МАҚОЛАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА «Zani dirūza va zani imrūza», КИ СОЛИ 1938 ЧОП ШУДААСТ
Дар асл гирдоварӣ ва нашри матнҳои фолклори тоҷикон дар охири солҳои бистум ва сиюми садаи ХХ оғоз шуд. Дар он замон фолклоршиносони касбӣ вуҷуд надоштанд ва рисолаҳои илмӣ низ роҷеъ ба матнҳои фолклорӣ таълиф нашуда буданд. Фақат дӯстдорони фарҳанги мардумӣ, ба монанди устод М.Турсунзода, оид ба баъзе масъалаҳои доғе, ки дар матнҳои фолклорӣ низ инъикос ёфтааст, дар мақолаҳои ҷудогона назари худро баён менамуданд. Мақолаи М.Турсунзода «Зани дирӯза ва зани имрӯза» («Zani dirūza va zani imrūza»), ки соли 1938 дар шумораи №3, дар маҷаллаи «Шарқи сурх» чоп шудааст, аз ҷумлаи онҳост.
Имсол 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.
Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.
Лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи АБНА – EVT1705868 RER7011 TC, барои омӯзиши экологияи муҳити зист, ва сифати ҳаво бо назардошти таҳқиқоти аэрозоли андозаашон то 2.5 мкм (РM2.5) дар ҳамкорӣ бо – Маркази байналмилалии Австрия (Вена) ва 16 кишвари Созмони Аврупо аз соли 2013 инҷониб: Маркази миллии тадқиқотҳои илмии “Демокритос” Юнон; Институти физикаи ядроии амалии Донишгоҳи Тирана (Албания); Донишкадаи ҷумҳуриявии гидрометеорологии Босния ва Ҳерсеговина; Институти миллии метеорология ва гидрологияи Академияи илмҳои Булғория, (София); Вазорати муҳити зист, банақшагирии ҷисмонӣ ва сохтмон, Загреб (Хорватия); Институти тадқиқоти тиббӣ ва ҳифзи меҳнати Загреб, (Хорватия); Институти Кипр (Никосия); Институти таҳқиқоти ядроии Маҷористон; Агентии ҳифзи муҳити зисти Вилнюс (Литва); Агентии ҳифзи муҳити зисти (EPA) Вазорати рушди устувор ва сайёҳии Монтенегро; Вазорати муҳити зист ва банақшагирии ҷисмонӣ Македонияи Шимолӣ; Факултети физика ва информатикаи компютерии Донишгоҳи илм ва технологияи Краков, Лаҳистон; Кампуси технологияи ядроии Лиссабон, Португалия; Агентии экологии Ҷумҳурии Молдова; Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Бухарест, Руминия; Институти илмҳои атомии Сербия, Белград; Институти Джозеф Стефан, Любляна, Словения ва Маркази миллии ҳастаи Қазоқистон (ш.Курчатов) идома дорад.
Тавре нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов ва дигар маъхазҳои таърихӣ зикр мекунанд, меҳани аслии қирғизҳо дар Сибир, соҳилҳои дарёи Енисей – Онасой буда, онҳо бо сабабҳои гуногун аввал ба доманаи кӯҳҳои Олтой ва баъдан ба минтақаҳои ғарбу ҷануб ҳаракат карда, ба ҳудудҳои Қирғизистони кунунӣ расидаанд. Ҳудудҳои кунунии Қазоқистону Қирғизистон ба далолати сарчашмаҳои зиёди таърихӣ меҳани аслии сокоиҳои ориёӣ буда, то асрҳои 10-11 мелодӣ ва баъдҳо низ намояндаҳои онҳо дар ин минтақаҳо сукунат мекардаанд. Ҳудудҳои мазкур дар замони Давлати Сомониён дар тобеияти ин давлат қарор доштанд.