JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

     Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту – 2021 рӯзҳои 21-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ театрҳои касбӣ бо намоишномаҳои озмунӣ иштирок карданд ва тайи як ҳафта ҳунармандон ва персонали театрию намоишӣ бо ҳам дар гуфтугӯ ва муколимаи эҷодию ҳирфаӣ буданд. Илова бар ин, ҳунармандон дар ду сол як маротиба дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии Парасту дидор тоза ва табодули таҷриба мекунанд, аз зиндагии эҷодии ҳамдигар огоҳӣ пайдо менамоянд, баҳсу мунозираҳои ҳирфаӣ анҷом медиҳанд ва бад-ин минвол дар рушди ҳунару фарҳанги театрӣ саҳм мегиранд. Гузашта аз ин, солҳост, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту толори театрҳои шаҳри Душанбе пур аз тамошобин мегарданд. Ҳарчанд ки намоишномаҳои озмунӣ, маъмулан аз лиҳози ҳирфаӣ, мазмунӣ, мундариҷавӣ, ғоявӣ ва миллӣ ба талаботи рӯз кам ҷавобгӯянд, вуҷуду ҳузури театрҳои касбию мардумӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ раванди худогоҳию хештаншиносӣ ва фарҳанггустарию ҳунарвариро таҳкиму тақвият мебахшад ва моро ба оянда хушбин месозад. Новобаста аз мушкилоти зиёди ҳунарӣ ва ҳирфаӣ ҳунармандони театрҳои касбию мардумии марказӣ ва минтақавӣ қаҳрамонони имрӯзаи мо ба шумор мераванд. Онҳо, ғолибан зиндагии шоистае надоранд, аммо бо бурдборӣ, таҳаммули шахсӣ ва ҷасорати эҷодӣ фаъолиятро идома медиҳанд ва аз касе чизе тамаъ намекунанд. Бавежа, ҳунармандони театрҳои мардумии музофотӣ, ки имконоти маҳдуди омӯзишӣ ва касбию ҳирфаӣ доранд, бечоранолӣ намекунанд ва бо қудрату неруи ҳунарӣ намоишномаҳо таҳия карда, манзури тамошобинон мегардонанд аз ин тариқ дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми муносиб мегузоранд. Ин аст, ки дастгирии маънавию молиявии ҳунармандони театрҳои касбию мардумии ҷумҳурӣ боиси боло рафтани завқи бадеӣ-эстетикии ҷомеа ва махсусан, диди зебоиписандии насли наврасу ҷавон мегардад. Ин аст, ки ҳамкории доимии мақомоти марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои фарҳангию ҳунарии ҷумҳурӣ бо театрҳои касбию мардумии марказу минтақаҳои кишвар роҳро барои рафъи буҳронҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва мафкуравӣ ҳамвор месозад.

        Ростӣ, дар мавриди шахсиятҳои  матраҳи иҷтимоию сиёсӣ, илмию адабӣ ва ҳунарию маданӣ, ки бар иловаи бузургӣ аз самимияту отифат, хоксорию назокат ва илтифоту одамияти баланде бархӯрдоранд, чизе арзандаю шоиста навиштан ва гуфтан кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, шинохти дурусти чеҳраҳои миллию фаромиллӣ ва дар айни замон муаррифии шоистаю боистаи афроди содиқ ба халқу миллат ва касбу ҳирфа, ки дар ҷомеа зиёд ҳам нестанд, вазифаю рисолати фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ аст. Иттифоқан, дар шароити имрӯзӣ, ки буҳронҳои ҳувиятию фикрӣ ва маданию ҳунарӣ бо суръати тамом дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида, дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ як навъ ниҳодина мешаванд, аз тариқи матбуотию расонаӣ ва фазои маҷозӣ муаррифӣ ва таблиғи симоҳои маъруфу матраҳи фарҳангию ҳунарӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани муҳити бозу солими ақидатию фикрӣ ва фарҳангию ҳунарӣ талаботи замон аст. Муҳимтар аз ҳама, дар баробари буҳронҳои амиқи ҳувиятӣ, ки пеш аз ҳама, дар шаклгирии зеҳнии насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд, манзур намудани гузина-алтернативаҳои маданию ҳунарӣ амри зарурӣ мебошад.

  Дар шароити кунунӣ бо назардошти суръати рӯзафзуни рушди ҷомеаи башарӣ  ва  мураккаб шудани муносибатҳои байналмилалӣ талоши давлатҳои абарқудрат барои дастёбӣ ба манотиқи аз лиҳози геосиёсӣ муҳими ҷаҳон, ки кишвари мо низ дар яке аз ин гуна минтақаҳо ҷойгир аст, беш аз пеш меафзояд.  Ин давлатҳо ба хотири таъмини заминаҳои устувори рушди ояндаи хеш вазъи байналмилалиро  амиқ  омӯхта  дар робита ба он сиёсати дохилӣ ва хориҷиашонро ҳамчун нақшаҳои оянданигаронаи илман асоснок матраҳ мекунанд. Дар воқеъ муҳимтарин омили пешрафт ва рушди устувори давлатҳои мутараққӣ аслан ба он марбут аст, ки дар ҷомеаҳои мазкур ба таври воқеӣ пайванди илм ва амалия ба вуҷуд оварда шуда, ин иртибот бо суръат тавсеа ва таҳким дода мешавад. Пайванд додани илм ва амалияро набояд фақат дар сатҳи илм ва истеҳсолот тасаввур кард.  Илм аслан чор рисолат ва вазифаи муҳим дорад:

“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост: ба воситаи система ҷамъ овардани тамоми падидаҳои маърифатии ҷаҳони мо”.

Алберт Эйнштейн

  Илм дар ҷамъияти муосир дар бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад. Сатҳи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии инкишофи ҷамъият ба ҳисоб рафта, инчунин ин нишондиҳандаи инкишофи давлати муосирро низ таҷассум менамояд. Он муҳите, ки инсонро иҳота менамояд – ин ҳама дастовардҳои илм мебошад.

Китобҳо