JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 1.Чаро буҳрон?

  Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз гирифтори буҳрони (кризиси) шидид аст. Ин буҳрони куллӣ  ва умумӣ аст. Мо дар ин мақола танҳо дар мисоли  оиладорӣ доманаи  густурдаи ин  буҳронро арзёбӣ менамоем. Оиладорӣ ҷузъи кӯчак, вале хеле муҳими ин буҳрони ҳамагонӣ аст. Решаи ин буҳрони ҷаҳонӣ дар куҷост? Бо як ҷумла бояд гуфт, ки  решаи ин буҳрон дар таассуб ва пешрафти техника аст.Барои таассуб ва техника ақлу хирад ва гуманизм аҳамияте надорад. Дақиқтар: Имрӯз ҷаҳонро фанатизми (таассуби) динӣ, нажодӣ ва идеологӣ фаро гирифтааст. Ин таассуб дар гузашта ҳам  вуҷуд дошт. Вале  роҳҳои амалӣ  шуданашон  маҳдуд буд. Маҳдуд дар сатҳи як миллат, як давлат ва ё як идеология. Ҳоло  вазъияти ҷаҳон дигар  шудааст. Таассуб ҳамон таассуб аст, вале бар он даҳшати  техникӣ илова гардидааст.

  Дар мақола оиди нақши гидроэнергетика дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистон  маълумот оварда шудааст. Аз маълумоти таърихӣ ва рақамӣ, ки оиди неругоҳҳои электрӣ-обии Тоҷикистон оварда шудаанд, омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёна бо мақсадҳои таълимӣ ва тарбиявӣ истифода бурда метавонанд.  

  Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаю собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллату халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои ҷомеашинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши дақиқи осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаҳои  амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддимаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси гузашта ва таҷриботи ҳунарӣ тамошои барномаҳои “Садои ошно”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва “Хумори ёдҳо”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мебошад, ки рӯзҳои истироҳатӣ (рӯзҳои шанбею якшанбе) дар нимарӯз пахш мегарданд. Нуктаи дигар, ки иҷмолан таъкид карданашро бамаврид мешуморам, пахшу нашри барномаҳои ҷолибу дидании Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” аст, ки охири ҳар ҳафта (рӯзҳои истироҳатӣ) беҳтарин намоишномаҳои телевизионии замони шӯравӣ ва давраи истиқлолро, ки мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти баланди тарбиявӣ, маданӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва билохира миллӣ доранд, манзури бинандагон месозад (дар мавриди барномаҳои ҷолиби ин шабакаи телевизионӣ, агар фурсат даст диҳад, матлаби алоҳидае ихтисос хоҳам дод). 

Ҷумъа, 16 Апрели 2021 03:52

Шаҳри «Муҳаббат» зери об мемонад

Муаллиф:

  Венетсия – шаҳр дар қисмати шимолу шарқии Италия ҷойгир аст. Маркази маъмурии вилояти Венетсия ва музофоти Венетсия маҳсуб меёбад. Шаҳр аз 6 ноҳияҳои худидоракунанда иборат мебошад. Мувофиқи маълумоти махзани иттилоотии Википедия шумораи аҳолӣ дар соли 2019 259939 нафар аст.

Китобҳо