бевосита назари худро матраҳ намоям. Мо набояд онро як ҳодисаи сарҳадӣ донем, ки бо як шартнома масъалаи он ҳал мегардад, балки он масъалаест, аллакай бо ду раванди тақдирсоз: аз як тараф бо фарҳанги бодиянишинӣ, ки моҳияташро густариш додани худ ва маҳдуд нагардидан дар як макон ташкил медиҳад ва аз дигар тараф бо сиёсатҳои махуфи абарқудратҳо гиреҳ хӯрдааст. Ин навишта асосан бетарафона буда, моро на ба барангезиши лаҳзаинаи эҳсосҳо, балки ба тааммул дар мавриди сарнавишти як миллат ва як фарҳанг водор месозад. Мехоҳам ҳар тоҷики огоҳ онро бихонад ва агар афкоре барояш писанд омад, минбаъд густариш диҳад.
Безосновательное заявление Председателя ГКНБ Республики Кыргызстан Камчыбека Ташиева по поводу Воруха не только взбудоражило таджикское общество, но и привело к вооруженному конфликту, в результате которых с обеих сторон имеются жертвы.
История свидетельствует, что Исфара и Ворух, как ее составная часть, испокон веков были заселены таджиками, чему имеются сотни исторических неопровержимых доказательств.
Агар бигӯем, ки фақат омилҳои объективӣ сабабгори аслии зуҳури мушкилоти замони гузашта ва имрӯзи миллии мост, ин дидгоҳи дуруст ва воқеъбинона нахоҳад буд. Чунин андеша дар бораи мушкилоти миллии гузашта ва шинохти ишколоти вазъи кунунии ҷомеаи мо на фақат воқеъбинона нест, балки ҳатто дар роҳи рушди мо ба сӯи оянда аз лиҳози зеҳнӣ монеа эҷод мекунад ва шонаҳои моро аз пазириши бори масъулият дар назди тамоми нокомиҳои гузаштаву ҳозираи ҷомеаи хеш то андозае сабукбор месозад. Ин гуна шинохт ва ҷаҳонбинӣ роҳро ба таври фарох ба сӯи фарофиканиву тақдиргароӣ (фатализм) ва дар зимн, бемасъулиятӣ боз хоҳад гузошт.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои самараноки ташкили ҳамкории қавии олимон ва мутахассисони соҳаи илми мушаххас дар ҳудуди кишварҳо фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла – ҷомеаҳои физикӣ.